Ишаъё
25 Эй Яҳува, ту Худои ман ҳастӣ.
Туро болобардор мекунам, номи туро ситоиш менамоям,
Зеро аз рӯйи вафову+ ростқавлӣ
Корҳои аҷоиб кардаӣ,+
Корҳоеро, ки аз қадим карданӣ будӣ.+
2 Ту шаҳрро ба сангтӯдае,
Шаҳри ҳисордорро ба харобазоре табдил додаӣ.
Қалъаи бегона дигар шаҳр нест,
Он ҳаргиз аз нав бино намешавад.
3 Аз ин рӯ мардуми пурзӯр туро ҷалол хоҳад дод,
Шаҳри халқҳои ситамгар аз ту тарсон хоҳад шуд.+
4 Ту қалъае барои бечора,
Қалъае барои камбағал дар азобҳояш,+
Паноҳгоҳе аз борони сел
Ва сояе аз гармо шудаӣ.+
Нафаси золимон мисли борони селест, ки бар девор фурӯ мерезад,
5 Мисли гармоест дар замини хушк,
Вале ту талотуми бегонагонро фурӯ менишонӣ.
Чуноне ки гармо аз сояи абр паст мешавад,
Ончунон суруди золимон хомӯш мешавад.
6 Яҳува, Худои лашкарҳо, бар ин кӯҳ+ барои ҳамаи халқҳо
Аз хӯрокиҳои серравған,+
Аз шароби куҳна*,
Аз хӯрданиҳои равғанини пур аз мағзи устухон,
Аз шароби куҳнаи полуда базме меорояд.
7 Ӯ аз ин кӯҳ пардаеро, ки ҳамаи қавмҳоро печонидааст,
Ва рӯпӯшеро, ки ҳамаи халқҳоро пӯшонидааст, дур месозад.
8 Ӯ маргро абадан нест мекунад*,+
Парвардигор Яҳува ашки бари рӯйи ҳамаи одамонро тоза мекунад,+
Шармандагии халқашро дар саросари замин пок месозад,
Зеро худи Яҳува чунин гуфтааст.
9 Дар он рӯз онҳо мегӯянд:
«Ана, Худои мо!+
Ин аст Яҳува!
Мо ба ӯ умед бастаем.
Биёед аз наҷоте, ки ӯ мебахшад, шодию хурсандӣ кунем»,+
10 Зеро дасти Яҳува бар ин кӯҳ қарор мегирад+
Ва Мӯоб дар ҷояш поймол мешавад,+
Чуноне ки коҳро ба саргин андохта, поймол мекунанд.
11 Ӯ дастонашро дароз карда Мӯобро шапалоқ мезанад,
Чуноне ки шиновар бо дастонаш обро зада шино мекунад,
Ва ҳавобаландии+ онро
Бо чобукии дастонаш паст мекунад.
12 Ӯ шаҳри мустаҳкамро бо ҳисорҳои баландат валангор мекунад,
Онро зарба зада, ба замин, ба хок, яксон месозад.