Ибриён
13 Бигзор бародардӯстиятон пойдор бошад.+ 2 Меҳмоннавозиро* фаромӯш накунед,+ зеро ҳамин тавр баъзеҳо надониста фариштаҳоро қабул карданд.+ 3 Бандиёни зиндонро дар хотир доред,+ мисли он ки шумо низ бо онҳо дар зиндон бошед.+ Ҳамчунин ситамкашонро аз ёд набароред, чунки худи шумо низ дар ҷисм ҳастед*. 4 Бигзор ҳама пайванди заношӯйиро ҳурмату иззат кунанд ва ҷойхоби зану шавҳар нопок нагардад,+ зеро Худо зинокорон* ва онҳоеро, ки ба ҳамсари худ хиёнат мекунанд, доварӣ хоҳад кард.+ 5 Аз пулпарастӣ дурӣ ҷӯед+ ва бо он чӣ доред, қаноат кунед,+ зеро ӯ гуфтааст: «Туро ҳеҷ гоҳ намепартоям ва ҳеҷ гоҳ танҳо намемонам».+ 6 Барои ҳамин мо бо дилпурӣ чунин гуфта метавонем: «Яҳува мададгори ман аст, нахоҳам тарсид. Одамизод бо ман чӣ метавонад кунад?»+
7 Онҳоеро, ки дар байни шумо роҳбариро ба уҳда доранд,+ яъне касонеро, ки каломи Худоро ба шумо расондаанд, дар хотир доред ва дар бораи оқибати рафторашон андешида, аз имони онҳо ибрат гиред.+
8 Исои Масеҳ дирӯз, имрӯз ва то абад ҳамон аст.
9 Нагузоред, ки таълимоти гуногуну бегона шуморо гумроҳ созад, зеро беҳтар аст, ки дил аз лутфу марҳамат қувват гирад, на аз хӯрокҳо*, ки ба касоне, ки ба онҳо аз ҳад зиёд диққат медиҳанд, фоидае намеоранд.+
10 Мо қурбонгоҳе дорем, ки шахсоне, ки дар хайма ба Худо хизмат мекунанд, ҳақ надоранд аз қурбонии он бихӯранд.+ 11 Ҷисми ҳайвонҳое, ки саркоҳин хунашонро чун қурбонии гуноҳ ба ҷойи муқаддас медарорад, берун аз хаймагоҳ сӯзонда мешавад.+ 12 Аз ин рӯ Исо низ, барои он ки одамонро бо хуни худ поку муқаддас гардонад,+ берун аз дарвозаи шаҳр азобу уқубат кашид.+ 13 Пас, биеёд мо ҳам мисли ӯ ба хорӣ тоб орем ва аз хаймагоҳ назди ӯ берун оем,+ 14 чунки дар ин ҷо шаҳре надорем, ки боқӣ монад, балки ҷӯёи шаҳре ҳастем, ки дар оянда барпо мегардад.+ 15 Биёед ҳамеша ба воситаи ӯ ба Худо қурбонии ҳамду сано орем,+ яъне самари лабҳоямонро,+ ки номи ӯро ба мардум эълон мекунанд.+ 16 Беш аз ин, некукор ва дасткушод буданро фаромӯш накунед,+ зеро чунин қурбониҳо ба Худо маъқуланд.+
17 Ба касоне, ки дар байни шумо роҳбариро ба уҳда доранд,+ итоаткору фармонбардор бошед,+ зеро онҳо чун шахсоне, ки ҳисобот медиҳанд,+ доимо ғами шуморо мехӯранд. Агар чунин кунед, онҳо ин корро бо хурсандӣ мекунанд, на бо оҳу воҳ, зеро ин ба зарари шумост.
18 Дар бораи мо дуо гуфтанро бас накунед, зеро бовар дорем, ки виҷдонамон пок аст, чунки мехоҳем дар ҳар маврид ростқавлу ҳалолкор бошем.+ 19 Мехоҳам махсусан дар бораи он дуо гӯед, ки ҳар чӣ зудтар назди шумо баргардам.
20 Бигзор Худои сулҳу осоиштагӣ, ки чӯпони бузург+ ва Ҳазратамон Исоро аз мурдагон бархезонд, ва Исо хуни аҳди ҷовидониро ба ӯ пешкаш кард, 21 ба шумо ҳар чизи некро диҳад, то хосташро ба ҷо оварда тавонед. Бигзор ӯ ба воситаи Исои Масеҳ он чиро, ки дар назараш писанд аст, дар мо ба амал оварад. Ӯро то абад ҷалол бод! Омин.
22 Эй бародарон, аз шумо хоҳиш мекунам, ки ба ин суханони қувватбахш босаброна гӯш диҳед, зеро мактубам дароз нест. 23 Мехоҳам бидонед, ки бародарамон Тимотиюс озод шуд, ва, агар ӯ ба зудӣ биёяд, ҳамроҳаш ба дидани шумо меоям.
24 Ба ҳамаи онҳое, ки дар байни шумо роҳбариро ба уҳда доранд, ва ҳамчунин ба ҳамаи покони дигар аз номи ман салом расонед. Онҳое, ки дар Итолиёянд,+ ба шумо салом мерасонанд.
25 Лутфу марҳамат бо ҳамаи шумо бод!