Эзро
1 Дар соли якуми ҳукмронии подшоҳи Форс — Куруш+ барои иҷро гардидани сухани Яҳува, ки ба воситаи Ирмиё-пайғамбар гуфта буд,+ Яҳува дар дили подшоҳи Форс — Куруш* андохт, ки дар тамоми қаламрави худ чунин фармон барорад (ин фармон ҳамчунин ба шакли хаттӣ дароварда шуд):+
2 «Куруш — подшоҳи Форс, чунин мегӯяд: “Яҳува, Худои осмон, тамоми мамлакатҳои заминро ба ман додааст+ ва ӯ ба ман фармудааст, ки дар Ерусалим, ки дар Яҳудост, барояш хонае бисозам.+ 3 Ҳар касе, ки аз халқи ӯст, бигзор Худояш бо вай бошад ва бигзор ӯ ба Ерусалим, ки дар Яҳудост, равона шавад ва хонаи Яҳува — Худои Исроилро аз нав бино кунад. Ӯ Худоест, ки хонааш дар Ерусалим буд*. 4 Бигзор ба ҳамаи мусофирон,+ дар куҷое ки набошанд, ҳамсоягонашон ёрӣ диҳанд ва ба онҳо нуқра, тилло, чизу чора, чорво ва ҳамчунин барои хонаи Худое, ки дар Ерусалим буд, ҳадияҳои ихтиёрӣ диҳанд”».+
5 Он гоҳ сарварони хонаводаҳои Яҳудову Бинёмин ва коҳинону* левизодагон, ҳамаи онҳое, ки Худо дар дилашон* андохт, бархостанд, то хонаи Яҳуваро, ки дар Ерусалим буд, бино кунанд. 6 Ҳама одамони гирду атрофашон, ғайр аз тамоми ҳадияҳои ихтиёрӣ, ба онҳо ашёи нуқра ва тилло, чизу чора, чорво ва чизҳои қиматбаҳо дода онҳоро дастгирӣ карданд.
7 Подшоҳ Куруш ҳамчунин ҳамаи ашёи хонаи Яҳуваро, ки Набукаднесар аз Ерусалим гирифта, ба хонаи худояш оварда буд, берун овард.+ 8 Подшоҳи Форс — Куруш ба воситаи Митредоти хазинадор тамоми ашёро берун овард ва Митредот рӯйхати онҳоро барои Шешбасар*,+ сардори Яҳудо, тартиб дод.
9 Ин аст номгӯйи онҳо: 30 тоси тиллоӣ, 1000 тоси нуқрагин, 29 зарфи тосмонанд, 10 30 нимкосаи тилло, 410 нимкосаи нуқра ва 1000 ашёи дигар. 11 Ашёи тилло ва нуқра ҳамагӣ 5400 дона буданд. Вақте асирон+ аз Бобил ба Ерусалим рафтанд, Шешбасар ҳамаи инро бо худ бурд.