МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 43
Некӣ карданро бас накунед!
«Биёед некӣ карданро бас накунем» (ҒАЛ. 6:9).
СУРУДИ 44 «Хурсандона дар дарав иштирок мекунем»
ПЕШГУФТОРa
1. Чаро мо фахр мекунем ва хурсандем, ки Шоҳиди Яҳува ҳастем?
МО ХЕЛЕ хурсандем ва фахр мекунем, ки Шоҳидони Яҳуваем. Вақте мо ба одамон хушхабарро мерасонем ва онҳоро дар бораи Худо таълим медиҳем, мувофиқи ин ном зиндагӣ карда исбот мекунем, ки халқи Яҳува мебошем. Вақте одамони «ба ҳаёти ҷовидонӣ моил» ба ҳақиқат меоянд, мо хеле хурсанд мешавем (Кор. 13:48). Вақте шогирдони Исо мавъиза карда муваффақ шуданд, «ӯ аз хурсандӣ ва рӯҳи муқаддас пур шуда» буд. Агар имрӯз моро одамон гӯш кунанд, мо низ чунин ҳис мекунем (Луқ. 10:1, 17, 21).
2. Мо чӣ хел нишон дода метавонем, ки ба хизмат ҷиддӣ муносибат мекунем?
2 Мо ба кори мавъиза ҷиддӣ муносибат мекунем. Павлуси расул ба Тимотиюс чунин маслиҳат дод: «Доимо ба худат ва ба таълим доданат диққат деҳ». Ва боз илова намуд: «Бо ин роҳ ҳам худатро наҷот медиҳиву ҳам шунавандагонатро» (1 Тим. 4:16). Аз ин бармеояд, ки аз хизмати мо ҳаёти одамон вобаста аст. Мо пайваста ба худ диққат медиҳем, чунки шаҳрвандони Подшоҳии Худо ҳастем. Мо ҳамеша кӯшиш мекунем, ки бо рафторамон ба номи Яҳува ҷалол орем ва муносиби хушхабар зиндагӣ кунем (Флп. 1:27). Мо ҳамчунин ба таълим доданамон диққат дода ба хизмат хуб тайёрӣ мебинем ва пеш аз сар кардани он аз Яҳува дар дуо баракат мепурсем.
3. Оё ба хушхабар ҳама гӯш мекунанд? Мисол оред.
3 Лекин баъзан ҳарчанд мо тамоми кори аз дастамон меомадаро мекунем, одамони минтақаамон ҳақиқатро қабул намекунанд. Ба мисоли бародар Ҷорҷ Линдал, ки дар Исландия аз соли 1929 то 1947 танҳо мавъиза мекард, аҳамият диҳед. Ҳарчанд ӯ даҳҳо ҳазор адабиётро тақсим карда буд, дар Исландия ягон одам ҳақиқатро қабул накард. Ӯ навишт: «Баъзе одамон бар зидди хабари Китоби Муқаддас баромаданд, лекин аксарият нисбати он бепарвоянд». Ба Исландия якчанд миссионерон баъди хатми Мактаби Ҷилъод фиристода шуд, аммо танҳо баъди нӯҳ сол баъзе сокинони Исландия ҳаёти худро ба Яҳува бахшида таъмид гирифтандb.
4. Вақте дигарон ба хабари мо хуб муносибат намекунанд, мо, эҳтимол, чӣ ҳис мекунем?
4 Вақте одамон ба хабари мо нағз муносибат намекунанд, мо аз ин рӯҳафтода мешавем. Мо шояд худро мисли Павлуси расул ҳис кунем, ки ӯ аз сабаби он ки аксари яҳудиён Исоро рад карданд, чунин гуфта буд: «Ғаму ғуссаам азим ва сӯзи дилам поён надорад» (Рум. 9:1–3). Эҳтимол, шумо бо касе Китоби Муқаддасро меомӯзед ва шумо кӯшиш мекунед, ки омӯзгори хуб бошед ва дар ҳаққи ӯ бисёр дуо мегӯед. Вале мебинед, ки омӯзанда пешравӣ намекунад ва бо ӯ омӯзишро бас кардан даркор аст. Ё шояд ягон омӯзандаатон то ҳол таъмид нагирифтааст. Оё ин маънои онро дорад, ки шумо ягон камбудӣ доред ва Яҳува хизмати шуморо баракат надода истодааст? Дар ин мақола мо ба ду саволи зерин ҷавоб меёбем: 1) Чӣ нишон медиҳад, ки шумо дар хизмат муваффақ ҳастед? 2) Барои дар хизмат ноумед нашудан мо бояд чиро дар ёд дорем?
ЧӢ НИШОН МЕДИҲАД, КИ ШУМО ДАР ХИЗМАТ МУВАФФАҚ ҲАСТЕД?
5. Чаро дар хизмати Яҳува мо на ҳама вақт натиҷаи дилхоҳро ба даст меорем?
5 Китоби Муқаддас нисбати шахсе, ки хости Худоро иҷро мекунад, мегӯяд, ки «ҳар кори ӯ барор меёбад» (Заб. 1:3). Лекин ин маънои онро надорад, ки чизе, ки мо барои хизмати Яҳува мекунем, натиҷааш ба табъи диламон мешавад. Азбаски мо ва дигарон нокомилем, умрамон «пуразоб» аст (Айюб 14:1). Ҳамчунин онҳое, ки зидди моянд, шояд баъзан дар пеши ҳама рушод мавъиза кардани моро манъ кунанд (1 Қӯр. 16:9; 1 Тас. 2:18). Набошад, Яҳува аз рӯйи чӣ муваффақ будани моро дар хизмат муайян мекунад? Биёед барои ба ин савол ҷавоб ёфтан якчанд принсипҳои Китоби Муқаддасро дида бароем.
6. Яҳува аз рӯйи чӣ ба хизмати мо баҳо медиҳад?
6 Яҳува ба кӯшишу истодагарии мо аҳамият медиҳад. Одамон моро гӯш накунанд ҳам, агар мо аз рӯйи муҳаббат ва боғайратона хизмат карданро давом диҳем, ин ба Яҳува писанд аст. Павлус навишт: «Худо беинсоф нест, ки меҳнату муҳаббатеро, ки ба хотири номи ӯ кардаед, аз ёд барорад ва фаромӯш кунад, ки чӣ қадар ба покон хизмат кардаеду мекунед» (Ибр. 6:10). Ҳатто агар мо ба ягон кас кумак накардем, ки таъмид гирад, Яҳува ба ҳар ҳол кӯшишу муҳаббатамонро дар хотир дорад. Барои ҳамин ҳатто агар шумо чун омӯзгор ба мақсадатон нарасидаед, ба худ суханони Павлусро, ки ба қӯринтиён навишта буд, нисбат дода метавонед. Ӯ гуфт: «Меҳнати шумо дар роҳи Худо беҳуда нест» (1 Қӯр. 15:58).
7. Мо аз суханони Павлуси расул дар бораи хизматаш чӣ меомӯзем?
7 Павлуси расул мисионери олиҷаноб буд ва дар бисёр шаҳрҳо ҷамоатҳои нав ташкил медод. Вале, вақте баъзеҳо худро боло гирифта, Павлусро танқид карда гуфтанд, ки маҳорати таълимдиҳӣ надорад, ӯ нагуфт, ки чӣ қадар одамон бо кумаки ӯ масеҳӣ шуданд, балки чунин навишт: «Корҳои бештар кардаам» (2 Қӯр. 11:23). Мисли Павлуси расул мо бояд дар хотир дошта бошем, ки Яҳува кӯшишу истодагарии моро бештар қадр мекунад.
8. Дар бораи хизмати худ мо бояд чиро дар хотир дошта бошем?
8 Хизмати мо ба Яҳува маъқул аст. Исо барои расондани хушхабар дар бораи Подшоҳӣ 70 шогирдашро фиристода буд. Онҳо аз хизмат «шоду хурсанд» баргаштанд. Чаро? Онҳо гуфтанд: «Вақте номи туро ба забон мегирем, ҳатто девҳо ба мо итоат мекунанд». Лекин Исо фикрронии онҳоро ислоҳ карда фаҳмонд: «Аз он шодӣ накунед, ки рӯҳҳои нопок ба шумо итоат мекунанд, балки аз он шод бошед, ки номҳои шумо дар осмон навишта шудаанд» (Луқ. 10:17–20). Исо медонист, ки онҳо на ҳама вақт дар хизмат чунин натиҷа хоҳанд дошт. Дар асл, мо намедонем, аз онҳое, ки ин шогирдонро гӯш карданд, дар натиҷа чанд нафарашон пайрави Исо шуданд. Шогирдони Исо бояд мефаҳмиданд, ки хурсандии онҳо набояд фақат ба он вобаста бошад, ки одамон онҳоро гӯш мекунанд ё не. Онҳо асосан бояд аз он хурсанд мешуданд, ки Яҳува аз меҳнати онҳо розӣ аст.
9. Мувофиқи Ғалотиён 6:7–9 агар мо ноумед нашуда хизмат карданро давом диҳем, соҳиби чӣ мешавем?
9 Агар мо дар хизмат истодагӣ кунем, соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ мешавем. Вақте мо аз таҳти дил тухмиҳои ҳақиқатро мекорем ва парвариш менамоем, мо «барои рӯҳ» мекорем. Чаро ин хел гуфтан мумкин аст? Чунки дар хизмат иштирок карда мегузорем, ки рӯҳи муқаддас моро роҳнамоӣ кунад. Новобаста ба он ки мо ба таъмидгирии касе ёрдам додем ё не, агар «некӣ карданро бас накунем» ва «дилхунук нашавем», Яҳува ба мо ҳаёти ҷовидониро ваъда медиҳад. (Ғалотиён 6:7–9-ро хонед.)
БАРОИ ДАР ХИЗМАТ НОУМЕД НАШУДАН МО БОЯД ЧИРО ДАР ЁД ДОРЕМ?
10. Чаро баъзе одамон ҳақиқатро гӯш мекунанд, дигарон бошанд, не?
10 Ҳақиқатро қабул кардани одамон ба ҳолати дилашон вобаста аст. Исо инро бо мисоли корандае фаҳмонд, ки тухмиро ба замини гуногун мекошту танҳо як намуди замин самар овард (Луқ. 8:5–8). Исо гуфт, ки намудҳои гуногуни замин дили одамонеро тасвир мекунанд, ки ба «каломи Худо» ҳар хел муносибат доранд (Луқ. 8:11–15). Чун дар мавриди коранда самаранок будани хизматамон дар дасти мо нест, зеро ин ба ҳолати дили шунавандагонамон вобаста аст. Масъулияти мо тухмии хабари Подшоҳиро беист дар дили одамон коридан аст. Павлуси расул гуфт, ки «ҳар кас» на аз рӯйи натиҷа, балки «аз рӯйи кораш», «мукофот мегирад» (1 Қӯр. 3:8).
11. Чаро Яҳува аз Нӯҳ розӣ буд, ҳарчанд одамон ба хабари ӯ гӯш надоданд? (Ба расми муқоваи маҷалла нигаред.)
11 Ба хабари шоҳидони пешини Худо низ бисёриҳо гӯш намедоданд. Масалан, Нӯҳ, ки «паёмбари ростӣ» буд, хабари Худоро аз афташ даҳсолаҳо мавъиза мекард (2 Пет. 2:5). Бешубҳа, Нӯҳ мехост, ки дигарон ӯро гӯш кунанд, вале Яҳува нагуфт, ки ҳамин хел мешавад. Ба ҷойи ин, вақте Яҳува дар бораи сохтани киштӣ ба ӯ дастурот дод, чунин гуфт: «Ту бояд ҳамроҳи писаронат, занат ва занони писаронат ба киштӣ дароӣ» (1 Мӯсо 6:18). Аз ҳаҷму андозаи киштӣ, ки Яҳува ба Нӯҳ соз гуфт, ӯ фаҳмида метавонист, ки одамони кам ба ӯ гӯш дода ба он медароянд (1 Мӯсо 6:15). Чи хеле мо медонем, ҳатто як нафар ҳам, аз он ҷаҳони бадкор ба огоҳии Нӯҳ гӯш надод (1 Мӯсо 7:7). Оё Яҳува фикр мекард, ки Нӯҳ аз таҳти дил мавъиза накард? Албатта, не. Баръакс, Яҳува аз Нӯҳ ҳаматарафа розӣ буд, чунки ӯ содиқона айнан ба гуфти Яҳува амал кард (1 Мӯсо 6:22).
12. Чӣ тавр Ирмиё нигоҳ накарда ба бепарвоӣ ва зиддияти одамон аз хизмат хурсандӣ мегирифт?
12 Ирмиё-пайғамбар низ дар давоми беш аз 40 сол нигоҳ накарда ба бепарвоии одамон ва зиддияти онҳо хабари Худоро мерасонд. Ӯ аз паст задан ва масхара кардани одамон чунон рӯҳафтода мешуд, ки ҳатто фикр кард, ки аз уҳдаи иҷрои таъйиноташ намебарояд (Ирм. 20:8, 9). Вале Ирмиё таслим нашуд. Чӣ ба вай ёрдам дод, ки дар хизмат хурсандиашро гум накунад? Вай диққаташро ба ду чизи муҳим равона мекард. Якум, хабаре, ки Ирмиё ба одамон мерасонд, ба онҳо «ояндаву умед» мебахшид (Ирм. 29:11). Дуюм, Яҳува Ирмиёро интихоб кард, то аз номи ӯ ба одамон гап занад (Ирм. 15:16). Мо низ, ки Шоҳидони Яҳува ҳастем, ба одамон хабари умедбахшро мерасонем ва аз номи ӯ гап мезанем. Вақте мо ба ин ду чизи муҳим диққатамонро равона мекунем, нигоҳ накарда ба муносибати одамон аз хизмат хурсандӣ ёфта метавонем.
13. Мувофиқи Марқус 4:26–29 аз мисоли Исо мо чӣ ёд мегирем?
13 Нашъунамои рӯҳонӣ оҳиста-оҳиста рӯй медиҳад. Исо инро бо мисоли корандае фаҳмонд, ки хоб меравад. (Марқус 4:26–29-ро хонед.) Одатан вақте коранда тухмиҳоро мекорад, онҳо оҳиста-оҳиста афзоиш меёбанд ва ӯ афзоиши онҳоро тезонида наметавонад. Шояд ба шумо низ лозим ояд, то интизор шавед, ки омӯзандаатон дониши гирифтаашро ба кор барад. Чи хеле ки деҳқон мувофиқи хосташ афзоиши растаниҳоро тезонида наметавонад, мо низ афзоиши имони омӯзандаҳоямонро, чи хеле ки мехоҳем, тезонида наметавонем. Барои ҳамин, агар пешравии онҳоро дарҳол набинед, рӯҳафтода ё ноумед нашавед. Чун кори деҳқонӣ кори шогирдсозӣ низ, пурсабриро талаб мекунад (Яъқ. 5:7, 8).
14. Кадом мисол нишон медиҳад, ки баъзан натиҷаи хизматамон дарҳол маълум намешавад?
14 Дар баъзе минтақаҳо пеш аз он ки касе таъмид гирад, солҳои зиёд мумкин гузарад. Мисоли апаву хоҳар Гледис ва Руби Алленро дида мебароем. Онҳо соли 1959 дар як шаҳраки вилояти Квебек (Канада) пешравӣ доимӣ таъйин шуда будандc. Азбаски одамон аз ҳамсояҳо ва коҳинон метарсиданд, хушхабарро дар бораи Подшоҳӣ қабул намекарданд. Гледис ба хотир меорад: «Мо дар давоми ду сол ҳар рӯз ҳаштсоатӣ хона ба хона мавъиза мекардем, лекин ягон кас дарашро намекушод. Вақте одамон моро медиданд, пардаи дарашонро мепӯшиданд. Лекин мо умедамонро гум намекардем». Оҳиста-оҳиста муносибати мардум бо онҳо хубтар шуд ва онҳо ба хабарашон гӯш медодагӣ шуданд. Ҳозир дар он ҷо се ҷамоат ҳаст (Иш. 60:22).
15. Аз 1 Қӯринтиён 3:6, 7 мо дар бораи кори шогирдсозӣ чӣ меомӯзем?
15 Шогирдсозӣ кори дастҷамъона аст. Ҳар як кас дар ҷамъомад барои таъмид гирифтани омӯзанда саҳм гузошта метавонад. (1 Қӯринтиён 3:6, 7-ро хонед.) Фарз кардем, бародаре дар хизмат ба шахс рисола ё маҷалла медиҳад. Ӯ мефаҳмад, ки дар вақти таъйиншуда он шахсро боздид карда наметавонад. Барои ҳамин аз дигар воиз хоҳиш мекунад, ки ӯро хабар гирад. Ин воиз бо он шавқманд омӯзишро сар мекунад. Ӯ бародару хоҳаронро ба омӯзишаш даъват мекунад ва ҳар яки онҳо бо роҳҳои гуногун ба омӯзанда ёрдам мекунанд. Ҳар як бародар ё хоҳаре, ки бо омӯзанда вомехӯранд, гӯё ба тухмии ҳақиқат об мерезанд. Ҳамин тавр чи хеле ки Исо гуфт коранда ва даравгар якҷоя аз ҳосили рӯҳонӣ хурсандӣ гирифта метавонанд (Юҳ. 4:35–38).
16. Чаро гуфтан мумкин аст, ки ҳатто саломатии хуб ва қувват надошта бошем ҳам, мо аз хизмат хурсандӣ гирифта метавонем?
16 Эҳтимол, шумо дар кори мавъиза ва шогирдсозӣ мисли пештара иштирок карда натавонед, чунки саломатиатон он қадар хуб нест ё ки қуввататон кам аст. Нигоҳ накарда ба ин шумо метавонед саҳми худро ба кори шогирдсозӣ гузошта хурсандӣ гиред. Мисоли шоҳ Довудро ба хотир оред. Вақте ки ӯ ва ҷанговаронаш барои баргардонидани оилаҳо ва молу мулкашон аз пайи амолеқиён рафтанд, 200 ҷанговараш аз хастагӣ дар ними роҳ монданд, барои ҳамин онҳо чизу чораҳоро нигоҳубин карданд. Баъди ғалаба Довуд фармон дод, ки ғанимат байни ҳамаи ҷанговаронаш баробар тақсим карда шавад (1 Подш. 30:21–25). Ин воқеа ба мо як чизро дар бораи кори шогирдсозӣ таълим медиҳад. Ҳар яки мо бисёр хизмат карда натавонем ҳам, агар алоқадри қувватамон аз таҳти дил хизмат кунем, он гоҳ мо аз шинохтани Яҳува ва таъмид гирифтани дигарон хурсандӣ мегирем.
17. Мо аз Яҳува барои чӣ бояд миннатдор бошем?
17 Мо аз Яҳува миннатдорем, ки ӯ хизмати моро қадр мекунад. Яҳува медонад, ки мо одамонро маҷбур карда наметавонем, то хабари моро гӯш кунанд ва ӯро ибодат кунанд. Лекин ӯ кӯшишу ниятҳои хуби моро мебинад ва барои ин ба мо мукофот медиҳад. Ӯ ҳамчунин моро таълим медиҳад, ки аз ҳар чизе, ки дар кори бузурги дарав карда метавонем, хурсандӣ гирем (Юҳ. 14:12). Агар мо ноумед нашуда хизматамонро давом диҳем, дилпур буда метавонем, ки Яҳува аз мо розӣ аст.
СУРУДИ 47 Хушхабарро мавъиза менамоем
a Вақте одамон хушхабарро гӯш мекунанд, мо хурсанд мешавем ва агар гӯш накунанд, зиқ мешавем. Вале, агар омӯзандаи шумо пешравӣ накунад-чӣ? Ё то ҳол шумо ба касе барои таъмид гирифтан ёрдам надода бошед-чӣ? Оё ин маънои онро дорад, ки шумо ноуҳдабароед? Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки чаро нигоҳ накарда ба муносибати одамон дар хизмат муваффақ шуда, хурсандӣ гирифта метавонем.
b Ба «Солнома»-и 2005 (рус.) саҳ. 205–211 нигаред.
c Тарҷумаи ҳоли Гледис Алленро аз «Бурҷи дидбонӣ»-и 1 сентябри соли 2002 (рус.) аз мақолаи «Ман дар ҳаётам ҳеҷ чизро дигар намекардам» хонда метавонед.