Юҳанно
10 «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба қӯраи* гӯсфандон на аз дар, балки аз ҷойи дигаре медарояд, дузд ва ғоратгар аст.+ 2 Вале касе, ки аз дар медарояд, чӯпони гӯсфандон аст.+ 3 Дарвозабон ба ӯ дарро мекушояд+ ва гӯсфандон ба овози ӯ гӯш медиҳанд.+ Ӯ гӯсфандонашро ном ба ном хонда берун мебарорад. 4 Вақте ки ӯ ҳамаи гӯсфандонашро мебарорад, пешопеши онҳо меравад ва гӯсфандон ҳам аз қафои ӯ мераванд, зеро овозашро мешиносанд. 5 Онҳо ҳеҷ гоҳ аз қафои бегона намераванд, балки аз вай мегурезанд, зеро овози бегонагонро намешиносанд». 6 Исо ин мисолро барои онҳо овард, аммо онҳо маънои суханони ӯро нафаҳмиданд.
7 Бинобар ин ӯ гапашро давом дода гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ман барои гӯсфандон дар ҳастам.+ 8 Ҳамаи онҳое, ки ба ҷойи ман омада, худро чӯпон меномиданд, дузду ғоратгаранд, ва гӯсфандон ба онҳо гӯш надоданд. 9 Ман дар ҳастам. Ҳар касе ба воситаи ман дарояд, наҷот меёбад, ӯ медарояду мебарояд ва барои худ чарогоҳ пайдо мекунад.+ 10 Дузд танҳо барои дуздидан, куштан ва нобуд кардан меояд.+ Ман бошам, барои он омадаам, ки гӯсфандон ҳаёт ёбанд ва онро ба фаровонӣ дошта бошанд. 11 Ман чӯпони некам.+ Чӯпони нек ҷонашро барои гӯсфандон фидо мекунад.+ 12 Шахси кирошуда, ки чӯпон нест ва гӯсфандон аз они ӯ нестанд, ҳамин ки гургро дид, гӯсфандонро партофта мегурезад ва гург ба рама дарафтода, онро пароканда мекунад, 13 зеро коргари кирошуда парвои гӯсфандонро надорад. 14 Ман чӯпони нек ҳастам ва гӯсфандони худро мешиносам ва онҳо низ маро мешиносанд,+ 15 чуноне ки Падар маро мешиносад ва ман Падарро мешиносам.+ Ман ҷони худро барои гӯсфандон фидо мекунам.+
16 Ман гӯсфандони дигаре ҳам дорам, ки аз ин қӯра* нестанд+ ва онҳоро низ бояд биёрам. Онҳо овози маро хоҳанд шунид ва як рама хоҳанд шуду як чӯпон хоҳанд дошт.+ 17 Падар маро дӯст медорад,+ зеро ман ҷонамро фидо мекунам,+ то ки онро боз ба даст орам. 18 Ҳеҷ кас ҷонамро аз ман намегирад, балки ман онро бо хости худ фидо мекунам. Онро фидо кардан ва боз ба даст овардан дар ихтиёри худи ман аст.+ Ин амрро ба ман Падар додааст».
19 Аз пушти ин суханон боз дар байни яҳудиён ҷудоӣ ба миён омад.+ 20 Бисёре аз онҳо мегуфтанд: «Ӯ дев дорад ва аз ақл бегона шудааст. Чаро ба гапаш гӯш медиҳед?» 21 Дигарон бошанд, мегуфтанд: «Касе, ки дев дорад, ин хел гап намезанад. Наход дев кӯронро бино карда тавонад?»
22 Он вақт дар Ерусалим Иди Бозшавӣ мегузашт. Фасли зимистон буд 23 ва Исо дар ибодатгоҳ, дар роҳрави Сулаймон,+ қадам мезад. 24 Ҳамин вақт яҳудиён ӯро гирд карда, гуфтанд: «То кай кӣ буданатро аз мо пинҳон медорӣ? Агар Масеҳ бошӣ, ба мо рӯирост бигӯ». 25 Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Ман ба шумо гуфтам, вале шумо бовар накардед. Корҳое, ки ман ба номи Падари худ ба амал меорам, дар бораам шаҳодат медиҳанд.+ 26 Аммо шумо бовар намекунед, чунки гӯсфандони ман нестед.+ 27 Гӯсфандони ман ба овозам гӯш медиҳанд. Ман онҳоро мешиносам ва онҳо аз қафоям меоянд.+ 28 Ман ба онҳо ҳаёти ҷовидонӣ ато мекунам+ ва онҳо ҳеҷ гоҳ талаф намешаванду касе онҳоро аз дасти ман намегирад.+ 29 Касоне, ки Падар ба ман додааст, аз ҳар чизи дигар пурарзиштаранд ва касе онҳоро аз дасти Падар гирифта наметавонад.+ 30 Ману Падар як* ҳастем».+
31 Он гоҳ яҳудиён боз ба даст санг гирифта, ӯро сангсор карданӣ шуданд. 32 Вале Исо ба онҳо гуфт: «Ман ба шумо аз ҷониби Падар корҳои неки бисёреро нишон додам. Барои кадоми ин корҳо маро сангсор карданиед?» 33 Яҳудиён бошанд, гуфтанд: «Мо туро на барои корҳои нек, балки барои куфр гуфтанат сангсор карданием,+ зеро ту бо вуҷуди одам буданат худро худо меномӣ». 34 Исо чунин гуфт: «Оё дар Шариати шумо навишта нашудааст: “Ман гуфтам: шумо худоёнед*”?+ 35 Худо онҳоеро, ки бар зиддашон сухан гуфтааст, “худоён”+ номидааст ва ин суханони Навиштаҳоро бекор карда намешавад. 36 Пас, барои чӣ шумо маро, ки Падар муқаддас гардонид ва ба ҷаҳон фиристод, барои худро Писари Худо*+ номиданам “куфргӯ” мегӯед? 37 Агар корҳои Падари худро ба ҷо наорам, ба ман бовар накунед. 38 Вале, агар ба ҷо орам, ба ман бовар накунед ҳам, ақаллан ба корҳоям бовар кунед,+ то боз ҳам бифаҳмеду бидонед, ки ману Падар якдил ҳастем».+ 39 Он гоҳ онҳо бори дигар хостанд ӯро дастгир кунанд, вале ӯ аз дасташон раҳо шуд.
40 Сипас Исо боз ба тарафи дигари Урдун, ба ҷое ки Яҳё пештар таъмид медод*,+ рафта, дар он ҷо монд. 41 Мардуми зиёде ба назди ӯ омада, ба якдигар гуфтанд: «Яҳё ягон муъҷизае нишон надодааст, аммо ҳар чизе, ки ӯ дар бораи ин одам гуфта буд, рост аст».+ 42 Он вақт бисёриҳо дар он ҷо ба ӯ имон оварданд.