1 Тимотиюс
1 Ман, Павлус, ки бо амри Наҷотбахшамон Худо ва Исои Масеҳ*, ки умеди мост,+ расул таъйин шудаам, 2 ба Тимотиюс*,+ ки дар роҳи имон фарзанди ҳақиқии ман аст,+ чунин менависам:
Лутфу марҳамат ва раҳму осоиштагии Падарамон Худо ва Ҳазратамон Исои Масеҳ бо ту бод!
3 Чи тавре ки пеш аз Мақдуния рафтанам аз ту хоҳиш карда будам, ки дар Эфсӯс бимонӣ, ҳоло низ инро аз ту хоҳиш мекунам, то ба баъзе касон амр диҳӣ, ки таълимоти дигарро паҳн накунанд 4 ва ба қиссаву+ насабномаҳо диққат надиҳанд, зеро аз ин чизҳо фоидае нест,+ балки танҳо баҳсҳои беҳудаест, ки аз ҷониби Худо нестанду имонро мустаҳкам намекунанд. 5 Ин дастурро* барои он медиҳам, ки муҳаббат дошта бошед,+ муҳаббате, ки аз дили соф, виҷдони пок ва имони+ бериё сарчашма мегирад. 6 Баъзе касон аз ин чизҳо дур гашта, ба гапҳои беҳуда рӯ оварданд.+ 7 Онҳо мехоҳанд муаллимони+ шариат бошанд, аммо худашон намефаҳманд, ки чӣ мегӯянду чиро якравона тарафдорӣ мекунанд.
8 Мо бошем, медонем, ки Шариат хуб аст, ба шарте ки кас онро дуруст ба кор барад. 9 Ҳамчунин шахс бояд фаҳмад, ки шариат на барои росткорон, балки барои бадкорон,+ саркашон, худобехабарон, гунаҳкорон ва касони бемеҳру вафост, барои касонест, ки чизҳои муқаддасро зери по мекунанд, барои кушандагони падару модар, одамкушон, 10 зинокорон*, мардони ҳамҷинсбоз, одамдуздон, дурӯғгӯён, савгандшиканон* ва онҳое, ки ба таълимоти дуруст*+ зид мебароянд. 11 Ин таълимоти дуруст бар хушхабари пурҷалоли Худои хушбахт асос меёбад, бар ҳамон хушхабаре, ки ба ман супурда шудааст.+
12 Ман аз Ҳазратамон Исои Масеҳ, ки маро қувват бахшидааст, миннатдорам, зеро ӯ маро сазовор дониста ин хизматро ба ман супурдааст,+ 13 ҳарчанд ки пештар куфргӯ, озордеҳ ва берӯй будам.+ Ӯ ба ман раҳм кард, чунки аз рӯйи нодонӣ ва беимонӣ рафтор мекардам. 14 Худованд ба ман лутфу марҳамати бисёр кард ва ман, ки пайрави Исои Масеҳам, аз имону муҳаббат пур шудам. 15 Ин гуфта, ки Исои Масеҳ барои наҷоти гунаҳкорон ба ҷаҳон омад,+ дуруст ва сазовори боварии комил аст. Ман бадтарини гунаҳкоронам,+ 16 аммо бадтарини онҳо бошам ҳам, ба ман раҳм карда шуд, то ба воситаи ман Исои Масеҳ тамоми сабру тоқаташро нишон диҳад ва ман барои онҳое, ки баҳри ба даст овардани ҳаёти ҷовидонӣ имони худро бар ӯ бино мекунанд, намунае бошам.+
17 Ба Подшоҳи ҷовид,+ намиранда+ ва нонамоён,+ ба Худои якто,+ то абад эҳтиром ва ҷалол бод! Омин.
18 Эй фарзандам Тимотиюс, ин дастурро* мувофиқи пешгӯйиҳое, ки дар бораат гуфта шуданд, ба ту месупорам, то ба воситаи онҳо муборизаи пуршарафро давом диҳӣ+ 19 ва имону виҷдони покро нигоҳ дорӣ,+ ки баъзеҳо онро пушти по заданду оқибат киштии имонашон ғарқ шуд. 20 Ҳумниюс+ ва Искандар аз ҷумлаи чунин касонанд ва ман онҳоро ба Шайтон супоридам,+ то ҷазо гирифта, адаб омӯзанд ва дигар куфр нагӯянд.