Ишаъё
60 «Бархез, эй зан,+ нур бипош, зеро нури ту омадааст.
Ҷалоли Яҳува бар ту медурахшад.+
2 Заминро торикӣ
Ва халқҳоро пардаи ғафси тирагӣ хоҳад пӯшонид,
Вале бар ту Яҳува нур хоҳад пошид
Ва ҷалоли ӯ бар ту дида хоҳад шуд.
4 Чашмонатро бардошта, ба атроф назар кун!
Ҳамаи онҳо ҷамъ шудаанд ва сӯйи ту меоянд.
5 Инро дида чеҳраат медурахшад+
Ва дилат ба тапиш омада, аз шодӣ лабрез мешавад,
Зеро сарвати баҳрҳо ба ту фиристода мешавад
Ва боигарии халқҳо сӯйи ту меояд.+
6 Ту аз галаҳои шутурон,
Шутурони ҷавони Мидён ва Эфо,+ пур мешавӣ.
8 Кистанд онҳое, ки мисли абрҳо парвоз мекунанд,
Мисли кафтарҳо сӯйи кафтархонаи худ* меоянд?
9 Ҷазираҳо ба ман умед мебанданд+
Ва киштиҳои Таршиш
Ба хотири номи Худоят Яҳува, ба хотири Худои Поки Исроил, пеш-пеш меоянду*
Писарони туро аз дуриҳо+ бо нуқраву тиллояшон меоранд,
Зеро ман туро ҷалол хоҳам дод.+
10 Бегонагон деворҳои туро бино мекунанд
Ва подшоҳонашон ба ту хизмат менамоянд,+
Зеро ман ба хашм омада туро зарба задам
Ва лутф карда ба ту раҳм мекунам.+
11 Дарвозаҳои ту доимо кушода хоҳанд буд,+
Онҳо на рӯз ва на шаб пӯшида нахоҳанд шуд,
То боигарии халқҳоро ба ту оранд,
Ва подшоҳони онҳо пешопеш меоянд.+
12 Ҳар халқ ва ҳар подшоҳие, ки ба ту хизмат накунад, нест мешавад
Ва аз он халқҳо нишоне намемонад.+
13 Ҷалоли Лубнон — дарахтони арча, шунг* ва сарв, якҷоя назди ту меоянд,+
То муқаддасгоҳи маро оро диҳанд,
Ва ман қадамгоҳи худро ҷалол хоҳам дод.+
14 Писарони ситамгарони ту омада, пешат сар хам мекунанд,
Ҳамаи онҳое, ки ба ту беҳурматӣ мекунанд, ночор пеши поят таъзим мекунанд
Ва туро шаҳри Яҳува, Сиони Худои Поки Исроил, меноманд.+
15 Туро партофта буданд, аз ту нафрат карданд ва касе аз ту гузар намекард,+
Аммо акнун ман туро сарчашмаи ифтихори ҷовидонӣ
Ва шодии тамоми наслҳо мегардонам.+
Ту хоҳӣ донист, ки ман, Яҳува, Наҷотбахши туям
Ва Худои Тавонои Яъқуб Товондеҳи туст.+
Ман осоиштагиро нозири ту
Ва росткориро корфармои ту таъйин мекунам.+
18 Дигар дар замини ту дар бораи зӯроварӣ
Ва дар ҳудуди ту дар бораи нобудиву харобӣ намешунаванд.+
Ту деворҳои худро Наҷот+ ва дарвозаҳои худро Ситоиш меномӣ.
19 Офтоб бароят дигар рӯшноии рӯз нахоҳад буд
Ва моҳи тобон ба ту нур нахоҳад пошид,
Зеро Яҳува нури абадии ту хоҳад гашт+
Ва Худоят зебоии ту хоҳад буд.+
20 Офтоби ту дигар намешинад
Ва моҳтобат дигар намекоҳад,
Зеро Яҳува нури абадии ту мегардад+
Ва рӯзҳои мотамат ба охир мерасад.+
21 Тамоми халқи ту росткор мегардад
Ва ин заминро ҷовидона мерос мегирад.
22 Он вақт камшумор ба ҳазорҳо табдил меёбад
Ва назарногир халқи пурзӯре мегардад.
Ман, Яҳува, инро дар вақташ метезонам».