Закарё
9 Паём:
«Яҳува бар зидди замини Ҳадрох паём фиристодааст
Ва он ба Димишқ дахл дорад,+
Зеро чашмони Яҳува бар одамизод+
Ва бар тамоми қабилаҳои Исроил аст.
2 Ин паём ҳамчунин бар зидди Ҳамот+ аст, ки ҳамсарҳади ӯст,
4 Яҳува молу мулки ӯро кашида мегирад,
Лашкарашро ба баҳр мепартояд*+
Ва оташ ӯро ба коми худ мекашад.+
5 Ашқалӯн инро дида ба ҳарос меафтад,
Ғаззаро тарс фаро мегирад
Ва Эқрӯн ба изтироб меояд, зеро умедаш барбод меравад.
Подшоҳи Ғазза ҳалок мешавад
Ва Ашқалӯн беодам мегардад.+
6 Дар Ашдӯд бегонагон сокин мешаванд
Ва ман ғурури фалиштиёнро мешиканам.+
7 Ман хӯроки хунинро аз даҳони онҳо
Ва чизи ҳаромро аз дандонҳояшон мегирам.
Бақияи онҳо аз они Худои мо мешавад.
9 Аз таҳти дил хурсандӣ кун, эй духтари Сион!
Аз шодӣ нидо кун, эй духтари Ерусалим!
Подшоҳи ту ба наздат меояд.+
Ӯ росткор аст ва наҷот медиҳад*.
10 Ман аробаҳои ҷангиро аз Эфроим
Ва аспҳоро аз Ерусалим нест мекунам,
Камони ҷангиро мешиканам.
Ӯ ба халқҳо сулҳу осоиштагиро эълон мекунад.+
11 Ман зиндониёнатро, эй зан,
Бо хуни аҳди ту аз чоҳи беоб раҳо мекунам.+
12 Эй бандиёни умедвор, ба истеҳком баргардед.+
Имрӯз ба ту чунин мегӯям:
“Ман ба ту ҳиссаи дучанд медиҳам, эй зан.+
13 Ман Яҳудоро ҳамчун камон зеҳ* мекунам
Ва Эфроимро чун тир бар он мегузорам.
Ман писарони туро, эй Сион,
Бар зидди писарони Юнон бармехезонам
Ва туро мисли шамшери ҷанговар мекунам”.
14 Ҳама хоҳанд дид, ки Яҳува бо халқи худ аст,
Тири ӯ барқвор аз камон меҷаҳад.
Парвардигор Яҳува шох менавозад+
Ва бо тундбодҳои ҷануб ба ҷанг мебарояд.
15 Яҳува, Худои лашкарҳо, онҳоро муҳофизат мекунад
Ва онҳо сангҳои фалахмони душманро таги по менамоянд.+
Онҳо менӯшанд ва дилхуш мешаванд, гӯё шароб нӯшида бошанд,
Чун коса, чун кунҷҳои қурбонгоҳ,+ пур мешаванд.
16 Дар он рӯз Худояшон Яҳува онҳоро наҷот медиҳад,
Чуноне ки чӯпон гӯсфандонашро халос мекунад.+
Онҳо чун сангҳои қиматбаҳои тоҷ мешаванд ва дар замини ӯ медурахшанд.+
17 Чӣ бузург аст некуии ӯ+ ва чӣ азим аст шукӯҳи ӯ!
Ғалла ҷавонмардонро ва шароби нав духтаронро пур аз қувват мекунад».+