Матто
25 Подшоҳии осмон монанди даҳ духтарест, ки чароғҳои худро гирифта,+ ба пешвози домод баромаданд.+ 2 Панҷ нафари онҳо бехирад ва панҷ нафари дигарашон бохирад* буданд.+ 3 Панҷ духтари бехирад чароғ гирифтанду равған нагирифтанд, 4 бохирадон бошанд, ҳам чароғ гирифтанду ҳам равғани зиёдатӣ. 5 Азбаски домод дер мекард, ҳамаи духтарон пинак рафта, хобашон бурд. 6 Нисфи шаб овози баланде шунида шуд: “Домод омада истодааст, ӯро пешвоз гиред!” 7 Он гоҳ ҳамаи духтарон аз хоб бедор шуда, чароғҳои худро тайёр карданд.+ 8 Духтарони бехирад ба бохирадон гуфтанд: “Аз равғани худ каме ба мо ҳам диҳед, чунки чароғҳои мо хомӯш шуда истодаанд”. 9 Духтарони бохирад дар ҷавоб гуфтанд: “Агар мо равғани худро ба шумо диҳем, мумкин аст ки, ба худамон нарасад, беҳтараш назди фурӯшандагон рафта, аз онҳо барои худ равған харед”. 10 Вақте ки онҳо барои харидани равған рафтанд, домод омад. Духтароне, ки тайёр буданд, ҳамроҳи ӯ ба базми тӯёна даромаданд+ ва баъд аз ин дарҳоро маҳкам карданд. 11 Баъдтар духтарони дигар низ омада, гуфтанд: “Тақсир, тақсир, дарро ба мо кушо!”+ 12 Ӯ ба онҳо ҷавоб дод: “Ба ростӣ мегӯям, ки ман шуморо намешиносам”.
13 Бинобар ин бедор бошед,+ зеро он рӯз ва соатро намедонед.+
14 Подшоҳии осмон монанди мардест, ки пеш аз сафар ғуломони худро ҷамъ оварда, молу мулкашро ба онҳо супорид.+ 15 Ӯ ба ҳар як ғулом мувофиқи қобилияташ: ба яке панҷ, ба дигаре ду ва ба сеюмӣ як талант* танга доду ба сафар рафт. 16 Он ғуломе, ки панҷ талант гирифта буд, дарҳол рафта, онҳоро ба кор андохт ва боз панҷ таланти дигар фоида гирифт. 17 Ғуломи дигар низ, ки ду талант гирифта буд, боз ду таланти дигар ба даст овард. 18 Вале ғуломе, ки ҳамагӣ як талант гирифта буд, рафта, чуқурие кофту он тангаҳоро* пинҳон кард.
19 Пас аз муддати дурудароз хӯҷаини он ғуломон баргашта, бо онҳо ҳисобу китоб кард.+ 20 Ғуломе, ки панҷ талант танга гирифта буд, пеш омада, боз панҷ таланти дигар овард ва гуфт: “Хӯҷаин, ту ба ман панҷ талант дода будӣ. Ана боз панҷ таланте, ки ман ба даст овардам”.+ 21 Соҳибаш ба ӯ гуфт: “Офарин, эй ғуломи неку боваринок! Азбаски дар чизҳои хурд боинсоф будӣ, туро бар чизҳои бисёр таъйин мекунам.+ Биёву ба шодии хӯҷаинат шарик шав!”+ 22 Сипас он ғуломе, ки ду талант танга гирифта буд, назди соҳибаш омада, гуфт: “Хӯҷаин, ту ба ман ду талант дода будӣ. Ана боз ду таланти дигаре, ки ман ба даст овардам”.+ 23 Хӯҷаинаш ба вай гуфт: “Офарин, эй ғуломи неку боваринок! Азбаски дар чизҳои хурд боинсоф будӣ, туро бар чизҳои бисёр таъйин мекунам. Биёву ба шодии хӯҷаинат шарик шав!”
24 Оқибат ғуломе, ки як талант танга гирифта буд, пеш омада, гуфт: “Хӯҷаин, ман медонистам, ки ту одами серталаб ҳастӣ, аз ҷое ки накоридаӣ, медаравӣ ва, аз ҷое ки бод накардаӣ, ҷамъ мекунӣ.+ 25 Барои ҳамин ман тарсидам ва рафта, таланти додаатро дар замин пинҳон кардам. Ана он тангаҳои ту”. 26 Соҳибаш дар ҷавоб ба ӯ гуфт: “Эй ғуломи баду танбал, ту медонистӣ, ки ман, аз ҷое ки накоридаам, медаравам ва, аз ҷое ки бод накардаам, ҷамъ мекунам, 27 барои ҳамин ту бояд тангаҳои* маро ба кор меандохтӣ, то ман баъд аз баргаштанам онҳоро бо фоидааш мегирифтам.
28 Ҳоло талантро аз дасти ин ғулом гирифта, ба ғуломе диҳед, ки даҳ талант дорад.+ 29 Ҳамин тавр, ҳар касе, ки дорад, ба вай боз ҳам бештар дода мешавад ва ӯ ба фаровонӣ хоҳад дошт, вале ҳар касе, ки надорад, аз ӯ ҳатто он чизе, ки дорад, гирифта мешавад.+ 30 Ин ғуломи нобакорро ба берун, ба торикӣ, партоед. Дар он ҷо ӯ гиря мекунаду дандон мехояд”.
31 Вақте ки Фарзанди одам+ бо ҳамаи фариштаҳояш дар ҷалоли худ меояд,+ бар тахти бошукӯҳаш мешинад. 32 Ҳамаи халқҳо дар пеши ӯ ҷамъ оварда мешаванд ва ӯ одамонро аз якдигар ҷудо мекунад, чуноне ки чӯпон гӯсфандонро аз бузҳо ҷудо мекунад. 33 Ӯ гӯсфандонро+ аз тарафи росташ ва бузҳоро аз тарафи чапаш мегузорад.+
34 Сипас Подшоҳ ба онҳое, ки аз тарафи рости ӯ мебошанд, чунин мегӯяд: “Эй онҳое, ки баракати Падарамро соҳиб шудаед, омада, Подшоҳиеро, ки барои шумо аз бунёди олам* тайёр шудааст, мерос гиред. 35 Охир, вақте ман гушна будам, шумо ба ман хӯрок додед, ташна будам, ба ман об додед, ғариб будам, маро меҳмоннавозӣ кардед,+ 36 луч* будам, маро либос пӯшондед,+ касал будам, маро нигоҳубин кардед ва, вақте зиндонӣ будам, маро хабар гирифтед”.+ 37 Росткорон дар ҷавоб ба ӯ мегӯянд: “Эй Ҳазрат, кай мо туро гушна дидему хӯрок додем ё ташна дидему об додем,+ 38 ғариб дидему меҳмоннавозӣ кардем ё луч дидему либос пӯшондем? 39 Ё кай касал ё зиндонӣ дидему ба хабаргирият рафтем?” 40 Подшоҳ ба онҳо ҷавоб медиҳад: “Ба ростӣ ба шумо мегӯям: он чӣ шумо ба яке аз ин бародарони хурдтарини ман кардед, ба ман кардед”.+
41 Баъд ӯ ба онҳое, ки аз тарафи чапаш мебошанд, чунин мегӯяд: “Аз ман дур шавед,+ эй лаънатиҳо, ва ба оташи абадие,+ ки барои Иблис ва фариштаҳояш тайёр шудааст,+ биравед. 42 Охир, вақте ман гушна будам, шумо ба ман хӯроке надодед, ташна будам, об надодед, 43 ғариб будам, меҳмоннавозӣ накардед, луч будам, либосе напӯшондед, касалу зиндонӣ будам, ба ман ёрӣ надодед”. 44 Онҳо низ дар ҷавоб мегӯянд: “Ҳазрат, кай мо туро гушна, ташна, ғариб, луч, касал ё зиндонӣ дидему ба ту хизмат накардем?” 45 Ӯ ба онҳо мегӯяд: “Ба ростӣ ба шумо мегӯям: он чӣ шумо ба яке аз ин хурдтаринҳо накардед, ба ман накардед”.+ 46 Ин одамон абадан несту нобуд мешаванд,+ вале росткорон ҳаёти ҷовидонӣ меёбанд».+