Румиён
8 Барои ҳамин онҳое, ки бо Исои Масеҳ ягонагӣ доранд, аз маҳкумият озоданд. 2 Қонуни ҳаётбахши рӯҳ, туро, эй пайрави Исои Масеҳ, аз қонуни гуноҳу марг озод кардааст.+ 3 Он чизеро, ки Шариат ба сабаби нокомилии+ инсонӣ ба ҷо оварда натавонист,+ Худо ба ҷо овард. Ӯ, ки барои бартараф кардани гуноҳ Писарашро ба сурати ҷисми гунаҳкор+ ба замин фиристод,+ гуноҳро дар ҷисм маҳкум кард, 4 то мо, ки мувофиқи ҷисм* неву мувофиқи рӯҳ рафтор мекунем,+ амрҳои одилонаи Шариатро иҷро намоем.+ 5 Онҳое, ки мувофиқи ҷисм* зиндагӣ мекунанд, ҳамеша дар фикри чизҳои ҷисмониянд*,+ вале онҳое, ки мувофиқи рӯҳ зиндагӣ мекунанд, дар фикри чизҳои рӯҳонӣ.+ 6 Оқибати фикрҳои ҷисмонӣ* марг аст,+ оқибати фикрҳои рӯҳонӣ* бошад, ҳаёт ва сулҳу осоиштагӣ.+ 7 Фикрҳои ҷисмонӣ* душманӣ бо Худост,+ чунки ҷисм* ба шариати Худо тобеъ нест ва тобеъ буда ҳам наметавонад. 8 Аз ин рӯ онҳое, ки мувофиқи ҷисм* зиндагӣ мекунанд, ба Худо писанд омада наметавонанд.
9 Лекин, агар рӯҳи Худо, ҳақиқатан, дар шумо сокин бошад, шумо на мувофиқи ҷисм*, балки мувофиқи рӯҳ+ зиндагӣ мекунед. Вале касе рӯҳи Масеҳро надошта бошад, аз они ӯ нест. 10 Агар шумо бо Масеҳ якдил бошед,+ бо вуҷуди он ки ҷисматон аз сабаби гуноҳ мурда аст, рӯҳ ба шумо ҳаёт мебахшад, чунки Худо шуморо росткор донистааст. 11 Агар рӯҳи Худо, ки Исоро аз мурдагон бархезонид, дар шумо сокин бошад, пас, Худо, ки Исои Масеҳро аз мурдагон бархезонид,+ ҷисми мирандаи шуморо низ бо рӯҳаш зинда мегардонад.+
12 Ҳамин тавр, эй бародарон, мо набояд ба ҷисми гунаҳкор+ итоат кунем*, 13 зеро, агар шумо мувофиқи ҷисм зиндагӣ кунед, ҳатман мемиред, аммо, агар корҳои ҷисмро бо рӯҳ бикушед,+ зинда мемонед.+ 14 Ҳамаи онҳое, ки мувофиқи рӯҳи Худо рафтор мекунанд, дар ҳақиқат, писарони Худо мебошанд.+ 15 Шумо рӯҳи ғуломиро нагирифтаед, то боз ҳаросон шавед, балки рӯҳи писархондиро, ки ба воситааш чунин нидо мекунем: «Аббо*, Падар!»+ 16 Худи ин рӯҳ якҷоя бо рӯҳи мо шаҳодат медиҳад,+ ки мо фарзандони Худоем.+ 17 Агар фарзандони Худо бошем, ворисон низ ҳастем — ворисони Худо ва ҳаммеросони+ Масеҳ, ба шарте ки бо ӯ азобу уқубат кашем,+ то бо ӯ ҷалол ҳам ёбем.+
18 Ман фикр мекунам, ки азобу уқубатҳои ҳозираамон дар пеши ҷалоле, ки ба воситаи мо маълум мешавад,+ ҳеҷ аст. 19 Офаридаҳо низ бесаброна интизори ошкоршавии писарони Худоянд.+ 20 Охир, офаридаҳо намехостанд тобеи ҳаёти беҳудаву холӣ+ аз умед бошанд, вале Худо инро роҳ дод. Аммо Худо бо ҳукми худ ба мо умед бахшид. 21 Ӯ медонист, ки офаридаҳо низ аз ғуломии фано* озод мешаванд+ ва чун фарзандони Худо озодии пурҷалолро соҳиб мегарданд. 22 Мо медонем, ки тамоми офаридаҳо то имрӯз оҳу нола мекунанд ва азоб мекашанд. 23 Худи мо низ, ки ҳиссаи аввалини мероси худ*, яъне рӯҳро, соҳиб шудаем, дарунакӣ оҳу нола мекунем+ ва бесаброна интизори онем, ки Худо моро ба воситаи товон* аз ҷисмамон озод карда, ба писархондӣ қабул намояд.+ 24 Мо ин умедро дар хотир дошта, наҷот ёфтаем; лекин умед ба он чӣ аллакай амалӣ гаштааст, умед нест. Охир, вақте шахс амалӣ гаштани чизеро бинад, наход боз ба он умед бандад? 25 Лекин, агар ба он чӣ ҳоло амалӣ нагаштааст,+ умед бандем,+ минбаъд низ истодагарӣ карда, бесаброна онро интизор мешавем.+
26 Инчунин рӯҳ низ ба мо дар сустиҳоямон ёрӣ дода метавонад.+ Баъзан, вақте ки ба дуогӯйӣ эҳтиёҷ дорем, чӣ гуфтанамонро намедонем. Дар чунин мавридҳо мо дарди дили худро баён карда натавонем ҳам, худи рӯҳ ба ҷойи мо зориву илтиҷо мекунад. 27 Лекин Санҷандаи дилҳо+ медонад, ки рӯҳ чӣ гуфтанӣ аст, зеро он барои покон мувофиқи хости Худо зориву илтиҷо мекунад.
28 Мо медонем, ки Худо тамоми корҳояшро тавре ба анҷом мерасонад, ки ба фоидаи дӯстдорони ӯ бошад, ба фоидаи касоне, ки мувофиқи нияташ даъват шудаанд.+ 29 Ӯ аввал ба онҳо назар карду пешакӣ қарор дод, ки онҳо монанди Писараш мешаванд,+ ва ӯ дар миёни бародарони зиёдаш+ нахустзода мешавад.+ 30 Сипас ӯ касонеро, ки пешакӣ интихоб кард,+ даъват намуд+ ва онҳоеро, ки даъват намуд, росткор шумурд.+ Ниҳоят онҳоеро, ки росткор шумурд, ҷалол дод.+
31 Пас, дар ин бора чӣ гӯем? Агар Худо бо мо бошад, кӣ зидди мост?+ 32 Агар ӯ ҳатто Писари худро дареғ надошта, барои ҳамаи мо ба марг супурда бошад,+ магар ҳамроҳи ӯ ба мо ҳамаи чизҳои дигарро низ ато намекунад? 33 Кӣ интихобшудагони Худоро айбдор карда метавонад?+ Ҳеҷ кас, зеро худи Худо онҳоро росткор меҳисобад.+ 34 Кӣ онҳоро маҳкум карда метавонад? Ҳеҷ кас, зеро Исои Масеҳ барои онҳо мурд ва аз мурдагон зинда шуд, ӯ шахсест, ки аз дасти рости Худо нишастааст+ ва дар ҳаққи мо зориву илтиҷо мекунад*.+
35 Кӣ моро аз муҳаббати Масеҳ ҷудо карда метавонад?+ Оё азоб ё ғам ё озор ё гушнагӣ ё бараҳнагӣ ё хатар ё шамшер?+ 36 Чи тавре ки навишта шудааст: «Ба хотири ту моро рӯзи дароз қатл мекунанд, мо гӯсфандон барои сарбурӣ ба шумор меравем».+ 37 Вале ба воситаи оне, ки моро дӯст доштааст, мо бар ҳамаи ин дастболо мешавем.+ 38 Ман боварии комил дорам, ки на марг, на ҳаёт, на фариштагон, на ҳокимиятҳо, на ҳозира, на оянда, на қувваҳо,+ 39 на баландӣ, на чуқурӣ, на ягон офаридаи дигар моро аз муҳаббати Худо, ки ӯ ба воситаи Ҳазратамон Исои Масеҳ нишон додааст, ҷудо карда наметавонад.