Матто
22 Исо боз бо мисолҳо ба онҳо сухан ронда гуфт: 2 «Подшоҳии осмон монанди подшоҳест, ки писарашро хонадор карданӣ шуда базм барпо кард.+ 3 Ӯ ғуломонашро барои овардани одамоне, ки ба тӯйи арӯсӣ таклиф шуда буданд, фиристод, вале онҳо омадан нахостанд.+ 4 Он гоҳ подшоҳ ғуломони дигарашро фиристода, гуфт: “Ба даъватшудагон чунин гӯед: “Инак, ман зиёфатро омода намудам, буққаҳо ва дигар чорвои беҳтаринро сар буридам ва ҳама чиз тайёр аст. Ба тӯйи арӯсӣ биёед”. 5 Вале даъватшудагон ба суханони ғуломон бепарвоӣ карда, яке ба киштзори худ рафт, дигаре аз пайи харидуфурӯш шуд,+ 6 боқимондагон бошанд, ғуломони подшоҳро дошта, латукӯб карданду куштанд.
7 Инро фаҳмида подшоҳ ба ғазаб омад ва сарбозонашро фиристода, он одамкушонро ба қатл расонд ва шаҳрашонро оташ зад.+ 8 Баъд аз ин ӯ ба ғуломонаш гуфт: “Зиёфати тӯй тайёр аст, лекин ин даъватшудагон садқаи зиёфат шаванд.+ 9 Барои ҳамин сари роҳҳои калон баромада, ҳар касеро, ки бубинед, ба тӯй даъват кунед”.+ 10 Ғуломон сари роҳҳо баромада, ҳар киро ёфтанд, ҳам одамони нағзу ҳам бадро, ба тӯйхона ҷамъ оварданд ва он ҷо аз меҳмонон пур шуд.
11 Вақте ки подшоҳ барои дидани меҳмонон ба тӯйхона даромад, чашмаш ба марде афтод, ки либоси тӯёна надошт. 12 Аз ин рӯ ӯ гуфт: “Эй дӯст, ту ба ин ҷо бе либоси тӯёна чӣ тавр даромадӣ?” Он мард бошад, чӣ гуфтанашро надонист. 13 Инро дида подшоҳ ба хизматгоронаш гуфт: “Дасту пояшро баста, вайро ба берун, ба торикӣ, партоед, ки он ҷо ӯ гиря мекунаду дандон мехояд”.
14 Бале, даъватшудагон бисёранд, лекин интихобшудагон кам».
15 Он гоҳ фарисиён рафта, забон як карданд, ки дар сухани Исо айбе ёбанд.+ 16 Бинобар ин шогирдони худро ҳамроҳи тарафдорони Ҳиродус назди ӯ фиристоданд+ ва онҳо гуфтанд: «Эй Устод, мо медонем, ки ту шахси ростқавл ҳастӣ ва дар бораи Худо ростиро таълим медиҳӣ. Ту ба ҳеҷ кас хушомад намекунӣ, зеро барои ту мансабу мартабаи одам аҳамияте надорад. 17 Пас, ба мо бигӯ: ба фикри ту, ба қайсар* андози сарикасӣ супоридан равост ё не?» 18 Исо нияти бади онҳоро дониста чунин гуфт: «Барои чӣ маро месанҷед, эй дурӯяҳо? 19 Канӣ ба ман тангаеро, ки бо он андоз месупоред, нишон диҳед». Онҳо ба ӯ динорро* оварданд. 20 Исо аз онҳо пурсид: «Дар ин танга сурат ва номи киро мебинед?» 21 Онҳо ҷавоб доданд: «Қайсарро». Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Пас, он чӣ аз қайсар аст, ба қайсар диҳед ва он чӣ аз Худост — ба Худо».+ 22 Вақте онҳо ҷавоби Исоро шуниданд, ба ҳайрат афтоданд ва дигар ба ӯ кордор нашуда, аз пешаш рафтанд.
23 Он рӯз саддуқиён, ки ба зиндашавӣ бовар намекарданд,+ назди Исо омада, пурсиданд:+ 24 «Устод, пайғамбар Мӯсо гуфтааст: “Агар мард фарзанд надида бимирад, бародари он мард бояд бо зани ӯ хонадор шавад ва барои бародараш насл ба дунё орад”.+ 25 Дар як оила ҳафт бародар буд. Бародари калонӣ оиладор шуд ва, азбаски соҳиби фарзанд нагашта мурд, зани вайро додараш гирифт. 26 Бо бародари дуюм, сеюм ва то ҳафтум айнан ҳамон ҳодиса рӯй дод. 27 Баъд аз ҳамаи онҳо худи зан ҳам мурд. 28 Пас, дар вақти зиндашавӣ вай зани кадоме аз он ҳафт бародар мешавад? Охир, ҳамаи онҳо ӯро ба занӣ гирифта буданд».
29 Дар ҷавоб Исо ба онҳо гуфт: «Шумо гумроҳ ҳастед, чунки на Навиштаҳоро медонеду на қудрати Худоро.+ 30 Вақте ки мурдагон зинда мешаванд, онҳо на зан мегиранд ва на ба шавҳар мебароянд, балки мисли фариштагони осмон мешаванд.+ 31 Лекин, агар дар бораи зиндашавии мурдагон гӯем, магар нахондаед, ки Худо ба шумо чӣ гуфта буд? 32 Ӯ гуфтааст: “Ман Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб ҳастам”.+ Ӯ на Худои мурдагон, балки Худои зиндагон аст».+ 33 Мардум инро шунида аз таълими ӯ дар ҳайрат монданд.+
34 Вақте фарисиён шуниданд, ки Исо саддуқиёнро бо ҷавобаш мот кардааст, назди ӯ ҷамъ омаданд. 35 Яке аз онҳо, ки Шариатро хуб медонист, ӯро санҷиданӣ шуда пурсид: 36 «Устод, кадом амр дар Шариат муҳимтарин аст?»+ 37 Исо ба ӯ ҷавоб дод: «“Худоят Яҳуваро бо тамоми дил, бо тамоми ҷон ва бо тамоми ақли худ дӯст дор”.+ 38 Ин аст амри муҳимтарин ва аввалин. 39 Амри дуюме, ки монанди он аст, чунин мебошад: “Ёри худро мисли худ дӯст дор”.+ 40 Тамоми Таврот ва Навиштаҳои пайғамбарон бар ин ду амр асос ёфтааст».+
41 Ҳангоме ки фарисиён дар пеши Исо буданд, ӯ аз онҳо пурсид:+ 42 «Шумо дар бораи Масеҳ чӣ фикр доред? Ӯ писари кист?» Онҳо ҷавоб доданд: «Писари Довуд».+ 43 Ӯ боз ба онҳо гуфт: «Ин тавр бошад, барои чӣ Довуд зери илҳоми Худо+ ӯро “Ҳазрат” номида чунин гуфтааст: 44 “Яҳува ба Ҳазрати ман гуфт: “Аз дасти рости ман бинишин, то даме ки душманонатро зери поят андозам”?+ 45 Агар Довуд ӯро “Ҳазрат” номад, чӣ тавр ӯ писари вай буда метавонад?»+ 46 Ҳеҷ кас дар ҷавоб ба ӯ чизе гуфта натавонист ва баъд аз он касе ҷуръат накард, ки ба ӯ савол диҳад.