Ирмиё
20 Вақте Ирмиё ин чизҳоро пешгӯйӣ мекард, Фашҳури писари Иммир, ки коҳин ва сардори нозирони хонаи Яҳува буд, ӯро гӯш мекард. 2 Он вақт Фашҳур пайғамбар Ирмиёро зад ва назди дарвозаи болоии Бинёмин, ки дар хонаи Яҳува аст, ӯро бо кунда бандубаст кард*.+ 3 Рӯзи дигар Фашҳур Ирмиёро аз кунда озод кард ва Ирмиё ба ӯ гуфт:
«Яҳува номи туро Фашҳур* не, балки Даҳшати гирду атроф мондааст.+ 4 Яҳува чунин мегӯяд: “Ман туро барои худат ва барои тамоми дӯстонат даҳшат мегардонам ва онҳо дар пеши назарат аз дами шамшери душманонашон нобуд хоҳанд шуд.+ Ман тамоми Яҳудоро ба дасти подшоҳи Бобил месупорам ва ӯ онҳоро ба асирӣ гирифта, ба Бобил мебарад ва аз дами шамшер мегузаронад.+ 5 Ман тамоми сарват, дороӣ, чизҳои қиматбаҳои ин шаҳр ва тамоми ганҷҳои подшоҳони Яҳудоро ба дасти душман месупорам.+ Душманонашон онҳоро тороҷ мекунанд ва гирифта, ба Бобил мебаранд.+ 6 Ту бошӣ, эй Фашҳур, ва тамоми аҳли хонаводаат ба асирӣ меравед. Шумо ба Бобил меравед ва он ҷо мемиред. Ту дар он ҷо бо тамоми дӯстонат гӯронида мешавӣ, зеро ба онҳо дурӯғро пешгӯйӣ кардӣ”».+
7 Эй Яҳува, ту маро фиреб додӣ ва ман фиреб хӯрдам.
Ту қуввататро бар зидди ман истифода бурдӣ ва зӯр баромадӣ.+
Тамоми рӯз хандахариши мардум шудам.
Ҳама ба ҳолам механдад.+
8 Ҳар гоҳе сухан бигӯям, фарёд зада эълон мекунам:
«Зӯроварӣ ва харобӣ!»
Аз барои сухани Яҳува маро тамоми рӯз паст мезананд ва масхара мекунанд.+
9 Ба худ гуфтам: «Дигар номашро ба забон намеорам
Ва ба номи ӯ дигар сухан намегӯям»,+
Вале суханаш дар дилам ва дар устухонҳоям мисли оташи сӯзоне буд.
Ман аз нигоҳ доштани он хаста шудам,
Тобу тоқате надоштам.+
10 Бисёр овозаҳои бад ба гӯшам мерасад,
Даҳшат маро фаро гирифтааст.+
«Ӯро таъна занед, биёед ӯро таъна занем!»
Хайрхоҳонам шикасти маро интизор шуда,+ мегӯянд:
«Канӣ бинем, ягон аблаҳӣ мекунад,
Ки дастболо шуда, қасдамонро бигирем».
11 Вале Яҳува мисли ҷанговари ваҳмангез бо ман буд.+
Барои ҳамин дунболагиронам пешпо мехӯранд ва дастболо намешаванд.+
Онҳо шармандаву шармсор мегарданд, зеро комёб намегарданд.
Онҳо то абад сарпаст мешаванд ва ин фаромӯш нахоҳад шуд.+
12 Ту, эй Яҳува, Худои лашкарҳо, росткорро тафтиш мекунӣ.
13 Ба Яҳува бисароед! Яҳуваро ситоиш кунед!
Зеро ӯ ҷони камбағалро аз дасти бадкорон раҳо кардааст.
14 Нест бод рӯзе, ки дар он ба дунё омадам!
Лаънат ба рӯзе, ки модарам маро зодааст!+
15 Лаънат бар касе, ки ба падарам хушхабар оварда гуфтааст:
«Писардор шудӣ!»,
Ва ӯро бениҳоят шод гардондааст.
16 Бигзор он кас мисли шаҳрҳое шавад, ки Яҳува бе пушаймонӣ зеру забар кард.
Бигзор ӯ саҳаргоҳон садои оҳу фиғон ва нисфирӯзӣ бонги хатарро бишнавад.