Забур
Ба сардори ромишгарон. Бар сози «Оҳуи субҳ»*. Таронаи Довуд.
22 Худои ман, Худои ман, чаро маро тарк кардӣ?+
Чаро ба наҷотам намешитобӣ
Ва ба фиғонам намерасӣ?+
2 Худоям, рӯзона сӯйи ту мехонам, аммо ҷавоб намедиҳӣ,+
Шабона низ хомӯш нестам.
3 Вале ту поку муқаддасӣ,+
Ту дар миёни Исроил сокинӣ ва онҳо туро васфу ситоиш мекунанд.
5 Онҳо сӯйи ту фиғон мебардоштанд ва наҷот меёфтанд,
6 Аммо ман одам ҳам нестам, балки як кирмам,
Хору зори олам ва нафратзадаи мардумам.+
7 Ҳар кӣ маро бинад, масхара мекунад,+
Даҳон кушода писханд мезананд ва бо нафрат сар меҷунбонанд.+ Онҳо мегӯянд:
8 «Ӯ ба Яҳува умед бастааст. Бигзор халосаш кунад!
Агар барояш азиз бошад, канӣ ӯро наҷот диҳад!»+
9 Ту маро аз шиками модар берун овардаӣ,+
Вақте маро пистон медоданд, ту маро эмин медоштӣ.
10 Аз рӯзи таваллуд ба дасти ту супурда шудам,
Аз шиками модар ту Худои ман будӣ.
13 Онҳо сӯйи ман дандонҳояшонро гиз мекунанд,+
Мисли шери ғурроне, ки тайёр аст туъмаашро пора созад.+
14 Мисли об пош хӯрдаам,
Ҳама устухонҳоям беҷо шудааст.
Ту маро бар хоки марг яксон месозӣ.+
16 Сагон маро иҳота кардаанд,+
Ба ман мисли тӯдаи бадкирдорон наздик шудаанд,+
Мисли шере аз дасту поям мегазанд.+
17 Ҳамаи устухонҳоямро мешуморам,+
Онҳо бошанд, тамошо карда меистанд.
20 Ҷонамро аз шамшер халос кун,
Ҷони ширинамро аз чанголи сагон раҳо соз.+
21 Маро аз даҳони шер ва шохҳои говони ёбоӣ наҷот деҳ.+
Ба дуоям ҷавоб деҳ ва маро халос кун.
23 Эй тарсгорони Яҳува, ӯро ҳамду сано гӯед!
Эй насли Яъқуб, ӯро ҷалол диҳед!+
Эй насли Исроил, аз ӯ тарсон бошед!
Вақте вай сӯяш фиғон кард, Худо ба додаш расид.+
26 Нармдилон* хӯрда, сер мешаванд.+
Ҷӯяндагони Яҳува ӯро васфу ситоиш мекунанд.+
То абад зинда бошед*!
27 Одамони ҳама гӯшаву канори замин Яҳуваро ба ёд оварда, сӯйи ӯ хоҳанд баргашт,
Ҳама қабилаҳои халқҳо пеши ту сари таъзим хам хоҳанд кард.+
28 Подшоҳӣ аз они Яҳува аст,+
Ӯ бар халқҳо ҳукмфармост.
29 Ҳама сарватмандони замин хӯрда, ба ӯ саҷда хоҳанд бурд,
Ҳама касоне, ки ба хок мераванд, пеши ӯ таъзим хоҳанд намуд.
Ҳеҷ яке аз онҳо наметавонад ҷони худро зинда нигаҳ дорад.
30 Фарзандони онҳо ба Худо хизмат хоҳанд кард,
Насли оянда дар бораи Яҳува хоҳад шунид.
31 Онҳо омада, дар бораи адолати ӯ нақл хоҳанд кард.
Ба мардуме, ки таваллуд мешавад, аз гузашта ҳикоят хоҳанд намуд.