Бетарафиро нигоҳ доред
«Он чӣ аз они Худост, ба Худо [диҳед]» (МАТ. 22:21).
1. Чӣ тавр мо ҳам ба Худо ва ҳам ба ҳокимиятҳои инсонӣ итоат карда метавонем?
КАЛОМИ ХУДО моро таълим медиҳад, ки ба ҳокимиятҳои инсонӣ итоат кунем. Лекин ҳамчунин дар он гуфта мешавад, ки пеш аз ҳама ба Худо итоат кунем, на ба одамон (Аъм. 5:29; Тит. 3:1). Оё ин ду амр ба якдигар муқобиланд? Не. Аз рӯи принсипе ки Исо фаҳмонд, муайян кардан мумкин аст, ки дар кадом маврид ба кӣ итоат кунем. Ӯ гуфт: «Он чӣ аз они қайсар аст, ба қайсар диҳед ва он чӣ аз они Худост — ба Худо»[1] (Мат. 22:21). Чӣ тавр мо он чиро ки аз қайсар аст, ба қайсар дода метавонем? Мо ба қонуни давлат итоат менамоем, намояндагони онро ҳурмат мекунем ва андоз месупорем (Рум. 13:7). Лекин, агар ҳокимиятдорон талаб кунанд, ки ба Худо беитоатӣ кунем, мо эҳтиромона рад мекунем.
2. Чӣ тавр мо нисбати корҳои сиёсии ин ҷаҳон бетараф буда метавонем?
2 Чӣ тавр мо он чизеро ки аз Худост, ба Худо дода метавонем? Агар дар корҳои сиёсии ин ҷаҳон бетараф монем (Иш. 2:4). Яҳува то ҳол ба ҳукуматҳои инсонӣ иҷозат дода истодааст, ки ҳукмронӣ кунанд. Барои ҳамин мо ба онҳо муқобилият намекунем. Ҳамчунин мо дар ягон коре ки бо ватанпарастиву миллатпарастӣ алоқаманд аст, иштирок намекунем (Рум. 13:1, 2). Мо кӯшиш намекунем, ки ҳокимиятро дигар кунем ё ба сиёсатмадорон таъсир расонем. Мо дар овоздиҳӣ иштирок намекунем ва худамон низ барои сиёсатмадор шудан намекӯшем.
3. Чаро мо бояд бетарафиро нигоҳ дорем?
3 Чаро Худо мехоҳад, ки мо дар корҳои сиёсӣ бетараф бошем? Яке аз сабабҳо ин аст, ки мо ба намунаи Исои Масеҳ пайравӣ менамоем ва мувофиқи таълимоти ӯ зиндагӣ мекунем. Мо қисми ин ҷаҳон нестем, барои ҳамин аз сиёсат ва ҷангҳо дурӣ меҷӯем (Юҳ. 6:15; 17:16). Сабаби дигар ин аст, ки мо хушхабарро дар бораи Салтанат мавъиза мекунем. Лекин, агар мо бетараф намонем, бо кадом рӯ ба одамон мегӯем, ки танҳо Салтанати Худо проблемаҳои одамонро ҳал мекунад? Динҳои дурӯғ ба сиёсат бисёр кордор мешаванд ва бо ин дар байни одамон ҷудоӣ меандозанд. Пайравони дини ҳақиқӣ бошанд, аз чунин корҳо дурӣ меҷӯянд ва ҳамин тавр бо бародару хоҳарони худ дар тамоми ҷаҳон ягонагиро нигоҳ медоранд (1 Пет. 2:17).
4. а) Мо аз куҷо медонем, ки дар оянда бетараф мондан душвортар мешавад? б) Чаро мо бояд аз ҳозир худро барои бетараф мондан тайёр кунем?
4 Дар ҷое ки зиндагӣ мекунем, шояд одамон интизор нестанд, ки мо дар сиёсат иштирок кунем. Лекин бо наздикшавии анҷоми ин ҷаҳони Шайтон барои мо бетараф мондан боз ҳам душвортар мешавад. Имрӯз дунё пур аз одамони «номуросо» ва «худсар» аст, барои ҳамин рӯз аз рӯз ҷудоиҳо боз ҳам бештар мешаванд (2 Тим. 3:3, 4, ТДН). Вазъи сиёсии мамлакатҳо зуд тағйир ёфта метавонад. Барои ҳамин мо низ бояд худро пешакӣ тайёр кунем, то дар вазъияти душвор сустӣ накунем ва бетарафиро нигоҳ дорем. Биёед чор чизеро дида бароем, ки ба мо дар ин кор кӯмак расонда метавонанд.
БА ҲОКИМИЯТДОРОН МИСЛИ ЯҲУВА НАЗАР КУНЕД
5. Яҳува дар бораи ҳокимиятҳои инсонӣ чӣ фикр дорад?
5 Як чизе ки барои нигоҳ доштани бетарафӣ кӯмак мекунад, ин ба ҳокимиятдорон мисли Яҳува назар кардан аст. Яҳува одамизодро тавре наофаридааст, ки бар якдигар ҳукмронӣ кунанд (Ирм. 10:23). Ӯ ба ҳамаи одамон ба як чашм нигоҳ мекунад. Аммо ҳукуматдорон байни одамон ҷудоӣ меандозанд, зеро даъво доранд, ки миллати онҳо аз дигар миллатҳо беҳтар аст. Ҳатто агар ҳукуматдорон дар назарамон хуб тобанд ҳам, онҳо ба ҳал кардани тамоми проблемаҳо қодир нестанд. Инчунин онҳо аз соли 1914, вақти барпо шудани Салтанати Худо душмани он гардиданд. Дар ояндаи наздик ин Салтанат тамоми ҳукуматҳоро аз байн мебарад. (Забур 2:2, 7–9-ро хонед.)
6. Мо ба ҳокимиятҳои инсонӣ чӣ тавр муносибат мекунем?
6 Яҳува ба вуҷуд доштани ҳукуматҳо роҳ дод, то онҳо каму беш осоиштагӣ ва тартиботро нигоҳ доранд. Ба туфайли ин мо хушхабари Салтанатро мавъиза карда метавонем (Рум. 13:3, 4). Худо ҳатто ба мо мегӯяд, ки дар ҳаққи ҳукуматдорон дуо гӯем, то мо ба Ӯ дар осоиштагӣ ибодат карда тавонем (1 Тим. 2:1, 2). Вақте бо мо беадолатона муносибат мекунанд, мо мисли Павлуси ҳавворӣ аз ҳукуматдорон кӯмак пурсида метавонем (Аъм. 25:11). Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки ҳукуматдорон зери таъсири Шайтон қарор доранд, аммо дар он гуфта нашудааст, ки ӯ ҳар яки онҳоро идора мекунад (Луқ. 4:5, 6). Аз ин рӯ мо ҳеҷ вақт ба касе намегӯем, ки ин ё он ҳукуматдорро Шайтон идора мекунад. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки мо набояд касеро паст занем (Тит. 3:1, 2).
7. Мо бояд аз чӣ гуна фикрронӣ худдорӣ кунем?
7 Мо ба Худо итоат карда ягон ҳукуматдор ва ё ҳизбро аз дигараш боло намегузорем, ҳатто агар ин ба фоидаи мо бошад ҳам. Баъзан ин кор бароямон душвор буда метавонад. Масалан, тасаввур кунед, ки одамон бар зидди ҳокимияти золиме исён мебардоранд. Аз дасти он ҳокимият Шоҳидони Яҳува низ азоби бисёр кашидаанд. Албатта, шумо ҳеҷ гоҳ ба исёнгарон ҳамроҳ намешавед. Лекин оё шумо дар дил чунин мешуморед, ки кори онҳо дуруст аст? Оё шумо умед доред, ки онҳо муваффақ мешаванд? (Эфс. 2:2). Мо бояд на танҳо дар рафтору гуфтор, балки дар дилу фикрҳоямон бетараф бошем.
«ЗИРАК»-У ҲАМЗАМОН «СОДА» БОШЕД
8. Вақте бетараф будан душвор мешавад, чӣ тавр мо «зирак»-у ҳамзамон «сода» буда метавонем?
8 Боз бо кадом роҳ мо мавқеи бетарафиро нигоҳ дошта метавонем? Агар «мисли морон зирак ва мисли кабӯтарон сода» бошем. (Матто 10:16, 17-ро хонед.) Мо зиракӣ карда дар бораи душвориҳое ки дар пешанд, фикр мекунем. Содагиамон бошад, дар он зоҳир мешавад, ки мо дар ин душвориҳо бетараф мемонем. Биёед баъзе душвориҳоро дида бароем ва бубинем, ки чӣ тавр дар ин гуна мавридҳо бетарафиро нигоҳ дошта метавонем.
9. Чӣ тавр мо ҳангоми сӯҳбат зирак буда метавонем?
9 Сӯҳбат. Вақте ки гапи одамон дар атрофи сиёсат чарх мезанад, мо бояд ҳушёр бошем. Масалан, вақте ки ба одамон хушхабари Салтанатро мавъиза мекунем, мо бояд кӯшиш кунем, ки дар бораи бо ягон роҳбар ва ё ҳизби сиёсӣ розӣ ё норозӣ буданамон гап назанем. Ба ҷои ин дар бораи он сӯҳбат кунед, ки одамон барои ҳал кардани проблемаҳо чӣ кор кардан мехоҳанд ва аз Китоби Муқаддас нишон диҳед, ки чӣ тавр Салтанати Худо ба таври ҳамешагӣ ин проблемаҳоро ҳал мекунад. Вақте одамон мехоҳанд, ки дар мавзӯи издивоҷи шахсони ҳамҷинс ё исқоти ҳамл (аборт) баҳс кунанд, ба онҳо нишон диҳед, ки Каломи Худо чӣ мегӯяд ва чӣ тавр шумо кӯшиш мекунед, ки мувофиқи он зиндагӣ кунед. Агар касе гӯяд, ки ин ё он қонуни давлат бояд иваз ва ё бекор карда шавад, мо бояд бетарафиро нигоҳ дорем ва ақидаи худро ба дигарон бор накунем.
10. Чӣ тавр мо фикри худро аз маълумоте ки дар ахбор мешунавем, муҳофизат карда метавонем?
10 Ахбор. Баъзан барномаҳои хабарӣ тарафдори ин ё он ақида буданашонро нишон медиҳанд. Ин ҳолат бештар дар мамлакатҳое ки воситаҳои ахбор аз тарафи давлат идора мешаванд, ба назар мерасад. Агар ягон муассисаи хабарнигорӣ ва ё хабарнигор ягон ҷонибро тарафдорӣ кунанд, мо бояд эҳтиёт шавем, ки ба ақидаи онҳо ҳамроҳ нашавем. Аз худ бипурсед: «Оё ман ба суханони ин ё он баранда аз сабаби он ки ақидаи сиёсии ӯ ба ман маъқул аст, гӯш медиҳам?» Барои нигоҳ доштани бетарафии худ мо набояд барномаҳоеро, ки дар корҳои сиёсӣ тарафи ягон касро мегирад, тамошо кунем. Беҳтараш барномаҳоеро ҷӯед, ки тарафи ҳеҷ касро намегиранд. Аз ҳама муҳимаш, он чизеро ки мешунавед, бо «намунаи суханони солим»-и Китоби Муқаддас муқоиса кунед (2 Тим. 1:13).
11. Чӣ тавр мо ба доми чизпарастӣ афтода метавонем?
11 Чизпарастӣ. Вақте пулу мол бароямон хеле азиз аст, ба мо нигоҳ доштани бетарафӣ душвор мешавад. Солҳои 1970-ум бисёри Шоҳидон дар Малави ҳама чизу чораашонро аз даст доданд, чунки ба ҳизби сиёсӣ ҳамроҳ нашуданд. Сад афсӯс ки баъзеҳо нахостанд аз ҳаёти бароҳаташон даст кашанд. Хоҳаре бо номи Рут ба хотир меорад: «Баъзеҳо ҳамроҳи мо гуреза шуданд, лекин баъдтар ба як ҳизби сиёсӣ ҳамроҳ шуданд, чунки ба камбудиҳои зиндагии гуреза тоб оварда натавонистанд». Хушбахтона, чунин воқеаҳо якта-нимтаянд. Аксари халқи Худо дар вазъиятҳои душвор ва ҳатто ҳангоми аз даст додани ҳама чизу чора бетарафиро нигоҳ доштанд (Ибр. 10:34).
12, 13. а) Яҳува дар бораи одамон чӣ фикр дорад? б) Чӣ тавр мо миллатчигиро аз дили худ решакан карда метавонем?
12 Ғурур. Одатан одамон бо миллат, қабила, маданият, шаҳр ё мамлакаташон фахр мекунанд. Лекин фаромӯш набояд кард, ки Яҳува Худои як мардум нест. Ӯ ба ҳама қавму нажод бо як чашм менигарад ва ҳамаи мо дар назараш баробарем. Ҳарчанд Яҳува моро гуногун офаридааст, ин рангорангӣ дар худ як зебогии хос дорад. Ӯ намехоҳад, ки мо аз маданияти худ рӯ гардонем, лекин Ӯ ҳамчунин намехоҳад, ки мо халқи худро аз дигарон беҳтар шуморем (Рум. 10:12).
13 Фахри аз ҳад зиёд бо зодгоҳи худ решаи миллатчигӣ мебошад. Агар шахс ба решаи он теша назанад, ӯ метавонад бетарафиро аз даст диҳад. Ин чиз бо ҳар яки мо рӯй дода метавонад, барои ҳамин мо бояд эҳтиёт бошем. Чунин воқеа дар асри як низ рӯй дода буд. Масеҳиёни ибрӣ бо бевазанони юнонӣ аз рӯи инсоф муносибат намекарданд (Аъм. 6:1). Чӣ тавр пай бурда метавонем, ки дар дили мо чунин ҳиссиёт реша давондааст? Тасаввур кунед, ки бародар ё хоҳари миллаташ дигар ба шумо тарзи ҳалли ягон масъаларо пешниҳод мекунад. Оё шумо онро рад карда мегӯед: «Дар ҷойи мо ин корро сад бор беҳтар мекунанд»? Агар ҳа, пас маслиҳати зеринро дар хотир доред: «Бо фурӯтанӣ якдигарро аз худ авло донед» (Флп. 2:3).
ЯҲУВА МАДАДГОРИ ШУМОСТ
14. Чӣ тавр дуо ба мо кӯмак мерасонад ва кадом воқеа аз Китоби Муқаддас инро исбот мекунад?
14 Чизи сеюме ки барои нигоҳ доштани бетарафӣ муҳим аст, ин аз Яҳува кӯмак пурсидан мебошад. Дар дуо аз Ӯ рӯҳи муқаддас пурсед, то Ӯ ба шумо тоқату худдорӣ диҳад. Вақте ҳукумат ягон беинсофӣ ё беадолатӣ мекунад, ин хислатҳо ба шумо сахт кӯмак мерасонанд. Аз Яҳува хираду дурандешӣ пурсед, то пешакӣ пай баред, ки дар кадом вазъиятҳо ба шумо нигоҳ доштани бетарафӣ душвор мешавад (Яъқ. 1:5). Шояд шуморо барои ба Худо вафодор монданатон ба маҳбас андохтаанд ва ё бо ягон тарзи дигар ҷазо додаанд. Дар ин ҳолат аз Худо далерӣ пурсед, то дар пеши дигарон имони худро ҳимоя карда тавонед. Боварӣ дошта бошед, ки бо чӣ таъқиботе ки рӯ ба рӯ нашавед, Яҳува ба шумо қувват медиҳад, то ки то охир тоқат кунед. (Аъмол 4:27–31-ро хонед.)
15. Чӣ тавр Китоби Муқаддас ба мо кӯмак расонда метавонад, ки ҳангоми озмоиш бетарафиро аз даст надиҳем? (Ҳамчунин нигаред ба чорчӯбаи «Каломи Худо боварии онҳоро қавӣ гардонд».)
15 Каломи Яҳува ба мо қувват бахшида метавонад. Дар бораи оятҳое фикр кунед, ки барои нигоҳ доштани бетарафӣ кӯмак расонда метавонанд. Онҳоро аз ёд кунед ва дар хотир гиред, то агар аз Китоби Муқаддас маҳрум шавед, аз он оятҳо рӯҳбаландӣ гирифта тавонед. Китоби Муқаддас ҳамчунин умеди моро ба ояндаи дурахшон қавӣ карда метавонад. Бе умеди қавӣ мо наметавонем ба таъқиботҳо тоб орем (Рум. 8:25). Аз байни баракатҳои бешуморе ки Худо ваъда медиҳад, онҳоеро интихоб кунед, ки бештар интизор ҳастед. Баъд тасаввур кунед, ки шумо дар Биҳишт ҳастеду аз ин баракатҳо баҳра бурда истодаед.
БА НАМУНАИ ХОДИМОНИ СОДИҚИ ХУДО НАЗАР ДӮЗЕД
16, 17. Мо аз ходимони содиқи Худо, ки бетарафии худро нигоҳ доштанд, чӣ омӯхта метавонем? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
16 Чорум чизе ки ба мо дар нигоҳ доштани бетарафӣ кӯмак расонда метавонад, ин намунаи бародару хоҳарон мебошад. Дар замонҳои қадим ходимони нотарси Худо қарорҳои хирадмандона қабул мекарданд, ки барои нигоҳ доштани бетарафӣ ба онҳо кӯмак мерасонд. Мисоли Шадрак, Мешак ва Абднаҷуро ба ёд оред, ки чӣ хел онҳо ба ҳайкали ҳокими Бобил саҷда накарданд. (Дониёл 3:16–18-ро хонед.) Ин намунаи Китоби Муқаддас имрӯз ба бисёри Шоҳидон далерӣ мебахшад, ки парчами мамлакаташонро парастиш накунанд. Исо ҳам ба сиёсат ва баҳсу мунозираҳои ҷамъият дахолат намекард. Исо медонист, ки намунаи ӯ ба шогирдонаш кӯмак мерасонад. Ӯ гуфт: «Далер бошед: Ман бар ҷаҳон ғолиб шудаам» (Юҳ. 16:33).
17 Дар замони мо низ бисёри Шоҳидон бетарафии худро нигоҳ доштанд. Баъзеи онҳоро аз сабаби он ки содиқии худро ба Яҳува нигоҳ доштанд, лату кӯб карданд, ба зиндон партофтанд ва ҳатто куштанд. Намунаи онҳо ба мо далерӣ мебахшад. Бародаре аз Туркия мегӯяд: «Бародари ҷавоне бо номи Франс Райтер барои ба лашкари Гитлер ҳамроҳ нашуданаш кушта шуда буд. Номае ки ӯ пеш аз марг ба модараш навишта буд, нишон медиҳад, ки ӯ имони қавӣ дошт ва ба Яҳува пурра такя мекард. Агар ман бо чунин озмоишҳо рӯ ба рӯ шавам, мехоҳам ба намунаи ӯ пайравӣ кунам».[2]
18, 19. а) Чӣ тавр аъзоёни ҷамъомад ба шумо кӯмак расонда метавонанд? б) Шумо чӣ кор карданиед?
18 Бо кӯмаки хоҳару бародарони ҷамъомадатон шумо метавонед мавқеи бетарафиро нигоҳ доред. Агар бо ягон душворӣ рӯ ба рӯ шуда бошед, пиронро аз ин хабардор кунед. Онҳо аз Китоби Муқаддас ба шумо маслиҳат медиҳанд. Агар дигар аъзоёни ҷамъомад аз душвории шумо огоҳ шаванд, онҳо шуморо рӯҳбаланд месозанд. Аз онҳо илтимос кунед, ки дар ҳаққи шумо дуо гӯянд. Лекин шумо ҳам, бояд дигаронро дастгирӣ кунед ва дар ҳаққашон дуо гӯед (Мат. 7:12). Шумо метавонед аз сайти ташкилотамон рӯйхати хоҳару бародаронеро ёбед, ки аз сабаби имонашон ҳабс шуда буданд.[3] Аз он ҷо якчанд номро интихоб карда дар бораи онҳо ба Яҳува дуо гӯед. Аз Ӯ хоҳиш кунед, ки ба ин бародару хоҳарон кӯмак расонад ва ба онҳо барои ба Ӯ вафодор мондан қувват диҳад (Эфс. 6:19, 20).
19 Нестшавии ҳокимиятҳои инсонӣ рӯз аз рӯз наздик шуда истодааст. Барои ҳамин агар муносибати онҳо нисбати бетараф будани мо дар корҳои сиёсӣ бадтару бадтар гардад, мо ҳайрон намешавем. Аз ин рӯ биёед дар ин дунёи пур аз душманиву ҷудоӣ худро ба он тайёр созем, ки ҳеҷ касро ба ҷуз Яҳува Худо тарафдорӣ накунем.
^ [1] Сархати 1. Дар замони Исо қайсар ҳоким ва шахси аз ҳама баландмартаба буд. Барои ҳамин Исо ин ҷо қайсар гуфта ба ҳукумат ишора кард.
^ [2] Сархати 17. Нигаред ба китоби «Шоҳидони Яҳува — воизони Салтанати Худо» (рус.) саҳ. 662 ва «Салтанати Худо ҳоло ҳукмронӣ менамояд» (рус.), чорчӯбаи «Ӯ барои ҷалоли Худо мурд» (саҳ. 150).
^ [3] Сархати 18. Нигаред ба мақолаи «Страны, где Свидетели Иеговы находятся в заключении за веру», ки онро аз бахши НОВОСТИ>ЮРИДИЧЕСКАЯ СИТУАЦИЯ ёфтан мумкин аст.