Забур
Ба сардори ромишгарон. Таронаи Довуд.
65 Худоё, туро дар Сион ҳамду сано мунтазир аст.+
Назрҳоеро*, ки ба ту кардаем, ба ҷо меорем.+
2 Эй Шунавандаи дуоҳо, ҳар гуна инсон сӯйи ту хоҳад омад.+
Мо аз неъматҳои хонаат, аз неъматҳои ибодатгоҳи покат,+ сер мешавем.+
5 Ту бо корҳои ҳайратангез+ ва одилонаат ба дуоямон ҷавоб хоҳӣ дод,
Эй Худои наҷотбахши мо.
Ту умеди одамони гӯшаву канори замин+
Ва мардуми ҷойҳои дурдасти баҳр ҳастӣ.
6 Кӯҳҳоро бо қуввати худ барпо намудаӣ,
Камарбанди тавоноиро ба бар кардаӣ.+
8 Одамони гӯшаву канори замин аломатҳоятро дида ҳайратзада мешаванд,+
Мардум аз шарқ то ғарб аз дидани корҳоят нидои шодӣ мебароранд.
9 Ту ба замин ғамхорӣ мекунӣ,
Онро серҳосилу серғизо мегардонӣ.+
Худоё, ҷӯе, ки аз сӯйи ту меояд, саршори об аст.
Ту заминро тавре сохтаӣ, ки ба одамон ғалла диҳад.+
10 Ҷӯякҳои заминро сероб мегардонӣ, палакҳояшро ҳамвор мекунӣ.
Бо боронҳо онро нарм месозӣ, нашъунамояшро баракат медиҳӣ.+
11 Солро бо некуии худ зебу оро медиҳӣ,
Аз пайраҳаҳои ту баракати фаровон меборад.+
13 Чарогоҳҳо пур аз рамаанд,
Водиҳо ғаллапӯшанд.+
Онҳо нидои шодӣ бароварда, месароянд.+