Забур
Миктами* Довуд.
16 Худоям, маро нигаҳбонӣ кун,
Зеро ба ту паноҳ мебарам.+
2 Ба Яҳува гуфтам: «Ту, эй Яҳува, сарчашмаи некиҳои манӣ.
4 Пайравони худоёни дигар бар ғами худ ғам зам мекунанд.+
Ман ҳаргиз барои бутҳо ҳадияҳои рехтании хунин намеорам
Ва номашонро ба забон намегирам.+
5 Яҳува ҳиссаи ман, насибаи ман+ ва косаи ман+ аст.
Ту нигаҳдорандаи мероси манӣ.
6 Чӣ хуш аст мулке, ки ба ман додаӣ*.
Ман аз мероси худ хурсандам.+
7 Яҳуваро, ки пандомӯзи ман аст, ситоиш мекунам.+
Ҳатто шабонгаҳ андешаҳои ниҳонам* маро ислоҳ мекунанд.+
8 Яҳува доимо дар пеши назарам аст.+
Ӯ аз дасти ростам меистад, ман ҳеҷ гоҳ фурӯ намеғалтам.+
9 Аз ин рӯ дилам шодӣ мекунад,
Тамоми вуҷудам ба ваҷд меояд.
11 Ту роҳи ҳаётро ба ман маълум месозӣ.+
Дар рӯйи ту ризоро дидан ба кас хурсандии бепоён мебахшад,+
Аз тарафи рости ту будан хушбахтии абадӣ меорад.