Забур
Ба сардори ромишгарон. Таронаи Довуд.
139 Эй Яҳува, ту маро саропо тафтиш кардаӣ ва маро медонӣ.+
3 Ту маро вақти сафар карданам ва хоб рафтанам мушоҳида мекунӣ,
Ҳама роҳҳоям ба ту маълум аст.+
4 Ҳанӯз дар забонам сухане нест,
Вале ту, эй Яҳува, онро бакуллӣ медонӣ.+
5 Ту маро аз ҳар тараф гирд мекунӣ,
Дасти худро бар ман мегузорӣ.
6 Дарки ин аз фаҳмиши ман берун аст,
Чунон баланд аст, ки бароям ақлнорас аст.+
9 Агар бар болҳои субҳидам парвоз кунам
Ва дар канори баҳри дуртарин сокин шавам,
10 Он ҷо низ дасти ту маро раҳнамоӣ хоҳад намуд
Ва дасти ростат маро маҳкам хоҳад дошт.+
11 Агар бигӯям: «Бешак, торикӣ маро пинҳон месозад!»
Он гоҳ шаб низ ба равшанӣ табдил хоҳад ёфт.
12 Ҳатто зулмот бароят торик нест,
Балки шаби тор бароят рӯзи равшан аст,+
Торикӣ пеши ту мисли рӯшноӣ аст.+
14 Туро ситоиш мекунам, зеро ба таври аҷоибу ҳайратангез офарида шудаам.+
Корҳои ту аҷоибанд,+
Аз ин ба хубӣ огаҳам.
15 Устухонҳоям аз ту ниҳон набуданд,
Вақте дар пинҳонӣ офарида шудам,
Вақте дар қаъри замин бофта шудам.+
16 Чашмонат ҷанинамро дидаанд,
Ҳама узвҳои онро дар китобат навишта будӣ.
Ҳатто пеш аз он ки онҳо пайдо шаванд,
Ту дар бораи рӯзҳои пайдоишашон навишта будӣ.
17 Чӣ гуна гаронбаҳост андешаҳои ту бароям!+
Худоё, онҳо сону шумор надоранд!+
18 Агар онҳоро шуморам, аз рег зиёдтаранд.+
Вақте бедор шавам, ҳанӯз бо туям*.+
19 Худоё, кошки бадкорро мекуштӣ,+
Он гоҳ хунхӯрон аз ман дур мешуданд.
20 Касоне, ки бадқасдона* бар зидди ту сухан мегӯянд.
Онҳо душманони туянд, ки номатро ба таври ношоиста ба забон мегиранд.+
22 Онҳоро чашми дидан надорам,+
Бароям душманони ашаддӣ гаштаанд.
23 Маро саропо тафтиш намо, эй Худо, ва дили маро бишнос.+
Маро бисанҷ ва ташвишҳоямро бидон.+