Корнома
13 Дар ҷамоати Антиохия инҳо пайғамбар ва муаллим буданд:+ Барнаббо, Шимъӯн, ки Зангӣ номида мешуд, Лукиюси қуринӣ, Шоул ва Маноҳим, ки бо ҳокими вилоят Ҳиродус* дар як ҷо таҳсил карда буд. 2 Вақте ки онҳо хизмати Яҳуваро ба ҷо меоварданду рӯза медоштанд, рӯҳи муқаддас гуфт: «Барои ман Барнаббову Шоулро+ ҷудо кунед, зеро онҳоро барои иҷрои коре интихоб кардаам».+ 3 Пас аз рӯза доштан ва дуо гуфтан онҳо бар Барнаббову Шоул даст гузоштанд ва онҳоро гусел карданд.
4 Шоулу Барнаббо, ки бо роҳнамоии рӯҳи муқаддас фиристода шуданд, ба Селевкия рафтанд ва аз он ҷо бо киштӣ ба Кипр шино карданд. 5 Вақте ки онҳо ба шаҳри Саломис омаданд, дар ибодатхонаҳои яҳудиён дар бораи каломи Худо сухан ронданд. Юҳанно* дар ин кор дастёри онҳо буд.+
6 Вақте онҳо тамоми ҷазираро гузашта, ба Пофус омаданд, Барюшаъ ном марди яҳудиро, ки ҷодугар ва пайғамбари бардурӯғ буд, вохӯрданд. 7 Ӯ дар дарбори волӣ*, Сарҷиюс Павлус, ки марди соҳибфаҳм буд, хизмат мекард. Он ҳоким Барнаббо ва Шоулро назди худ даъват намуд, зеро ташнаи шунидани каломи Худо буд. 8 Вале он ҷодугар, ки ҳамчунин Элимо ном дошт (маънои ин ном «ҷодугар» аст), ба онҳо муқобилат карда, хост, ки ҳокими вилоятро аз имон овардан боздорад. 9 Он гоҳ Шоул, ки Павлус низ номида мешуд, аз рӯҳи муқаддас пур гашт ва ба Барюшаъ чашм дӯхта, 10 гуфт: «Эй иблисзодаи+ дилсиёҳ, ҳилагари гузарову душмани ростӣ! То ба кай мардумро аз роҳи рости Яҳува мезанӣ? 11 Яҳува туро мезанад: ту кӯр мешавию якчанд вақт равшании офтобро намебинӣ». Ҳамон лаҳза чизи дудмонанде пеши чашмони Барюшаъро гирифт ва ҳама ҷо дар назараш торик шуд. Ӯ ин сӯву он сӯ гашта, барои худ роҳнамо мекофт. 12 Ҳокими вилоят ин воқеаро дида имон овард, зеро аз таълими Яҳува ба ҳайрат омада буд.
13 Павлус ва ҳамроҳонаш аз Пофус баромада, бо киштӣ ба Пирҷа, ки дар Памфилия ҷойгир аст, омаданд. Вале Юҳанно+ онҳоро тарк карда, ба Ерусалим баргашт.+ 14 Онҳо бошанд, роҳи худро давом дода, аз Пирҷа ба Антиохияе, ки дар Писидия ҷойгир аст, омаданд ва рӯзи шанбе ба ибодатхона+ даромада, нишастанд. 15 Баъд аз қироат кардани Таврот+ ва Навиштаҳои пайғамбарон нозирони ибодатхона назди онҳо кас фиристода, гуфтанд: «Бародарон, агар шумо барои мардум сухани неке* дошта бошед, бигӯед». 16 Он гоҳ Павлус аз ҷой хест ва барои хомӯш намудани мардум бо дасташ ишора карда, гуфт:
«Эй исроилиён ва дигар мардуми худотарс, гӯш кунед! 17 Худои халқи Исроил бобоёни моро интихоб кард ва ин халқро, вақте ки онҳо дар замини Миср мусофир буданд, сарбаланд гардонду онҳоро бо қуввати бузург* аз он ҷо баровард.+ 18 Ӯ қариб 40 сол онҳоро дар биёбон тоқат кард.+ 19 Пас аз он ки Худо дар сарзамини Канъон ҳафт халқро несту нобуд сохт, он заминро тақсим карда, ба онҳо мерос дод.+ 20 Ҳамаи ин воқеаҳо тақрибан дар давоми 450 сол рӯй доданд.
Пас аз ин ӯ ба исроилиён то замони пайғамбар Самуил доваронро медод.+ 21 Вале баъдтар онҳо барои худ подшоҳ талаб карданд+ ва Худованд Шоул, писари Қишро, ки аз қабилаи Бинёмин буд,+ ба онҳо дод ва ӯ 40 сол подшоҳӣ кард. 22 Баъд аз он ки Худо ӯро аз тахт фаровард, Довудро бар онҳо подшоҳ таъйин кард,+ ки дар бораи ӯ шаҳодат дода гуфта буд: “Ман Довуд, писари Исойро,+ шахси табъи диламро, ёфтам;+ ӯ хости маро ба ҷо хоҳад овард”. 23 Худо ба ваъдааш вафо карда, аз насли ӯ барои Исроил наҷотбахшро фиристод, ки Исо буд.+ 24 Пеш аз омадани ин шахс Яҳё ба тамоми мардуми Исроил таъмидро* чун аломати тавба ошкоро эълон мекард.+ 25 Аммо Яҳё пеш аз анҷоми хизматаш мегуфт: “Ман он касе нестам, ки шумо гумон мекунед. Вале баъд аз ман шахсе меояд, ки ман ба кушодани банди пойафзоли ӯ сазовор нестам”.+
26 Эй бародарон, эй насли Иброҳим ва дигар мардуми худотарс, ин хабари наҷот ба мо фиристода шудааст.+ 27 Сокинони Ерусалим ва роҳбарони онҳо ӯро нашинохтанд, аммо бо доварии худ Навиштаҳои пайғамбаронро, ки ҳар шанбе қироат карда мешаванд, ба амал оварданд.+ 28 Гарчанд онҳо дар Исо ҳеҷ айбе наёфтанд, ки сазовори марг бошад,+ аз Пилотус талаб карданд, ки ӯро бикушад.+ 29 Вақте онҳо ҳама пешгӯйиҳоеро, ки дар бораи ӯ навишта шудаанд, ба ҷо оварданд, ӯро аз сутун* фароварда, ба қабр гузоштанд.+ 30 Аммо Худо ӯро аз мурдагон зинда кард+ 31 ва ӯ рӯзҳои бисёр ба онҳое, ки ҳамроҳаш аз Ҷалил ба Ерусалим рафта буданд, намудор мегашт. Ҳоло бошад, онҳо дар бораи ӯ ба мардум шаҳодат медиҳанд.+
32 Инак, мо ба шумо хушхабарро дар бораи ваъдае, ки ба бобоёнамон дода шудааст, эълон мекунем. 33 Худо Исоро зинда карда,+ ин ваъдаро барои мо, яъне барои фарзандони онҳо, пурра ба иҷро расонд, чуноне ки дар таронаи дуюми Забур навишта шудааст: “Ту писари ман ҳастӣ, имрӯз ман падари ту шудам”.+ 34 Худо дар бораи аз мурдагон зинда шудани Исо ва дигар ҳеҷ гоҳ ҷисми пӯсанда нагирифтани вай чунин гуфта буд: “Ман ба шумо меҳру вафо мекунам, меҳру вафоеро, ки ба Довуд ваъда кардаам, ва ин ваъда ҳаққонист”.+ 35 Ҳамчунин дар таронаи дигари Забур гуфта шудааст: “Ту нахоҳӣ гузошт, ки ҷисми бандаи бовафоят бипӯсад”.+ 36 Довуд тамоми умраш ба Худо* хизмат карду ба хоби марг рафт ва бо бобоёнаш гӯронида шуду ҷисмаш пӯсид.+ 37 Аммо ҷисми он касе, ки Худо ӯро аз мурдагон зинда кард, напӯсид.+
38 Пас, эй бародарон, ба шумо маълум бод, ки ҳоло ба воситаи ӯ ба шумо бахшиши гуноҳҳо эълон мешавад.+ 39 Аз рӯйи Тавроти* Мӯсо+ шумо наметавонистед беайб ҳисоб ёбед, вале ба воситаи ӯ ҳар касе, ки имон дорад, беайб дониста мешавад.+ 40 Бинобар ин эҳтиёт шавед, то он чӣ дар Навиштаҳои пайғамбарон гуфта шудааст, бо шумо рӯй надиҳад: 41 “Нигаред, эй бадгӯён, ба ҳайрат оед ва несту нобуд шавед, зеро ман дар рӯзҳои шумо кореро карда истодаам, ки, агар онро касе ба шумо батафсил бигӯяд, ҳеҷ гоҳ боваратон намеояд”».+
42 Вақте ки Павлус ва Барнаббо аз он ҷо мебаромаданд, мардум аз онҳо илтимос карданд, ки шанбеи оянда низ дар ин бора сухан гӯянд. 43 Баъд аз он ки мардуми ибодатхона пароканда шуданд, бисёри яҳудиён ва касоне, ки дини яҳудиро қабул карда буданду Худоро мепарастиданд, аз пайи онҳо равона шуданд. Павлусу Барнаббо бошанд, бо мардум суҳбат карда, онҳоро насиҳат мекарданд, ки минбаъд низ сазовори лутфу марҳамати Худо бошанд.+
44 Шанбеи оянда қариб тамоми шаҳр ҷамъ омад, то каломи Яҳуваро шунавад. 45 Яҳудиён мардуми бисёрро дида аз рашку ҳасад беқарор гаштанд ва ба Павлус гапгардонӣ карда, куфр гуфтан гирифтанд.+ 46 Он гоҳ Павлус ва Барнаббо далерона ба онҳо гуфтанд: «Лозим буд, ки каломи Худо аввал ба шумо гуфта шавад.+ Аммо, шумо ки онро рад мекунеду худро сазовори ҳаёти ҷовидонӣ намешуморед, мо ба халқҳои дигар рӯ меорем.+ 47 Охир, Яҳува ба мо чунин амр додааст: “Ман туро нури халқҳо таъйин кардам, ки то гӯшаю канори замин раҳнамои наҷот бошӣ”».+
48 Инро шунида онҳое, ки аз халқҳои дигар буданд, хурсанд гаштанду каломи Яҳуваро ситоиш карданд ва ҳамаи онҳое, ки ба ҳаёти ҷовидонӣ моил буданд, имон оварданд. 49 Ҳамин тавр каломи Яҳува дар тамоми он мамлакат паҳн мешуд. 50 Аммо яҳудиён занони худотарси обрӯманд ва соҳибмартабагони он шаҳрро ба шӯр оварда, аз пайи озори+ Павлусу Барнаббо шуданд ва онҳоро аз он сарзамин пеш карданд. 51 Баъд аз ин онҳо чанги пояшонро афшонда*,+ ба Иқуния рафтанд. 52 Шогирдон бошанд, аз хурсандӣ+ ва рӯҳи муқаддас пур мешуданд.