Забур
104 Эй ҷонам, Яҳуваро ситоиш бикун,+
Эй Яҳува, Худои ман, ту хеле бузургӣ,+
Ту либоси шукӯҳу ҷалол дар бар кардаӣ.+
3 Худо болорҳои болохонаҳояшро бар обҳои осмон мегузорад,+
Бар абрҳо мисли ароба савор мешавад+
Ва бар болҳои бод ҳаракат мекунад.+
6 Худоё, ту ба он обҳои бетагро мисли либос пӯшондӣ,+
Обҳо бар болои кӯҳҳо истоданд.
7 Аз сарзаниши ту обҳо фирор карданд+
Ва аз овози раъди ту онҳо ба воҳима афтода, гурехтанд,
8 Ба ҷое рафтанд, ки ту барояшон муқаррар кардаӣ.
Кӯҳҳо баланд шуданд+ ва водиҳо паст фаромаданд.
9 Ту барои обҳо ҳадде гузоштӣ, ки аз он нагузаранд,+
То онҳо дигар рӯйи заминро напӯшонанд.
10 Худо бар водиҳо ҷӯйҳоро равона месозад
Ва онҳо дар миёни кӯҳҳо ҷорӣ мешаванд.
11 Аз онҳо ҳама ҷонварони саҳро об менӯшанд
Ва гӯрхарон ташнагиашонро мешикананд.
12 Бар болои онҳо парандагони осмон сокин мешаванд,
Онҳо дар миёни шохаҳои сербарг месароянд.
13 Худо аз болохонаҳои худ кӯҳҳоро об медиҳад.+
Аз самари корҳои ту, эй Худо, замин сер мешавад.+
14 Худо барои чорпоён алаф месабзонад
Ва барои одамон наботот мерӯёнад,+
То аз замин хӯрок ҳосил шавад
15 Ва шароб, ки касро дилхуш месозад,+
Равған, ки чеҳраро дурахшон месозад
Ва нон, ки ба дили инсон қувват мебахшад.+
16 Дарахтони Яҳува шодоб мешаванд,
Дарахтони сидрае, ки ӯ дар Лубнон шинондааст.
17 Дар онҳо парандагон лона месозанд.
Хонаи лаклак+ дар арчазор аст.
19 Ӯ моҳро барои шумурдани замонҳо офаридааст,
Офтоб вақти нишасти худро медонад.+
20 Торикиро паҳн мекунӣ ва шаб фаро мерасад,+
Вақте ҳама ҷонварони ҷангал гаштугузор мекунанд.
22 Вақте офтоб мебарояд,
Онҳо дар лонаҳои худ паноҳ мебаранду мехобанд.
23 Одамизод аз пайи кори худ мешавад
Ва то бегоҳ меҳнат мекунад.
24 Чӣ бисёр аст корҳоят, эй Яҳува!+
Ҳамаи онҳоро аз рӯйи хирад ба амал овардаӣ.+
Замин пур аз офаридаҳои туст.
25 Инак, баҳри бузургу беканор,
Ки аз ҷонзоди беҳисоб, ҷонварони хурду калон, меҷӯшад.+
26 Дар он киштиҳо мегарданд
Ва тимсоҳ*+ шино мекунад, ки ту онро барои дар баҳр бозӣ кардан офаридаӣ.
27 Ҳамаи онҳо туро интизор мешаванд,
То ризқашонро дар вақташ бидиҳӣ.+
28 Чизе ба онҳо бидиҳӣ, онҳо ҷамъ мекунанд.+
Вақте дастатро мекушоӣ, онҳо аз атоҳои некат сер мешаванд.+
29 Вақте рӯятро пинҳон кунӣ, онҳо ба даҳшат меоянд.
Агар рӯҳашонро бигирӣ, мемиранду ба хок бармегарданд.+
30 Агар рӯҳатро бифиристӣ, онҳо ба вуҷуд меоянд,+
Ту ба рӯйи замин ҷони нав мебахшӣ.
31 Ҷалоли Яҳува то абад аст,
Яҳува аз корҳои худ шодӣ хоҳад кард.+
32 Ӯ ба замин назар мекунад ва он меларзад,
Ба кӯҳҳо даст мерасонад ва онҳо дуд мекунанд.+
34 Бигзор андешаҳоям ба Худо хуш оянд*.
Яҳува шодмонии ман аст.
35 Гунаҳкорон аз замин нест хоҳанд шуд
Ва бадкорон дигар вуҷуд нахоҳанд дошт.+
Эй ҷонам, Яҳуваро ситоиш намо. Ёҳро* ситоиш намоед.