Ишаъё
5 Ба дӯстдоштаи худ суруде месароям,
Суруд дар бораи ёрам ва токзораш.+
Дӯстдоштаам бар теппаи ҳосилхезе токзор дошт.
2 Ӯ заминро побел кард ва аз сангҳо тоза намуд.
Ӯ умедвор буд, ки он ангури хуб медиҳад,
Аммо он ангури ёбоӣ ба бор овард.+
3 «Акнун, эй сокинони Ерусалим ва мардуми Яҳудо,
Илтимос, байни ману токзорам доварӣ кунед.+
4 Барои токзори худ бояд боз чӣ мекардам, ки накардаам?+
Ман умедвори ангури хуб будаму
Чаро он ангури ёбоӣ дод?
5 Акнун гӯш кунед, ки бо токзори худ чӣ кор мекунам:
Ман шиғи гирди онро вайрон мекунам
Ва онро алов мезананд.+
Девори сангинашро мешиканам
Ва онро поймол месозанд.
7 Токзори Яҳува, Худои лашкарҳо, хонадони Исроил аст,+
Мардуми Яҳудо боғест*, ки ӯ ба он дил баста буд.
Ӯ умедвори адолат буд,+
Аммо аз он ноҳақӣ сар зад.
Интизори росткорӣ буд,
Аммо ба ҷойи он доду фиғон баромад».+
8 Вой бар ҳоли касоне, ки ба хона хона зам мекунанд+
Ва ба киштзор киштзор илова менамоянд,+
То ҳадде ки барои дигарон ҷое намемонад
Ва дар он замин танҳо шумо зиндагӣ мекунед.
9 Ман бо гӯши худ қасами Яҳува, Худои лашкарҳоро, шунидам, ки
Хонаҳои бузургу зебои бисёре
Беодам мешаванд+
Ва кас аз диданашон ба даҳшат меояд.
11 Вой бар онҳое, ки аз саҳари рӯз дар пайи арақхӯриянд+
Ва то бевақтии шаб шароб нӯшида, масту бехуд мешаванд.
12 Онҳо бо чангу соз,
Дафу най ва шароб базм меороянд,
Вале дар бораи корҳои Яҳува фикр намекунанду
Амали дастҳои ӯро намебинанд.
13 Аз ин рӯ халқи ман, ки маро намешиносад,+
Ба асирӣ бурда мешавад.
Мардони номдори онҳо гирифтори гуруснагӣ мегарданд+
Ва тамоми мардумашон аз ташнагӣ беҳол мешавад.
Шукӯҳи* ӯ, ғалоғулаи мардуми ӯ ва айшпарастони ӯ
Ҳатман ба он фурӯ мераванд.
15 Инсон сархам мешавад
Ва одам сарпаст мегардад,
Чашмони ҳавобаландон поён мешавад.
16 Яҳува, Худои лашкарҳо, доварӣ карда* ҷалол меёбад,
17 Барраҳо, гӯё дар чарогоҳи худ бошанд, хоҳанд чарид,
Бегонагон дар ҷойҳои бекасе, ки чорвои парворӣ дошт, хоҳанд хӯрд.
18 Вой бар онҳое, ки айби худро бо бандҳои фиреб
Ва гуноҳи худро бо танобҳои ароба аз пайи худ мекашанд.
19 Вой бар онҳое, ки мегӯянд: «Бигзор ӯ корашро тезонад,
Он зудтар ба амал ояд, то бубинем.
20 Вой бар онҳое, ки некро бад ва бадро нек,+
Торикиро рӯшноӣ ва рӯшноиро торикӣ,
Талхро ширину ширинро талх меноманд!
21 Вой бар онҳое, ки дар чашми худ хирадманд
Ва дар назари худ доноянд!+
22 Вой бар онҳое, ки дар нӯшидани шароб зӯр
Ва дар омехта кардани арақ устоянд!+
23 Вой бар онҳое, ки пора гирифта,+ бадкорро сафед мекунанд
Ва ба доди росткор намерасанд!+
24 Аз ин рӯ, чуноне ки забонаи оташ хасро фурӯ мебарад
Ва хошок дар аланга месӯзад,
Решаи онҳо мепӯсад
Ва ғунчаҳои онҳо мисли ғубор парешон мешавад,
Зеро шариати* Яҳува, Худои лашкарҳоро, таги по намуданд
Ва ба каломи Худои Поки Исроил беҳурматӣ карданд.+
25 Барои ҳамин хашми Яҳува бар халқаш аланга гирифтааст
Ва ӯ дасташро дароз мекунад, то онҳоро зарба занад.+
Кӯҳҳо ба ларза меоянд
Ва ҷасадҳо дар кӯчаҳо чун партов хоҳанд буд.+
Аз сабаби ин бадкориҳояшон хашми ӯ паст нашудааст
Ва дасташ аз задан бознаистодааст.
26 Ӯ барои халқи дурдаст парчам задааст,+
Ба онҳо ҳуштак кашидааст, то аз канори замин биёянд+
Ва, ана, онҳо бошитоб омада истодаанд.+
27 Ҳеҷ кадоми онҳо хаста нашудааст ва пешпо намехӯрад,
Ҳеҷ кадоме ғанаб намекунад ва хоб намеравад,
Камарбанди онҳо суст нашудааст
Ва бандҳои пойафзолашон накандааст.
28 Онҳо тирҳояшонро тез
Ва тори камонҳояшонро таранг кардаанд.
Суми аспҳояшон мисли санги чақмоқ аст
Ва чархи аробаҳояшон мисли тундбод.+
29 Наъраи онҳо мисли наъраи шер аст,
Онҳо мисли шерони ҷавон наъра мезананд.+
Онҳо ғуррида, сайдро ба чанг меоранд,
Онро мебаранд ва касе халосаш намекунад.
30 Он рӯз онҳо мисли баҳри хурӯшон+
Бар он меғурранд.
Ҳар касе бар ин замин нигарад, зулмоти ваҳмангезро мебинад,
Ҳатто рӯшноӣ аз абрҳо тира гаштааст.+