3 Подшоҳон
14 Дар он вақт Абиёи писари Ёробъом касал шуд. 2 Ёробъом ба занаш гуфт: «Илтимос, хеста, андоми худро дигар кун, то зани Ёробъом буданатро нафаҳманд, ва ба Шилӯ бирав. Аҳиёи пайғамбар, ки бар ин халқ подшоҳ шудани маро гуфта буд, дар ҳамон ҷо мебошад.+ 3 Бо худ даҳто нон, кулча ва кӯзаи асал гирифта, ба наздаш рав ва ӯ ба ту мегӯяд, ки аҳволи писар чӣ мешавад».
4 Зани Ёробъом ба гуфти ӯ кард. Вай хеста, ба Шилӯ+ рафт ва ба хонаи Аҳиё омад. Аҳиё ба пеш назар дӯхта меистод, зеро чашмонаш аз пирӣ нобино шуда буданд.
5 Вале Яҳува ба Аҳиё гуфт: «Ана, зани Ёробъом омада истодааст, то ки аз ту дар бораи писари бемораш пурсон шавад. Ман ба ту мегӯям, ки ба вай чӣ гӯӣ*. Ӯ омада, кӣ будани худро пинҳон мекунад».
6 Ҳамин ки Аҳиё шарфаи пойи ӯро дар дами дар шунид, гуфт: «Даро, эй зани Ёробъом. Барои чӣ кӣ буданатро пинҳон мекунӣ? Ба ман фармуда шудааст, ки ба ту хабари шумеро расонам. 7 Бирав ва ба Ёробъом бигӯ: “Яҳува, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Ман туро аз байни мардум интихоб намуда, пешвои халқам Исроил кардам.+ 8 Ман подшоҳиро аз хонадони Довуд кашида гирифтаму ба ту додам.+ Ту бошӣ, мисли бандаам Довуд, ки амрҳои маро риоя мекард ва бо тамоми дили худ маро пайравӣ намуда, танҳо он чиро, ки дар назарам дуруст аст, ба ҷо меовард, амал нанамудӣ.+ 9 Ту аз ҳамаи онҳое, ки пеш аз ту буданд, бадтар рафтор кардӣ ва барои худ худои дигар ва бутҳои рехта* сохтӣ, то ки маро ба хашм орӣ,+ ва ба ман пушт гардондӣ.+ 10 Аз ин сабаб ман ба сари хонадони Ёробъом мусибате меорам ва аз хонадони ӯ ҳар мардинаро*, аз он ҷумла ҳар каси ӯро, ки дар Исроил сусту нотавон аст, нобуд месозам ва хонадони Ёробъомро аз рӯйи замин пок мекунам,+ чуноне ки кас ҷоеро, ки ахлот дорад, то ба охир пок месозад. 11 Ҳар касеро, ки аз Ёробъом дар шаҳр бимирад, сагон ва ҳар касеро, ки дар саҳро бимирад, парандагони осмон мехӯранд, зеро Яҳува чунин гуфтааст”.
12 Ҳоло бошад, бархеста, ба хонаат рав ва, ҳамин ки ба шаҳр қадам гузорӣ, бача мемирад. 13 Тамоми Исроил мотам гирифта, ӯро мегӯронанд ва аз Ёробъом танҳо ӯ ба қабр гузошта мешавад, зеро аз хонадони Ёробъом Яҳува, Худои Исроил, фақат дар ӯ чизи хубе ёфтааст. 14 Яҳува барои худ бар Исроил подшоҳеро таъйин мекунад, ки хонадони Ёробъомро дар он рӯз нест месозад,+ ва он рӯз наздик аст. 15 Яҳува Исроилро мисли қамише, ки дар об мекалавад, зарба мезанад. Ӯ Исроилро аз ин замини хубе, ки ба бобоёнашон дода буд, решакан карда,+ дар он тарафи дарёи бузург* пароканда месозад,+ зеро онҳо Ашераҳо*+ сохта Яҳуваро ба хашм оварданд. 16 Ӯ Исроилро аз пушти гуноҳҳои Ёробъом ва гуноҳҳое, ки Исроил бо айби ӯ кард, тарк мекунад».+
17 Пас аз ин зани Ёробъом хеста, ба роҳ баромад ва ба Тирсо омад. Ҳамин ки ӯ ба остонаи хона қадам монд, писараш мурд. 18 Онҳо мувофиқи сухане, ки Яҳува ба воситаи бандааш, Аҳиёи пайғамбар, гуфта буд, ӯро гӯронданд ва тамоми Исроил барояш мотам гирифт.
19 Воқеаҳои дигари ҳаёти Ёробъом, чӣ тавр ӯ меҷангид+ ва чӣ тавр ҳукмронӣ мекард, дар таърихномаи шоҳони Исроил навишта шудааст. 20 Ёробъом 22 сол ҳукмронӣ кард ва пас аз ин ором гирифта бо бобоёни худ хобид+ ва писараш Нодоб ба ҷойи ӯ подшоҳ шуд.+
21 Дар он вақт Раҳабъоми писари Сулаймон дар Яҳудо подшоҳ буд. Раҳабъом дар 41-солагиаш подшоҳ шуд ва 17 сол дар Ерусалим, дар шаҳре, ки Яҳува аз байни ҳамаи қабилаҳои Исроил хуш кард,+ то номаш бар он бошад,+ ҳукмронӣ кард. Модари Раҳабъом Наамои аммӯнӣ буд.+ 22 Аҳли Яҳудо он чиро, ки дар назари Яҳува бад буд, ба амал меовард+ ва бо гуноҳҳои худ аз бобоёнашон бештар рашки Худоро бедор мекард.+ 23 Онҳо дар ҳар теппаи+ баланд ва зери ҳар дарахти сершоху барг+ барои парастиш баландиҳо, сутунҳо ва Ашераҳо* месохтанд.+ 24 Дар кишвари онҳо мардони танфурӯш* низ буданд.+ Мардум тамоми корҳои нафратовари халқҳоеро, ки Яҳува аз пеши исроилиён ронда буд, ба ҷо меовард.
25 Дар соли панҷуми подшоҳии Раҳабъом Шишақи+ подшоҳи Миср бар зидди Ерусалим баромад.+ 26 Ӯ ганҷҳои хонаи Яҳува ва ганҷҳои қасри подшоҳро гирифт.+ Ӯ ҳама чизро, аз он ҷумла ҳамаи сипарҳои тиллоиеро, ки Сулаймон сохта буд, гирифт.+ 27 Шоҳ Раҳабъом ба ҷойи он сипарҳо сипарҳои мисин сохта, онҳоро ба дасти сардорони посбононе*, ки даромадгоҳи хонаи подшоҳро посбонӣ мекарданд, супурд. 28 Ҳар дафъае ки подшоҳ ба хонаи Яҳува мерафт, посбонон сипарҳоро ба даст мегирифтанд ва сипас онҳоро боз ба хонаи посбонон мегузоштанд.
29 Воқеаҳои дигари ҳаёти Раҳабъом, тамоми корҳои ӯ, дар таърихномаи шоҳони Яҳудо навишта шудааст.+ 30 Дар байни Раҳабъом ва Ёробъом доимо ҷанг буд.+ 31 Раҳабъом ором гирифта бо бобоёни худ хобид ва бо падарони худ дар Шаҳри Довуд гӯронда шуд.+ Модари ӯ Наамои аммӯнӣ буд.+ Ба ҷойи ӯ писараш Абиём*+ подшоҳ шуд.