Ишаъё
1 Руъёе, ки Ишаъёи*+ писари Омӯс дар рӯзҳои Узиё,+ Ютом,+ Оҳоз+ ва Ҳизқиё+ — шоҳони Яҳудо, дар бораи Яҳудову Ерусалим дидааст:+
2 Бишнав, эй осмон, ва гӯш деҳ, эй замин,+
Зеро Яҳува чунин гуфтааст:
3 Буққа хӯҷаинашро
Ва хар охури соҳибашро медонад,
Аммо Исроил маро* намешиносад,+
Халқи ман аз рӯйи фаҳм амал намекунад».
4 Вой бар ҳоли халқи хатокор,+
Вой бар ҳоли ин мардуме, ки зери бори гуноҳ мондааст,
Ин насли бадкорон, ин фарзандони каҷрафтор!
5 Агар исёнкориро давом диҳед, боз ба куҷоятон бизанам?+
Ҳама ҷойи сар дардманд
Ва ҳама ҷойи дил бемор аст.+
6 Аз кафи по то фарқи сар ҷойи сиҳате нест:
Ҳама ҷо пур аз ҷароҳат, пайи лат ва захми хуншорест, ки
Онҳоро на пок кардаанд, на бастаанд ва на равған молидаанд.+
7 Замини шумо харобазор гаштааст.
Шаҳрҳоятонро бо оташ сӯзондаанд.
Бегонагон замини шуморо дар пеши назаратон фурӯ мебаранд.+
Он мисли вайронаест, ки пас аз торумори бегонагон мондааст.+
8 Духтари Сион мисли чайлае дар токзор,
Мисли хаскаппае дар бодирингзор партофта шудааст,
Мисли шаҳре дар муҳосира аст.+
9 Агар Яҳува, Худои лашкарҳо, барои мо якчанд касро зинда намемонд,
Мисли Садӯм мегаштем
Ва ба Амӯро монанд мешудем.+
10 Сухани Яҳуваро бишнавед, эй ҳокимони ситамгари Садӯм!+
Ба шариати* Худои мо диққат диҳед, эй мардуми Амӯро!+
11 «Аз қурбониҳои зиёди шумо ба ман чӣ фоида аст?+ — мегӯяд Яҳува.—
Аз қурбониҳои сӯхтании қӯчқорҳо+ ва чарбуи чорвои парворӣ сер шудаам,+
Хуни+ буққаҳои ҷавон*,+ барраҳо ва бузҳо+ ба ман хуш намеояд.
13 Дигар ҳадияҳои беҳудаи ғалла наоред.
Бухури шумо бароям нафратовар аст.+
Шумо навмоҳҳову+ шанбеҳоро+ риоя менамоед ва анҷуманҳо баргузор мекунед.+
Шумо ҳам ҷамъомадҳои махсус мегузаронеду ҳам ҷодугарӣ+ мекунед, вале ман тоқати инро надорам.
14 Ман навмоҳҳо ва идҳои шуморо чашми дидан надорам.
Онҳо бароям бори гарон шудаанд,
Аз бардоштани онҳо хаста гаштаам.
15 Вақте дастонатонро дароз мекунед,
Чашмонамро мепӯшам, ки набинам.+
Дастони шумо пур аз хун аст.+
16 Шустушӯ кунед, худро пок гардонед,+
Бадкориҳоятонро аз назарам дур созед,
Аз бадкирдорӣ даст кашед.+
17 Некӣ карданро ёд гиред, аз пайи адлу инсоф бошед,+
Ситамгарро ислоҳ кунед,
Ба доди ятиму бевазан бирасед.+
18 Биёед масъаларо ҳал кунем,— мегӯяд Яҳува.+—
Ҳарчанд гуноҳҳоятон мисли арғувонанд,
Чун барф сафед мешаванд,+
Ҳарчанд мисли либоси қирмизӣ сурханд,
Чун пашм сафед мегарданд.
19 Агар бо омодагӣ гӯш диҳед,
Аз нозу неъмати замин хоҳед хӯрд.+
20 Вале, агар гӯш надиҳеду муқобилат кунед,
Шамшер шуморо фурӯ мебарад,+
Чунки худи Яҳува инро гуфтааст».
21 Шаҳри+ вафодор фоҳиша гаштааст!+
23 Мирони ту якрав ва шарики дуздонанд.+
Ҳар яки онҳо пораро дӯст медорад ва туҳфа мехоҳад.+
Онҳо ба ятим адлу инсоф намекунанд
Ва ба даъвои бевазан гӯш намедиҳанд.+
24 Аз ин рӯ Худованд Яҳува, Худои лашкарҳо,
Худои Тавонои Исроил, чунин мегӯяд:
«Инак, ман аз бадхоҳонам халос мешавам
Ва аз душманонам интиқом мегирам.+
25 Ман дастамро бар зидди ту мегардонам,
Ғаши туро бо ишқор тоза мекунам
Ва тамоми нопокиятро дур месозам.+
26 Ман мисли пештара ба ту доваронро
Ва чун дар рӯзҳои аввал маслиҳатгаронро медиҳам.+
Он гоҳ ту “Шаҳри росткорӣ”, “Шаҳри вафодор” ном мегирӣ.+
28 Исёнгарон ва гунаҳкорон дар як вақт шикаст мехӯранд+
Ва касоне, ки Яҳуваро тарк мекунанд, нест мешаванд.+
29 Онҳо аз дарахтони бузурге, ки шумо орзу кардед, шарм хоҳанд дошт+
Ва шумо аз сабаби боғҳои интихобкардаатон* беобрӯ мегардед.+
30 Шумо ба дарахти калоне, ки баргҳояш хазон шудааст,
Ва ба боғи беобе монанд мегардед.+
31 Марди пурзӯр мисли нахи зағирпоя мешавад
Ва амалаш мисли шарора,
Ҳар ду аланга мегиранд
Ва касе оташи онҳоро хомӯш намекунад».