Фарқи байни одамонро пай баред
«Шумо... фарқи байни одил ва шарирро... хоҳед дид» (МАЛ. 3:18).
1, 2. Халқи Худо имрӯз бо чӣ гуна душворӣ рӯ ба рӯ мешавад? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
БИСЁР духтурон ва ҳамширагони тиб дар байни шахсоне, ки касалии сироятӣ доранд, кор мекунанд. Онҳо ба беморон барои шифо ёфтанашон кӯмак кардан мехоҳанд. Лекин онҳо бояд худашонро эҳтиёт кунанд, то бемории сироятӣ ба худи онҳо нагузарад. Ба ин монанд, аксари Шоҳидони Яҳува дар байни одамоне кору зиндагӣ доранд, ки рӯҳия ва хислатҳояшон ба Худо маъқул нест. Ин ҳолат душвориеро ба миён меорад.
2 Дар ин рӯзҳои охир ахлоқу одоби одамон сахт вайрон шудааст. Павлуси расул дар номаи дуюм ба Тимотиюс як қатор хусусиятҳои манфиро номбар кард. Бо наздикшавии анҷоми ин дунё мо он хислатҳоро дар одамон торафт бештар пай мебарем. (2 Тимотиюс 3:1–5, 13-ро хонед.) Ҳарчанд мо дар аксари одамон чунин хислатҳоро дида ба ҳайрат меоем, агар эҳтиёт нашавем, рафтору кирдори онҳо ба мо низ таъсир мекунад (Мас. 13:20). Дар ин мақола мо хислатҳои одамони замони охирро муҳокима карда, мебинем, ки халқи Худо аз онҳо бо чӣ фарқ мекунад. Ҳамчунин мефаҳмем, ки чӣ тавр ба одамон барои ба Худо наздик шудан ёрӣ дода, ҳамзамон худро аз «сирояти» хислатҳои бад муҳофизат кунем.
3. Дар 2 Тимотиюс 3:2–5 ахлоқи чӣ гуна одамон тасвир шудааст?
3 «Дар рӯзҳои охир,— навишт Павлуси расул,— замонҳои сахт фаро мерасанд». Сипас ӯ 19 хислати манфиро, ки ба одамони ин замон хос аст, қайд кард. Дар Румиён 1:29–31 низ хислатҳои монанд номбар шудаанд, лекин дар нома ба Тимотиюс калимаву ибораҳое ба кор бурда шудаанд, ки дигар дар ягон ҷойи Навиштаҳои Юнонӣ вонамехӯранд. Павлус гуфт, ки одамон дар айёми охир чӣ гуна хоҳанд буд. Лекин он хислатҳои манфиро на ҳама одамон зоҳир мекунанд. Хизматгорони Яҳува бо хислатҳои худ аз дигарон сахт фарқ мекунанд. (Малокӣ 3:18-ро хонед.)
БА ХУД НАЗАРИ ДУРУСТ ДОШТА БОШЕД
4. Одами мағрурро шумо чӣ гуна тасвир мекардед?
4 Баъди қайд кардани он ки одамон худбин ва пулпараст мешаванд, Павлус навишт, ки одамон лофзан, ҳавобаланд ва мағрур мегарданд. Чунин шахсон аз зебогии худ, аз қобилиятнок ва бой будан ё дар мансаби калон кор карданашон фахр карда, худро аз дигар одамон боло меҳисобанд. Ин гуна одамон аксар вақт ташнаи онанд, ки дигарон онҳоро таъриф ва болобардор кунанд. Дар бораи шахси мағрур нависандае чунин қайд кард: «Дар дили ин гуна шахс гӯё ибодатгоҳи хурде ҳаст, ки дар он ҷо вай ба худаш зону зада саҷда мекунад». Ба ақидаи баъзеҳо, кибру ғурур чунон хислати бад аст, ки, ҳатто одамони мағрур дар дигар кас онро дида нафраташон меояд.
5. Чӣ тавр баъзе аз ходимони содиқи Худо мағрур шуданд?
5 Яҳува кибру ғурурро бад мебинад. Ӯ «аз чашмони ҳавобаландона» нафрат дорад (Мас. 6:16, 17). Фаҳмост, ки шахси мағрур ба Яҳува наздик шуда наметавонад (Заб. 9:25). Ҳавобаландӣ хислатест, ки ба Иблис хос аст (1 Тим. 3:6). Афсӯс ки, ҳатто баъзе ходимони содиқи Яҳува мағрур шуданд. Узиё, ки подшоҳи Яҳудо буд, солҳои зиёд ба Яҳува содиқ буд. Лекин дар Китоби Муқаддас оид ба ӯ гуфта мешавад: «Ҳангоме ки ӯ қавӣ шуд, дилаш то ба дараҷаи бадкирдорӣ мутакаббир [ҳавобаланд] гардида, ба Худованд Худои худ хиёнат кард, ва ба маъбади Худованд даромад, то ки бухур бар қурбонгоҳи бухур бисӯзонад». Баъдтар шоҳ Ҳизқиё низ муддате ҳавобаланд шуда буд (2 Вақ. 26:16; 32:25, 26).
6. Аз кадом сабаб Довуд мағрур шуда метавонист, вале чаро ӯ хоксор монд?
6 Баъзе одамон аз зебоӣ ва зӯру қуввати худ, аз маҳорати навозандагӣ ва обрӯи калон доштанашон мағрур мегарданд. Довуд на як, балки ҳамаи ин хислатҳоро дошт, вале ӯ тамоми умр фурӯтан буд. Баъди куштани Ҷолёт подшоҳ Шоул ба ӯ пешниҳод кард, ки духтарашро ба занӣ гирад. Аммо Довуд гуфт: «Ман кистам, ва ҳаёти ман ва хонадони падари ман дар Исроил чист, ки домоди подшоҳ бошам?» (1 Подш. 18:18). Чӣ ба Довуд кӯмак кард, ки ҳалиму хоксор монад? Вай дарк мекард, ки тамоми хислату қобилиятҳои хуб ва мартабаи баландро барои он соҳиб шудааст, ки Яҳува аз боло «хам» шуда, ба ӯ назар кардааст (Заб. 112:5–8). Довуд медонист, ки ҳамаи чизҳои неке, ки ӯ дорад, аз ҷониби Яҳува мебошанд. (Бо 1 Қӯринтиён 4:7 муқоиса кунед.)
7. Чӣ ба шумо барои фурӯтан будан кӯмак мекунад?
7 Мисли Довуд, хизматгорони имрӯзаи Худо низ мекӯшанд, ки фурӯтан бошанд. Вақте мо дар бораи ҳалиму фурӯтан будани Яҳува, Шахсияти бузургтарин дар олам, мулоҳиза мекунем, ба ҳаяҷон меоем (Заб. 17:36). Дар Китоби Муқаддас ба мо маслиҳат дода шудааст: «Ҳамдардӣ ва дилсӯзӣ, меҳрубонӣ, фурӯтанӣ, ҳалимӣ ва пурсабриро дар бар кунед» (Қӯл. 3:12). Мо кӯшиш мекунем, ки ба ин насиҳат гӯш диҳем. Ҳамчунин мо медонем, ки муҳаббат «манманӣ намекунад, мағрур намешавад» (1 Қӯр. 13:4). Вақте мо фурӯтанӣ зоҳир мекунем, ин метавонад дигаронро ба Яҳува ҷалб кунад. Чуноне ки шавҳарон аз дидани рафтори неки занонашон бе сухан ба Каломи Худо шавқ пайдо карданашон мумкин аст, одамон аз дидани фурӯтании хизматгорони Яҳува ба Худо наздик шуда метавонанд (1 Пет. 3:1).
МО БА ДИГАРОН ЧӢ ГУНА БОЯД МУНОСИБАТ КУНЕМ?
8. а) Нуқтаи назари баъзеҳо ба беитоатӣ ба волидон имрӯз чӣ гуна аст? б) Навиштаҳо ба фарзандон чиро насиҳат медиҳанд?
8 Павлус мефаҳмонад, ки одамон дар рӯзҳои охир бо якдигар чӣ гуна муносибат мекунанд. Ӯ гуфт, ки дар охирзамон фарзандон беитоат ба падару модар мешаванд. Имрӯз дар китобҳо, филмҳо, барномаҳои телевизионӣ ба падару модар гӯш накардан баъзан чун як чизи дуруст нишон дода мешавад ва ҳатто ҷавононро бармеангезанд, ки ин тавр рафтор кунанд. Оила ҷузъи асосии ҷомеа аст. Лекин, вақте фарзандон беитоатӣ мекунанд, ин устувории оила ва ҷомеаро зери хатар мегузорад. Барои оила зараровар будани беитоатиро одамон кайҳо боз медонанд. Масалан, дар Юнони қадим, вақте шахс ба падару модараш даст мебардошт, вайро аз тамоми ҳуқуқҳояш маҳрум мекарданд; дар қонуни Рум бошад, агар одам падарашро занад, ин ба ҷинояти одамкушӣ баробар карда мешуд. Ҳам дар Навиштаҳои Ибронӣ ва ҳам Юнонӣ ба фарзандон насиҳат дода шудааст, ки волидонашонро иззату эҳтиром кунанд (Хур. 20:12; Эфс. 6:1–3).
9. Чӣ ба ҷавонон кӯмак мекунад, ки ба волидонашон итоат кунанд?
9 Имрӯз беитоатӣ ба волидон чун касалии сироятӣ дар ҳама ҷо паҳн шудааст. Чӣ ба фарзандон кӯмак мекунад, ки чунин рӯҳия ба онҳо таъсир накунад? Вақте фарзандон дар бораи корҳои неке, ки волидонашон барои онҳо мекунанд, мулоҳиза меронанд, ин онҳоро бармеангезад, ки аз падару модар миннатдор бошанд ва ба онҳо итоат кунанд. Ҷавонон инчунин бояд дарк кунанд, ки Худо — Падари ҳамаи мо, мехоҳад, то фарзандон волидонашонро гӯш кунанд. Дар бораи волидони худ суханони нек гуфта ҷавонон метавонанд ба ҳамсолони худ иззату эҳтиром кардани падару модарро ёд диҳанд. Албатта, агар волидон нисбати фарзандони худ бемеҳр бошанд, ба онҳо аз таҳти дил итоат кардан душвор мешавад. Баръакси ин, вақте кӯдак меҳру муҳаббати волидонашро ҳис мекунад, ӯ кӯшиш мекунад, ки ҳатто вақте барояш итоаткор будан душвор аст, аз гапи онҳо набарояд. Бародари ҷавон бо номи Остен чунин мегӯяд: «Ман аксар вақт мехостам, ки гапи волидонамро нагирам, лекин онҳо дар оила баъзе қоидаҳоро муқаррар карда буданд ва мефаҳмонданд, ки чаро онҳо фоиданоканд; падару модарам ҳама вақт барои гӯш кардани ман тайёр буданд. Ин ба ман ёрӣ медод, ки ба онҳо итоат кунам. Ман медидам, ки онҳо ғами маро мехӯранд, барои ҳамин ман низ мехостам онҳоро хурсанд кунам».
10, 11. а) Кадом хислатҳои манфӣ нишон медиҳанд, ки одамон ба якдигар меҳр надоранд? б) Ходимони Худо одамонро то чӣ андоза дӯст медоранд?
10 Павлус боз дигар хислатҳои манфиро номбар карда, нишон медиҳад, ки одамон меҳру муҳаббатро ба якдигар гум мекунанд. Баъди қайд кардани он, ки фарзандон ба падару модар беитоат мешаванд, ӯ гуфт, ки одамон кӯрнамак мешаванд, яъне корҳои неки дигаронро қадр намекунанд. Одамон инчунин бевафо ва номуросо мегарданд. Шахсони номуросо намехоҳанд, ки бо дигарон оштӣ шаванд. Одамон куфргӯ ва хиёнаткор гардида, дигаронро ва ҳатто Худоро таҳқир мекунанд. Онҳо инчунин тӯҳматчӣ мешаванд ва овозаҳои дурӯғро паҳн карда, обрӯи дигаронро мерезонандa.
11 Баръакси одамони ин ҷаҳон, ки ба якдигар меҳр надоранд, хизматгорони Яҳува нисбати дигарон муҳаббати самимӣ зоҳир мекунанд. Онҳо ҳама вақт бо ин хусусияти худ аз дигарон фарқ мекарданд. Исо гуфт, ки дар Шариати Мусо баъди аввалин аҳкоми муҳимтарин, ки дӯст доштани Худо аст, дуюмаш одамонро дӯст доштан мебошад (Мат. 22:38, 39). Исо инчунин гуфт, ки муҳаббат ба якдигар хусусияти фарқкунандаи пайравони ӯ хоҳад буд. (Юҳанно 13:34, 35-ро хонед.) Масеҳиёни ҳақиқӣ мекӯшанд, ки ҳатто душманони худро дӯст доранд (Мат. 5:43, 44).
12. Исо ба одамон чӣ тавр муҳаббат зоҳир мекард?
12 Исо нишон дод, ки одамонро, дар ҳақиқат, дӯст медорад. Ӯ аз шаҳр ба шаҳр гашта, хушхабарро дар бораи Подшоҳии Худо ба одамон нақл мекард. Ӯ кӯрон, лангон, одамони махав ва карро шифо медод ва мурдаҳоро зинда мекард (Луқ. 7:22). Бисёриҳо аз Исо нафрат доштанд, ба ин нигоҳ накарда вай ҳаёташро барои одамизод қурбон кард. Ӯ дар зоҳир кардани муҳаббат пурра ба Падараш пайравӣ мекард. Шоҳидони Яҳува низ кӯшиш мекунанд, ки чун Исо ҳамаи одамонро дӯст доранд.
13. Чӣ тавр муҳаббате, ки мо ба дигарон зоҳир мекунем, ба онҳо кӯмак мекунад, ки ба Яҳува наздик шаванд?
13 Вақте ки мо ба одамон муҳаббат зоҳир мекунем, ин метавонад онҳоро ба Падари осмониамон ҷалб кунад. Масалан, як мард аз Таиланд боре ба анҷумани минтақавӣ омада, муҳаббати байни хоҳарону бародаронро дид ва ин ба ӯ хеле таъсир кард. Баъди ба хона баргаштан ӯ аз Шоҳидони Яҳува хоҳиш кард, ки бо ӯ ҳафтае ду маротиба омӯзиш гузаронанд. Вай ба ҳамаи хешу табораш мавъиза мекард. Ҳамагӣ баъди шаш моҳ ӯ дар ҷамъомад бо аввалин супориш, ки хондани Китоби Муқаддас буд, баромад кард. Чӣ тавр фаҳмем, ки мо ба дигарон муҳаббат зоҳир мекунем ё не? Барои ин метавонем аз худ пурсем: «Оё ман саъю кӯшиш мекунам, то ба аъзоёни оила, ҳамимонон ва одамоне, ки дар мавъиза вомехӯрам, кӯмак расонам? Оё ман кӯшиш мекунам, ки ба дигарон мисли Яҳува нигарам?»
ГУРГҲО ВА БАРРАҲО
14, 15. Имрӯз бисёр одамон боз кадом хислатҳои бадро зоҳир мекунанд ва чӣ тавр баъзеҳо ислоҳ шуданд?
14 Дар рӯзҳои охир одамон боз дигар хислатҳои бадро зоҳир мекунанд, ки мо бояд аз онҳо дур бошем. Мисол, бисёриҳо душмани некӣ ё, чуноне ки дар баъзе тарҷумаҳо омадааст, «бадбинони некӣ» мебошанд. Одамон инчунин бепарҳез, бераҳм ва саркаш мешаванд. Чунин шахсон зуд ба хашм меоянд ва андеша намекунанд, ки рафтори онҳо ба дигарон чӣ гуна таъсир мерасонад.
15 Бисёр одамоне, ки пеш чун ҳайвони бераҳм рафтор мекарданд, ислоҳ гаштанд. Ба амал омадани чунин дигаргунӣ дар Китоби Муқаддас пешгӯйӣ шуда буд. (Ишаъё 11:6, 7-ро хонед.) Дар он гуфта шудааст, ки ҳайвонҳои дарранда, ба монанди гург ва шер, бо чунин ҳайвонҳои хонагӣ ба мисли барра ва гӯсола зиндагӣ карда, ба онҳо зарар намерасонанд. Каломи Худо сабаби чунин сулҳу осоиштагиро мефаҳмонад: «Замин аз шинохтани Худованд пур хоҳад буд» (Иш. 11:9). Азбаски ҳайвонҳо дар бораи Яҳува дониш гирифта наметавонанд, иҷрошавии ин пешгӯйӣ на фақат ба сулҳу осоиштагии байни инсону ҳайвонот дар дунёи нав, балки ба дигар шудани хислатҳои одамон низ ишора мекунад.
16. Чӣ тавр Китоби Муқаддас ба одамон кӯмак мекунад, ки дигар шаванд?
16 Бисёри онҳое, ки мисли гургон бераҳмона рафтор мекарданд, ҳоло сулҳҷӯ ҳастанд. Шумо тарҷумаи ҳоли баъзеи онҳоро дар сайти jw.org, дар силсилаи мақолаҳои «Китоби Муқаддас ҳаётро дигаргун месозад» (рус.), хонда метавонед. Онҳое, ки Яҳуваро шинохта ба Ӯ хизмат карданро сар мекунанд, ба одамони дурӯя монанд нестанд. Шахсони дурӯя «ба назар худотарс намуда, дар асл чунин» нестанд. Онҳо худро парастандагони Худо нишон медиҳанд, вале ин аз рафторашон маълум нест. Дар байни халқи Худо бошад, онҳое, ки пеш бераҳм буданду баъд ислоҳ шуданд, худро худотарс вонамуд намесозанд. Онҳо, дар ҳақиқат, «шахсияти навро дар бар» кардаанд, ки «он мувофиқи хости Худо дар росткорӣ ва садоқатмандии ҳақиқӣ офарида шудааст» (Эфс. 4:23, 24). Вақте одамон дар бораи Худо таълим мегиранд, онҳо мефаҳманд, ки бояд аз рӯйи меъёрҳои Ӯ зиндагӣ кунанд. Ин онҳоро бармеангезад, ки фикру ақида, хислат ва рафторашонро дигар кунанд. Ин кор осон нест, лекин рӯҳи Худо ба шахсоне, ки самимона хости Худоро иҷро кардан мехоҳанд, ёрӣ медиҳад, то ислоҳ шаванд.
«АЗ ЧУНИН КАСОН ДУРӢ ҶӮЙ»
17. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ба таъсири одамони бад дода нашавем?
17 Фарқи байни онҳое, ки ба Худо хизмат мекунанд ва онҳое, ки ба Ӯ хизмат намекунанд, торафт аёнтар шуда истодааст. Мо — хизматгорони Худо, бояд эҳтиёт шавем, ки хислатҳои бади одамони ин ҷаҳон ба мо таъсир накунад. Ба мо лозим аст, ки ба насиҳати Яҳува гӯш дода, аз одамоне, ки дар 2 Тимотиюс 3:2–5 тасвир шудаанд, дурӣ ҷӯем. Албатта, мо аз шахсоне, ки хислатҳои бад доранд, пурра дар канор буда наметавонем. Шояд мо бо онҳо кор мекунем, дар як мактаб мехонем ё якҷоя зиндагӣ мекунем. Вале мо набояд гузорем, ки тарзи фикрронӣ ва рафтори онҳо ба мо таъсир расонад. Барои ин ба мо омӯзиши Каломи Худо ва муоширати наздик бо онҳое, ки Яҳуваро дӯст медоранд, кӯмак мекунад.
18. Чӣ тавр мо ба дигарон ёрӣ дода метавонем, ки ба Худо наздик шаванд?
18 Мо бояд ба дигарон барои ба Худо наздик шудан ёрӣ диҳем. Аз ин рӯ барои шаҳодат додан ҳамеша имконият ҷӯед. Аз Яҳува кӯмак пурсед, то дар вақти мувофиқ суханони лозимаро гӯед. Бигзор дигарон донанд, ки мо Шоҳиди Яҳува ҳастем. Он гоҳ мо бо рафтори хубамон на ин ки худро, балки Яҳуваро ҷалол медиҳем. Худо моро таълим медиҳад, ки «чизҳои ба хости Худо муқобил ва хоҳишҳои дунёро рад карда, дар ин замона бо солимфикрӣ, росткорӣ ва худотарсӣ зиндагӣ кунем» (Тит. 2:11–14). Агар мо ба таври ба Худо писанд рафтор кунем, ин аз назари дигарон пинҳон намемонад ва баъзеҳо шояд гӯянд: «Бо шумо меравем, зеро шунидаем, ки Худо бо шумост» (Зак. 8:23).
a Калимаи юнонии «диаболос», ки «тӯҳматчӣ» тарҷума шудааст, дар Китоби Муқаддас нисбати Шайтон, тӯҳматчии Худо, истифода мешавад.