Ишаъё
2 Ин аст он чизе, ки Ишаъёи писари Омӯс дар бораи Яҳудо ва Ерусалим дидааст:+
2 Дар рӯзҳои охир кӯҳи хонаи Яҳува
Бар сари кӯҳҳо устувор мегардад+
Ва аз теппаҳо баландтар мешавад
Ва ҳамаи халқҳо сӯйи он равона мешаванд.+
3 Халқҳои зиёде омада, мегӯянд:
«Биёед ба кӯҳи Яҳува,
Ба хонаи Худои Яъқуб, бароем.+
Ӯ роҳҳои худро ба мо таълим медиҳад
Ва мо бо роҳҳои ӯ равона мешавем»,+
Зеро шариат* аз Сион
Ва каломи Яҳува аз Ерусалим мебарояд.+
4 Он вақт ӯ дар миёни халқҳо доварӣ мекунад
Ва ба мардумони зиёд дастур медиҳад.
Халқе бар халқе шамшер намекашад
Ва онҳо дигар ҷангро таълим намегиранд.+
5 Биё, эй хонадони Яъқуб, дар нури Яҳува роҳ равем.+
6 Ту халқи худ, хонадони Яъқубро, тарк кардӣ,+
Зеро замин аз урфу одатҳои Шарқ пур шудааст.
Онҳо мисли фалиштиён сеҳру ҷоду мекунанд+
Ва насли бегонагон дар миёнашон зиёд аст.
7 Заминашон пур аз нуқраву тиллост
Ва ганҷҳояшон беҳисобанд.
Заминашон пур аз аспҳост
Ва аробаҳояшон сону шумор надорад.+
8 Заминашон пур аз бутҳои бекора аст.+
Онҳо ба амали дастони худ саҷда мекунанд,
Ба чизе, ки бо ангуштони худ сохтаанд.
9 Инсон шармандаву сархам мешавад
Ва ту аз гуноҳи онҳо намегузарӣ.
11 Чашмони ҳавобаланди инсон поён мешавад
Ва ғурури одамизод ба хок яксон мегардад.
Танҳо Яҳува дар он рӯз баланд мегардад,
12 Зеро ин рӯзи Яҳува, Худои лашкарҳост.+
Он бар сари ҳар мағруру ҳавобаланд меояд,
Бар сари ҳар кас — ҳам соҳибмартабаю ҳам бечора,+
13 Бар ҳар сидраи қоматбаланду азими Лубнон
Ва бар ҳар булути Бошон,
14 Бар ҳар кӯҳи сар ба осмон
Ва бар ҳар теппаи баланд,
15 Бар ҳар бурҷи* баланд ва ҳар ҳисори мустаҳкам,
16 Бар ҳар киштии таршишӣ+
Ва ҳар киштии қиматбаҳо.
17 Ҳавобаландии инсон паст мегардад
Ва ғурури одамизод ба хок яксон мешавад.
Танҳо Яҳува дар он рӯз баланд мегардад.
18 Бутҳои бекора бошанд, беному нишон мешаванд.+
19 Вақте Яҳува бармехезад, то заминро ба тарсу ларз орад,
Аз ҳузури ваҳмангези ӯ
Ва аз шукӯҳу шавкаташ+
Одамон ба ғорҳои кӯҳ
Ва ба чуқуриҳои замин медароянд.+
20 Дар он рӯз одамон бутҳои бекораи нуқра ва тиллоро,
Бутҳоеро, ки барои парастиш сохтаанд,
21 Вақте Яҳува бармехезад, то заминро ба тарсу ларз орад,
Аз ҳузури ваҳмангези ӯ
Ва аз шукӯҳу шавкаташ
Онҳо ба сӯрохии кӯҳ
Ва ба ғори шах медароянд.
22 Ба фоидаи худатон дигар ба одами хокӣ,
Ки нафаси ӯ дар бинияш аст, таваккал накунед.
Чаро ба ӯ такя кунед?