МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 24
Диламро якто гардон, то аз исми Ту битарсад
«Диламро якто гардон, то ки фақат аз тарси исми Ту пур бошад. Туро, эй Худованд Худои ман, бо тамоми дилам ҳамд хоҳам гуфт» (ЗАБ. 85:11, 12).
СУРУДИ 23 Яҳува қуввати мост
ПЕШГУФТОРa
1. Худотарс будан чӣ маъно дорад ва чаро ба онҳое, ки Яҳуваро дӯст медоранд, доштани ин хислат муҳим аст?
МАСЕҲИЁН Худоро дӯст медоранд ва ҳамчунин аз Ӯ метарсанд. Ба назари баъзеҳо ин ду чиз шояд номувофиқ тобад. Лекин ин ҷо на тарсу ҳарос, балки эҳтироми бузург нисбати Худо дар назар дошта шудааст. Одамоне, ки чунин тарсро доранд, Худоро самимона иззату эҳтиром менамоянд. Онҳо Падари осмонии худро ранҷондан намехоҳанд, зеро муносибати худро бо Ӯ қадр мекунанд (Заб. 110:10; Мас. 8:13).
2. Дар асоси суханони Забур 85:11 кадом ду чизро дида мебароем?
2 Забур 85:11-ро хонед. Дар бораи ин суханон мулоҳиза ронед. Маълум, ки шоҳи содиқ Довуд медонист, ки ба Яҳува эҳтироми чуқур доштан то чӣ андоза муҳим аст. Биёед дида бароем, ки чӣ тавр мо суханони он дуоро ба кор бурда метавонем. Аввал баъзе сабабҳоро дида мебароем, ки чаро номи Яҳува сазовори эҳтироми бузург аст. Сипас мефаҳмем, ки дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ чӣ тавр худотарсӣ зоҳир кунем.
ЧАРО НОМИ ЯҲУВА САЗОВОРИ ЭҲТИРОМИ БУЗУРГ АСТ?
3. Хотира аз кадом воқеа ба Мӯсо ёрдам медод, ки ҳамеша номи Худоро мӯҳтарам донад?
3 Боре ҳазрати Мӯсо дар шикофии кӯҳе истода буд ва гузаштани ҷалоли Яҳуваро дид. Китоби «Назари амиқ ба Навиштаҳо» қайд мекунад, ки «Мӯсо чизи беҳад ҳайратангезро дид, ки онро эҳтимол ягон инсон то омадани Исо надида буд». Дар он ҳангом Мӯсо овозеро шунид, ки аз афташ овози фариштае буд. Он гуфт: «Яҳува, Яҳува, Худои бахшанда ва меҳрубон, пурсабр ва пур аз меҳру вафову ростӣ, ки ба ҳазорҳо меҳру вафо мекунад ва хатову айбу гуноҳро мебахшад» (Хур. 34:6, 7, ТДН; Хур. 33:17–23; 34:5). Вақте Мӯсо номи Яҳуваро истифода мебурд, шояд он воқеа ба хотираш меомад. Барои ҳамин ӯ баъдтар халқи Исроилро огоҳ карда гуфт, ки «аз исми арҷманд ва саҳмгин»-и Худованд битарсанд, яъне онро эҳтиром кунанд (Такр. Ш. 28:58).
4. Чӣ ҳурмату эҳтироми моро ба Яҳува зиёд карда метавонад?
4 Вақте мо ҳам дар бораи номи Яҳува фикр мекунем, хуб мебуд дар бораи чӣ гуна будани Соҳиби ин ном мулоҳиза ронем. Мо бояд оиди қудрат, хирад, адолат, муҳаббат ва дигар хислатҳои Яҳува мулоҳиза ронем. Ин кӯмак мекунад, ки эҳтироми мо торафт ба Ӯ зиёд шавад (Заб. 76:12–16).
5, 6. а) Маънои номи Худо чист? б) Мувофиқи Хуруҷ 3:13, 14 ва Ишаъё 64:8 Яҳува бо кадом роҳҳо нияташро иҷро мекунад?
5 Дар бораи маънои номи Худо мо чиро медонем? Бисёр олимон номи «Яҳува»-ро чунин маънидод мекунанд: «Ӯ сабаби шудан мегардад». Ин моро боварӣ мебахшад, ки ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз Яҳуваро аз иҷрои мақсадаш боздошта наметавонад. Қудрати Ӯ беинтиҳост.
6 Яҳува барои иҷрои нияташ ҳар касе ки лозим аст, шуда метавонад. (Хуруҷ 3:13, 14-ро хонед.) Дар ояти 14 иборае, ки аз забони ибронӣ чун «Воҷибулвуҷуд» тарҷума шудааст, аслан маънои «Он кӣ хоҳам, ҳамон мешавам»-ро дошта метавонад. Адабиётамон бисёр вақт моро ташвиқ мекунад, ки дар бораи ин ҷониби ҳайратовари шахсияти Яҳува бодиққат мулоҳиза ронем. Инчунин Яҳува қодир аст ба мо, шахсони нокомил, ҳар хислати лозимаро бахшад, то ба Ӯ хизмат кунем ва ҳамоне гардем, ки барои иҷрои иродаи Ӯ лозим аст. (Ишаъё 64:8-ро хонед.) Бо ин роҳҳо Яҳува нияташро иҷро мекунад ва ҳеҷ чиз наметавонад дар ин кор пеши роҳи Ӯро гирад (Иш. 46:10, 11).
7. Чӣ тавр мо миннатдорӣ ва эҳтироми худро ба Падари осмониамон зиёд карда метавонем?
7 Вақте мо дар бораи амали дастҳои Яҳува ва оиди он ки Ӯ ба воситаи мо кадом корҳоро иҷро кард, мулоҳиза меронем, миннатдории мо ба Падари осмониамон зиёд мегардад. Масалан, офаридаҳои Яҳуваро тамошо карда, мо аз чизҳои сохтааш ангушти ҳайрат мегазем (Заб. 8:4, 5). Инчунин вақте ба хотир меорем, ки Яҳува дар кардани кадом корҳо ба мо кӯмак кард, эҳтироми мо ба Ӯ афзун мегардад. Номи Яҳува дар ҳақиқат гиромӣ ва лоиқи эҳтироми бузург аст! Он тамоми хислатҳои Ӯ, тамоми корҳои кардааш ва ҳамаи корҳоеро, ки Ӯ дар оянда мекунад, дар бар мегирад (Заб. 88:8, 9).
«ИСМИ ХУДОВАНДРО БА ЗАБОН ХОҲАМ РОНД»
8. Дар Такрори Шариат 32:2, 3 оиди номи Худо чӣ гуфта шудааст ва Яҳува дар бобати номаш аз мо чиро интизор аст?
8 Чанде пеш аз он ки исроилиён ба Замини ваъдашуда дароянд, Яҳува ба Мӯсо матни сурудеро таълим дод (Такр. Ш. 31:19). Мӯсо бошад, бо ёрии он суруд ба халқ дар бораи Яҳува таълим медод. (Такрори Шариат 32:2, 3-ро хонед.) Оиди оятҳои 2 ва 3 мулоҳиза ронда равшан фаҳмидан мумкин аст, ки Яҳува намехоҳад, ки исмаш пинҳон монад ва одамон онро аз ҳад муқаддас дониста ба забон наоранд. Ӯ мехоҳад, ки номаш ба ҳама маълум бошад! Мӯсо ба исроилиён дар бораи Яҳува ва номи арҷманди Ӯ таълим медод, ки ин барояшон шарафи бузург буд. Мисли он ки аз борони маҳин гиёҳу дарахтон месабзанд, чизҳое, ки Мӯсо ба исроилиён таълим медод, онҳоро қуввату тароват мебахшид. Чӣ ба мо ёрӣ медиҳад, ки мо ҳам дигаронро ҳамин тавр таълим диҳем?
9. Чӣ тавр мо дар муқаддас гаштани номи Яҳува саҳм гузошта метавонем?
9 Вақте хона ба хона ё дар ҷойҳои ҷамъиятӣ хизмат мекунем, мо метавонем номи Яҳуваро аз Китоби Муқаддас ба одамон нишон диҳем. Инчунин ба онҳо адабиёти рангоранг, видеонаворҳои аҷоиб ва маводҳои сайтамонро, ки Яҳуваро ҷалол медиҳанд, пешкаш кардан мумкин аст. Хуб мебуд, то дар мактаб, ҷойи кор ё ҳангоми сафар кӯшиш кунем, ки ба дигарон дар бораи Яҳува, чӣ гуна Худо будани Ӯ ва нияти олиҷанобе, ки оиди замин ва одамон дорад, нақл кунем. Ин чизҳоро аз мо шунида шояд одамон бори аввал дарк кунанд, ки то чӣ андоза Худо онҳоро дӯст медорад. Дар бораи Падари азизамон ба дигарон ҳақиқатро расонда мо дар муқаддас гаштани номи Ӯ саҳм мегузорем. Вақте одамон мефаҳманд, ки бисёр чизҳое, ки онҳо пеш дар бораи Худо шунидаанд, нодуруст аст, мо ба андозае номи Яҳуваро аз дурӯғу тӯҳмат пок месозем. Он чизе ки мо ба одамон аз Китоби Муқаддас таълим медиҳем, чизи аз ҳама тароватбахшу хурсандиовари ҳаёташон буда метавонад (Иш. 65:13, 14).
10. Чаро ба омӯзандагон танҳо қонунҳои Яҳуваро таълим додан кифоя нест?
10 Ҳангоми омӯзиш гузарондан мо ба одамон кӯмак мекунем, ки номи Яҳуваро донанд, онро истифода баранд ва Соҳиби он номро хуб шиносанд. Агар мо ба дигарон фақат дастуроту талаботи Худо ва меъёрҳои ахлоқиро таълим диҳем, оё онҳо ба Худо наздик мешаванд? Омӯзандаи хуб шояд қонунҳои Худоро меомӯзад ва онҳоро ҳурмат мекунад. Вале оё вай ба Яҳува аз муҳаббат итоат мекунад? Ба хотир оред, ки Ҳавво қонуни Худоро нағз медонист, вале ба Худо на ӯ муҳаббати ҳақиқӣ дошту на Одам (Ҳас. 3:1–6). Аз ин рӯ ба омӯзандагонамон танҳо талабот ва меъёрҳои Яҳуваро таълим додан кифоя нест.
11. Ҳангоми қонуну принсипҳои Яҳуваро таълим додан мо чӣ тавр муҳаббати Ӯро дар дили омӯзандагон ҷо карда метавонем?
11 Он чизҳое ки Яҳува аз мо талаб мекунад, ҳамеша бар манфиати моянд (Заб. 118:97, 111, 112). Вале, агар омӯзанда надонад, ки Худо аз муҳаббат ба мо ин қонунҳоро додааст, вай шояд намефаҳмад, ки онҳо бар фоидаи моянд. Аз ин рӯ дар вақти муҳокимаи ин ё он мавзӯъ ба омӯзанда чунин саволҳоро диҳед: «Ба фикрат, чаро Худо аз хизматгоронаш кардани ин корро талаб мекунад ё фалон корро манъ мекунад? Аз ин мо дар бораи Ӯ чиро мефаҳмем?» Хуб мебуд, ба омӯзандагон оиди Яҳува мулоҳиза карданро ёд диҳем ва кӯмак кунем, ки дар дилашон нисбати Яҳува муҳаббати ҳақиқӣ инкишоф ёбад. Он гоҳ онҳо на танҳо қонунҳои Худоро, балки Қонунгузорро низ ҳақиқатан дӯст хоҳанд дошт (Заб. 118:68). Ҳамин тавр онҳо имони мустаҳкам пайдо мекунанд, ки барои истодагарӣ дар озмоишҳо кӯмак мекунад (1 Қӯр. 3:12–15).
МО БА ИСМИ ЯҲУВА ХУДОИ ХУД РАВОНА ХОҲЕМ ШУД
12. Чӣ тавр боре Довуд дилашро «якто» нигоҳ дошта натавонист? Оқибати он чӣ шуд?
12 Довуд дар дуо ба Яҳува гуфт: «Диламро якто гардон» (Заб. 85:11). Ин суханоне, ки ӯ зери илҳоми илоҳӣ навишт, барои мо низ хеле муҳиманд. Довуд аз ҳаёти худ медонист, ки ба васваса дода шудан чӣ қадар осон аст. Як рӯз вақте ӯ дар болои бомаш гаштугузор мекард, баногоҳ зани каси дигарро дид, ки шустушӯй дошт. Оё дар он маврид дили Довуд пурра ба Яҳува содиқ буд ё вай ба хоҳиши нодуруст дода шуд? Ӯ қонуни зерини Яҳуваро медонист: «Зани ёрат, ва... ҳар чизеро, ки аз они ёрат бошад, тамаъ накун» (Хур. 20:17). Вале, аз афташ ӯ ба зан нигоҳ карданро давом дод. Дар ин ҳангом дили ӯ гӯё ду тақсим шуд: нисфи дилаш ба он зан кашол шуд ва нисфаш ба Яҳува писанд омадан мехост. Ҳарчанд Довуд солҳои зиёд Яҳуваро дӯст медошт ва худотарс буд, вай ба васваса дода шуд. Дар ӯ хоҳиши нодуруст ғалаба кард ва ӯ ба корҳои бад даст зад. Бо ин рафтораш Довуд номи Яҳуваро паст кард. Ӯ ҳамчунин ба одамони бегуноҳ, аз он ҷумла ба оилаи худ дарду ғами зиёд овард (2 Подш. 11:1–5, 14–17; 12:7–12).
13. Мо аз куҷо медонем, ки Довуд аз нав бо тамоми дилаш Яҳуваро ибодат мекард?
13 Яҳува Довудро танбеҳ дод ва ӯ ин танбеҳро қабул карда аз нав бо Яҳува муносибати хубро барқарор кард (2 Подш. 12:13; Заб. 50:4–6, 19). Довуд аз ёдаш намебаровард, ки вақте кас дилашро «якто» нигоҳ намедорад, ба мусибату бадбахтӣ гирифтор мешавад. Суханони дар Забур 85:11 навишташудаи ӯро боз чунин ифода кардан мумкин аст: «Кӯмак кун, то дилам пурра ба ту содиқ бошад». Оё Яҳува ба Довуд кӯмак кард, ки дилаш пурра содиқ бошад? Бале! Зеро баъдтар Яҳува дар Каломаш қайд кард, ки дили Довуд «ба Худованд Худояш амин», яъне содиқ буд (3 Подш. 11:4; 15:3).
14. Мо бояд ба худ чӣ гуна савол диҳем ва чаро?
14 Мисоли Довуд ҳам рӯҳбаландкунанда ва ҳам огоҳкунанда аст. Ба гуноҳи ҷиддӣ даст задани ӯ барои хизматгорони имрӯзаи Худо огоҳӣ мебошад. Хоҳ мо ба қарибӣ хизматгори Яҳува шудем, хоҳ чанд сол пеш, ҳамаи мо ба васваса дода шуда метавонем. Барои ҳамин бояд бо саволи зерин худро тафтиш кунем: «Оё ман ба васвасаҳои Шайтон муқобилат мекунам ва бо тамоми дилам ба Яҳува содиқ мемонам?»
15. Агар назари мо ба тасвир ё намоиши нораво афтад, худотарсӣ чӣ тавр моро муҳофизат мекунад?
15 Фарз мекунем, ҳангоми тамошои телевизор ё истифодаи интернет тасвир ё намоише пайдо мешавад, ки хоҳиши шаҳвониро бедор карда метавонад. Шумо чӣ кор мекунед? Мумкин дар саратон фикр пайдо шавад, ки он порнография нест ва тамошо карданаш ягон бадӣ надорад. Вале бо воситаи он шояд Шайтон шуморо ба гуноҳ тела додан мехоҳад (2 Қӯр. 2:11). Мисоле меорем. Одатан барои дукафон кардани чӯби ғафс аз фона (оҳани нӯгтез) истифода мебаранд. Ҳангоми задани фона нӯги тези он торафт чуқуртар даромада оқибат ғӯлачӯбро мекафонад. Он сурат ё саҳнаи ношоистаро ба нӯги тези фона монанд кардан мумкин аст. Дар аввал он шояд безарар тобад, вале агар тамошо карданашро давом диҳем, оқибат метавонад диламонро «дуним» карда моро ба гуноҳ тела диҳад. Он гоҳ мо бо тамоми дил ба Яҳува содиқ монда наметавонем. Нагузоред, ки ягон чизи нораво ба дили шумо дарояд. «Аз тарси исми» Худованд бо тамоми дил ба Ӯ содиқ бошед.
16. Вақте мо бо васваса дучор мешавем, оиди кадом саволҳо бояд фикр кунем?
16 Ғайр аз суратҳои ҷазбкунанда Шайтон боз бо бисёр чизҳои дигар моро ба васваса андохтан мехоҳад. Мо бояд чӣ кор кунем? Шояд он корҳо безарар тобанд. Масалан, дар сари одам ин хел фикр пайдо шуда метавонад: «Барои ин кор аз ҷамъомад хориҷ намекунанд-ку, пас ин кор он қадар бад нест». Аммо чунин фикрронӣ хеле хато аст. Беҳтараш оиди саволҳои зерин андеша кунед: «Оё Шайтон бо воситаи ин чиз маро ба васваса андохтанӣ аст? Агар ман ба хоҳишҳои нодуруст дода шавам, номи Яҳуваро паст намекунам? Ин чиз маро ба Худо наздик месозад ё дур?» Аз Худо хирад пурсида ба он саволҳо ростқавлона ҷавоб диҳед (Яъқ. 1:5). Ин ба шумо кӯмак мекунад, ки бо қатъият васвасаро рад кунед ва монанди Исо чунин гӯед: «Аз ман дур шав, эй Шайтон!» (Мат. 4:10).
17. Агар ба васваса дода шуда кори нодуруст кунем, Яҳува чӣ ҳис мекунад? Мисол оред.
17 Яҳува мехоҳад, ки мо бо тамоми дил ба Ӯ содиқ бошем. Тасаввур кунед, ки байни аъзои дастаи варзишӣ ягонагӣ нест. Баъзеи онҳо фақат зӯр будани худашонро нишон додан мехоҳанд, баъзеашон аз рӯйи қоида бозӣ намекунанд ва баъзеи дигар муаллими худро писанд намекунанд. Мағлубияти чунин даста аз эҳтимол дур нест. Лекин, агар байни онҳо ягонагӣ бошаду ҳамаашон сӯйи як мақсад шитобанд, дар мусобиқа ғолиб омада метавонанд. Дили рамзии мо — фикрҳо, хоҳишҳо ва ҳиссиётамонро ба чунин дастаи варзишӣ монанд кардан мумкин аст. Агар ақли мо дигар чӣ гӯяду дили мо дигар чӣ хоҳад, он гоҳ мо ба васвасаҳо ғолиб омада наметавонем. Лекин агар байни фикру хоҳишҳои мо ягонагӣ бошад, мо беайбиамонро нигоҳ дошта метавонем. Дар ёд доред, ки Шайтон мехоҳад, то фикру хоҳишҳои мо бо ҳам ва бо меъёрҳои Яҳува мухолифат кунанд. Вале барои хизматгори Худо будан, бояд бо тамоми дил ба Ӯ содиқ бошем (Мат. 22:36–38). Биёед ҳеҷ гоҳ ба Шайтон нагузорем, ки моро ба гуноҳ тела диҳад!
18. Суханони Мико 4:5 моро ба чӣ ташвиқ мекунанд?
18 Мисли Довуд ба Яҳува чунин дуо гӯед: «Диламро якто гардон, то ки фақат аз тарси исми Ту пур бошад». Пеши худ мақсад гузоред, ки ҳамеша мувофиқи ин дуо амал мекунед. Бо ҳар як қарори худ, хоҳ дар масъалаҳои хурд бошад, хоҳ калон, ба номи муқаддаси Яҳува эҳтироми шоиста нишон диҳед. Он гоҳ шумо чун Шоҳидонаш обрӯйи Ӯро баланд мебардоред (Мас. 27:11). Ҳар яки мо мисли пайғамбар Мико чунин гуфта метавонем: «Мо ба исми Худованд Худои худ то абад равона хоҳем шуд» (Мико 4:5).
СУРУДИ 6 Дуои хизматгори Худо
a Дар ин мақола мо дуои ҳазрати Довудро, ки дар Забур 85:11, 12 навишта шудааст, дида мебароем. Аз исми Яҳува тарсидан чӣ маъно дорад? Чаро мо бояд нисбати номи бузурги Худо эҳтироми чуқур дошта бошем? Ва чӣ тавр тарс аз Худо моро ҳангоми васвасаҳо аз кори нодуруст муҳофизат мекунад?
b ШАРҲИ РАСМ: Мӯсо ба халқи Исроил сурудеро таълим дод, ки номи Яҳуваро болобардор мекард.
c ШАРҲИ РАСМҲО: Ҳавво хоҳиши нодурустро рад накард. Баръакси ӯ, мо сурату паёмҳоеро, ки дар мо хоҳиши нодуруст бедор мекунанд ва ба номи Худо доғ меоранд, рад мекунем.