Матто
3 Дар он рӯзҳо Яҳёи+ Таъмиддиҳанда ба биёбони Яҳудия омад ва паёми Худоро расонда+ 2 мегуфт: «Тавба кунед, зеро Подшоҳии осмон наздик шудааст».+ 3 Ӯ ҳамон касест, ки дар борааш пайғамбар Ишаъё+ гуфта буд: «Касе дар биёбон нидо мекунад: “Роҳро барои Яҳува тайёр кунед! Роҳҳои ӯро ҳамвор намоед”».+ 4 Яҳё либосе аз пашми шутур ва камарбанди чармине дошт+ ва хӯрокаш малаху асали саҳроӣ буд.+ 5 Он вақт одамон аз Ерусалим, аз ҳар гӯшаву канори Яҳудия ва аз ҳамаи вилоятҳои гирду атрофи Урдун назди ӯ омада,+ 6 дар дарёи Урдун+ таъмид мегирифтанд* ва ошкоро гуноҳҳои худро тан мегирифтанд.
7 Вақте Яҳё дид, ки бисёре аз фарисиён* ва саддуқиён*+ ба он ҷо меоянд, ба онҳо гуфт: «Эй афъизодагон,+ кӣ ба шумо гуфт, ки аз ғазаби Худо, ки шуморо дар пеш аст, гурехта метавонед?+ 8 Меваи тавба ба бор оред. 9 Дар дил нагӯед: “Мо фарзандони Иброҳим ҳастем”,+ зеро ба шумо мегӯям, ки Худо метавонад ҳатто аз ин сангҳо барои Иброҳим фарзанд ба вуҷуд орад. 10 Ана, табар дар бехи дарахтон аст. Ҳар дарахте, ки меваи хуб намеорад, бурида, ба оташ партофта мешавад.+ 11 Ман шуморо чун нишонаи тавбаатон дар об таъмид медиҳам,+ вале касе, ки баъд аз ман меояд, қудрати бештар дорад ва ман сазовор нестам, ки ҳатто пойафзоли ӯро кашам.+ Он шахс шуморо бо рӯҳи муқаддас+ ва оташ+ таъмид медиҳад. 12 Ӯ бели бодкунӣ* дар даст хирманҷойи худро топ-тоза карда, гандумро дар анбор ҷамъ меорад, коҳрезаҳоро бошад, дар оташи хомӯшнашаванда месӯзонад».+
13 Дар он вақт Исо аз Ҷалил ба Урдун омад, то ки Яҳё ӯро таъмид диҳад.+ 14 Лекин Яҳё ӯро боздоштанӣ шуда гуфт: «Ман бояд аз ту таъмид гирам, ту бошӣ, ба назди ман меоӣ?» 15 Исо дар ҷавоб гуфт: «Мон, ки ин корро кунам, чунки бо ин кор мо ҳар он чиро, ки Худо фармудааст, ба ҷо меорем». Пас аз он Яҳё дигар пеши роҳи ӯро нагирифт. 16 Баъд аз таъмид гирифтан, ҳамин ки Исо аз об берун омад, осмон кушода шуд+ ва Яҳё рӯҳи Худоро дид, ки чун кабӯтаре фаромада, бар Исо қарор гирифт.+ 17 Он вақт аз осмон садое омад:+ «Ин Писари азизи ман аст+ ва ман аз ӯ розиям».+