Онҳо Масеҳро ёфтанд!
«Мо Масеҳро... ёфтем» (ЮҲ. 1:41).
1. Пеш аз гуфтани суханони «Мо Масеҳро... ёфтем» чӣ рӯй дод?
ЯҲЁИ ТАЪМИДДИҲАНДА бо ду шогирдаш меистод. Чун дид, ки Исо ба назди онҳо омада истодааст, Яҳё хитоб кард: «Инак Барраи Худо». Он ду шогирди Яҳё — Андриёс ва Юҳанно ҳамон замон аз паи Исо рафтанд ва рӯзро бо вай гузаронданд. Баъдтар, Андриёс ба назди бародари худ, Шимъӯни Петрус рафта хурсандона ба ӯ эълон кард: «Мо Масеҳро, яъне Христосро ёфтем». Сипас, ӯ Петрусро назди Исо овард (Юҳ. 1:35–41).
2. Чӣ тавр омӯзиши пешгӯиҳо оиди Масеҳ ба мо кӯмак мекунанд?
2 Бо гузашти вақт Андриёс, Петрус ва дигарон бисёр имконият пайдо мекунанд, ки Навиштаҳоро омӯзанд ва ба Масеҳи ваъдашуда будани Исо пурра бовар кунанд. Ҳоло мо омӯхтани пешгӯиҳои бо Масеҳ алоқамандро давом медиҳем, ки аз ин имони худи мо низ ба Каломи Худо ва Тадҳиншудаи Ӯ зиёд мегардад.
«Инак, Подшоҳи ту назди ту меояд»
3. Ҳангоми чун шоҳ ба Ерусалим дохил шудани Исо кадом пешгӯиҳо иҷро шуданд?
3 Масеҳ ба Ерусалим чун шоҳ дохил мешавад. Закарё пешгӯӣ карда буд: «Бағоят ба ваҷд ой, эй духтари Сион! Нидоҳои шодӣ бидеҳ, эй духтари Ерусалим! Инак, Подшоҳи ту назди ту меояд, ки одил ва соҳиби наҷот ва ҳалим аст, ва бар харе, бар курраи бачаи модахар, савор аст» (Зак. 9:9). Забурнависе навишта буд: «Муборак аст Он ки ба исми Худованд меояд!» (Заб. 117:26). Вақте ки Исо ба Ерусалим тантанавор медаромад, мардуми бисёре бо хурсандӣ хитоб мекарданд. Исо ба онҳо нагуфта буд, ки ин тавр кунанд. Вале онҳо бо хоҳиши худашон аз хурсандӣ хитоб мекарданд ва бо ин пешгӯии Закарё иҷро шуд. Ҳангоми хондани оятҳое, ки ин манзараро тасвир мекунанд, фарз кунед, ки шумо низ дар он ҷо мебошеду овозҳои шодиомези мардумро мешунавед. (Матто 21:4–9-ро бихонед.)
4. Фаҳмонед, ки Забур 117:22, 23 чӣ тавр амалӣ гашт.
4 Ҳарчанд бисёр одамон Исоро чун Масеҳ қабул накунанд ҳам, Худо ӯро қадр мекунад. Чӣ хеле ки пешгӯӣ шуда буд, одамоне, ки ба далелҳо бовар кардан намехостанд, аз Исо нафрат доштанд ва ӯро қадр намекарданд (Иш. 53:3; Марқ. 9:12). Лекин Худо забурнависро илҳом бахшида буд, ки гӯяд: «Санге ки меъморон рад карданд, санги сари гӯшаи бино гардид: ин аз ҷониби Худованд шуд» (Заб. 117:22, 23). Исо боре ин суханонро ба душманони динии худ хотиррасон кард. Петрус бошад гуфт, ки ин пешгӯӣ дар бораи Масеҳ ва ҷамъомад буд (Марқ. 12:10, 11; Аъм. 4:8–11). Исо «санги сари гӯшаи бино»–и ҷамъомади масеҳӣ гашт. Ҳарчанд одамони беимон ӯро рад карданд, Худованд ӯро «баргузид ва гаронбаҳо мешуморад» (1 Пет. 2:4–6).
Ӯ фурӯхта ва тарк карда мешавад
5, 6. Дар бораи фурӯхта шудани Масеҳ чиҳо пешгӯӣ шуда буд ва онҳо чӣ тавр иҷро гаштанд?
5 Пешгӯӣ шуда буд, ки дӯсти хиёнаткоре Масеҳро мефурӯшад. Довуд пешгӯӣ намуда буд: «Касе ки бо ман дӯст буд, ва аз ӯ дилпур будам, ва ӯ нони маро мехӯрд, пошнаи худро бар ман баланд кардааст» (Заб. 40:10). Дар замонҳои навишташавии Китоби Муқаддас бо ҳам нон хӯрдан нишонаи дӯстӣ буд (Ҳас. 31:54). Маънои ин пешгӯӣ дар он буд, ки шахсе ки дӯсти Масеҳ буд кори даҳшатноке мекунад. Ӯ Масеҳро мефурӯшад! Исо ин шахсро дар назар дошт вақте ки ба ҳаввориёнаш гуфт: «Дар бораи ҳамаи шумо намегӯям: онҳоеро, ки баргузидаам, медонам. Лекин ин Навишта бояд ба амал ояд: “Он ки бо Ман нон мехӯрад, пошнаи худро бар Ман баланд кардааст”» (Юҳ. 13:18).
6 Масеҳ ба 30 тангаи нуқра — ба нархи ғулом фурӯхта мешавад. Матто гуфт, ки Яҳудо Исоро ҳамагӣ ба 30 тангаи нуқра фурӯхт. Бо ин пешгӯии Закарё 11:12, 13 амалӣ гашт. Вале, чаро Матто гуфт, ки ин ба воситаи пайғамбар Ирмиё пешгӯӣ шуда буд? Дар рӯзҳои Матто, китоби Ирмиё шояд аз байни китобҳои Навиштаҳо, ки аз он ҷумла китоби Закарёро дар бар мегирифтанд, дар ҷои аввал меистод. (Бо Луқо 24:44 муқоиса кунед.) Яҳудо он 30 тангаи нуқраро сарф накард. Ӯ он пулҳоро «дар маъбад партофта, баромада рафт ва худро буғӣ карда кушт» (Мат. 26:14–16; 27:3–10).
7. Чӣ тавр суханони Закарё 13:7 амалӣ гаштанд?
7 Шогирдонаш Масеҳро тарк мекунанд. «Чӯпонро бизан,— навишт Закарё,— ва гӯсфандон пароканда хоҳанд шуд» (Зак. 13:7). 14 нисани соли 33–юми эраи мо, Исо ба шогирдонаш гуфт: «Ҳамаи шумо имшаб дар ҳаққи Ман ба васваса хоҳед афтод, зеро навишта шудааст: “Чӯпонро мезанам ва гӯсфандони рама пароканда хоҳанд шуд”». Ва маҳз ҳамин тавр рӯй дод. Матто гуфт: «Ҳамаи шогирдон Ӯро вогузошта, гурехтанд» (Мат. 26:31, 56).
Ӯро айбдор мекунанд ва мезананд
8. Пешгӯии Ишаъё 53:8 чӣ тавр иҷро шуд?
8 Масеҳро айбдор мекунанд ва ба марг маҳкум менамоянд. (Ишаъё 53:8–ро бихонед.) Саҳарии рӯзи 14–уми нисан, ҳама аъзоёни суди олии яҳудиён ҷамъ омада, Исоро бастанд ва ба назди ҳукуматдори румӣ Понтиюс Пилотус бурданд. Вай Исоро пурсуҷӯ кард ва дар ӯ ягон айбе наёфт. Вақте ки Пилотус ба мардум озод кардани Исоро пешниҳод кард, онҳо фарёд зада гуфтанд: «Ӯро маслуб кун!» Онҳо гуфтанд, ки ба ҷои Исо ҷинояткор Бараббосро озод намояд. Пилотус хоҳиши мардумро иҷро намуда, Бараббосро озод кард. Сипас ӯ амр дод, ки Исоро қамчинкорӣ кунанд ва дар сутун мехкӯб намоянд (Марқ. 15:1–15).
9. Мувофиқи пешгӯии Забур 34:11 дар рӯзҳои Исо чӣ рӯй дод?
9 Шоҳидони бардурӯғ ба муқобили Масеҳ шаҳодат медиҳанд. «Шоҳидони бадкин бархостаанд,— гуфт Довуд.— Он чи намедонам, аз ман мепурсанд» (Заб. 34:11). Айнан мувофиқи он пешгӯӣ «саркоҳинон ва тамоми шӯрои пирон дар ҷустуҷӯи шаҳодати бардурӯғе бар зидди Исо буданд, то Ӯро ба қатл расонанд» (Мат. 26:59). Дар ҳақиқат, «бисёр касон бар зидди Ӯ шаҳодати бардурӯғ доданд, лекин ин шаҳодатҳо ба якдигар мувофиқ набуд» (Марқ. 14:56). Барои душманони Исо дурӯғ будани шаҳодати онҳо аҳамияте надошт. Онҳо танҳо мехостанд, ки Исоро бикушанд.
10. Фаҳмонед, ки суханони Ишаъё 53:7 чӣ тавр иҷро шуданд?
10 Масеҳ дар пеши айбдоркунандагонаш хомӯш меистад. Ишаъё пешгӯӣ карда буд: «Ӯ ситам кашид, вале гардан фуровард, ва даҳони худро воз накард; мисли гӯсфанде, ки барои забҳ бурда мешавад, ва мисли баррае, ки назди пашмтарошонаш безабон аст, Ӯ ҳамчунон даҳони Худро воз накард» (Иш. 53:7). «Вақте ки саркоҳинон ва пирон [Исоро] айбдор мекарданд, Ӯ ҳеҷ ҷавоб намедод». Пилотус аз ӯ пурсид: «Оё намешунавӣ, чӣ қадар бар зидди Ту шаҳодат медиҳанд?» Вале Исо «дар ҷавоби вай як сухан ҳам нагуфт, ба тавре ки ҳоким бисёр дар ҳайрат монд» (Мат. 27:12–14). Исо душманонашро дашном надод (Рум. 12:17–21; 1 Пет. 2:23).
11. Пешгӯиҳои Ишаъё 50:6 ва Мико 5:1 чӣ тавр амалӣ шуданд?
11 Ишаъё пешгӯӣ карда буд, ки Масеҳро мезананд. «Ман тахтапуштамро ба ришканҳо додаам; рӯямро аз хориҳо ва туфкуниҳо пинҳон накардаам» (Иш. 50:6). Мико–пайғамбар низ пешгӯӣ намуда буд: «Бари рӯи довари Исроилро бо асо хоҳанд зад» (Мик. 5:1). Иҷроиши ин пешгӯиҳоро тасдиқ намуда, нависандаи Инҷил, Марқӯс мегӯяд: «Баъзе касон ба сару рӯи [Исо] туф кардан гирифтанд ва рӯяшро пӯшида, Ӯро мезаданд ва мегуфтанд, ки: “Нубувват кун”. Ва хизматгорон Ӯро торсакӣ мезаданд. Ва қамиш бар сараш заданд ва бар Ӯ туф карданд ва зону зада, [масхараомез] ба Ӯ таъзим карданд» (Марқ. 14:65; 15:19). Албатта, он одамон ягон сабабе надоштанд, ки бо Исо чунин муомила кунанд.
Ӯ то дами марг ба Худо содиқ монд
12. Чӣ тавр Забур 21:17 ва Ишаъё 53:12 дар Исо иҷро гаштанд?
12 Масеҳ дар сутун мемирад. Довуди забурнавис гуфт: «Тӯдаи бадкешон гирди маро ҳамчун шере гирифта, дастҳо ва пойҳоямро маҷрӯҳ карданд» (Заб. 21:17). Марқӯс дар бораи воқеаи ба хонандагони Китоби Муқаддас машҳур хабар дода дар Инҷили худ қайд мекунад: «Соати сеюм [қарибиҳои соати нӯҳи саҳар] буд, ки Ӯро маслуб [яъне мехкӯб] карданд» (Марқ. 15:25). Дар пешгӯии дигаре бошад гуфта мешуд, ки Масеҳ ҳамроҳи гунаҳкорон мемирад. Ишаъё навишт: «Ҷони Худро ба марг таслим намуд, ва аз ҷинояткорон шумурда шуд» (Иш. 53:12). Ин пешгӯӣ иҷро гашт, вақте ки «ду роҳзанро: яке аз дасти росташ ва дигаре аз дасти чапаш, маслуб карданд» (Мат. 27:38).
13. Суханони Забур 21:8, 9 чӣ тавр дар Исо иҷро шуданд?
13 Довуд пешгӯӣ карда буд, ки Масеҳро дашном медиҳанд. (Забур 21:8, 9–ро бихонед.) Вақте ки Исо дар сутун азоб мекашид, одамон ӯро дашном медоданд. Матто мегӯяд: «Роҳгузарон Ӯро дашном дода ва сар ҷунбонда, мегуфтанд: «Эй! Ту ки маъбадро вайрон карда, дар се рӯз аз нав бино мекунӣ! Худатро наҷот деҳ; агар Ту Писари Худо бошӣ, аз салиб [«сутун», ТДН] фурӯд ой». Ҳамчунин саркоҳинон бо китобдонон ва пирон Ӯро истеҳзо карда, мегуфтанд: «Дигаронро наҷот медод, лекин Худашро наҷот дода наметавонад! Агар Ӯ Подшоҳи Исроил бошад, акнун аз салиб [«сутун», ТДН] фурӯд ояд, то ба Ӯ имон оварем; ба Худо таваккал карда буд: акнун Ӯро раҳо кунад, агар дилхоҳаш бошад. Зеро Ӯ гуфта буд: “Ман Писари Худо ҳастам”» (Мат. 27:39–43). Вале Исо ба ҳамаи ин ба таври шоиста тоб овард. Чӣ намунаи олиҷаноб аст ӯ барои мо!
14, 15. Пешгӯиҳо оиди либоси Масеҳ ва ба ӯ додани сирко чӣ тавр иҷро шуданд?
14 Барои гирифтани либоси Масеҳ қуръа мепартоянд. Довуд навишта буд: «Сару либоси маро дар миёни худ тақсим мекунанд ва бар пероҳани ман қуръа мепартоянд» (Заб. 21:19). Ин пешгӯӣ аниқ иҷро шуд. Баъди он ки аскарони румӣ Исоро дар сутун мехкӯб намуданд, «либоси Ӯро қуръа партофта тақсим карданд» (Мат. 27:35; Юҳанно 19:23, 24–ро бихонед).
15 Ба Масеҳ сиркои бо заҳра омехта дода мешавад. Дар пешгӯӣ гуфта мешавад: «Барои хӯрданам заҳра доданд, ва дар ташнагиам маро сирко нӯшониданд» (Заб. 68:22). Мо медонем, ки ин пешгӯӣ иҷро гашт, зеро Матто мегӯяд: «Сиркои бо заҳра омехтае барои нӯшиданаш доданд, лекин чун чашид, нахост, ки бинӯшад». Баъдтар, «яке аз онҳо исфанҷеро гирифта, аз сирко пур кард ва бар сари най ниҳода, наздики даҳони Ӯ бурд, то бинӯшад» (Мат. 27:34, 48).
16. Фаҳмонед, ки суханони дар Забур 21:2 пешгӯишуда чӣ тавр иҷро шуданд?
16 Масеҳ аз тарафи Худо тарккардашуда ба назар метобад. (Забур 21:2–ро хонед). Мувофиқи ин пешгӯӣ, «дар соати нӯҳум [қарибиҳои соати сеи рӯз] Исо бо овози баланд фарёд зада, гуфт: «Элӯҳӣ, Элӯҳӣ! Ламма сабақтанӣ?», яъне: «Худои Ман, Худои Ман! Чаро Маро тарк кардаӣ?» (Марқ. 15:34). Исо имонашро ба Падари осмониаш гум накарда буд. Худо барои он Исоро бо душманонаш танҳо монда ҳимояи худро аз ӯ гирифт, ки беайбии Масеҳ пурра озмуда шавад. Ва бо чунин фарёд карданаш Исо пешгӯии Забур 21:2–ро иҷро кард.
17. Пешгӯиҳои Закарё 12:10 ва Забур 33:21 чӣ тавр амалӣ гаштанд?
17 Ба Масеҳ найза мехалонанд, вале устухонҳои ӯ намешикананд. Сокинони Ерусалим бар Шахсе ки «найза задаанд, назар хоҳанд дӯхт» (Зак. 12:10). Ва Забур 33:21 қайд мекунад: «[Худо] ҳамаи устухонҳои ӯро нигоҳ медорад; ҳеҷ яке аз онҳо шикаста нахоҳад шуд». Ин фикрро тасдиқ намуда, Юҳаннои ҳавворӣ навишт: «Яке аз сарбозон ба қабурғаи Ӯ [Исо] найза зад ва ҳамон дам хун ва об ҷорӣ шуд. Ва он касе ки дид [яъне Юҳанно], шаҳодат дод ва шаҳодати вай рост аст... Ин воқеъ шуд, то Навишта ба амал ояд, ки мегӯяд: “Ҳеҷ як устухони Ӯ шикаста нахоҳад шуд”. Ва Навишта боз дар ҷои дигар мегӯяд: “Ба Он Касе ки найза задаанд, назар хоҳанд дӯхт”» (Юҳ. 19:33–37).
18. Чӣ тавр Исо бо сарватдорон гӯронида шуд?
18 Бо сарватдорон гӯронида мешавад. (Ишаъё 53:5, 8, 9–ро бихонед.) Қарибиҳои бегоҳи рӯзи 14 нисан, «Юсуф ном давлатманде, ки аз аҳли Ҳаромот» буд, назди Пилотус рафта, ҷасади Исоро талаб кард ва ӯ розӣ шуд. Матто илова мекунад: «Юсуф ҷасадро гирифта, ба катони тозае печонд ва онро дар қабри наве ки аз санг барои худ тарошида буд, ниҳод ва санги калонеро бар дари қабр ғелонида, рафт» (Мат. 27:57–60).
Подшоҳи Масеҳоиро ситоиш кунед!
19. Пешгӯии Забур 15:10 чӣ тавр амалӣ гашт?
19 Масеҳ эҳё карда мешавад. Довуд навишт: «Ту [Яҳува] ҷони маро дар шеол нахоҳӣ монд» (Заб. 16:10, ТДН [15:10]). Рӯзи 16–уми нисан, баъзе занон ба назди қабре, ки Исоро гузошта буданд, меоянд. Тасаввур кунед, ки вақте онҳо дар даруни қабр фариштаеро нишаста мебинанд, чӣ қадар ба ҳаяҷон меоянд! Фаришта ба он занҳо мегӯяд: «Ҳайрон нашавед. Исои Носирии маслубро ҷустуҷӯ мекунед; ӯ эҳё шуд ва дар ин ҷо нест. Инак, ҷое ки Ӯро ниҳода буданд» (Марқ. 16:6). Ба анбӯҳи мардуме, ки дар рӯзи Пантикости соли 33–юми эраи мо дар Ерусалим ҳузур доштанд, Петруси ҳавворӣ эълон кард: «[Довуд] дар бораи эҳёи Масеҳ пешбинӣ карда, гуфт, ки ҷони Ӯ дар дӯзах [«ҳадес», ТДН] намонд ва ҷисми Ӯ фаноро надид» (Аъм. 2:29–31). Худо нагузошт, ки ҷисми Писари азизаш пӯсад. Беш аз ин, Исо ба таври мӯъҷизавӣ ба ҳаёти рӯҳонӣ эҳё карда шуд! (1 Пет. 3:18).
20. Пешгӯиҳо дар бораи ҳукмронии Масеҳ чӣ мегӯянд?
20 Мувофиқи пешгӯӣ Худо эълон кард, ки Исо Писари Ӯст. (Забур 2:7; Матто 3:17–ро бихонед.) Ҳамчунин анбӯҳи мардум Исо ва Салтанати меомадаи ӯро ситоиш карданд. Имрӯз мо ҳам дар бораи Исо ва подшоҳии пурбаракати ӯ ба дигарон хурсандона нақл менамоем (Марқ. 11:7–10). Ба наздикӣ Масеҳ «дар шавкати Худ савор шуда» душманонашро несту нобуд мекунад ва «дар роҳи ростӣ ва ҳилму адолат» комёб мегардад (Заб. 2:8, 9; 44:2–7). Он гоҳ Салтанати ӯ бар тамоми замин сулҳу осоиштагӣ ва фаровонӣ хоҳад овард (Заб. 71:1, 3, 12, 16; Иш. 9:6, 7). Писари маҳбуби Яҳува, Исои Масеҳ, дар осмон аллакай чун Подшоҳ ҳукмронӣ мекунад. Чӣ шараф аст, ки мо Шоҳидони Яҳуваем ва ба дигарон ин ҳақиқатҳоро нақл мекунем!
Шумо чӣ тавр ҷавоб медодед?
• Чӣ тавр Исо фурӯхта ва тарк карда шуд?
• Пешгӯиҳо оиди марги Масеҳ чӣ тавр иҷро шуданд?
• Чаро шумо боварӣ доред, ки Исо Масеҳи ваъдашуда аст?
[Tасвир дар саҳифаи 15]
Вақте ки Исо тантанавор ба Ерусалим дохил шуд, кадом пешгӯӣ иҷро шуд?
[Tасвир дар саҳифаи 17]
Исо барои гуноҳҳои мо мурд, вале ҳозир ӯ чун Подшоҳи Масеҳоӣ ҳукмронӣ мекунад