Марқус
13 Вақте ки Исо аз ибодатгоҳ мебаромад, яке аз шогирдонаш ба ӯ гуфт: «Устод, бубин чӣ зебоянд ин сангҳову биноҳо!»+ 2 Лекин Исо ба ӯ гуфт: «Ин биноҳои боҳашаматро мебинӣ? Дар ин ҷо санге бар санге намемонад, ҳамааш ба хок яксон мешавад».+
3 Вақте Исо бар кӯҳи Зайтун, ки аз он ҷо ибодатгоҳ намудор буд, менишаст, Петрус, Яъқуб, Юҳанно ва Андриёс дар танҳоӣ аз ӯ пурсиданд: 4 «Ба мо бигӯй, ки ин кай рӯй медиҳад ва аломати замоне, ки ҳамаи ин чизҳо ба охир мерасанд, чӣ мешавад?»+ 5 Исо ба онҳо гуфт: «Эҳтиёт шавед, ки касе шуморо гумроҳ насозад.+ 6 Бисёриҳо бо номи ман омада, мегӯянд: “Ман Масеҳ ҳастам”, ва мардуми зиёдеро гумроҳ месозанд. 7 Ҳамчунин, вақте садои ҷанг ва овозаи ҷангҳоро мешунавед, ба воҳима наафтед, зеро ҳамаи ин чизҳо бояд рӯй диҳанд, аммо ин ҳанӯз охир нест.+
8 Он вақт як халқ бо халқи дигаре ва як давлат бо давлати дигаре ҷанг мекунад+ ва дар ҳама ҷо пайи ҳам заминҷунбиву гушнагӣ мешавад.+ Ҳамаи ин саршавии дардҳост.+
9 Лекин шумо эҳтиёт шавед. Одамон барои маро пайравӣ карданатон шуморо ба додгоҳҳо мекашанд,+ дар ибодатхонаҳо мезананд+ ва назди ҳокимону подшоҳон мебаранд, то ба онҳо шаҳодат диҳед.+ 10 Аммо лозим аст, ки аввал ин хушхабар ба тамоми халқҳо эълон карда шавад.+ 11 Вақте ки шуморо дастгир карда, ба додгоҳ баранд, дар бораи чӣ гуфтанатон ғам нахӯред. Ҳар он чӣ дар он соат ба шумо ато шавад, ҳамонро бигӯед, зеро гӯянда шумо нестед, балки рӯҳи муқаддас аст.+ 12 Он вақт бародар бародарро ва падар фарзандашро ба куштан медиҳад ва фарзандон ба волидонашон зид баромада, онҳоро ба куштан медиҳанд.+ 13 Ҳама аз барои номи ман аз шумо нафрат мекунад,+ вале ҳар кӣ то охир истодагӣ кунад,+ наҷот меёбад.+
14 Аммо, вақте чизи нафратангези харобиоварро+ дар ҷое бубинед, ки набояд бошад (бигзор хонанда ақлу ҳушашро кор фармуда ба ин сарфаҳм равад), ҳамаи онҳое, ки дар Яҳудия ҳастанд, ба кӯҳистон гурезанд.+ 15 Бигзор ҳар кӣ дар болои бом аст, барои гирифтани чизе поён нафарояд ва ба хона надарояд 16 ва ҳар кӣ дар саҳрост, барои гирифтани ҷомаи худ ба хона барнагардад. 17 Вой бар ҳоли заноне, ки он рӯзҳо ҳомиладор бошанд, ва модароне, ки кӯдаки ширмак дошта бошанд!+ 18 Дуо гӯед, ки ин воқеаҳо ба зимистон рост наоянд, 19 зеро дар он рӯзҳо азобе сар мезанад,+ ки аз аввали офариниш то ба ҳол рӯй надода буд ва дигар ҳеҷ гоҳ рӯй намедиҳад.+ 20 Агар Яҳува он рӯзҳоро кӯтоҳ намекард, ҳеҷ кас наҷот намеёфт, лекин ба хотири интихобкардагонаш ӯ он рӯзҳоро кӯтоҳ кардааст.+
21 Агар касе ба шумо бигӯяд, ки “Масеҳ ин ҷост!” ё “Ӯ он ҷост!”, бовар накунед,+ 22 зеро одамоне пайдо мешаванд, ки худро бардурӯғ Масеҳ ва пайғамбар меноманд+ ва аломату муъҷизаҳо нишон медиҳанд, то, агар тавонанд, интихобшудагонро гумроҳ кунанд. 23 Лекин шумо ҳушёр шавед.+ Ман шуморо аз ин чизҳо огоҳ кардам.
24 Дар он рӯзҳо, баъд аз он азоб, офтоб хира мегардад ва моҳтоб дигар равшанӣ намедиҳад,+ 25 ситорагон аз осмон меафтанд ва қувваҳои осмон ба ларзиш меоянд. 26 Он вақт Фарзанди одамро,+ ки бар абрҳо бо қудрати бузург ва ҷалол меояд, мебинанд.+ 27 Ӯ фариштагонро мефиристад, то аз чор кунҷи дунё*, аз ҳар гӯшаву канори замину осмон, интихобшудагонро ҷамъ оваранд.+
28 Ба дарахти анҷир нигоҳ кунед: ҳамин ки шохаҳои он муғҷа баста, барг бароранд, шумо мефаҳмед, ки тобистон наздик аст.+ 29 Ба ин монанд, вақте бубинед, ки ин воқеаҳо рӯй дода истодаанд, донед, ки Фарзанди Одам наздик аст, дар пеши дар аст.+ 30 Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳанӯз ин насл аз байн нарафта, ҳамаи ин чизҳо ба амал меоянд.+ 31 Замину осмон аз байн раванд ҳам,+ суханони ман ҳаргиз аз байн намераванд.+
32 Он рӯз ва соатро ғайр аз Падар ҳеҷ кас намедонад: на фариштагони осмону на Писар.+ 33 Пас, бодиққат ва ҳушёр бошед,+ зеро намедонед, ки вақти муқарраршуда кай фаро мерасад.+ 34 Он мисли мардест, ки пеш аз сафар хонаашро ба ғуломон супурда,+ ба ҳар яки онҳо супорише медиҳад ва ба дарвозабон мефармояд, ки бедор бошад.+ 35 Пас, бедор бошед, зеро намедонед, ки соҳиби хона кай меояд:+ бегоҳӣ, нисфи шаб, вақти бонги хурӯс ё бомдодон*.+ 36 Бедор бошед, мабодо ӯ ногаҳон омада, шуморо хобида ёбад.+ 37 Лекин он чӣ ба шумо мегӯям, ба ҳама мегӯям: “Бедор бошед!”»+