Луқо
4 Исо, ки аз рӯҳи муқаддас пур гашта буд, аз Урдун рафту рӯҳи Худо ӯро дар биёбон аз як ҷой ба ҷойи дигаре мебурд.+ 2 Ӯ дар он ҷо 40 рӯз истоду дар давоми он рӯзҳо чизе нахӯрда гушна монд. Он гоҳ Иблис ӯро васваса карда+ 3 гуфт: «Агар писари Худо* бошӣ, ба ин санг амр деҳ, ки нон шавад». 4 Лекин Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Навишта шудааст: “Одамизод набояд танҳо бо нон зиндагӣ кунад”».+
5 Он гоҳ Иблис ӯро ба ҷойи баланде бурда, дар як лаҳза тамоми мамлакатҳои рӯйи заминро ба ӯ нишон дод.+ 6 Пас аз он Иблис ба ӯ гуфт: «Тамоми қудратро бар ҳамаи ин мамлакатҳо ва шуҳрату ҷалоли онҳоро ба ту медиҳам, зеро ин қудрат ба ман супурда шудааст+ ва ман онро ба ҳар касе хоҳам, медиҳам. 7 Барои ҳамин, агар як бор ба ман саҷда кунӣ, ҳамаи ин аз они ту мешавад». 8 Исо ба вай гуфт: «Навишта шудааст: “Худоят Яҳуваро бипараст ва танҳо хизмати ӯро ба ҷо ор”».+
9 Пас аз он Иблис Исоро ба Ерусалим бурд ва бар девори* ибодатгоҳ гузошта, гуфт: «Агар писари Худо* бошӣ, худатро аз ин ҷо ба поён парто,+ 10 зеро навишта шудааст: “Ӯ дар бораи ту ба фариштагонаш амр медиҳад, то туро нигаҳбонӣ кунанд” 11 ва “онҳо туро рӯйи дастонашон мебардоранд, то поят ба санге назанад”».+ 12 Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Гуфта шудааст: “Худоят Яҳуваро наозмой”».+ 13 Он гоҳ Иблис васваса карданро бас кард ва то фурсати муносиби дигар аз ӯ дур шуд.+
14 Исо, ки бо рӯҳ аз қудрат пур гашта буд, ба Ҷалил+ баргашт. Суханони неке, ки мардум дар ҳаққаш мегуфтанд, дар тамоми маҳалҳои гирду атроф паҳн шуданд. 15 Ӯ дар ибодатхонаҳои онҳо таълим медод ва эҳтироми ҳамаро ба даст меовард.
16 Сипас ӯ ба шаҳри Носира,+ ки дар он ба воя расида буд, равона шуд. Дар он ҷо ӯ аз рӯйи одати худ рӯзи шанбе ба ибодатхона даромад+ ва барои хондани Навиштаҳо аз ҷой хест. 17 Он гоҳ ба вай навиштаҳои пайғамбар Ишаъёро доданд ва ӯ онро кушода, ҷоеро ёфт, ки дар он навишта шуда буд: 18 «Рӯҳи Яҳува бар ман аст, зеро ӯ маро тадҳин кардааст*, ки хушхабарро ба камбағалон расонам. Ӯ маро фиристодааст, ки озодиро ба асирон ва биноиро ба кӯрон эълон намоям, шикастадилонро озод кунам+ 19 ва дар бораи вақте, ки розигии Яҳуваро соҳиб шудан мумкин аст, хабар диҳам».+ 20 Баъд аз ин ӯ дастхатро печонда, ба хизматгузор баргардонд ва ба ҷойи худ нишаст. Ҳамаи онҳое, ки дар ибодатхона буданд, ба ӯ чашм дӯхтанд. 21 Он гоҳ ӯ гуфт: «Суханоне, ки ҳоло аз Навиштаҳо шунидед, имрӯз ба иҷро расиданд».+
22 Ҳамаи онҳо ӯро таърифу таҳсин карданд ва аз суханони фораме, ки аз даҳони ӯ шуниданд,+ ба ҳайрат омада гуфтанд: «Магар ӯ писари Юсуф нест?»+ 23 Исо ба онҳо гуфт: «Бешубҳа, шумо ба ман ин мақолро нисбат медиҳед: “Эй табиб, аввал худатро табобат кун”, ва мегӯед: “Мо дар бораи ҳамаи корҳое, ки дар Кафарнаҳум+ кардаӣ, шунидаем, ҳоло дар ватани худат ҳам чунин корҳоро ба амал ор”». 24 Ӯ суханашро давом дода гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ҳеҷ як пайғамбарро дар ватанаш қабул намекунанд.+ 25 Масалан, дар рӯзҳои пайғамбар Илёс, вақте ки се солу шаш моҳ борон наборид ва дар тамоми он сарзамин гушнагии сахте шуд,+ дар Исроил бевазанони бисёре буданд. 26 Вале Илёс ба назди ҳеҷ кадоми онҳо фиристода нашуд, балки танҳо назди бевазане, ки дар Сорефот, дар сарзамини Сидӯн, мезист.+ 27 Ҳамчунин дар замони пайғамбар Элишоъ дар Исроил махавиёни бисёре буданд, вале ҳеҷ кадоми онҳо пок нагашт*, балки танҳо Наамон, ки аз Сурия+ буд». 28 Он гоҳ ҳамаи онҳое, ки дар ибодатхона буданду ин суханонро шуниданд, аз ғазаб пур шуданд+ 29 ва хеста, ӯро шитобон аз шаҳр берун бароварданд. Онҳо ӯро ба лаби ҷарии кӯҳе, ки шаҳр бар он ҷойгир буд, бурданд, то аз он ҷо ӯро ба поён партоянд. 30 Аммо вай аз байни онҳо гузашта, роҳашро давом дод.+
31 Баъд ӯ ба Кафарнаҳум, ба шаҳри Ҷалил, рафт ва рӯзҳои шанбе онҳоро таълим медод.+ 32 Мардум аз тарзи таълими ӯ дар ҳайрат буданд,+ зеро вай чун шахси соҳибқудрат гап мезад. 33 Он вақт дар ибодатхона марде буд, ки рӯҳи нопок, яъне дев, дошт, ва ӯ бо овози баланд фарёд зада гуфт:+ 34 «Эй Исои носирӣ,+ ту ба мо чӣ кор дорӣ? Оё ту барои нест кардани мо омадӣ? Ман нағз медонам, ки ту Фиристодаи муқаддаси Худо ҳастӣ!»+ 35 Вале Исо вайро сарзаниш карда гуфт: «Хомӯш шав ва аз ӯ берун ой». Он гоҳ дев мардро дар пеши назари ҳама ба замин афтонд ва ҳеҷ зараре нарасонда аз ӯ берун шуд. 36 Инро дида ҳуш аз сари ҳама парид ва одамон ба якдигар чунин гуфтанд: «Бинед, ки ӯ чӣ гуна сухан меронад ва бо чӣ қуввату қудрате ба рӯҳҳои нопок амр медиҳаду онҳо берун меоянд!» 37 Овозаи ӯ дар тамоми гӯшаю канори он ҷойҳо торафт паҳн мешуд.
38 Исо аз ибодатхона баромада, ба хонаи Шимъӯн* рафт. Хушдомани Шимъӯн табларзаи сахте шуда буд ва онҳо аз Исо илтимос карданд, ки ба вай ёрӣ диҳад.+ 39 Он гоҳ Исо дар болои сараш истода, ӯро шифо дод ва табларзаи ӯ гузашт. Он зан дарҳол аз ҷояш хеста, ба онҳо хизмат кард.
40 Ҳангоми нишастани офтоб одамон беморони худро, ки касалиҳои гуногун доштанд, назди Исо оварданд. Ӯ ба ҳар як бемор даст гузошта, онҳоро шифо дод.+ 41 Девҳо низ аз бисёр касон берун меомаданд ва фарёд зада мегуфтанд: «Ту Писари Худо* ҳастӣ».+ Вале ӯ онҳоро сарзаниш карда, намегузошт, ки гап зананд,+ зеро онҳо Масеҳ буданашро медонистанд.+
42 Вақте ки рӯз шуд, Исо берун омада, ба ҷойи беодаме рафт.+ Аммо мардум ӯро кофта, ба наздаш омаданд ва ӯро дар пеши худ нигоҳ доштанӣ шуданд. 43 Вале ӯ ба онҳо гуфт: «Ман бояд хушхабари Подшоҳии Худоро дар шаҳрҳои дигар низ эълон кунам, зеро барои ҳамин фиристода шудаам».+ 44 Ҳамин тавр, ӯ дар ибодатхонаҳои Яҳудия эълон кардани хушхабарро давом дод.