Дар замонҳои душвор хурсандиро нигоҳ доред
«Ҳамаи паноҳбарони Ту [Худованд] хурсанд хоҳанд шуд ва то абад тараннум хоҳанд кард» (ЗАБ. 5:12).
1, 2. а) Аз кадом сабабҳо имрӯз одамон бисёр азоб мекашанд? б) Ғайр аз мушкиливу мусибатҳое, ки ба сари инсоният меоянд, масеҳиёни ҳақиқӣ боз ба чӣ дучор мешаванд?
ШОҲИДОНИ ЯҲУВА аз мушкиливу мусибатҳое, ки ба сари кулли инсоният меоянд, эмин нестанд. Бисёри ходимони Худо аз ҷинояткорӣ, ҷангҳо ва дигар беадолатиҳо зарар мебинанд. Офатҳои табиӣ, қашшоқӣ, беморӣ ва марг дарду ранҷи зиёде меоранд. Павлуси расул инро аниқ қайд намуд: «Тамоми махлуқот бо якҷоягӣ то алҳол оҳу нола мекунад ва азоб мекашад» (Рум. 8:22). Ҳамчунин, мо нокомилем ва шояд мисли Довуди подшоҳ бигӯем: «Гуноҳҳоям аз сарам гузаштааст, мисли бори гароне аз бардоштам вазнинтар аст» (Заб. 37:5).
2 Ғайр аз мушкиливу мусибатҳое, ки ҳар инсон бо онҳо дучор шуда метавонад, масеҳиёни ҳақиқӣ боз ба маънои маҷозӣ «сутуни шиканҷа» бар дӯш доранд (Луқ. 14:27, ТДН). Бале, шогирдони Исоро мисли ӯ бад мебинанд ва онҳоро таъқиб мекунанд (Мат. 10:22, 23; Юҳ. 15:20; 16:2). Аз ин рӯ, барои пайравӣ ба Масеҳ мо бояд саъю кӯшишҳои зиёд ба харҷ диҳему истодагарӣ зоҳир намоем ва ҳамзамон баракатҳои дунёи навро интизор шавем (Мат. 7:13, 14; Луқ. 13:24).
3. Аз куҷо медонем, ки барои писанд омадан ба Худо азоб кашидан шарт нест?
3 Оё ин маънои онро дорад, ки ҳаёти масеҳиёни ҳақиқӣ аз хурсандиву хушбахтӣ холӣ аст? Оё то омадани интиҳо ҳаёти мо бояд танҳо аз ғаму андӯҳ иборат бошад? Бешубҳа, Яҳува мехоҳад, ки мо ҳоло, вақте ки иҷрошавии ваъдаҳои Ӯро интизорем, хушбахт бошем. Аксар вақт Китоби Муқаддас ходимони ҳақиқии Худоро чун инсонҳои хушбахт тасвир мекунад. (Ишаъё 65:13, 14–ро бихонед.) «Ҳамаи паноҳбарони Ту [Худованд] хурсанд хоҳанд шуд ва то абад тараннум хоҳанд кард»,— гуфта мешавад дар Забур 5:12. Бале, ҳатто дар замони мушкиливу мусибатҳо эҳсос кардани хурсандии бисёр, осудафикрӣ ва қаноатмандӣ имконпазир аст. Биёед бубинем, ки чӣ тавр Китоби Муқаддас ба мо кӯмак мекунад, то ҳангоми дучоршавӣ бо озмоишҳо дуруст рафтор кунем ва хурсандиро нигоҳ дорем.
Яҳува — «Худои саодатманд»
4. Вақте ки ба иродаи Худо беэътиноӣ мекунанд, Ӯ чӣ эҳсос мекунад?
4 Намунаи Яҳуваро дида мебароем. Ӯ Худои Абарқудрат аст ва тамоми даҳр зери ҳокимияташ қарор дорад. Ӯ ба чизе ва касе мӯҳтоҷ нест. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин, вақте ки яке аз писарони рӯҳиаш бар зидди Ӯ исён бардошта, Шайтон гашт, Ӯ бешубҳа ғамгин шуд. Баъдтар, вақте ки ба ин исён баъзе фариштагони дигар ҳамроҳ шуданд, ин ҳам ба Худо таъсир накарда наметавонист. Ҳамчунин фикр кунед, ки чӣ дарде эҳсос кард Худо, вақте ки Одаму Ҳавво, беҳтарин офаридаҳои заминиаш, аз Ӯ рӯй гардонданд. Аз он вақт бошад, миллиардҳо наслҳои онҳо ҳокимияти Яҳуваро рад мекунанд (Рум. 3:23).
5. Яҳуваро хусусан чӣ ғамгин месозад?
5 Исёни Шайтон то ба ҳол идома ёфта истодааст. Тақрибан 6 000 сол боз Яҳува дар рӯи замин бутпарастӣ, зӯроварӣ, куштор ва фисқу фуҷурро мушоҳида мекунад (Ҳас. 6:5, 6, 11, 12). Илова бар ин, Ӯ дурӯғи бешармона ва куфр мешунавад. Ҳатто ходимони ҳақиқии Худо баъзан Ӯро меранҷонанд. Яке аз ин гуна мавридҳоро Китоби Муқаддас чунин тасвир мекунад: «Чандин бор дар биёбон Ӯро ба хашм оварданд, дар бодия Ӯро оташин карданд. Ва гашта–баргашта Худоро озмуданд, ва Қуддуси Исроилро хорӣ доданд» (Заб. 77:40, 41). Бешубҳа, дарде, ки Яҳува аз рӯй гардонидани халқаш эҳсос мекунад, бузург аст (Ирм. 3:1–10). Чӣ тавре ки дидем, бадӣ рӯй медиҳад ва ин Яҳуваро сахт ғамгин месозад. (Ишаъё 63:9, 10–ро бихонед.)
6. Худо дар ҳолатҳои мушкил чӣ гуна рафтор мекунад?
6 Вале дарду ғам Яҳуваро маъюсу рӯҳафтода намекунад. Вақте ки мушкилӣ ба миён омад, Яҳува дарҳол чораҳои лозимӣ андешид, то оқибатҳои бади онро ба ҳадди имкон кам гардонад. Ҳамчунин, Ӯ ғамхорӣ намуд, то иродаи Ӯ оқибат амалӣ шавад. Чунин амалҳоро ба ҷо оварда, Яҳува хурсандона интизори он аст, ки кай ҳақ будани ҳокимияташ исбот мегардад ва ин ба ходимони содиқаш баракатҳо меорад (Заб. 103:31). Бале, қатъи назар аз айбдоркуниҳои зиёд, Яҳува «Худои саодатманд» мемонад (1 Тим. 1:11, ТДН; Заб. 15:11).
7, 8. Ҳангоми пеш омадани мушкилиҳо мо чӣ тавр мисли Яҳува амал карда метавонем?
7 Албатта, мо дар он ки Яҳува чӣ тавр мушкилиҳоро ҳал мекунад, ба Ӯ баробар шуда наметавонем, лекин ҳангоми ба миён омадани душвориҳо мо метавонем мисли Ӯ рафтор намоем. Дар мавридҳои мушкил ба дараҷае зиқ шудан комилан табиист, вале мо набояд дар чунин ҳолат бимонем. Азбаски мо ба сурати Яҳува офарида шудаем, мо қобилияти фикрронӣ ва хирад дорем ва аз ин рӯ метавонем дар бораи мушкилиҳоямон андеша кунем ва ҳангоми пайдо шудани имконият барои ҳалли онҳо амал намоем.
8 Яке аз омилҳои муҳиме, ки дар мубориза бо мушкилиҳои ҳаётӣ кӯмак мекунад — ин фаҳмидани он аст, ки баъзе чизҳо аз мо вобаста нестанд. Агар мо дар бораи чунин чизҳо аз ҳад зиёд фикр кунем, ин метавонад ғаму андӯҳи моро зиёдтар гардонад ва хурсандиеро, ки бо ибодати ҳақиқӣ алоқаманд аст, бидуздад. Баъди он ки барои ҳалли мушкилӣ чораҳои оқилона андешидед, беҳтараш дар бораи он бисёр фикр карданро бас кунед ва бо корҳои самараноктар машғул шавед. Дуруст будани ин гуна рафторро мисолҳои зерини Китоби Муқаддас хуб нишон медиҳанд.
Оқилӣ муҳим аст
9. Ҳанно чӣ тавр оқилӣ зоҳир кард?
9 Намунаи Ҳанноро, ки баъдтар модари Самуил–пайғамбар гашт, дида мебароем. Ӯ фарзанддор шуда наметавонист ва аз ин хеле ғамгин буд. Ғайр аз ин, барои бефарзандиаш вайро таҳқиру тамасхур мекарданд. Баъзан Ҳанно чунон рӯҳафтода мешуд, ки гиря мекард ва чизе намехӯрд (1 Подш. 1:2–7). Боре, ҳангоми дафъаи навбатӣ ба хаймаи муқаддас рафтанаш Ҳанно «бо сӯзи дил сӯи Худованд дуо мегуфт ва зор–зор мегирист» (1 Подш. 1:10). Баъди он ки Ҳанно дилашро ба Яҳува холӣ кард, Элии саркоҳин назди ӯ омада гуфт: «Ба саломатӣ бирав, ва Худои Исроил хоҳиши туро, ки аз Ӯ илтимос кардаӣ, ба амал хоҳад овард» (1 Подш. 1:17). Аз афташ он вақт Ҳанно фаҳмид, ки вай ҳар кори аз дасташ меомадаро кардааст. Бефарзандиаш аз ӯ вобаста набуд. Ҳанно оқилӣ зоҳир намуд. Вай «ба роҳи худ рафт; ва хӯрок мехӯрд, ва чеҳрааш дигар ғамгин набуд» (1 Подш. 1:18).
10. Ҳангоми дучоршавӣ бо мушкилии ҳалнашаванда Павлус чӣ гуна рафтор кард?
10 Павлуси расул низ ҳангоми бо душворӣ дучор шудан чунин рӯҳия зоҳир намуд. Ӯ мушкилие дошт, ки аз он сахт азоб мекашид. Вай онро «неше дар ҷисм» номид (2 Қӯр. 12:7). Он «неш» чизе ки набошад, Павлус барои халос шудан аз он ҳар кори аз дасташ меомадаро кард; ӯ ба Яҳува дар ин бора дуо мегуфт. Павлус чанд маротиба Яҳуваро зориву илтиҷо кард? Се маротиба. Баъди бори сеюм, Худо ба Павлус ошкор намуд, ки «неше» ки дар ҷисми ӯст, ба таври мӯъҷиза нест карда намешавад. Павлус ба ин тан дод ва таваҷҷӯҳашро пурра ба хидмати Яҳува равона сохт. (2 Қӯринтиён 12:8–10-ро бихонед.)
11. Дар мушкиливу мусибатҳо дуову зорӣ чӣ тавр кӯмак мекунанд?
11 Ин мисолҳо маънои онро надоранд, ки мо дар бораи ғаму ташвишҳоямон бояд ба Яҳува дуо гуфтанро бас кунем (Заб. 85:7). Баръакс, Каломи Худо ташвиқ менамояд: «Ҳеҷ ғам нахӯред, аммо ҳамеша дар дуо ва илтимос бо шукргузорӣ хоҳишҳои худро ба Худо ошкор намоед». Ба ин гуна хоҳишу зориҳои мо Яҳува чӣ гуна ҷавоб медиҳад? Китоби Муқаддас илова мекунад: «Ва осоиштагии Худо, ки аз ҳар хирад болотар аст, дилҳои шумо ва фикрҳои шуморо дар Исои Масеҳ нигоҳ хоҳад дошт» (Фил. 4:6, 7). Яҳува шояд мушкилиҳои моро бартараф накунад, вале дар ҷавоби дуоҳоямон Ӯ метавонад фикрҳои моро нигоҳ дорад. Баъд аз дуо мо шояд фаҳмем, ки ба ғаму ташвишҳо дода шудан чӣ гуна хатарнок аст.
Дар иҷрои иродаи Худо хурсандӣ ёбед
12. Чаро муддати дароз дар ҳолати зиқиву рӯҳафтодагӣ мондан зараровар аст?
12 Масалҳо 24:10 мегӯяд: «Агар дар рӯзи тангӣ заифдил бошӣ, қуввати ту кам аст». Дар масали дигар гуфта мешавад: «Аз андӯҳи дил рӯҳ маъюс мешавад» (Мас. 15:13). Баъзе масеҳиён аз мушкилиҳояшон чунон ғамгину андӯҳгин мешаванд, ки хониши Китоби Муқаддасро бас мекунанд ва дар бораи Каломи Худо мулоҳиза наменамоянд. Онҳо рӯ-рӯякӣ дуо мегӯянд ва эҳтимол аз ҳамимонони дигар худро ба канор мекашанд. Фаҳмост, ки муддати дурудароз дар ҳолати зиқиву рӯҳафтодагӣ мондан зараровар аст (Мас. 18:1, 14).
13. Кадом корҳо метавонанд зиқиву рӯҳафтодагиро дур карда, ба мо қадре хурсандӣ бахшанд?
13 Аз тарафи дигар, рӯҳияи мусбӣ кӯмак мекунад, то мо таваҷҷӯҳи худро ба корҳое, ки шодиву хурсандӣ мебахшанд, равона созем. Довуд навиштааст: «Дар иҷрои иродаи Ту, эй Худои ман, ман хурсандӣ меёбам» (Заб. 40:8, ТДН [39:9]). Вақте ки дар ҳаёт бо мушкилиҳо дучор мешавем, мо набояд риоя кардани реҷаи муқаррарии корҳои рӯҳониро бас кунем. Дар ҳақиқат, роҳи беҳтарини мубориза бо зиқиву рӯҳафтодагӣ — ин иштирок дар корҳоест, ки хурсандӣ меоранд. Яҳува мегӯяд, ки мо аз хониши мунтазам ва бодиққати Каломи Ӯ хурсандӣ ёфта метавонем (Заб. 1:1, 2; Яъқ. 1:25). Ҳам аз Навиштаҳои Муқаддас ва ҳам дар вохӯриҳои масеҳӣ мо «суханони хуш» мешунавем, ки онҳо метавонанд моро рӯҳбаланд ва дилшод гардонанд (Мас. 12:25; 16:24).
14. Кадом суханони Яҳува ҳоло ба мо хурсандӣ мебахшанд?
14 Барои хурсандӣ мо сабабҳои зиёд дорем. Худо ба мо наҷот ваъда додааст, ки он дар ҳақиқат сарчашмаи бузурги хурсандист (Заб. 12:6). Мо медонем, ки қатъи назар аз он ки ҳоло бо мо чӣ рӯй медиҳад, Худо ниҳоятан ба онҳое, ки Ӯро самимона меҷӯянд, мукофот хоҳад дод. (Воиз 8:12–ро бихонед.) Ҳабаққуқ–пайғамбар ин гуна эътимодро бо чунин суханони зебо изҳор кард: «Агарчи дарахти анҷир гул накунад, ва токҳо бор наоварад, ва меваи зайтун мувофиқи чашмдошт набошад, ва киштзорҳо ҳосил надиҳад, ва гӯсфандон аз қӯра талаф шавад, ва говҳо дар оғил мавҷуд набошад,— вале ман дар Худованд шод хоҳам буд, ва дар Худои наҷоти худ ба ваҷд хоҳам омад» (Ҳаб. 3:17, 18).
«Хушо халқе ки Худояш Яҳува аст!»
15, 16. Баъзе атоҳое, ки ҳоло мо аз онҳо ҳаловат бурда метавонем, кадоманд?
15 Яҳува мехоҳад, ки мо дар замони интизор шудани ояндаи олиҷаноб аз чизҳои неки ба мо додааш баҳра барем. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Донистам, ки барои онҳо [одамон] чизе хубтар аз ин нест, ки айшу тараб намоянд ва дар ҳаёти худ некӣ кунанд. Ва агар ҳар одам бихӯрад ва бинӯшад ва аз ҳар меҳнати худ некӣ бинад,— ин низ атои Худост» (Воиз 3:12, 13). Баҳри беҳбудии дигарон некӣ кардан муфид аст. Исо гуфт, ки додан аз гирифтан инсонро бештар хушбахт мегардонад. Муносибати меҳрубонона ба ҳамсар, фарзандон, волидон ва дигар хешовандон қаноатмандии зиёд меорад (Мас. 3:27). Ҳамчунин дар муносибат бо бародарону хоҳарони рӯҳонӣ дилсӯз, меҳмоннавоз ва бахшанда будан ба мо хурсандии бештар мебахшад ва писанди Яҳува аст (Ғал. 6:10; Қӯл. 3:12–14; 1 Пет. 4:8, 9). Ғайр аз ин, рӯҳияи фидокорӣ дар хидмат дар ҳақиқат қаноатмандӣ меорад.
16 Дар суханони дар боло овардашудаи Воиз хушиҳои оддии ҳаёт, ба монанди хӯрдану нӯшидан қайд шудаанд. Бале, ҳатто зери озмоишҳо мо метавонем аз ҳар гуна атоҳои моддии Яҳува лаззат барем. Илова бар ин, мо метавонем ғуруби зебои офтоб, манзараҳои дилпазир, бозии дилнавози ҳайвонбачаҳо ва дигар мӯъҷизаҳои табиатро бепул тамошо кунем. Ҳамаи ин метавонад моро ба ҳаяҷон орад ва ба мо ҳаловат бахшад. Вақте ки мо дар бораи ин чизҳо мулоҳиза мекунем, муҳаббати мо ба Яҳува меафзояд, зеро Ӯ бахшандаи ҳар гуна инъоми нек аст.
17. Ба туфайли чӣ мо аз мушкилиҳо пурра раҳоӣ хоҳем ёфт ва ҳоло ба мо чӣ тасаллӣ мебахшад?
17 Муҳаббати мо ба Худо, итоаткорӣ ба аҳкоми Ӯ ва имон ба қурбонии фидия оқибат моро аз мушкилиҳое, ки нокомилӣ бо худ меорад, комилан раҳо хоҳад кард ва ба хурсандии ҷовидона хоҳад расонд (1 Юҳ. 5:3). Ҳоло бошад, моро як фикри дигар низ тасаллӣ медиҳад: мо медонем, ки Яҳува аз ҳар чизе ки моро ғамгин мекунад, пурра бохабар аст. Довуд навиштааст: «Ба эҳсони Ту шодӣ ва хурсандӣ мекунам, чунки мусибати маро дидаӣ, ғуссаҳои ҷонамро донистаӣ» (Заб. 30:8). Аз муҳаббат Яҳува моро аз мусибатҳо раҳо хоҳад кард (Заб. 33:20).
18. Чаро шодиву хурсандӣ бояд байни халқи Худо ҳукмфармо бошад?
18 Ҳоло, дар вақте ки иҷрошавии иродаи Худоро интизорем, биёед мисли Яҳува, Худои хушбахт, рафтор намоем. Биёед нагузорем, ки эҳсосоти манфӣ моро аз хидмати Худо боздоранд. Ҳангоми пеш омадани мушкилиҳо бигзор қобилияти фикрронӣ ва хирад моро роҳнамоӣ кунанд. Яҳува ба мо кӯмак менамояд, ки эҳсосоти худро идора кунем ва барои ба қадри имкон кам кардани оқибатҳои бади мушкиливу мусибатҳо чораҳои лозимӣ андешем. Биёед аз атоҳои ҳам рӯҳонӣ ва ҳам моддии Яҳува ҳаловат барем. Агар муносибатҳои наздикамонро бо Худо нигоҳ дорем, мо метавонем хурсанду хушбахт бошем, зеро навишта шудааст: «Хушо халқе ки Худояш Яҳува аст!» (Заб. 144:15, ТДН [143:15]).
Шумо чӣ омӯхтед?
• Ҳангоми дучоршавӣ бо мушкилиҳо мо чӣ тавр мисли Яҳува амал карда метавонем?
• Чӣ тавр дар мубориза бо мушкилиҳо оқилӣ ба мо кӯмак мекунад?
• Чӣ гуна дар рӯзҳои душвор мо дар иҷрои иродаи Худо хурсандӣ ёфта метавонем?