Панднома
24 Ба бадон ҳасад набар
Ва бо онҳо буданро ҳавас накун,+
2 Зеро дили онҳо дар фикри ситам аст
Ва лабҳояшон аз вайронкорӣ гап мезанад.
5 Хирадманд тавоност+
Ва дониш қуввати касро меафзояд.
7 Ҳикмат барои аҳмақ дастнорас аст,+
Ӯ назди дарвозаи шаҳр гапи гуфтанӣ надорад.
8 Ҳар кӣ ҳилаҳои бад андешад,
Ӯро дар ҳилагарӣ усто меноманд.+
10 Агар дар рӯзи сахтӣ дилшикаста шавӣ,
Оҷизу нотавон мегардӣ.
11 Касонеро, ки сӯйи аҷалашон мебаранд, халос кун
Ва онҳоеро, ки сӯйи марг мераванд, боздор.+
12 Агар бигӯӣ: «Мо аз ин бехабар будем»,
Наход Санҷандаи дилҳо инро набинад?+
Охир, Бинандаи ту инро хоҳад донист
Ва ба ҳар кас аз рӯйи рафтораш мукофот хоҳад дод.+
13 Писарам, асал бихӯр, чунки он хуб аст,
Асали занбӯрхона мазаи ширин дорад.
14 Ба мисли ин, бидон, ки хирад бароят хуб аст.+
Агар онро биёбӣ, оянда пайдо мекунӣ
Ва умедат барбод намеравад.+
15 Назди хонаи росткор бо нияти бад камин нагир
Ва оромгоҳи ӯро вайрон накун,
16 Зеро росткор ҳафт бор афтад ҳам, мехезад,+
Вале бадкорон ба фалокат бархӯрда чаппа мешаванд.+
17 Вақте душманат афтад, хурсандӣ накун
Ва, ҳангоме ки пешпо хӯрад, дилат шод нашавад.+
18 Вагарна Яҳува инро дида норозӣ мешавад
Ва Ӯ ғазабашро аз душманат бармегардонад.+
19 Ба бадкирдорон нигариста, асабӣ нашав
Ва ба бадкорон ҳасад набар,
20 Зеро бадкирдорон оянда надоранд+
Ва чароғи бадкорон хомӯш мешавад.+
21 Писарам, аз Яҳува ва аз подшоҳ тарсон бош+
Ва ба шӯришгарон ҳамроҳ нашав,+
22 Чунки фалокат ногаҳон ба сарашон меояд.+
Кӣ медонад, он ҳар ду* бар инҳо чӣ балое меоранд?+
23 Инро низ хирадмандон гуфтаанд:
Дар доварӣ касеро ноҳақ тарафдорӣ кардан хуб нест.+
24 Ҳар кӣ ба бадкор бигӯяд: «Ту росткорӣ»,+
Лаънатзадаи мардумон ва бадномзадаи халқҳо мешавад,
25 Вале ҳар кӣ ӯро сарзаниш кунад, некӣ меёбад+
Ва хубиву баракатҳо бар сараш меоянд.+
26 Мардум лабони ростгӯро хоҳанд бӯсид*.+
29 Нагӯй: «Чи хеле вай бо ман кард, ман ҳам бо вай ҳамон хел мекунам,
Ҳисобамро бо ӯ баробар месозам».+
30 Аз пеши киштзори танбал гузаштам,+
Аз назди токзори шахси бефаҳм:
31 Дидам, ки онро алафи бегона зер кардааст,
Заминаш пур аз газна* шудааст
Ва девори сангинаш вайрон гаштааст.+
32 Ба ин диққат кардаму адаб омӯхтам,
Инро дидаму дарси ибрат гирифтам:
33 Андак хоб, андак ғанаб,
Андак даст дар бағал хобидан
34 Ва камбағалии ту мисли роҳзану
Муҳтоҷият мисли силоҳдоре меояд.+