Корнома
1 Дар номаи аввалам ба ту, эй Теофилус, дар бораи корҳову таълими Исо навишта будам.+ Ман корҳояшро аз аввал 2 то рӯзе, ки ба воситаи рӯҳи муқаддас ба расулони интихобкардааш+ дастурҳо дод ва ба осмон бурда шуд,+ ба ту навиштам. 3 Пас аз он ки Исо азобу уқубат кашид, бо далелҳои боварибахши зиёде нишон дод, ки зинда аст.+ Вай дар давоми 40 рӯз ба шогирдонаш намудор шуда, дар бораи Подшоҳии Худо гап мезад.+ 4 Боре ӯ бо онҳо вохӯрда, чунин амр дод: «Ерусалимро тарк накунед,+ балки иҷро шудани ваъдаи Падарро, ки аз ман шунидаед, интизор шавед.+ 5 Яҳё бо об таъмид медод*, вале шумо якчанд рӯз пас бо рӯҳи муқаддас таъмид меёбед».+
6 Вақте ки шогирдон ҷамъ шуданд, аз ӯ пурсиданд: «Ҳазрат, оё подшоҳиро дар Исроил дар ҳамин вақт барқарор мекунӣ?»+ 7 Вай ба онҳо гуфт: «Ба шумо зарур нест, ки замонҳо ва муҳлатҳоро бидонед, зеро муқаррар кардани онҳо танҳо дар ихтиёри* Падар аст.+ 8 Аммо, вақте ки рӯҳи муқаддас бар шумо фарояд, қувват меёбед+ ва дар Ерусалим,+ дар саросари Яҳудияву Сомария+ ва то гӯшаю канори замин+ дар бораи ман шаҳодат медиҳед».+ 9 Баъд аз гуфтани ин суханон, вақте шогирдон ҳанӯз ба Исо нигоҳ мекарданд, ӯ боло бурда шуд ва абре ӯро аз назарашон пинҳон кард.+ 10 Ҳангоме ки онҳо нигоҳ карда меистоданд, ки чӣ тавр Исо ба осмон бурда мешавад, ногаҳон дар наздашон ду марди сафедпӯше пайдо шуда,+ 11 гуфтанд: «Эй мардони ҷалилӣ, чаро ба осмон нигоҳ карда истодаед? Ҳамин Исо, ки аз пеши шумо боло бурда шуд, чи тавре ки ба осмон рафтанашро дидед, ҳамон тавр меояд».
12 Баъд онҳо аз кӯҳи Зайтун ба Ерусалим баргаштанд.+ Ин кӯҳ аз Ерусалим қариб як километр* дуртар буд. 13 Вақте онҳо ба шаҳр расиданд, ба болохонае, ки дар он меистоданд, баромаданд. Дар он ҷо Петрус, ҳамчунин Юҳанно, Яъқуб ва Андриёс, Филиппус ва Тумо, Барталмо ва Матто, Яъқуби писари Ҳалфой, Шимъӯне, ки «боғайрат» номида мешуд, ва Яҳудои писари Яъқуб буданд.+ 14 Ҳамаи онҳо якҷоя бо бародарони Исо,+ модараш Марям ва баъзе занони+ дигар якдилона дуо мегуфтанд.
15 Дар он рӯзҳо Петрус бархоста, ба шогирдон, ки шумораашон ба 120 мерасид, гуфт: 16 «Эй бародарон, он чӣ рӯҳи муқаддас ба воситаи Довуд дар Навиштаҳо дар бораи Яҳудо пешгӯйӣ карда буд,+ бояд иҷро мешуд. Яҳудо, ки роҳнамои касоне шуд, ки Исоро дастгир карданд,+ 17 яке аз мо буду дар хизмати мо шарик буд.+ 18 (Ин одам бо музди бадкорияш замине харид+ ва, вақте саракӣ афтод, шикамаш кафид ва рӯдаҳояш берун шуданд.+ 19 Хабари ин ба гӯши ҳамаи сокинони Ерусалим расид ва он замин ба забони онҳо “Ҳақалдамо”, яъне “Саҳрои хун”, ном гирифт). 20 Дар китоби Забур чунин навишта шудааст: “Илоҳӣ манзили вай беодаму бекас шавад”,+ ҳамчунин: “Бигзор вазифаи нозирияш насиби дигар кас гардад”.+ 21 Бинобар ин лозим аст, ки ҷойи ӯро каси дигаре бигирад. Ӯ бояд аз миёни онҳое бошад, ки пайваста ҳамроҳи мо бо Ҳазратамон Исо буд, 22 яъне аз вақти таъмид гирифтани Исо аз Яҳё+ то рӯзе, ки ӯ аз пеши мо боло бурда шуд.+ Ин шахс бояд аз ҷумлаи шоҳидони зиндашавии Исо бошад».+
23 Он гоҳ онҳо ду нафар: Юсуфро, ки Барсаббо ва Юстус номида мешуд, ва Матёсро пешниҳод карданд. 24 Сипас чунин дуо гуфтанд: «Эй Яҳува, ту Донандаи дилҳоӣ!+ Ба мо нишон деҳ, ки кадоме аз ин ду нафарро хуш кардаӣ, 25 то ӯ расул гашта, хизматеро, ки Яҳудо аз он рӯ гардонду бо роҳи худ рафт, ба ҷо орад».+ 26 Пас аз ин онҳо қуръа партофтанд+ ва он ба Матёс афтод ва ӯро ба қатори 11 расули дигар ҳамроҳ карданд.