БОБИ 2
«Дар бораи ман шаҳодат медиҳед»
Исо расулонро тайёр мекунад, ки расондани хушхабарро роҳбарӣ кунанд
Бар Корнома 1:1–26 асос ёфтааст
1–3. Вохӯрии охирони Исо бо расулонаш чӣ хел гузашт? Мо аз боби якуми Корнома ба кадом саволҳо ҷавоб меёбем?
ЯКЧАНД ҳафта аст ки, расулон бениҳоят хурсанданд. Онҳо Ҳазраташон Исоро аз нав зинда дида ғамашон ба хурсандии беҳадду канор табдил ёфт ва онҳо намехостанд, ки ин лаҳзаҳо ба охир расанд. Аллакай 40 рӯз мешавад, ки Исо ба шогирдонаш такрор ба такрор намудор шуда, онҳоро таълим медиҳаду рӯҳбаланд мекунад. Вале имрӯз ӯ бо онҳо бори охир вомехӯрад.
2 Расулон ҳамроҳи устодашон дар кӯҳи Зайтун истодаанд. Онҳо гӯшу ҳуш шуда ба ҳар як сухани Исо диққат медиҳанд. Расулон мехоҳанд, ки ба суханони устодашон беохир гӯш диҳанд. Лекин чанде пас Исо аз сухан гуфтан бозмеистад ва дастонашро боло бардошта, шогирдонашро дуои нек мекунад. Сипас пойҳои ӯ аз замин канда мешаванду Исо сӯйи осмон мебарояд. Оқибат ӯ дар паси абрҳо аз назари онҳо пинҳон мегардад. Расулон бошанд, чашм наканда сӯйи осмон менигаранд (Луқ. 24:50; Кор. 1:9, 10).
3 Ин воқеа ҳаёти расулони ҳазрати Исоро пурра дигар кард. Устодашон Исои Масеҳ ба осмон рафт. Акнун онҳо чӣ кор мекунанд? Мо медонем, ки Исои Масеҳ онҳоро барои давом додани коре, ки ӯ оғоз бахшид, тайёр кард. Ӯ чӣ тавр онҳоро ба ин супориш омода сохт? Оё расулонаш аз пайи иҷрои ин супориш шуданд? Чӣ тавр воқеае, ки дар кӯҳи Зайтун рӯй дод, имрӯз ба ҳаёти масеҳиён таъсир мекунад? Ҷавоби ин саволҳоро мо аз боби аввали китоби Корнома мефаҳмем.
«Далелҳои боварибахши зиёд» (Корнома 1:1–5)
4. Луқо дар сарсухани китоби Корнома чӣ мегӯяд?
4 Дар сарсухани Корнома Луқо ба Теофилус ном марде муроҷиат мекунад. Ӯ ҳамон шахсест, ки пештар Луқо ба ӯ Хушхабарро навишта будa. Аз аввали китоби Корнома Луқо нишон медиҳад, ки ин давоми номаи аввалааш аст. Ӯ воқеаҳои охири Хушхабарро ба таври кӯтоҳ ва бо иловаи баъзе тафсилот бозгӯйӣ мекунад.
5, 6. а) Чӣ ба пайравони Исо кумак кард, ки имонашонро қавӣ нигоҳ доранд? б) Чаро гуфтан мумкин аст, ки имрӯз низ имони масеҳиён бар «далелҳои боварибахши зиёде» асос ёфтааст?
5 Чӣ тавр Исо имони пайравонашро мустаҳкам кард? Дар Корнома 1:3 навишта шудааст: «Исо... бо далелҳои боварибахши зиёде нишон дод, ки зинда аст». Дар Китоби Муқаддас ибораи «далелҳои боварибахш»-ро танҳо Луқо, «табиби азиз», истифода бурдааст (Қӯл. 4:14). Ин ибора хоси матнҳои тиббӣ буд ва ба раднопазир будани чизе ишора мекард. Исо пас аз зинда шуданаш ба шогирдонаш чунин далели раднопазир оварда буд. Ӯ ба пайравонаш борҳои зиёд, баъзан ба як ё ду нафари онҳо, баъзан ба ҳамаи расулон, намудор шуд. Боре бошад, ӯ ҳатто ба зиёда аз 500 шогирдаш аён гашт (1 Қӯр. 15:3–6). Ин далелу исбот, дар ҳақиқат, боварибахшанд!
6 Имрӯз низ имони масеҳиёни ҳақиқӣ бар «далелҳои боварибахши зиёде» асос меёбад. Оё далеле ҳаст, ки Исо дар рӯйи замин зиста буд, барои гуноҳҳои мо мурд ва аз нав зинда гашт? Ҳа, албатта, зеро дар Каломи Худо нақли касоне навишта шудааст, ки шоҳиди ин воқеаҳо буданд. Ин навиштаҳо ҳар гуна шакку шубҳаро аз дили мо рӯфта мепартоянд. Агар мо ин нақлҳоро омӯзем ва дуо гӯем, ки донишамонро ба кор барем, имони мо бағоят қавӣ мегардад. Имони ҳақиқӣ аз зудбоварӣ фарқ мекунад, чунки бар пояҳои мустаҳкам — бар далелҳои қатъӣ, асос меёбад. Бе чунин имон ба даст овардани ҳаёти ҷовидонӣ имконнопазир аст (Юҳ. 3:16).
7. Исо ба пайравонаш дар таълим додан ва паҳн кардани хушхабар чӣ намуна гузошт?
7 Дар Корнома 1:3 гуфта шудааст, ки Исо инчунин «дар бораи Подшоҳии Худо гап мезад». Масалан, ӯ мефаҳмонд, ки мувофиқи пешгӯйиҳо Масеҳ бояд азоб кашаду бимирад (Луқ. 24:13–32, 46, 47). Исо дар бораи нақши Масеҳ, ки дар оянда шоҳи Подшоҳии Худо мешуд, гап зада диққатро ба ин Подшоҳӣ равона мекард. Мавзуи Подшоҳӣ вирди забони Исо буд. Имрӯз низ пайравони ӯ пеш аз ҳама ба одамон хабари Подшоҳии Худоро мерасонанд (Мат. 24:14; Луқ. 4:43).
«То гӯшаю канори замин» (Корнома 1:6–12)
8, 9. а) Кадом ду фикри хато дар сари расулони Исо чарх мезад? б) Чӣ тавр Исо гумони хатои расулонашро ислоҳ кард ва масеҳиёни имрӯза аз ин чӣ дарс мегиранд?
8 Вақте расулон дар кӯҳи Зайтун ҷамъ шуда бори охир бо Исо вохӯрданд, ба вай саволе доданд, ки ҳеҷ оромашон намегузошт: «Ҳазрат, оё подшоҳиро дар Исроил дар ҳамин вақт барқарор мекунӣ?» (Кор. 1:6). Ин савол ду ақидаи нодурусти расулонро ошкор кард. Якум, онҳо гумон мекарданд, ки Подшоҳии Худо дар Исроили онвақта барқарор мегардад. Дуюм, онҳо интизор буданд, ки Подшоҳии ваъдагӣ дар худи ҳамон вақт ҳукмрониро сар мекунад. Чӣ тавр Исо фикри онҳоро ислоҳ кард?
9 Аз афташ, Исо медонист, ки фикри хатои якуми расулон ба қарибӣ дигар мешавад ва чунин ҳам шуд. Аллакай пас аз даҳ рӯз пайравони ӯ шоҳиди тавлиди халқи нав — Исроили рӯҳонӣ, гаштанд. Ҳамин тавр риштаи робитаи деринаи Худо бо Исроили заминӣ канда шуд. Дар бобати ақидаи нодурусти дуюмашон бошад, Исо бо меҳрубонӣ гуфт: «Ба шумо зарур нест, ки замонҳо ва муҳлатҳоро бидонед, зеро муқаррар кардани онҳо танҳо дар ихтиёри Падар аст» (Кор. 1:7). Танҳо Яҳува Хӯҷаини вақту замон аст. Пеш аз маргаш Исо гуфта буд, ки «он рӯз ва соатро», ки ин дунёи бад анҷом меёбад, «ғайр аз Падар ҳеҷ кас», ҳатто ӯ низ, намедонад (Мат. 24:36). Имрӯз низ масеҳиён набояд аз ҳад зиёд ташвиш кашанд, ки анҷом кай меояд. Донистани ин барояшон зарур нест.
10. Мо ба расулон пайравӣ карда кадом рӯҳияро бояд инкишоф диҳем ва чаро ин корро бояд кунем?
10 Бале, расулон баъзе чизҳоро намефаҳмиданд, вале мо набояд онҳоро бо чашми кам бинем. Ин мардон имони бузург доштанду хоксор буданд: онҳо ислоҳи Исоро фурӯтанона, аз таҳти дил қабул карданд. Ҳарчанд саволи расулон фикрронии хатояшонро ошкор кард, рӯҳияи хубашонро низ нишон дод. Исо гаштаву баргашта ба пайравонаш мегуфт: «Бедор бошед» (Мат. 24:42; 25:13; 26:41). Ин расулон ба маслиҳати Исо гӯш дода рӯҳан бедор буданд ва мехостанд фаҳманд, ки Яҳува амал карданро кай сар мекунад. Мо низ бояд чунин рӯҳияро парварем, чунки дар охири «рӯзҳои охир» зиндагӣ карда истодаем (2 Тим. 3:1–5).
11, 12. а) Исо ба пайравонаш чӣ супориш дод? б) Чаро бамаврид буд, ки Исо пеш аз супориш додан дар бораи рӯҳи муқаддас гап зад?
11 Исо ба расулонаш ёдрас кард, ки онҳо қуввату диққаташонро бояд пеш аз ҳама сарфи чӣ кунанд. Ӯ гуфт: «Вақте ки рӯҳи муқаддас бар шумо фарояд, қувват меёбед ва дар Ерусалим, дар саросари Яҳудияву Сомария ва то гӯшаю канори замин дар бораи ман шаҳодат медиҳед» (Кор. 1:8). Хабари зинда шудани Исо бояд аввал дар Ерусалим, ба мардуме, ки ӯро ба марг супурданд, расонда мешуд. Сипас ин хабар бояд дар тамоми Яҳудия, баъд дар Сомария ва дертар дар ҷойҳои дуртар паҳн мегардид.
12 Хеле бамаврид аст, ки Исо, пеш аз он ки ба расулонаш супориши расондани хушхабарро ёдрас кунад, бори дигар онҳоро ба кумаки рӯҳи муқаддас дилпур кард. Ибораи «рӯҳи муқаддас» дар китоби Корнома боз беш аз 40 бор зикр шудааст. Ин китоб такрор ба такрор ба мо нишон медиҳад, ки бе ёрии рӯҳи Худо хости ӯро ба ҷо оварда наметавонем. Аз ин рӯ хеле муҳим аст, ки ҳама вақт аз Худо рӯҳи муқаддас пурсем (Луқ. 11:13). Мо ба ин кумак аз ҳарвақта бештар муҳтоҷем.
13. Халқи Худо дар замони мо хушхабарро дар кадом миқёс паҳн мекунад ва чаро мо бояд ин корро аз дилу ҷон ба ҷо орем?
13 Дар рӯзҳои мо суханони «то гӯшаю канори замин» назар ба рӯзҳои расулон масоҳати калонтарро дар бар мегирад. Шоҳидони Яҳува медонанд, ки Худо мехоҳад ҳама гуна одамон хушхабарро шунаванд. Аз ин рӯ, чуноне ки аз боби гузашта фаҳмидем, Шоҳидони Яҳува бо камоли майл онро ба дигарон мерасонанд (1 Тим. 2:3, 4). Оё шумо дар ин кори наҷотбахш бо тамоми қувват иштирок мекунед? Шумо чунин кори қаноатбахшу хурсандиоварро дигар дар ҳеҷ ҷо намеёбед. Дилпур бошед, ки Яҳува, ҳар қадаре лозим аст, барои иҷрои ин кор ба шумо қувват медиҳад. Аз китоби Корнома шумо мефаҳмед, ки барои хизмати самаранок кадом тарзҳоро истифода баред ва чӣ гуна рӯҳияро инкишоф диҳед.
14, 15. а) Фариштаҳо дар бораи бозгашти Масеҳ чӣ гуфтанд ва онҳо чиро дар назар доштанд? (Ҳамчунин ба поварақ нигаред.) б) Чӣ тавр Масеҳ, «ҳамон тавр»-е ки рафта буд, баргашт?
14 Чи хеле ки дар аввали ин боб гуфта шуд, Исо аз замин сӯйи осмон баромада, нопадид гашт. Ҳарчанд Исо аз назар ғоиб шуд, ёздаҳ расули ӯ ба осмон нигоҳ карда меистоданд. Ниҳоят ду фаришта намудор гашта, онҳоро бо мулоимӣ ислоҳ карданд: «Эй мардони ҷалилӣ, чаро ба осмон нигоҳ карда истодаед? Ҳамин Исо, ки аз пеши шумо боло бурда шуд, чи тавре ки ба осмон рафтанашро дидед, ҳамон тавр меояд» (Кор. 1:11). Оё фариштагон гуфтанӣ буданд, ки Исо бо ҳамон тане, ки ба осмон рафт, бармегардад? Баъзе диндорон чунин таълим медиҳанд, аммо фариштагон инро дар назар надоштанд. Мо инро аз куҷо медонем?
15 Фариштагон нагуфтанд, ки Исо бо ҳамон бадане, ки дошт, бармегардад, балки гуфтанд, ки, «ҳамон тавр»-е киb ба осмон рафт, бозмеояд. Ӯ чӣ тавр ба осмон рафт? Бисёр одамон аз рафтани ӯ бехабар буданд, танҳо расулони Исо медонистанд, ки ӯ заминро тарк карда, назди Падараш ба осмон рафт. Бозгашти Масеҳ низ ҳамин тавр ба амал омад. Имрӯз танҳо касоне, ки чашми имонашон тира нагаштааст, мефаҳманд, ки Исо бар тахти шоҳӣ нишаста ҳукмронӣ мекунад (Луқ. 17:20). Мо бояд нишонаи ҳузури ӯро пай барем ва дар ин бора ба дигарон гап занем, то онҳо низ дар кадом замона зистанашонро дарк кунанд.
«Нишон деҳ, ки кадоме аз ин ду нафарро хуш кардаӣ» (Корнома 1:13–26)
16–18. а) Аз Корнома 1:13, 14 мо дар бораи вохӯрии масеҳиён чӣ мефаҳмем? б) Мо аз намунаи Марями модари Исо чӣ меомӯзем? в) Чаро имрӯз низ бароямон ҷамъ омадан муҳим аст?
16 Пас аз ба осмон рафтани Исо расулон «бо шодиву хурсандии бепоён ба Ерусалим баргаштанд» (Луқ. 24:52). Оё онҳо ба роҳнамоӣ ва дастури Масеҳ гӯш доданд? Аз боби якуми Корнома, оятҳои 13 ва 14, мо мефаҳмем, ки онҳо дар «болохонае» ҷамъ омаданд. Биёед дар бораи ин гуна ҷамъомадҳои онҳо баъзе чизҳои ҷолибро фаҳмем. Хонаҳо дар Фаластини онвақта аксар вақт болохонае доштанд, ки ба он ҷо бо зинапояи беруна даромадан мумкин буд. Шояд, «болохонае», ки шогирдони Исо он ҷо ҷамъ омаданд, дар хонаи модари Марқус буд, ки дар борааш дар Корнома 12:12 гуфта шудааст. Чи хеле набошад, аз афташ, он болохона ҷойи одӣ ва барои вохӯриҳои пайравони Масеҳ бароҳат буд. Кӣ дар он ҷо ҷамъ омад ва он вохӯрӣ чӣ хел гузашт?
17 Дар он вохӯрӣ на фақат расулон ва дигар мардон ҷамъ омаданд, балки «баъзе занон» низ, аз ҷумла Марями модари Исо. Дар Китоби Муқаддас Марям бори охир дар Корнома 1:14 ёдовар шудааст. Метавон гуфт, ки ӯ дар он вохӯрӣ мартабаҷӯйӣ намекард, балки итоаткорона ҳамроҳи дигарон Яҳуваро парастиш мекард. Марям чӣ қадар хурсанд буд, ки чор писари дигари ӯ акнун ҳамроҳаш буданд, зеро пас аз зинда шудани бародарашон ба ӯ имон оварданд (Мат. 13:55; Юҳ. 7:5; 1 Қӯр. 15:7).
18 Аҳамият диҳед, ки чаро он шогирдон ҷамъ омада буданд: «Ҳамаи онҳо... якдилона дуо мегуфтанд» (Кор. 1:14). Ҷамъ омадан барои масеҳиён ҳама вақт муҳим буд. Мо ҷамъ омада, якдигарро рӯҳбаланд мекунем, дастуру маслиҳат мегирем ва, аз ҳама муҳимаш, Падари осмониамон Яҳуваро якдилона мепарастем. Дуоҳо ва сурудҳое, ки дар васфи ӯ дар чунин вохӯриҳо месароем, ба Яҳува хуш меоянд, ба мо бошад, қувват мебахшанд. Биёед ин гуна вохӯриҳои муқаддас ва ободкунандаро ҳаргиз тарк накунем (Ибр. 10:24, 25).
19–21. а) Мо аз он ки Петрус дар ҷамоат роҳбариро ба уҳда гирифт, чӣ меомӯзем? б) Чаро ҷойи Яҳудоро дигар кас гирифт ва мо аз тарзи ҳалли ин масъала чӣ дарс мегирем?
19 Ба пайравони Масеҳ дар асри як лозим омад, ки масъалаи муҳимеро дар ҷамоат ҳал кунанд. Ин корро Петруси расул роҳбарӣ мекард (оятҳои 15–26). Ҳарчанд Петрус аз Ҳазраташ се бор рӯ гардонда буд, ӯ ислоҳ шуд ва якчанд ҳафта пас дар ҷамоат сарвариро ба уҳда гирифт (Марқ. 14:72). Ин воқеа моро тасаллӣ мебахшад, зеро ба мо, одамони гунаҳкор, ёдрас мекунад, ки Яҳува ба касоне, ки аз таҳти дил тавба мекунанд, «неку ва бахшанда» аст (Заб. 86:5).
20 Петрус дарк мекард, ки ҷойи Яҳудо, расули хиёнаткорро, бояд каси дигар гирад. Ӯ гуфт, ки расули нав бояд аз миёни касоне бошад, ки Исоро ҳангоми дар замин хизмат карданаш пайравӣ менамуданд ва шоҳиди зиндашавияш гашта буданд (Кор. 1:21, 22). Ин қарор бо ваъдае, ки Исо ба расулонаш дода буд, мувофиқат мекард: «Шумо, ки маро пайравӣ намудаед, бар 12 тахт нишаста, 12 қабилаи Исроилро доварӣ мекунед» (Мат. 19:28). Маълум мешавад, ки Яҳува ният дошт, 12 расули Исоро, ки ҳангоми дар замин буданаш ӯро ҳамроҳӣ мекарданд, «12 санги» таҳкурсии Ерусалими нав гардонад (Ошкор. 21:2, 14). Аз ин рӯ Худо ба Петрус фаҳм дод, ки пешгӯйии «вазифаи нозирияш насиби дигар кас гардад» ба Яҳудо дахл дорад (Заб. 109:8).
21 Расули навро чӣ тавр интихоб карданд? Бо қуръапартоӣ. Ин гуна ҳал намудани масъалаҳо дар Исроили қадим чизи нав набуд (Пнм. 16:33). Вале баъд аз интихоби расули нав дар Китоби Муқаддас дар бораи қуръапартоӣ чизе гуфта нашудааст. Тахмин кардан мантиқист, ки пас аз рехта шудани рӯҳи муқаддас дигар ба ин ҳоҷат набуд. Расулон мақсади қуръа партофтанашонро чунин баён карданд: «Эй Яҳува, ту Донандаи дилҳоӣ! Ба мо нишон деҳ, ки кадоме аз ин ду нафарро хуш кардаӣ» (Кор. 1:23, 24). Онҳо мехостанд, ки интихобро Яҳува кунад ва интихоб ба Матёс афтод. Ӯ, эҳтимол, яке аз ҳафтод шогирде буд, ки Исо ба мавъиза фиристода буд. Ҳамин тавр Матёс яке аз «12 расул»c гашт (Кор. 6:2).
22, 23. Чаро мо бояд ба онҳое, ки дар ҷамоат сарвариро ба уҳда мегиранд, фармонбардору итоаткор бошем?
22 Ин воқеа таъкид мекунад, ки тартибу низом дар байни халқи Худо муҳим аст. Имрӯз низ дар ҷамоат мардони масъулиятшинос интихоб мегарданд, то роҳбариро ба уҳда гиранд. Пирон талаботро барои ин гуна мардон аз Каломи Худо бодиққат омӯхта, ба Яҳува дуо мегӯянд, ки бо рӯҳи муқаддасаш таъйин кардани ин бародаронро роҳнамоӣ кунад. Аз ин рӯ аҳли ҷамоат ҳам ба ин касони интихобшуда чун ба шахсоне менигарад, ки бо рӯҳи муқаддас таъйин шудаанд. Агар мо ба сарварии онҳо итоаткору фармонбардор бошем, фазои ягонагиву ҳамкориро дар ҷамоат нигоҳ медорем (Ибр. 13:17).
23 Имони шогирдони асри як пас аз дидани Исои зиндашуда ва беҳбудиҳо дар ҷамоат қавӣ гашт. Ҳамин тавр онҳо ба воқеае, ки дар оянда рӯй дод, тайёр гаштанд. Дар боби навбатӣ мо мефаҳмем, ки ин кадом воқеаи муҳим буд.
a Гумон меравад, ки Теофилус марди соҳибмартабае буд. Луқо дар аввали Хушхабари навиштааш ба ин мард «Теофилуси муҳтарам» гуфта муроҷиат мекунад. Аз афташ, он вақт Теофилус имондор набуд (Луқ. 1:3). Вале дар китоби Корнома Луқо ба ӯ танҳо «Теофилус» гуфта муроҷиат мекунад. Баъзе муҳаққиқон ақида доранд, ки Теофилус пас аз хондани Хушхабари Луқо имон оварда пайрави Масеҳ гашт. Аз ин рӯ Луқо ба ӯ чун ба бародараш муроҷиат мекунад.
b Дар ин ҷойи Китоби Муқаддас калимаи юнонии тро́пос истифода шудааст, ки маънои «тарзи иҷро кардани амал»-ро дорад, на калимаи морфе, ки маънояш «шаклу шамоил» аст.
c Баъдтар Павлус «расули халқҳои дигар» таъйин шуд, лекин ҳеҷ гоҳ дар қатори 12 расул набуд (Рум. 11:13; 1 Қӯр. 15:4–8). Ӯ ба ин шараф ноил нагашт, зеро ҳангоми дар рӯйи замин хизмат кардани Исо пайраваш набуд.