2 Қӯринтиён
5 Мо медонем, ки, агар хонаи заминиямон, яъне ин хайма, вайрон шавад,+ Худо ба мо хонаи дигаре медиҳад, ки бо дасти одам сохта нашудааст,+ хонаи ҷовидоние, ки дар осмон аст. 2 Мо дар хонаи* ҳозираи худ оҳу нола мекунем ва орзумандем хонаеро, ки бароямон дар осмон тайёр шудааст,* чун либос дар бар кунем+ 3 ва, ҳангоме ки онро дар бар кунем, бараҳна нахоҳем буд. 4 Бале, дар ин хайма будан ба мо вазнинӣ мекунад ва мо оҳу нола мекунем, вале намехоҳем онро кашида партоем, балки мехоҳем либоси дигаре бипӯшем,+ то ҷойи он чиро, ки миранда аст, ҳаёт бигирад.+ 5 Оне, ки моро барои чунин ҳаёт тайёр кардааст, Худост,+ ки чун гарави* чизҳои оянда ба мо рӯҳро додааст.+
6 Аз ин рӯ мо ҳамеша дилпурем ва медонем, ки, то даме хонаамон дар ин ҷисм аст, аз Ҳазрати худ дурем. Мо инро медонем,+ 7 зеро бо имон рафтор мекунем, на бо дидор. 8 Бале, мо дилпурем ва беҳтар мешуморем, ки аз ҷисми худ дур бошему хонаамон бо Ҳазрат бошад.+ 9 Вале, хоҳ бо ӯ бошем ва хоҳ дур аз ӯ, мақсади мо ин аст, ки розигии ӯро ба даст орем, 10 зеро ҳамаи мо бояд пеши курсии доварии Масеҳ ҳозир шавем, то ҳар кас мувофиқи корҳое, ки дар ҷисм кардааст, хоҳ нек бошанд ва хоҳ бад, подош гирад.+
11 Мо медонем, ки аз Ҳазрат тарсидан чист, аз ин рӯ ба одамон гаштаю баргашта мегӯем, ки ба суханонамон гӯш диҳанд. Аммо Худо нағз медонад, ки мо чӣ касем, ва умедворам, ки шумо* низ инро медонед. 12 Фикр накунед, ки мо худро дар пеши шумо аз нав таърифу тавсиф карда истодаем. Мо мехоҳем шумо далеле дошта бошед, то бо мо фахр кунеду ба онҳое, ки на бо сират*, балки бо сурат меболанд, ҷавоб дода тавонед.+ 13 Агар мо аз ақл бегона шуда бошем,+ ин баҳри Худост ва, агар ақли солим дошта бошем, ин барои шумост. 14 Муҳаббати Масеҳ дар дили мо фармонравоӣ мекунад, зеро мо ба чунин хулосае омадем, ки як нафар барои ҳама мурд,+ пас, ҳама мурданд. 15 Ӯ барои ҳама мурд, то зиндаҳо дигар на барои худ,+ балки барои ҳамоне зиндагӣ кунанд, ки барояшон мурду зинда шуд.
16 Минбаъд мо ҳеҷ касро аз рӯйи он чӣ ба чашм аён аст, намешиносем+ ва, ҳарчанд пеш мо Масеҳро дар ҷисм мешинохтем, дигар ӯро ин тавр намешиносем.+ 17 Бинобар ин, агар касе бо Масеҳ ягонагӣ дошта бошад, ӯ офаридаи нав аст;+ чизҳои пешина гузаштанд, ҳоло бошад, чизҳои нав ба вуҷуд омаданд. 18 Вале ҳама чиз аз ҷониби Худост, ки ба воситаи Масеҳ моро бо худ оштӣ дод+ ва ба мо хизматеро супурд, то дигаронро бо ӯ оштӣ диҳем.+ 19 Худо ба воситаи Масеҳ ҷаҳонро бо худ оштӣ дода,+ хатоҳои одамонро ба ҳисоб нагирифт+ ва ин хабари оштиро ба мо супурд.+
20 Ба ин сабаб мо сафирони+ Масеҳ ҳастем*+ ва Худо ба воситаи мо муроҷиат мекунад. Мо ба ҷойи Масеҳ аз одамон илтиҷо мекунем: «Бо Худо оштӣ шавед». 21 Он кӣ гуноҳе накарда буд,+ барои гуноҳҳои мо қурбон шуд, то мо ба воситаи ӯ дар назари Худо росткор гардем.+