Забур
Дуои Довуд.
86 Эй Яҳува, гӯши худро хам намуда, маро бишнав ва ба дуоям ҷавоб деҳ,
Зеро бечораву нотавонам.+
2 Ҷонамро нигаҳ дор, зеро ба ту бовафоям.+
Бандаатро, ки ба ту такя мекунад, наҷот деҳ,
Зеро ту Худои манӣ.+
4 Бандаи худро шод гардон,
Зеро ба ту, эй Яҳува, рӯ овардаам.
5 Ту, эй Яҳува, неку+ ва бахшандаӣ+
Ва аз ҳамаи онҳое, ки туро мехонанд, меҳру вафоятро дареғ намедорӣ*.+
9 Ҳама халқҳое, ки ту офаридаӣ, эй Яҳува,
Сӯят омада, сари таъзим фуруд хоҳанд овард+
Ва номи туро ҷалол хоҳанд дод.+
Кумакам кун, то бо тамоми дил аз номат битарсам.+
12 Туро, эй Худоям Яҳува, бо тамоми дил ситоиш мекунам.+
Номи туро то абад ҷалол хоҳам дод,
13 Зеро ба ман меҳру вафои бузурге нишон додӣ
Ва ҷонамро аз даруни гӯр раҳо кардӣ.+
14 Худоё, худбоварон бар зидди ман бархестаанд,+
Ҷамъи бераҳмон қасди ҷонамро доранд.
Онҳо туро писанд намекунанд.+
17 Ба ман аломати некуиятро нишон деҳ,
То бадбинонам онро дида, шарманда шаванд,
Зеро ту, эй Яҳува, мададгору дилбардори манӣ.