Луқо
21 Исо назар андохта дид, ки одамони бой ба зарфҳои хайрия ҳадия андохта истодаанд.+ 2 Сипас чашмаш ба бевазани камбағале афтод, ки ду тангаи хурди хеле камарзишро* хайрия мекард.+ 3 Он гоҳ ӯ гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ин бевазани камбағал аз дигарон зиёдтар хайрия кард.+ 4 Онҳо аз зиёдатии худ ҳадия карданд, аммо вай, камбағал бошад ҳам, тамоми чизи доштаашро дод».+
5 Чанде пас, вақте баъзеҳо дар бораи ибодатгоҳ, дар бораи бо сангҳои зебову ҳадияҳо* оро ёфтани он, гап мезаданд,+ 6 Исо гуфт: «Рӯзҳое мерасанд, ки аз он чӣ ҳоло дар ин ҷо мебинед, санге бар санге намемонад, ҳамааш ба хок яксон мешавад».+ 7 Он гоҳ онҳо аз ӯ пурсиданд: «Устод, ин кай рӯй медиҳад ва аломати замоне, ки ин чизҳо ба амал меоянд, чӣ мешавад?»+ 8 Ӯ гуфт: «Эҳтиёт шавед, ки шуморо гумроҳ насозанд,+ зеро бисёриҳо бо номи ман омада, мегӯянд: “Ман Масеҳ ҳастам” ва “Вақту соат наздик аст”. Аз паси онҳо наравед.+ 9 Беш аз ин, вақте дар бораи ҷангҳо ва бесарусомониҳо* мешунавед, ба тарсу ҳарос наафтед, зеро аввал бояд ҳамаи ин чизҳо рӯй диҳанд, аммо охири ин замона дарҳол намеояд».+
10 Баъд аз ин ӯ ба онҳо гуфт: «Он вақт як халқ бо халқи дигаре+ ва як давлат бо давлати дигаре ҷанг мекунад,+ 11 заминҷунбиҳои сахт ба амал меоянд ва дар ҳама ҷо пайи ҳам гушнагиву вабоҳо сар мезананд,+ ҳамчунин ҳодисаҳои пурдаҳшат рӯй дода, аз осмон аломатҳои бузург намудор мешаванд.
12 Лекин, пеш аз он ки ҳамаи ин чизҳо ба амал оянд, одамон шуморо озор медиҳанд+ ва дастгир карда, ба ибодатхонаҳову зиндонҳо месупоранд. Аз барои номи ман шуморо ба назди подшоҳон ва ҳокимон мебаранд.+ 13 Ин ба шумо имкон медиҳад, ки шаҳодат диҳед. 14 Пас, дар дилатон азм кунед, ки барои муҳофизати худ як ба як чӣ гуфтанатонро пешакӣ фикр накунед,+ 15 зеро ман ба шумо забони гӯё ва хирад медиҳам, ба тавре ки душманонатон якҷоя шаванд ҳам, наметавонанд ба шумо зиддият кунанд ё дар гап мағлубатон кунанд.+ 16 Он вақт ҳатто падару модар, бародарон, хешу табор ва ёру дӯстонатон шуморо ба дасти доварон месупоранд* ва баъзеи шумо кушта мешавед.+ 17 Ҳама аз барои номи ман аз шумо нафрат мекунад,+ 18 вале ҳатто як тори мӯйи шумо нобуд намешавад.+ 19 Шумо бо истодагӣ ҷонатонро халос мекунед.+
20 Аммо, вақте Ерусалимро дар иҳотаи лашкарҳо бинед,+ бидонед, ки харобии он наздик аст.+ 21 Он вақт ҳамаи онҳое, ки дар Яҳудия ҳастанд, ба кӯҳистон гурезанд,+ онҳое, ки дар даруни шаҳр мебошанд, баромада раванд ва онҳое, ки дар гирду атрофанд, ба он надароянд, 22 зеро он рӯзҳо рӯзҳои ҷазо* мебошанд, то ҳамаи навиштаҳо иҷро гарданд. 23 Вой бар ҳоли заноне, ки он рӯзҳо ҳомиладор бошанд, ва модароне, ки кӯдаки ширмак дошта бошанд!+ Охир, бар ин сарзамин азобу уқубати зиёд меояд ва ин одамон гирифтори ғазаб мешаванд. 24 Онҳо аз дами шамшер ҳалок мегарданд ва ба сарзамини ҳамаи халқҳо ба асирӣ бурда мешаванд.+ Халқҳо*, то даме ки даврони халқҳо* ба анҷом расад,+ Ерусалимро поймол мекунанд.
25 Дар офтоб, моҳ ва ситорагон аломатҳо намоён мешаванд,+ дар рӯйи замин бошад, халқҳо аз хурӯшу талотуми баҳр азоб кашида, роҳи гурез намеёбанд. 26 Одамон аз тарсу ҳарос ва интизории воқеаҳое, ки бар сари сокинони замин меоянд, аз ҳол мераванд, чунки қувваҳои осмон ба ларзиш меоянд. 27 Он вақт Фарзанди одамро мебинанд,+ ки бар абр бо қудрат ва ҷалоли бузург меояд.+ 28 Аммо шумо, вақте ки ба амал омадани ин чизҳо сар шавад, қомататонро рост кунед ва саратонро бардоред, чунки халосиятон наздик аст».
29 Сипас ӯ ба онҳо мисоле овард: «Ба дарахти анҷиру дарахтони дигар назар кунед:+ 30 вақте муғҷа бастани онҳоро мебинед, шумо мефаҳмед, ки тобистон наздик аст. 31 Ба ин монанд, вақте ин воқеаҳоро бубинед, донед, ки Подшоҳии Худо наздик аст. 32 Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳанӯз ин насл аз байн нарафта, ҳамаи ин чизҳо ба амал меоянд.+ 33 Замину осмон аз байн раванд ҳам, суханони ман ҳаргиз аз байн намераванд.+
34 Пас, бохабар бошед, ки ҳеҷ гоҳ саргарми пурхӯрӣ, мастигарӣ+ ва ташвишҳои зиндагӣ+ нашавед ва он рӯз ногаҳон омада, 35 бароятон доме нагардад,+ зеро он рӯз бар сари ҳама мардуми замин меояд. 36 Бинобар ин ҳушёр бошед+ ва ҳама вақт аз Худо илтиҷо кунед,+ ки ҳангоми ҳамаи ин воқеаҳо наҷот ёфта, дар пеши Фарзанди одам истода тавонед».+
37 Исо рӯзона дар ибодатгоҳ таълим медоду бегоҳиҳо аз он ҷо баромада, шабро дар кӯҳе мегузаронд, ки кӯҳи Зайтун ном дошт, 38 ва тамоми мардум саҳарии барвақт барои шунидани ӯ ба ибодатгоҳ меомаданд.