Юҳанно
14 «Хавотир нашавед.+ Ба Худо имон дошта бошед*+ ва ба ман низ имон дошта бошед. 2 Дар хонаи Падари ман ҷойи зист бисёр аст. Агар бисёр намебуд, инро ба шумо мегуфтам. Ҳоло меравам, то барои шумо ҷой тайёр кунам.+ 3 Ҳамчунин, агар ман рафта, барои шумо ҷой тайёр кунам, боз меоям ва шуморо назди худ, ба хона, мебарам, то, дар он ҷое ки ман ҳастам, шумо низ бошед.+ 4 Роҳи он ҷоеро, ки ман меравам, шумо медонед».
5 Тумо+ ба ӯ гуфт: «Ҳазрат, мо намедонем, ки ту куҷо меравӣ. Пас, роҳро аз куҷо донем?»
6 Исо гуфт: «Ман роҳ,+ ростӣ+ ва ҳаёт+ ҳастам. Ҳеҷ кас наметавонад назди Падар ояд, магар ин ки ба воситаи ман.+ 7 Агар маро шиносед, Падарамро низ хоҳед шинохт. Акнун шумо ӯро мешиносед ва дидаед».+
8 Филиппус ба ӯ гуфт: «Ҳазрат, Падарро ба мо нишон деҳ ва ҳамин бароямон бас аст».
9 Исо дар ҷавоб гуфт: «Филиппус, ҳамин қадар вақт ман бо шумо будам ва ту то ҳол маро нашинохтаӣ? Ҳар касе, ки маро дидааст, Падарро низ дидааст.+ Пас, чӣ тавр мегӯӣ: “Ба мо Падарро нишон деҳ”? 10 Ё бовар намекунӣ, ки Падар бо ман якдил асту ман бо Падар?+ Суханоне, ки ман ба шумо мегӯям, аз пеши худ намегӯям,+ балки Падар, ки бо ман якдил аст, ба воситаи ман корҳои худро ба амал меорад. 11 Ба ман бовар кунед, ки Падар бо ман якдил асту ман бо Падар. Агар ба ман бовар накунед, ба корҳоям бовар кунед.+ 12 Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар касе, ки ба ман имон дошта бошад*, корҳоеро, ки ман ба амал меорам, ва ҳатто корҳои бузургтарро ба ҷо хоҳад овард,+ зеро ман назди Падар меравам.+ 13 Ҳар чизеро, ки ба номи ман талаб кунед, онро ба ҷо меорам, то ки Падар ба воситаи Писар ҷалол ёбад.+ 14 Агар чизе ба номи ман талаб кунед, онро ба ҷо меорам.
15 Агар шумо маро дӯст доред, амрҳоямро ба ҷо меоред.+ 16 Ман аз Падар хоҳиш мекунам ва ӯ ба шумо мададгори* дигаре медиҳад, ки ҳамеша бо шумо мешавад.+ 17 Ин мададгор — рӯҳи ростист,+ ки ҷаҳон онро ба даст оварда наметавонад, зеро онро намебинад ва намешиносад.+ Шумо бошед, мешиносед, чунки он бо шумо ва дар шумост. 18 Ман шуморо танҳо* намегузорам, балки назди шумо бармегардам.+ 19 Каме пас ҷаҳон дигар маро намебинад, аммо шумо маро мебинед,+ зеро ман зиндаам ва шумо низ зинда мемонед. 20 Дар он рӯз шумо мефаҳмед, ки ман бо Падар якдиламу шумо бо ману ман бо шумо.+ 21 Ҳар касе, ки амрҳои маро қабул кунаду ба ҷо орад, маро дӯст медорад. Ҳар касе, ки маро дӯст дорад, Падарам ӯро дӯст хоҳад дошт, ман низ ӯро дӯст хоҳам дошт ва худро ба ӯ ошкор хоҳам кард».
22 Яҳудо+ (на Яҳудои Исқарют) ба ӯ гуфт: «Ҳазрат, барои чӣ худро ба ҷаҳон неву ба мо ошкор карданӣ ҳастӣ?»
23 Исо дар ҷавоб гуфт: «Агар касе маро дӯст дорад, суханонамро риоя мекунад+ ва Падари ман ӯро дӯст хоҳад дошт. Мо назди ӯ меоем ва бо ӯ сокин мешавем.+ 24 Ҳар касе, ки маро дӯст намедорад, суханони маро риоя намекунад. Сухане, ки шумо мешунавед, аз они ман нест, балки аз Падар аст, ки маро фиристодааст.+
25 Ман ин суханонро, ҳанӯз ки бо шумо ҳастам, мегӯям. 26 Аммо мададгор, яъне рӯҳи муқаддас, ки Падар ба номи ман мефиристад, ҳама чизро ба шумо ёд медиҳад ва ҳар он чизеро, ки ба шумо гуфта будам, ба ёдатон меорад.+ 27 Осоиштагиро ба шумо мегузорам, осоиштагии худро ба шумо медиҳам.+ Осоиштагие, ки ман медиҳам, аз осоиштагии ин ҷаҳон фарқ мекунад. Хавотир нашавед ва натарсед. 28 Шумо ин гапи маро шунида будед: “Ман меравам ва боз назди шумо бармегардам”. Агар шумо маро дӯст медоштед, хурсанд мешудед, ки ман назди Падар меравам, зеро Падар аз ман бузургтар аст.+ 29 Ман он чиро, ки ба амал меояд, ба шумо пешакӣ гуфтам, то, вақте ин ба амал ояд, шумо бовар кунед.+ 30 Дигар ба шумо бисёр сухан намегӯям, зеро ҳокими ин ҷаҳон+ омада истодааст, вале ӯ бар ман ҳукмрон нест.+ 31 Аммо, то ҷаҳон бидонад, ки ман Падарро дӯст медорам, ҳамон тавре амал мекунам, ки Падар ба ман амр додааст.+ Бархезед, аз ин ҷо меравем.