Яҳува барои наҷот моро нигоҳ медорад
«Шумо... бо қуввати Худо ба воситаи имон нигоҳ дошта мешавед барои наҷоте ки муҳайё шудааст» (1 ПЕТ. 1:4, 5).
ҶАВОБИ ШУМО ЧӢ ГУНА АСТ?
Чӣ тавр Яҳува моро ба ибодати ҳақиқӣ ҷалб кард?
Чӣ гуна мо метавонем ба Яҳува гузорем, ки моро бо насиҳати худ ҳидоят кунад?
Чӣ тавр Яҳува ба мо рӯҳбаландӣ мебахшад?
1, 2. а) Чаро мо дилпур буда метавонем, ки Яҳува барои нигоҳ доштани беайбиамон ба мо кӯмак хоҳад кард? б) Яҳува ҳар яки моро то чӣ андоза хуб медонад?
«ҲАР КӢ то охир сабр кунад, наҷот хоҳад ёфт» (Мат. 24:13). Бо ин суханон Исо ба мо маълум сохт, ки агар хоҳем, ки дар вақти нобудшавии ҷаҳони Шайтон наҷот ёбем, мо бояд беайбиамонро то охир нигоҳ дорем. Вале ин маънои онро надорад, ки Яҳува интизор аст, ки мо барои истодагарӣ кардан ба хирад ва қуввати худ такя кунем. Китоби Муқаддас моро эътимод мебахшад: «Худо амин аст, ва Ӯ намегузорад, ки шумо берун аз қуввати худ озмуда шавед, балки дар баробари озмоиш сабукӣ ҳам медиҳад, то ки шумо тоб оварда тавонед» (1 Қӯр. 10:13). Мо аз ин суханон чиро мефаҳмем?
2 Барои назорат кардани он, ки мо «берун аз қувват» озмуда намешавем, ба Яҳува лозим аст, ки ҳама чиро дар бораи мо донад — мо бо кадом душвориҳо дучор мешавем, чӣ гуна инсон ҳастем ва маҳз чӣ қадар озмоишро бардошта метавонем. Оё Худо дар ҳақиқат моро ин қадар хуб медонад? Бале! Навиштаҳо ба мо мегӯянд, ки Яҳува ҳар яки моро аз наздик медонад. Ӯ аз реҷаи ҳаррӯза ва одатҳои мо бохабар аст. Ӯ ҳатто метавонад фикрҳо ва ниятҳои дили моро бубинад. (Забур 138:1–6-ро бихонед.)
3, 4. а) Чӣ тавр мисоли Довуд нишон медиҳад, ки Яҳува ба шахсони алоҳида таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад? б) Имрӯз Яҳува кадом кори олиҷанобро карда истодааст?
3 Оё Худои Қодир дар ҳақиқат ба одамони оддӣ чунин таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад? Довуди забурнавис оиди ин савол мулоҳиза менамуд ва ба Яҳува мегуфт: «Вақте ки ба осмони Ту менигарам, ки санъи ангуштони Туст, ва ба моҳ ва ситорагоне ки Ту офаридаӣ,— пас чист инсон, ки ӯро ёд кунӣ?» (Заб. 8:4, 5). Довуд шояд аз он сабаб ин саволро дод, ки ӯ шахсан нисбати худ таваҷҷӯҳи Яҳуваро ҳис карда буд. Вақте ки Довуд, писари аз ҳама хурдии Йисой ҳанӯз чӯпонбача буд, Яҳува ба ӯ чун ба шахси «ба муддаои табъи Худ» назар кард ва ӯро барои бар халқи Исроил роҳбарӣ кардан интихоб кард (1 Подш. 13:14; 2 Подш. 7:8). Ҳарчанд Довуд ҳамагӣ як чӯпонбачаи оддие буд, Офаридгори олам фикрҳои ниҳонӣ ва андешаҳои дили ӯро медонист. Тасаввур кунед, ки Довуд аз ин эҳтимол чӣ ҳис мекард!
4 Таваҷҷӯҳи шахсие, ки имрӯз Яҳува ба мо зоҳир мекунад, ҳамчунин моро ба ваҷд меорад. Ӯ аз ҳамаи халқҳо «неъматҳо», яъне шахсони барояш пурқимматро дар ибодати ҳақиқӣ ҷамъ карда истодааст ва ба хизматгоронаш барои нигоҳ доштани беайбӣ кӯмак мекунад (Ҳаҷ. 2:7). Чӣ тавр Яҳува ба мо барои нигоҳ доштани беайбӣ кӯмак мекунад? Барои хубтар фаҳмидани ин, биёед аввал дида бароем, ки чӣ тавр Ӯ одамонро ба ибодати ҳақиқӣ ҷалб мекунад.
ХУДО МОРО ҶАЛБ КАРДААСТ
5. Чӣ тавр Яҳува одамонро ба Писараш ҷалб мекунад? Мисол оред.
5 Исо гуфт: «Ҳеҷ кас наметавонад назди Ман ояд, магар ин ки Падаре ки Маро фиристод, вайро ҷалб кунад» (Юҳ. 6:44). Ин суханон нишон медиҳанд, ки барои шогирди Исо шудан ба мо кӯмаки Худо лозим аст. Чӣ тавр Яҳува одамони самимиро ба Писараш ҷалб мекунад?— Тавассути мавъизаи хушхабар ва рӯҳулқудси худ. Масалан, вақте ки Павлус ва ҳамроҳонаш ҳангоми сафари миссионериашон дар шаҳри Филиппӣ буданд, онҳо занеро бо номи Лидия вохӯрданд ва ба ӯ хушхабарро нақл карданд. Навиштаҳои илоҳӣ мегӯянд: «Худованд дили ӯро кушода буд, то ки суханони Павлусро бишнавад». Бале, Худо бо рӯҳулқудсаш ба ӯ кӯмак кард, ки маънои он хабарро фаҳмад ва онро қабул кунад. Дар натиҷа Лидия ва аҳли оилаи ӯ таъмид гирифтанд (Аъм. 16:13–15).
6. Чӣ тавр ҳар яки моро Яҳува ба ибодати ҳақиқӣ ҷалб кард?
6 Оё воқеаи бо Лидия рӯйдода мисоли ягона аст? Албатта не. Агар шумо масеҳии таъмидёфта бошед, шуморо низ Худо ба ибодати ҳақиқӣ ҷалб кардааст. Чӣ тавре ки Падари осмониамон дар дили Лидия чизи пурарзишеро дида буд, Ӯ дар дили шумо низ чизи хуберо дид. Вақте ки шумо ба хушхабар гӯш додед, Яҳува ба воситаи рӯҳулқудсаш ба шумо кӯмак намуд, ки онро фаҳмед ва қабул кунед (1 Қӯр. 2:11, 12). Ҳангоме ки шумо кӯшиш намудед, ки чизҳои аз Китоби Муқаддас фаҳмидаатонро дар ҳаёт ба кор баред, Ӯ кӯшишҳои шуморо баракат дод. Вақте ки шумо ҳаётатонро ба Ӯ бахшидед, дили Ӯ хурсанд шуд. Дар ҳақиқат, аз он даме ки шумо ба Худо хизмат карданро сар кардед, Ӯ дар ҳар қадаматон ҳамроҳи шумо аст.
7. Мо аз куҷо медонем, ки Худо барои нигоҳ доштани садоқатмандӣ ба мо кӯмак мекунад?
7 Яҳува ба мо кӯмак намуд, ки ба Ӯ хизмат карданро сар кунем, пас мо боварӣ дошта метавонем, ки Ӯ барои содиқ мондан низ ба мо кӯмак хоҳад кард. Ӯ медонад, ки чӣ тавре ки мо худамон ба ҳақиқат наомадем, ҳамон тавр мо худамон наметавонем дар роҳи ҳақиқат бимонем. Петруси ҳавворӣ ба масеҳиёни тадҳиншуда навишта буд: «Шумо... бо қуввати Худо ба воситаи имон нигоҳ дошта мешавед барои наҷоте ки муҳайё шудааст» (1 Пет. 1:4, 5). Ин суханони Петрусро имрӯз нисбати ҳамаи масеҳиён ба кор бурдан мумкин аст ва ҳар яки мо бояд ба онҳо диққат зоҳир кунем. Барои чӣ? Барои он ки ҳамаи мо барои содиқ мондан ба кӯмаки Худо ниёз дорем.
ХУДО МЕТАВОНАД МОРО АЗ ҚАДАМИ НОДУРУСТ НИГОҲ ДОРАД
8. Аз кадом сабаб мо худро зери хатари содир кардани хатои ҷиддӣ гузошта метавонем?
8 Аз мушкилиҳои ҳаёт ва нокомилии шахсиамон мо метавонем назари рӯҳониамонро гум кунем. Он гоҳ хатари он ба миён меояд, ки мо худамон нафаҳмида хатои ҷиддие содир кунем. (Ғалотиён 6:1–ро бихонед.) Инро аз воқеае, ки дар ҳаёти Довуд рӯй дод, дидан мумкин аст.
9, 10. Барои Довудро аз қадами нодуруст боздоштан Яҳува чӣ кор кард ва имрӯз барои мо Ӯ чӣ кор мекунад?
9 Ҳангоми аз дасти Шоули подшоҳ таъқиб шуданаш Довуд худдории бузурге зоҳир кард ва аз он подшоҳи ҳасудхӯр қасос нагирифт (1 Подш. 24:2–7). Лекин, дере нагузашта нокомилии Довуд бар ӯ ғолиб омад ва ӯ худдориро аз даст дод. Ӯ ва одамонаш ба озуқаворӣ ва об мӯҳтоҷ буданд ва ӯ аз марди исроилие бо номи Нобол эҳтиромона ёрдам пурсид. Вақте ки Нобол бо дағалӣ ҷавоб дод, ин Довудро ба хашм овард ва ӯ қарор дод, ки аз Нобол ва тамоми мардони хонадони ӯ қасос мегирад. Довуд дарк накард, ки одамони бегуноҳро кушта ӯ назди Худо дар хунрезӣ айбдор мешавад. Танҳо дахолати саривақтии Абиҷайл, зани Нобол, Довудро аз содир кардани хатои даҳшатнок боздошт. Дар ин кор Довуд дасти Яҳуваро дид ва ба Абиҷайл гуфт: «Муборак аст Худованд Худои Исроил, ки туро имрӯз ба пешвози ман фиристод. Ва хиради ту муборак аст, ва худат муборак ҳастӣ, ки имрӯз маро нагузоштӣ, ки хун бирезам, ва бо дасти худ интиқом гирам» (1 Подш. 25:9–13; 21, 22, 32, 33).
10 Мо аз ин воқеа чӣ дарсе гирифта метавонем? Яҳува Абиҷайлро истифода бурд, то ки Довудро аз гузоштани қадами нодуруст боздорад. Ӯ чизи ба ин монандеро имрӯз барои мо карда метавонад. Албатта мо набояд интизор шавем, ки Худо ҳар гоҳ барои моро аз кори хато боздоштан касеро мефиристонад. Ҳамчунин мо аниқ намедонем, ки дар ин ё он вазъият Худо чӣ гуна амал мекунад ё барои иҷрошавии нияташ чиро роҳ медиҳад (Воиз 11:5). Бо вуҷуди ин мо боварӣ дошта метавонем, ки Яҳува ҳамеша аз вазъияти мо бохабар аст ва ба мо барои ба Ӯ содиқ мондан кӯмак мекунад. Ӯ моро эътимод мебахшад: «Ман туро таълим хоҳам дод ва ба роҳе ки бояд биравӣ, ҳидоят хоҳам кард: туро насиҳат хоҳам дод; чашмам бар туст» (Заб. 31:8). Чӣ тавр Яҳува моро насиҳат медиҳад? Чӣ тавр мо аз он манфиат гирифта метавонем? Ва чаро мо дилпур буда метавонем, ки Яҳува имрӯз халқашро роҳнамоӣ мекунад? Аҳамият диҳед, ки чӣ тавр китоби Ваҳй ба ин саволҳо ҷавоб медиҳад.
БО НАСИҲАТИ ХУД МОРО МУҲОФИЗАТ МЕКУНАД
11. Яҳува то чӣ андоза хуб медонад, ки дар ҷамъомадҳои халқаш чӣ рӯй дода истодааст?
11 Дар рӯъёе, ки дар бобҳои 2 ва 3–юми китоби Ваҳй навишта шудааст, Исои Масеҳи пурҷалол ҳафт ҷамъомади Осиёи Хурдро, маҳаллеро, ки ҳоло чун Туркия маълум аст, бодиққат назорат мекунад. Ин рӯъё нишон медиҳад, ки Масеҳ на танҳо аз ҳолати умумии ҷамъомад бохабар аст, балки ӯ ҳамчунин вазъиятҳои алоҳидаро мебинад. Дар баъзе ҷойҳо ӯ ҳатто шахсони алоҳидаро ном бурд. Ӯ ҳамчунин ҷамъомадҳоро барои баъзе корҳояшон таҳсин гуфт ё маслиҳат дод. Ин рӯъё ба мо чӣ гуна дахл дорад? Ҳафт ҷамъомад масеҳиёни тадҳиншудаеро, ки баъди соли 1914 зиндагӣ мекунанд, тасвир мекунад. Ва маслиҳате, ки ба ин ҳафт ҷамъомад дода шуд, умуман ба ҳама ҷамъомадҳои имрӯзаи халқи Худо, ки дар тамоми рӯи замин ҳастанд, дахл дорад. Пас, чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки Яҳува тавассути Писараш халқашро роҳнамоӣ карда истодааст. Мо чӣ кор карда метавонем, то ки Яҳува моро роҳнамоӣ кунад?
12. Чӣ тавр мо мегузорем, ки Яҳува қадамҳои моро ҳидоят кунад?
12 Як роҳе, ки мо аз роҳнамоии муҳаббатомези Яҳува манфиат гирифта метавонем, ин омӯзиши шахсии Китоби Муқаддас аст. Ба воситаи адабиёти ғуломи мӯътамад ва доно Яҳува моро бо маслиҳатҳои фаровони Китоби Муқаддас таъмин мекунад (Мат. 24:45). Вале агар мо хоҳем, ки аз он манфиат гирем, мо бояд барои омӯзиш вақт ҷудо кунем ва чизҳои омӯхтаамонро дар ҳаёт ба кор барем. Ба воситаи омӯзиши шахсӣ Яҳува метавонад моро «аз фурӯ ғалтидан нигоҳ дорад» (Яҳ. 24). Оё шумо боре дар адабиётамон чизеро омӯхта будед, ки ба назаратон он маҳз барои шумо навишта шуда буд? Ин маълумотро чун ислоҳ аз тарафи Яҳува қабул кунед. Чӣ тавре ки дӯстатон метавонад дастонашро ба китфи шумо гузошта чизеро фаҳмонад, Яҳува метавонад бо истифодаи рӯҳулқудсаш диққати шуморо ба ягон ҷониби рафтор ё шахсиятатон, ки ба беҳтаршавӣ ниёз дорад, равона созад. Мувофиқи ҳидояти рӯҳулқудс амал намуда мо мегузорем, ки Яҳува қадамҳоямонро роҳнамоӣ кунад. (Забур 138:23, 24–ро бихонед.) Барои ҳамин, хуб мебуд, ки фикр кунем, ки мо барои омӯзиш чӣ қадар вақт ва кӯшиш ба харҷ медиҳем.
13. Чаро аз рӯи хирад мебуд, то тафтиш кунем, ки мо барои гузаронидани омӯзиш чӣ қадар вақт ва кӯшиш ба харҷ медиҳем?
13 Агар мо барои вақтхушӣ вақти аз ҳад зиёдро сарф кунем, ин метавонад он вақтеро, ки барои омӯзиши шахсӣ таъин шудааст, дуздад. Як бародар мегӯяд, ки ба ин чиз роҳ додан хеле осон аст. Чаро? Ӯ мефаҳмонад: «Вақтхушӣ ҳоло аз ҳарвақта бештар дастрас аст ва назар ба пештара арзонтар мебошад. Он тавассути телевизион, компютер ва телефон дастрас аст. Он моро иҳота кардааст». Агар мо эҳтиёт нашавем, мо метавонем торафт вақти бештарро барои вақтхушӣ сарф кунем ва рафта–рафта гузаронидани омӯзиши шахсиро бас кунем (Эфс. 5:15–17). Хуб мебуд, ки ҳар яки мо аз худ бипурсем: «Оё ман барои омӯзиши чуқури Каломи Худо зуд–зуд вақт ҷудо мекунам? Оё ман танҳо ҳангоми ба ягон супориш ё нутқ тайёрӣ диданам чуқур омӯзиш мекунам?» Агар ҳа, мо метавонем шомеро, ки барои ибодати оилавӣ ё омӯзиши шахсӣ ҷудо карда шудааст, хубтар истифода барем, то ки чуқуртар омӯзиш кунем ва аз Китоби Муқаддас хиради Яҳуваро чун ганҷҳо ҷустуҷӯ кунем. Ин хирад метавонад моро муҳофизат кунад ва барои то ба охир содиқ мондан кӯмак кунад (Мас. 2:1–5).
БО РӮҲБАЛАНДКУНӢ МОРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАД
14. Чӣ тавр Навиштаҳо нишон медиҳанд, ки Яҳува ба ҳиссиёти мо диққат медиҳад?
14 Довуд дар ҳаёташ бо бисёр вазъиятҳои душвор рӯ ба рӯ мешуд (1 Подш. 30:3–6). Суханони зери илҳоми илоҳӣ навиштаи ӯ нишон медиҳанд, ки Яҳува ҳиссиёти ӯро медонист. (Забур 33:19; 55:9–ро бихонед.) Худо аз ҳиссиёти мо низ бохабар аст. Вақте ки мо «дилшикаста» ё «рӯҳафтода»–ем, Худо инро медонад. Аллакай худи ин фикр моро тасаллӣ мебахшад. Довуд низ месуруд: «Ба эҳсони Ту шодӣ ва хурсандӣ мекунам, чунки мусибати маро дидаӣ, ғуссаҳои ҷонамро донистаӣ» (Заб. 30:8). Вале Яҳува азоби моро на танҳо мебинад. Ӯ моро тасаллӣ ва рӯҳбаландӣ мебахшад ва ҳамин тавр барои истодагарӣ намудан кӯмак мекунад. Як роҳе, ки Ӯ ин корро мекунад — вохӯриҳои масеҳӣ аст.
15. Мо аз мисоли Ософ чӣ омӯхта метавонем?
15 Яке аз манфиатҳои ба вохӯриҳо ташриф оварданро мисоли Ософи забурнавис нишон медиҳад. Ософ дар бораи беадолатиҳо фикр кардан гирифт ва дар дили ӯ нисбати пурарзиш будани хизмати Худо шубҳа пайдо шуд. Ӯ рӯҳафтода гашт ва ҳиссиёташро чунин баён кард: «Дилам ба ҷӯш омада буд, ва ботинам маҷрӯҳ шуда буд». Дар натиҷа ӯ қариб буд, ки ба Худо хизмат карданро бас кунад. Чӣ ба Ософ кӯмак кард, ки тарзи фикррониашро тағйир диҳад? «Ба қудсҳои Худо даромадам»,— гуфт ӯ. Он ҷо бо дигар хизматгорони Яҳува муошират намуда ӯ тавонист, ки муносибаташро дигар кунад. Ӯ фаҳмид, ки пешравии шарирон танҳо муваққатӣ аст ва Яҳува албатта адолатро барқарор мекунад (Заб. 72:2, 13–22). Мо ҳам баъзан худро мисли Ософ ҳис карда метавонем. Беадолатиҳое, ки мо дар ин ҷаҳони Шайтон мебинем, метавонанд моро ғамгин ва рӯҳафтода созанд, вале вақте ки мо бо бародарон ва хоҳаронамон ҷамъ меоем, мо аз ин тароват мегирем ва ин барои хурсандона давом додани хизмати Яҳува ба мо қувват мебахшад.
16. Мо чӣ тавр аз мисоли Ҳанно манфиат гирифта метавонем?
16 Лекин чӣ бояд кард, агар мушкилиҳои дар ҷамъомад ҷойдошта ба вохӯриҳо рафтани шуморо душвор гардонад? Эҳтимол касе масъулияти дар ҷамъомад доштаашро аз даст додааст ва аз ин рӯ аз ташрифорӣ ба вохӯриҳо шарм медорад ё байни ӯ ва ягон хоҳар ё бародар якдигарнофаҳмие ба амал омадааст. Агар чунин ҳолат бо шумо рӯй дода бошад, мисоли Ҳанно ба шумо кӯмак карда метавонад. (1 Подшоҳон 1:4–8-ро бихонед.) Ба ёд оред, ки чӣ тавр ӯ аз вазъияти оилааш, аз он ҷумла аз тарафи палонҷаш Фанинно сахт рӯҳафтода буд ва азоб мекашид. Хусусан вақте ки оилаи онҳо ҳар сол барои ба Яҳува овардани қурбонӣ ба Шилӯ мерафтанд, вазъият боз ҳам вазнинтар мешуд. Ҳанно чунон ғамгин мегашт, ки «вай гиря мекард ва чизе намехӯрд». Вале ӯ ба ибодатгоҳи Яҳува Худо рафтанро бас намекард. Яҳува садоқатмандии Ҳанноро қадр кард ва ӯро баракат дод (1 Подш. 1:11, 20).
17, 18. а) Бо кадом роҳҳо мо дар вохӯриҳои ҷамъомад рӯҳбаландӣ мегирем? б) Шумо нисбати ғамхории меҳрубононае, ки Яҳува нисбататон зоҳир менамояд, чӣ ҳис мекунед?
17 Масеҳиён имрӯз бояд ба намунаи Ҳанно пайравӣ намоянд. Ба мо лозим аст, ки мунтазам ба вохӯриҳо ташриф орем. Чӣ тавре ки ҳар яки мо инро дар худ ҳис кардаем, мо аз вохӯриҳо рӯҳбаландии бароямон лозимаро мегирем (Ибр. 10:24, 25). Муносибати гарму самимии ҳамимонон моро тасаллӣ мебахшад. Суханони оддии дар нутқ гуфташуда ё шарҳи ягон аъзои ҷамъомад метавонад ба дили мо таъсир кунад. Вақте ки мо пеш ё баъди ҷамъомад бо ҳамимонон муошират мекунем, мо метавонем ба бародар ё хоҳаре диламонро холӣ кунем ё ӯ чизе гӯяд, ки мо худро аз он беҳтар ҳис кунем (Мас. 15:23; 17:17). Вақте ки мо дар суруд Яҳуваро ҳамду сано мехонем табъи мо болида мегардад. Хусусан вақте ки андешаҳои дили мо моро ба ташвиш меоранд, мо ба рӯҳбаландие, ки аз вохӯриҳо мегирем, ниёз дорем. Дар ҷамъомад Яҳува моро бо «тасаллиҳои» худ дастгирӣ мекунад ва барои истодагарӣ кардан ва содиқ мондан кӯмак мекунад (Заб. 93:18, 19).
18 Аз ғамхории меҳрубононаи Худои худ мо худро чун Ософи забурнавис ҳис мекунем. Ӯ ба Яҳува месуруд: «Ту ямини маро дастгирӣ намудаӣ. Бо машварати Худ маро ҳидоят мекунӣ» (Заб. 72:23, 24). То чӣ андоза мо миннатдорем, ки Яҳува моро барои наҷот нигоҳ медорад!
[Тасвир дар саҳифаи 26]
Шуморо низ Яҳува ҷалб кардааст
[Тасвир дар саҳифаи 28]
Насиҳати Худоро ба кор бурдан моро муҳофизат мекунад
[Тасвир дар саҳифаи 29]
Рӯҳбаландие, ки мо мегирем, моро қувват мебахшад