Ишаъё
Рӯҳи хирад+ ва фаҳмиш,
Рӯҳи машварат ва тавоноӣ,+
Рӯҳи дониш ва тарси Яҳува қарор мегирад
3 Ва ӯ дар тарси Яҳува шодӣ хоҳад кард.+
Ӯ танҳо аз рӯйи диди чашмонаш доварӣ нахоҳад кард
Ва танҳо аз рӯйи шуниди гӯшҳояш танбеҳ нахоҳад дод.+
4 Ӯ бечорагонро аз рӯйи адолат доварӣ хоҳад кард
Ва ба фоидаи нармдилони* замин одамонро аз рӯйи инсоф танбеҳ хоҳад дод.
5 Росткорӣ миёнбанди ӯ
Ва вафодорӣ камарбанди ӯ мешавад.+
6 Дар он вақт гургу барра бо ҳам хоҳанд буд+
Ва паланг бо бузғола хоҳад хобид,
Гӯсолаву шеру чорпои парворӣ якҷо хоҳанд буд*+
Ва писари хурдакаке онҳоро ҳар сӯ хоҳад бурд.
7 Гов ва хирс бо ҳам хоҳанд чарид,
Бачаҳои онҳо бо ҳам хоҳанд хобид
Ва шер мисли буққа коҳ хоҳад хӯрд.+
8 Тифли ширмак бар хонаи мори кубро бозӣ хоҳад кард
Ва кӯдаке, ки аз сина ҷудо кардаанд, ба лонаи мори заҳрнок даст дароз хоҳад кард.
9 Онҳо дар тамоми кӯҳи муқаддаси ман+
Бадие намекунанд ва зараре намерасонанд,+
Зеро замин аз дониши Яҳува пур мешавад,
Чуноне ки баҳр пур аз обҳост.+
10 Дар он рӯз решаи Исой+ барои халқҳо мисли парчаме зада мешавад.+
11 Дар он рӯз Яҳува боз, бори дуюм, дасташро дароз мекунад, то бақияи халқашро аз Ошур,+ Миср,+ Фатрус,+ Куш,+ Элом,+ Шинъор*, Ҳамот ва аз ҷазираҳои баҳр баргардонад.+ 12 Ӯ барои халқҳо парчаме мезанад ва парокандагони Исроилро сарҷамъ мекунад.+ Ӯ мардуми парешони Яҳудоро аз чор канори дунё ҷамъ меорад.+
13 Ҳасади Эфроим нест мешавад+
Ва душманони Яҳудо нобуд мегарданд.
Эфроим ба Яҳудо ҳасад намебарад
Ва Яҳудо ба Эфроим душманӣ намекунад.+
14 Онҳо сӯйи ғарб, ба нишебиҳои фалиштиён, ҳамла меоранд,
Якҷоя мардуми Шарқро ғорат мекунанд,
Дасти худро ба Адӯм+ ва Мӯоб+ дароз мекунанд
Ва аммӯниён фармонбардори онҳо мешаванд.+