Корнома
6 Дар он рӯзҳо, ки шумораи шогирдон зиёд мешуд, яҳудиёни юнонизабон аз яҳудиёни ибронизабон шикоят карданд, зеро ҳангоми тақсими ризқи ҳаррӯза ба бевазанони онҳо беаҳамиятӣ карда мешуд.+ 2 Бинобар ин 12 расул ҳамаи шогирдонро ҷамъ оварда, гуфтанд: «Дуруст нест, ки мо таълими каломи Худоро як сӯ монда, бо тақсими хӯрок машғул шавем.+ 3 Пас, эй бародарон, аз байни худ ҳафт одами баобрӯро,+ ки аз рӯҳ ва хирад пуранд,+ интихоб кунед, то мо онҳоро барои иҷро кардани ин кори зарур таъйин намоем.+ 4 Мо бошем, вақту диққати худро ба дуо гуфтан ва таълим додани каломи Худо мебахшем». 5 Ин суханон ба ҳамаи шогирдон маъқул шуданд ва онҳо Истефанусро, ки аз имон ва рӯҳи муқаддас пур буд, ҳамчунин Филиппус,+ Прохорус, Никонӯр, Тимӯн, Парминос ва Николоси антиохиягиро, ки дини яҳудиро қабул карда буд, интихоб карданд. 6 Онҳоро назди расулон оварданд ва расулон пас аз дуо гуфтан бар онҳо даст гузоштанд.+
7 Дар натиҷа каломи Худо торафт паҳн мегашт+ ва шумораи шогирдон дар Ерусалим бошаст зиёд мешуд,+ ҳатто бисёре аз коҳинон имон оварданд.+
8 Истефанус, ки аз некуӣ ва қуввати Худо пур буд, дар байни мардум муъҷизаҳои бузург ва аломатҳо ба амал меовард. 9 Вале баъзе касоне, ки аз ибодатхонаи Озодшудагон буданд, ҳамроҳи баъзе аз сокинони Қурину Искандария ва Қилиқияву Осиё пеш омада, бо Истефанус баҳсу мунозира карданд. 10 Аммо ба хиради ӯ ва рӯҳи муқаддасе, ки бо он сухан мегуфт, муқобилат карда натавонистанд.+ 11 Он гоҳ онҳо пинҳонӣ одамонро розӣ карданд, ки чунин гӯянд: «Мо шунидем, ки ӯ дар ҳаққи Мӯсо ва Худо куфр мегуфт». 12 Онҳо мардум, пирон ва шариатдононро шӯр андохтанд ва ин шахсон ногаҳон ба Истефанус дарафтода, ӯро бо зӯрӣ дастгир намуданду ба Шӯрои олии яҳудиён бурданд. 13 Он одамон шоҳидони бардурӯғро пеш оварданд ва онҳо гуфтанд: «Ин одам доим бар зидди ибодатгоҳ ва Шариат сухан мегӯяд. 14 Мо бо гӯши худ шунидем, ки ӯ чунин мегӯяд: “Исои носирӣ ибодатгоҳро вайрон мекунад ва урфу одатҳоеро, ки Мӯсо ба мо супурдааст, тағйир медиҳад”».
15 Вақте ҳама касоне, ки дар Шӯрои олӣ нишаста буданд, ба ӯ нигоҳ карданд, диданд, ки рӯйи ӯ мисли рӯйи фаришта аст*.