Матто
27 Вақте ки саҳар шуд, ҳамаи коҳинони калон ва пирони халқ ҷамъ шуда, маслиҳат карданд, ки чӣ тавр Исоро ба қатл расонанд.+ 2 Онҳо ӯро бандубаст карда, бурданду ба дасти ҳоким Пилотус супурданд.+
3 Вақте Яҳудои хиёнаткор фаҳмид, ки Исо ба марг маҳкум шуд, пушаймонӣ ҳис кард ва 30 тангаи нуқраро ба коҳинони калон ва пирон баргардонда,+ 4 гуфт: «Ман одами бегуноҳро ба дасти шумо супурда гуноҳ кардам». Онҳо ба вай гуфтанд: «Ба мо чӣ? Худат медонӣ». 5 Он гоҳ Яҳудо тангаҳои нуқраро дар ибодатгоҳ партофту аз он ҷо баромада рафт ва худро дор кашид.+ 6 Коҳинони калон бошанд, тангаҳои нуқраро гирифта, гуфтанд: «Инҳоро ба хазинаи ибодатгоҳ андохтан раво нест, чунки дар ивази ин тангаҳо хуни одам рехта шудааст». 7 Онҳо маслиҳат карда, ба он пул замини кӯзагарро хариданд, то дар он ҷо ғарибонро гӯр кунанд. 8 Аз ин сабаб он замин то ба имрӯз Саҳрои Хун+ ном дорад. 9 Ҳамин тавр суханоне, ки ба воситаи пайғамбар Ирмиё гуфта шуданд, иҷро гаштанд: «Онҳо 30 тангаи нуқраро, нархеро, ки баъзе аз писарони Исроил ба ӯ монда буданд, гирифта, 10 бар ивази замини кӯзагар доданд, чуноне ки Яҳува ба ман фармуда буд».+
11 Он вақт Исо дар пеши Пилотус буд ва ҳоким аз ӯ пурсид: «Оё ту Подшоҳи яҳудиён ҳастӣ?» Исо ҷавоб дод: «Ҳамон тавре аст, ки мегӯӣ».+ 12 Аммо, вақте ки коҳинони калон ва пирон ӯро айбдор мекарданд, Исо дар ҷавоб чизе намегуфт.+ 13 Он гоҳ Пилотус аз ӯ пурсид: «Магар намешунавӣ, ки туро чӣ қадар айбдор мекунанд?» 14 Вале Исо дар ҷавоб як сухан ҳам нагуфт, ба тавре ки ҳоким хеле ҳайрон шуд.
15 Пилотус одате дошт, ки ҳар сол дар Иди Раҳоӣ маҳбусеро мувофиқи хости халқ озод кунад.+ 16 Ҳамон вақт дар зиндон Бараббос ном ҷинояткори номдоре буд. 17 Вақте ки мардум ҷамъ шуданд, Пилотус аз онҳо пурсид: «Киро бароятон озод кунам: Бараббосро ё Исоеро, ки Масеҳ меноманд?» 18 Пилотус медонист, ки Исоро аз ҳасад ба дасти ӯ супурдаанд. 19 Ғайр аз ин, вақте ки Пилотус дар курсии доварӣ менишаст, занаш ба ӯ чунин хабар фиристод: «Ба ин марди росткор зараре нарасон, зеро имшаб дар хоб аз барои ӯ бисёр азоб кашидам». 20 Вале коҳинони калон ва пирон мардумро шӯр андохтанд, ки озод кардани Бараббос+ ва куштани Исоро талаб кунанд.+ 21 Он гоҳ Пилотус ба онҳо гуфт: «Кадомеро аз ин ду нафар бароятон озод кунам?» Онҳо гуфтанд: «Бараббосро». 22 Пилотус аз онҳо пурсид: «Пас, бо Исое, ки ӯро Масеҳ меноманд, чӣ кор кунам?» Мардум бо як овоз ҷавоб доданд: «Ӯро бикуш!*»+ 23 Вале Пилотус гуфт: «Барои чӣ? Ӯ чӣ бадӣ кардааст?» Онҳо бошанд, боз баландтар фарёд зада мегуфтанд: «Ӯро бикуш!»+
24 Вақте Пилотус дид, ки кӯшишҳояш беҳуда асту мардумро ба шӯр оварда истодаанд, дар пеши назари ҳама дастҳояшро бо об шуста, чунин гуфт: «Дар рехта шудани хуни ин мард ман айбдор нестам. Ба ин шумо ҷавобгаред». 25 Тамоми мардум дар ҷавоб гуфтанд: «Бигзор хуни ӯ бар гардани мо ва фарзандони мо бошад».+ 26 Он гоҳ Пилотус Бараббосро озод карду Исоро ба дасти сарбозон супурд, то ӯро қамчинкорӣ карда,+ дар сутун бикушанд.+
27 Баъд сарбозон Исоро ба қасри ҳоким бурданд ва тамоми сарбозони дигарро дар пеши ӯ ҷамъ оварданд.+ 28 Онҳо либоси Исоро кашида, ба ӯ матои суп-сурхеро пӯшониданд.+ 29 Ҳамчунин аз хорҳо тоҷе бофта, ба сараш монданд ва ба дасти росташ қамишеро доданд. Сарбозон ба ӯ таъзим карда, масхаракунон мегуфтанд: «Салом, эй Подшоҳи яҳудиён!» 30 Онҳо ба рӯяш туф мекарданд+ ва қамишро аз дасташ гирифта, бо он ба сараш мезаданд. 31 Баъд аз мазоқу масхара кардани ӯ онҳо он матоъро аз танаш кашида, либоси худашро пӯшонданд ва барои ба сутун мехкӯб кардан бурданд.+
32 Вақте ки онҳо аз он ҷо баромада мерафтанд, бо Шимъӯн ном марде аз Қурин вохӯрданд ва ӯро маҷбур карданд, ки сутуни азоби* Исоро бардорад.+ 33 Онҳо ба Ҷолҷолто ном ҷое, ки маънояш «Косахонаи сар»+ аст, омаданд, 34 дар он ҷо ба Исо шароби бо як чизи талх омехтаро доданд,+ аммо, вақте ки ӯ аз он чашид, нӯшидан нахост. 35 Пас аз он ки Исоро ба сутун мехкӯб карданд, онҳо қуръа партофта, либосашро байни худ тақсим намуданд+ 36 ва дар он ҷо нишаста ӯро посбонӣ карданд. 37 Ҳамчунин дар болои сари ӯ чунин айбнома овехтанд: «Ин Исо, Подшоҳи яҳудиён, аст».+
38 Бо ӯ ду ғоратгарро низ дар сутунҳо овехта буданд: якеро аз тарафи росташ ва дигареро аз тарафи чапаш.+ 39 Роҳгузарон сар ҷунбонда+ ӯро паст мезаданду+ мегуфтанд: 40 «Эй ту, ки мехостӣ ибодатгоҳро вайрон карда, дар се рӯз онро аз нав созӣ,+ канӣ худатро наҷот деҳ ва, агар писари Худо* бошӣ, аз сутуни азоб* фаро!»+ 41 Ҳамчунин коҳинони калон, шариатдонон ва пирон ӯро мазоқу масхара карда мегуфтанд:+ 42 «Дигаронро наҷот медоду худашро наҷот дода наметавонад! Агар ӯ Подшоҳи Исроил+ бошад, бигзор аз сутуни азоб* фарояд, он гоҳ мо ба ӯ имон меорем. 43 Ӯ ба Худо умед мебаст ва мегуфт: “Ман Писари Худо* ҳастам”.+ Пас, агар Худо аз вай розӣ бошад, канӣ ӯро наҷот диҳад».+ 44 Ҳатто ғоратгароне, ки дар наздаш дар сутунҳо овезон буданд, ӯро дашном медоданд.+
45 Соатҳои дувоздаҳи рӯз* тамоми заминро торикӣ фаро гирифт ва он то соатҳои се* давом кард.+ 46 Қарибиҳои сеи рӯз Исо бо овози баланд фарёд зада гуфт: «Э́ли, Э́ли, ла́ма сабақта́ни?», яъне: «Худои ман, Худои ман, чаро маро тарк кардӣ?»+ 47 Инро шунида баъзеҳо гуфтанд: «Ӯ пайғамбар Илёсро ҷеғ мезанад».+ 48 Ҳамон лаҳза яке аз онҳо давида рафт ва лифро* гирифта, ба шароби туруш тар кард ва онро ба қамише халонду барои нӯшидан ба ӯ дод.+ 49 Аммо дигарон гуфтанд: «Ӯро ба ҳолаш мон! Канӣ бинем, Илёс омада, ӯро наҷот медиҳад ё не». 50 Исо бори дигар бо овози баланд фарёд зад ва пас аз он мурд.+
51 Ҳамон лаҳза пардаи+ ибодатгоҳ аз боло то поён+ дарида ду тақсим шуд+ ва замин ба ларза омаду кӯҳҳо пора шуданд. 52 Ҳамчунин қабрҳо кушода шуданд ва ҷасади покмардони зиёде, ки ба хоби марг рафта буданд, берун шуданд 53 ва бисёриҳо инро диданд. (Баъди зинда шудани Исо одамоне, ки ба қабристон рафта буданд, ба шаҳри муқаддас омаданд). 54 Аммо, вақте мирисад ва касоне, ки Исоро посбонӣ мекарданд, заминларза ва дигар воқеаҳоро диданд, сахт тарсиданд ва гуфтанд: «Ҳақиқатан ҳам, ин одам Писари Худо* будааст».+
55 Занони бисёре, ки ҳамроҳи Исо аз Ҷалил омада буданд ва ба ӯ хизмат мекарданд, аз дур истода ин чизҳоро медиданд.+ 56 Дар байни онҳо Марями Маҷдалия, Марями модари Яъқубу Юсе ва модари писарони Забдой буд.+
57 Шомгоҳон ба он ҷо Юсуф ном марди бое, ки аз шаҳри Аромот буд, омад. Ин мард низ шогирди Исо шуда буд.+ 58 Ӯ назди Пилотус рафта, аз ӯ иҷозат пурсид, ки ҷасади Исоро бигирад.+ Он гоҳ Пилотус фармон дод, ки онро ба ӯ диҳанд.+ 59 Юсуф ҷасадро гирифта, ба катони аълосифати тозае печонд+ 60 ва ба қабри+ нави дар кӯҳ кандае гузошт. Баъд ба даҳани қабр санги калонеро ғелонида, аз он ҷо рафт. 61 Марями Маҷдалияву Марями дигарӣ бошанд, дар рӯ ба рӯйи қабр менишастанд.+
62 Рӯзи дигар, ки баъд аз рӯзи тайёрӣ*+ буд, коҳинони калон ва фарисиён дар пеши Пилотус ҷамъ шуда, 63 гуфтанд: «Тақсир, ба ёди мо омад, ки он фиребгар ҳанӯз дар вақти зинда буданаш чунин мегуфт: “Баъди се рӯз зинда мешавам”.+ 64 Барои ҳамин фармон деҳ, ки қабрро то рӯзи сеюм посбонӣ кунанд, то ки шогирдонаш ӯро дуздида,+ баъд ба халқ нагӯянд: “Ӯ аз мурдагон зинда шуд!” Он гоҳ фиреби охирин аз фиреби аввалин бадтар мешавад». 65 Пилотус ба онҳо гуфт: «Ана, дастаи сарбозонро гиреду қабрро, чи тавре хоҳед, посбонӣ кунед». 66 Онҳо рафта, сангеро, ки дар даҳани қабр буд, муҳр заданд ва дар он ҷо посбононро гузоштанд.