«Аз Худо умед дорам»
«Одами охирин рӯҳи ҳаётбахш аст» (1 ҚӮР. 15:45).
1–3. а) Кадом таълимот бояд яке аз муҳимтарин таълимот дар эътиқодамон бошад? б) Чаро эҳёшавӣ хеле муҳим аст? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
АГАР ягон кас аз шумо пурсад, ки «кадом таълимот дар эътиқоди шумо муҳимтарин аст», шумо чӣ ҷавоб медодед? Албатта, шумо дар бораи бовариатон ба он ки Яҳува Офаридгор аст ва ба мо ҳаёт бахшидааст, мегӯед. Ё, эҳтимол, шумо мегӯед, ки ба қурбонии Исои Масеҳ бовар мекунед. Ва ё дар бораи биҳишти рӯйи замин, ки дар он халқи Худо то абад зиндагӣ хоҳад кард, нақл мекунед. Лекин оё шумо эҳёшавиро чун яке аз муҳимтарин таълимоте, ки имонатонро қавӣ мегардонад, қайд мекардед?
2 Барои эҳёшавиро яке аз муҳимтарин таълимот дар эътиқодамон шуморидан мо сабабҳои бисёр дорем. Ҳатто агар мо умед кунем, ки мусибати бузургро зинда гузашта дар рӯйи замин ҷовидона зиндагӣ мекунем, бояд фаромӯш накунем, ки таълимот дар бораи эҳёшавӣ муҳим аст. Павлуси ҳавворӣ инро қайд карда гуфт: «Агар мурдагон эҳё нашаванд, Масеҳ низ эҳё нашудааст». Агар Исо эҳё намешуд, ӯ дар осмон чун Подшоҳ ҳукмронӣ карда наметавонист ва мавъизаи мо беҳуда мебуд. (1 Қӯринтиён 15:12–19-ро хонед.) Мо боварӣ дорем ва аниқ медонем, ки Исо эҳё шудааст. Бо ин мо аз садуқиёни яҳудӣ, ки ба зиндашавии мурдагон боварӣ надоштанд, фарқ мекунем. Ҳатто агар моро масхара кунанд, бовариамон ба он ки Худо мурдагонро зинда мекунад, суст намешавад (Марқ. 12:18; Аъм. 4:2, 3; 17:32; 23:6–8).
3 Павлус гуфт, ки «эҳёи мурдагон» ин қисми «таълимоти ибтидоии Масеҳ» аст (Ибр. 6:1, 2). Худи Павлус низ ба эҳёшавӣ боварӣ дошт (Аъм. 24:10, 15, 24, 25). Ҳарчанд эҳёшавӣ таълимоти ибтидоӣ, яъне «асосҳои аввалини каломи Худо» аст, ин маънои онро надорад, ки он таълимоти одӣ ва осонфаҳм мебошад (Ибр. 5:12).
4. Дар бораи эҳёшавӣ кадом саволҳо пайдо шуда метавонанд?
4 Вақте одамон омӯзиши Китоби Муқаддасро сар мекунанд, онҳо одатан дар бораи эҳёшавии Лаъзор ва дигар одамони замони пеш мефаҳманд. Инчунин онҳо мефаҳманд, ки Иброҳим, Айюб ва Дониёл боварӣ доштанд, ки одамон дар оянда зинда мешаванд. Вале, агар ягон кас ба шумо саволҳои зеринро диҳад, чӣ тавр ҷавоб медиҳед: «Чӣ исбот мекунад, ки баъди ваъда шудани эҳёшавӣ садсолаҳо гузашта бошад ҳам, он ҳатман иҷро мешавад? Оё дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки эҳёшавӣ кай мешавад?» Ҷавоб ба ин саволҳо имонамонро қавӣ мегардонад. Аз ин рӯ биёед бинем, ки Навиштаҳо дар ин бора чӣ мегӯяд.
ЭҲЁШАВӢ БАЪДИ САДСОЛАҲО
5. Мо аввал чиро дида мебароем?
5 Эҳё шудани шахсеро, ки ба қарибӣ мурдааст, тасаввур кардан осон аст (Юҳ. 11:11; Аъм. 20:9, 10). Лекин оё мо ба ваъдае, ки ягон кас баъди солҳо ва ё ҳатто садсолаҳо эҳё мешавад, бовар карда метавонем? Оё мо ба эҳёшавии шахс новобаста аз он ки ӯ ба қарибӣ мурдааст ё аз вафоташ садҳо сол гузаштааст, бовар мекунем? Дар Китоби Муқаддас оиди эҳёшавие пешгӯйӣ шуда буд, ки баъди садсолаҳо рӯй дод ва шумо ба он боварӣ доред. Биёед бинем, ки ин кадом эҳёшавӣ мебошад ва чӣ тавр он бо умеди мо нисбати эҳёшавии оянда алоқамандӣ дорад.
6. Чӣ тавр гуфтаҳои Забур 117 дар Исо иҷро шуданд?
6 Биёед эҳёшавиеро, ки баъди садсолаҳо иҷро шуд, дида бароем. Дар Забур 117, ки шояд онро Довуд навишта буд, чунин суханон омадаанд: «Лутфан, эй Худованд, наҷот деҳ... Муборак аст Он ки ба исми Худованд меояд!» Ин суханонро одамон ба Исо, ки чанд рӯзи пеш аз маргаш, яъне 9-уми нисон, савора ба Ерусалим даромада буд, нисбат доданд (Заб. 117:25, 26; Мат. 21:7–9). Аммо чӣ тавр суханони Забур 117 бо эҳёшавие, ки дар оянда бояд рӯй медод, алоқамандӣ дорад? Аҳамият диҳед, ки дар ин таронаи Забур боз чӣ гуфта шудааст: «Санге, ки меъморон рад карданд, санги сари гӯшаи бино гардид» (Заб. 117:22).
7. Чӣ тавр яҳудиён нишон доданд, ки Исоро рад карданд?
7 «Меъморон», яъне роҳбарони яҳудӣ, аз Масеҳ рӯ гардонданд. Онҳо на танҳо Исоро рад карданд ё чун Масеҳ қабул накарданд, балки аз ин ҳам кори бадтаре карданд. Бисёр яҳудиён талаб карданд, ки Пилотус ӯро ба қатл расонад (Луқ. 23:18–23). Бале, онҳо ба марги Исо ҷавобгар буданд.
8. Чӣ тавр Исо «санги сари гӯшаи бино гардид»?
8 Агар Исоро рад карда кушта бошанд, пас, чӣ тавр ӯ «санги сари гӯшаи бино гардид»? Ин бояд танҳо баъд аз эҳё шуданаш имконпазир мегашт. Исо инро худаш гуфта буд. Ӯ дар бораи шахсе, ки токзор дошт, масале овард. Дар ин масал соҳиби токзор назди токдорон хизматгоронашро мефиристад. Токдорон бо хизматгорон дағалона муносибат мекунанд. Баъд аз ин соҳиби токзор писарашро мефиристад ва умед мекунад, ки онҳо ба гапи ӯ гӯш медиҳанд. Аммо токдорон писари ӯро мекушанд. Ба ин монанд, исроилиён ба пайғамбароне, ки Худо ба наздашон мефиристод, нағз муносибат намекарданд. Баъд аз нақл кардани ин масал Исо суханонеро, ки дар Забур 117:22 оварда шудааст, иқтибос овард (Луқ. 20:9–17). Петрус низ дар Ерусалим, вақте ки бо «сардорон ва пирон ва китобдонони» яҳудӣ гап мезад, ин фикрро қайд карда гуфт: «Исои Масеҳи Носирӣ, ки Ӯро шумо маслуб кардед... Худо Ӯро аз мурдагон эҳё намуд». Сипас илова намуд: «Ӯ ҳамон сангест, ки меъморон рад кардаанд, лекин он санги сари гӯшаи бино гардидааст» (Аъм. 3:15; 4:5–11; 1 Пет. 2:5–7).
9. Дар Забур 117:22 дар бораи кадом воқеаи муҳим пешгӯйӣ шуда буд?
9 Бешубҳа, дар Забур 117:22 дар бораи эҳёшавие пешгӯйӣ шудааст, ки баъди садсолаҳо иҷро шуд. Ин пешгӯйӣ дар бораи он аст, ки одамон Масеҳро рад мекунанд ва мекушанд, вале ӯ аз нав ба ҳаёт баргардонида мешавад, то «санги сари гӯшаи бино» гардад. Бо гузашти вақт ин пешгӯйӣ иҷро шуд ва Исо ягона шахсе гашт, ки ба воситаи номи ӯ мо наҷот меёбем (Аъм. 4:12; Эфс. 1:20).
10. а) Дар Забур 15:10 дар бораи чӣ пешгӯйӣ карда шудааст? б) Мо аз куҷо медонем, ки гуфтаҳои Забур 15:10 ба Довуд дахл надоранд?
10 Биёед ҳоло боз як оятеро, ки дар бораи эҳёшавӣ гуфта шудааст, дида бароем. Ин пешгӯйӣ баъд аз садсолаҳо иҷро шуд. Он моро боварӣ мебахшад, ки эҳёшавие, ки асрҳо пеш ваъда шуда буд, ҳатман иҷро мешавад. Дар Забур боби 15 Довуд чунин навишт: «Ту ҷони маро дар дӯзах [қабр, ТДН] нахоҳӣ андохт; нахоҳӣ гузошт, ки Қуддуси Ту фаноро бубинад» (Заб. 15:10). Довуд гуфтанӣ набуд, ки вай ҳеҷ гоҳ намемурад. Дар Каломи Худо аниқу равшан гуфта шудааст, ки Довуд пир шуд ва мурд. Ӯ «бо падарони худ хобид, ва дар шаҳри Довуд дафн карда шуд» (3 Подш. 2:1, 10). Пас, дар Забур 15:10 дар бораи кӣ гуфта шудааст?
11. Петрус кай Забур 15:10-ро фаҳмонда дод?
11 Маънои ин оят аз мо пӯшида нест. Садсолаҳо пас аз навишта шудани ин тарона ва баъд аз чанд ҳафтаи эҳё гардидани Исо Петрус ба ҳазорҳо яҳудиён ва онҳое, ки дини яҳудиро қабул карда буданд, маънои ояти Забур 15:10-ро кушода дод (Аъмол 2:29–32). Ӯ ба онҳо ёдрас карда гуфт, ки Довуд-пайғамбар мурд ва дафн карда шуд. Аз ин рӯ Довуд ин суханонро на дар бораи худаш, балки «дар бораи эҳёи Масеҳ» гуфта буд. Дар ягон ҷойи Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки онҳое, ки Петрусро гӯш мекарданд, бо ӯ дар ин бора баҳс карданд. Маълум мешавад, ки одамон нағз медонистанд, ки Довуд дар бораи эҳёи Масеҳ гуфта буд.
12. Чӣ тавр Забур 15:10 иҷро шуд ва ин моро ба чӣ боварӣ мебахшад?
12 Петрус ояти Забур 109:1-ро иқтибос оварда суханони худро тасдиқ кард. (Аъмол 2:33–36-ро хонед.) Ӯ аз рӯйи Китоби Муқаддас иқтибос оварда одамони бисёрро боварӣ бахшид, ки Исо ҳамон Масеҳи ваъдашуда буд. Инчунин ӯ фаҳмонд, ки, вақте Исо эҳё шуд, суханони дар Забур 15:10 навишташуда иҷро шуданд. Шунавандагон бо ин суханони Петрус розӣ буданд. Баъдтар, вақте Павлус бо яҳудиёни шаҳри Антиохия ва Писидия гап зад, айнан ҳамин хел далелҳо овард. Ин далелҳо ба онҳо сахт таъсир расонданд ва онҳо хоҳиши бештар гӯш кардани ӯро пайдо карданд. (Аъмол 13:32–37, 42-ро хонед.) Ин далелҳо ба мо низ боварӣ мебахшанд, ки пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас оиди эҳёшавии оянда, пас аз чанд аср бошад ҳам, ҳатман иҷро мешаванд.
ЭҲЁШАВӢ КАЙ МЕШАВАД?
13. Дар бораи зиндашавӣ боз кадом саволҳо пайдо шуда метавонанд?
13 Донистани он ки зиндашавӣ ҳатто пас аз чанд соли ваъда дода шуданаш иҷро мешавад, хеле рӯҳбаландкунанда аст. Аммо баъзеҳо шояд пурсанд: «Оё барои аз нав дидани шахси наздикам ман бояд дурудароз интизор шавам? Эҳёшавӣ кай мешавад?» Исо ба шогирдонаш гуфта буд, ки баъзе чизҳое ҳастанд, ки онҳо намедонанд ва дониста ҳам наметавонанд. Ин чизҳо «замонҳо ва мӯҳлатҳое» мебошанд, ки муқаррар кардани онҳо танҳо дар ихтиёри Падар аст (Аъм. 1:6, 7; Юҳ. 16:12). Ба ҳар ҳол, дар Китоби Муқаддас оиди кай рӯй додани эҳёшавӣ маълумот дода шудааст.
14. Эҳёшавии Исо аз эҳёшавии онҳое, ки пеш аз ӯ зиста буданд, чӣ фарқ дорад?
14 Яке аз муҳимтарин воқеаи эҳёшавӣ, ки дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, ин зиндашавии Исо мебошад. Агар ӯ зинда намешуд, ҳеҷ кас барои аз нав дидани наздикони худ умеде намедошт. Онҳое, ки пеш аз Исо ба воситаи Илёс, Элишоъ ва дигарон зинда карда шуданд, абадан зиндагӣ накарданд. Онҳо боз мурданд ва хок шуданд. Аммо Исо, ки «аз мурдагон эҳё шуд, дигар намемирад: мамот дигар бар Ӯ қудрат надорад». Ӯ дар осмон то абад зиндагӣ мекунад (Рум. 6:9; Ваҳй 1:5, 18; Қӯл. 1:18; 1 Пет. 3:18).
15. Чаро Исо «навбар» номида шудааст?
15 Исо аввалин шахсе буд, ки барои зиндагӣ дар осмон зинда шуд (Аъм. 26:23). Аммо ӯ ягона шахс нест, ки барои ҳаёти осмонӣ зинда мешавад. Исо ба ҳаввориёни содиқаш ваъда дода буд, ки бо ӯ дар осмон ҳукмронӣ хоҳанд кард (Луқ. 22:28–30). Лекин барои ба даст овардани ин мукофот онҳо бояд маргро чашанд. Баъд онҳо метавонанд мисли Исо бо ҷисми рӯҳонӣ зинда шаванд. Павлус мегӯяд: «Масеҳ аз мурдагон эҳё шуда, навбари мурдагон гардид». Инчунин ӯ илова карда мегӯяд, ки баъзеҳо низ дар осмон зинда мешаванд: аввал Масеҳ, баъд, дар вақти ҳузури ӯ, онҳое, ки аз они Масеҳанд (1 Қӯр. 15:20, 23).
16. Эҳё шудан ба ҳаёти осмонӣ кай ба амал меояд ва мо инро аз куҷо медонем?
16 Аз рӯйи суханони Павлус эҳё шудан ба осмон дар вақти ҳузур доштани Исо ба амал меояд. Шоҳидони Яҳува солҳои сол аст, ки дар асоси Китоби Муқаддас ҳузур доштани Исоро ба соли 1914 нисбат медиҳанд. Ин ҳузури Исо то ҳол давом дорад ва аён аст, ки анҷоми ҷаҳони Шайтон хеле наздик аст.
17, 18. Дар замони ҳузури Исо бо баъзе тадҳиншудагон чӣ мешавад?
17 Дар Китоби Муқаддас дар бораи эҳёшавӣ ба ҳаёти осмонӣ ҳамчунин гуфта шудааст: «[Мо] намехоҳем, ки шумо аз ояндаи онҳое, ки ба хоби марг рафтаанд, бехабар бошед... Зеро, агар мо имон дошта бошем, ки Исо мурд ва зинда шуд, пас, имон хоҳем дошт, ки Худо шахсонеро, ки то охир ба Исо содиқ монданд, аз хоби марг бармехезонад... Онҳое аз байни мо, ки дар вақти ҳузури Ҳазратамон зиндагӣ мекунанд, ҳаргиз пеш аз шахсоне, ки аллакай мурдаанд, эҳё намешаванд. Зеро худи Ҳазратамон бо карнайи Худо дар даст... аз осмон мефарояд ва он гоҳ онҳое, ки то дами марг ба Масеҳ содиқ монданд, аввалин шуда зинда мешаванд. Сипас, он нафароне аз мо, ки дар вақти ҳузури Ҳазратамон зиндагӣ мекунанд, эҳё шуда, дар абрҳо ба боло бурда мешаванд, то ба онҳо ҳамроҳ шаванд ва бо Ҳазратамон дар осмон вохӯранд; ҳамин тавр мо ҳамеша ҳамроҳи Ҳазратамон хоҳем буд» (1 Тас. 4:13–17, ТДН).
18 Эҳё шудан ба осмон баъд аз ҳузури Исо сар шуд. Тадҳиншудагоне, ки дар давоми мусибати бузург дар замин мебошанд, «дар абрҳо ба боло бурда» хоҳанд шуд. Ин шахсоне, ки «ба боло бурда мешаванд», дурудароз дар хоби марг нахоҳанд буд, балки «баногоҳ, дар як мижа задан, баробари садои карнайи охирин... тағйир» хоҳанд ёфт (1 Қӯр. 15:51, 52; Мат. 24:31).
19. «Эҳёи беҳтар» чист?
19 Имрӯз бисёри масеҳиёни содиқ тадҳиншуда нестанд ва даъвати осмонӣ надоранд. Аммо онҳо дар «рӯзи Худованд» нест шудани тартиботи Шайтонро интизоранд. Ҳеҷ кас вақту соати он рӯзро намедонад, вале рӯйдодҳо нишон медиҳанд, ки он хеле наздик аст (1 Тас. 5:1–3). Баъд аз он рӯз эҳёшавӣ дар рӯйи замин ба амал меояд. Онҳое, ки дар рӯйи замин зинда мешаванд, имконият доранд, ки инсони комил гардида дигар ҳеҷ гоҳ намуранд. Ин, дар ҳақиқат, «эҳёи беҳтар» аст, зеро онҳо баръакси касоне, ки эҳё шуданду баъдтар боз мурданд, дигар бо марг дучор намешаванд (Ибр. 11:35).
20. Чаро мо боварӣ дошта метавонем, ки эҳёшавӣ аз рӯйи тартиб ба амал меояд?
20 Китоби Муқаддас мегӯяд, ки онҳое, ки ба осмон мераванд, «ҳар яке бо навбати худ» зинда мешаванд (1 Қӯр. 15:23). Барои ҳамин мо боварӣ дошта метавонем, ки одамоне, ки дар замин эҳё мешаванд, аз рӯйи тартиб зинда хоҳанд шуд. Шояд дар мо чунин савол пайдо шавад: «Оё онҳое, ки дар рӯзҳои мо мурдаанд, дар аввали Ҳукмронии ҳазорсолаи Исо зинда мешаванд ва оё наздиконашон онҳоро пешвоз мегиранд? Оё мардони содиқе, ки пеш халқи Худоро роҳнамоӣ мекарданд, барои боз ба халқи Худо роҳнамоӣ кардан барвақттар эҳё хоҳанд шуд? Бо одамоне, ки ба Худо хизмат накардаанд, чӣ мешавад? Онҳо кай ва дар куҷо эҳё мешаванд?» Дар сари мо ин хел саволҳо бисёр пайдо шуда метавонанд. Аммо мо набояд дар ин бора аз ҳад зиёд фикр кунем. Беҳтараш, интизор шавем ва бинем, ки чӣ мешавад. Мо боварӣ дошта метавонем, ки чӣ тавр амал кардани Яҳуваро дида ба ваҷд хоҳем омад.
21. Шумо ба чӣ умед доред?
21 Биёед то он дам имонамонро ба Яҳува мустаҳкам кунем. Ӯ ба воситаи Исо ваъда дод, ки мурдагонеро, ки дар хотираи Ӯ мондаанд, зинда мекунад (Юҳ. 5:28, 29; 11:23). Боре Исо барои нишон додани он ки Яҳува мурдагонро ҳатман зинда мекунад, гуфт, ки Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб «пеши Ӯ ҳама зинда ҳастанд» (Луқ. 20:37, 38). Оре, мо сабабҳои зиёд дорем, ки мисли Павлус чунин гӯем: «Аз Худо умед дорам... ки... эҳёи мурдагон дар пеш аст» (Аъм. 24:15).