Ҷавонон, бигзор ҳаёти шумо пурмаъно ва шавқовар бошад!
«Тариқи ҳаётро ба ман биомӯз» (ЗАБ. 15:11).
1, 2. Чӣ тавр мисоли Тони нишон медиҳад, ки дигар кардани ҳаёт имконпазир аст?
ТОНИ ном наврасе, ки падар надошт, дар синфи болоӣ мехонд. Ӯ дарсхониро он қадар дӯст намедошт, барои ҳамин мактабро тамом накарда, мехост, ки онро партояд. Рӯзҳои истироҳатро ӯ бо тамошои филмҳо ё бо ҷӯраҳояш мегузаронд. Тони бачаи беодоб ё нашъаманд набуд, вале дар ҳаёт ягон мақсад надошт. Вай ба вуҷуд доштани Худо шубҳа мекард. Рӯзе ӯ ҷуфти Шоҳидонро вохӯрд ва саволу шубҳаҳои дар бораи Худо доштаашро, аз онҳо пурсид. Онҳо барои хондан ба ӯ ду брошура доданд, ки номашон «Пайдоиши ҳаёт — Панҷ саволе, ки бояд ба худ диҳем» ва «Оё ҳаёт офарида шуда буд?» мебошад.
2 Вақте Шоҳидон бори дуюм пеши Тони омаданд, фикри ӯ пурра дигар шуда буд. Вай он ду брошураро якчанд бор хонда баромад, ки ҳатто саҳифаҳояшон ғиҷим шуда буданд. Баъди он Тони ба вуҷуд доштани Худо боварӣ пайдо кард. Вай омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард ва оҳиста-оҳиста муносибаташ ба ҳаёт тағйир ёфт. Пеш ӯ сустхон буд, акнун бошад, яке аз талабаҳои беҳтарини мактаб ҳисоб меёфт. Аз ин ҳатто директори мактаб ба ҳайрат омада, ба ӯ гуфт: «Тони, шавқи ту ба дарсхонӣ бисёр шудааст ва ҳоло аълохон шудаӣ. Оё ба ту муошират бо Шоҳидони Яҳува таъсир кард?» Тони инро тасдиқ кард ва сипас ба онҳо шаҳодати хубе дод. Ӯ мактабро бо баҳои аъло хатм кард ва имрӯз пешрави доимӣ ва хизматгузори ҷамъомад мебошад. Тони инчунин хеле хушбахт аст, ки Падари меҳрубон, Яҳуваро, пайдо кард (Заб. 67:6).
БА ЯҲУВА ГӮШ КУНЕД ВА ШУМО КОМЁБ ХОҲЕД ШУД
3. Яҳува ба ҷавонон чӣ маслиҳат медиҳад?
3 Ҷавонон, воқеаи бо Тони рӯйдода нишон медиҳад, ки Яҳува нисбати шумо хеле ғамхор аст. Худо мехоҳад, то шумо ҳаёти пурмазмун ва шавқовар дошта бошед. Барои ҳамин, Ӯ чунин маслиҳат медиҳад: «Офаринандаи худро дар айёми ҷавонии худ дар хотир нигоҳ дор» (Воиз 12:1). Аз рӯйи гуфтаҳои Худо зистан дар ҷаҳони имрӯза на ҳама вақт осон аст, лекин ин имконпазир аст. Бо кӯмаки Худо шумо на танҳо дар ҷавонӣ, балки тамоми умр ҳаёти хушбахту қаноатманд дошта метавонед. Барои инро хубтар фаҳмидан, биёед дида бароем, ки чӣ тавр исроилиён Замини ваъдашударо забт карданд ва чӣ тавр Довуд бар Ҷолёти азимҷусса ғолиб омад.
4, 5. Аз он ки исроилиён Замини ваъдашударо забт карданд ва Довуд Ҷолётро мағлуб кард, мо чӣ дарси муҳим мегирем? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
4 Вақте ки исроилиён ба Замини ваъдашуда наздик омаданд, Яҳува ба онҳо чӣ дастурот дод? Ӯ ба онҳо нагуфт, ки ҷангкуниро машқ карда, онро хубтар ёд гиранд (Такр. Ш. 28:1, 2). Баръакс, Яҳува гуфт, ки онҳо бояд ба амрҳои Ӯ итоат кунанд ва ба Ӯ такя намоянд (Еҳ. 1:7–9). Аз нуқтаи назари одамӣ чунин дастурот шояд беақлона метофт, вале дар асл барои исроилиён ин маслиҳати беҳтарин буд. Чунки ба он итоат карда, исроилиён шаҳрҳои Канъонро яке паи ҳам забт карданд ва ғалаба ба даст оварданд (Еҳ. 24:11–13). Бале, барои ба Худо итоат кардан, имон лозим аст, вале бо имон амал кардан, ҳамеша комёбӣ меорад. Ин суханон дар замони пеш ҳақ буданд ва имрӯз низ ҳаққанд.
5 Мисоли дигар бар Ҷолёт ғолиб омадани Довуд аст. Ҷолёт ҷанговари бақувват буд. Қади вай қариб се метр буд ва ӯ аслиҳаи хуби ҷангӣ дошт (1 Подш. 17:4–7). Довуд бошад, танҳо фалахмон дошт ва ба Худо бовар мекард. Ӯ нотарсона бар зидди Ҷолёт баромад. Барои одамоне, ки имон надоштанд, ин рафтори Довуд шояд беақлона метофт. Вале фикри онҳо хато буд. Чунки дар асл, шахси беақл ин Ҷолёт буд, на Довуд (1 Подш. 17:48–51).
6. Дар ин мақола мо чиро муҳокима мекунем?
6 Дар мақолаи гузашта мо чор чизи зеринро дида баромадем, ки ба ҳаёти мо хушбахтиву қаноатмандии бештар меоранд: қонеъ кардани ниёзҳои рӯҳонӣ, пайдо кардани дӯстони худотарс, гузоштани мақсадҳои арзанда ва қадр кардани озодие, ки Худо ба халқаш медиҳад. Биёед ҳоло ин чизҳоро васеътар дида бароем. Барои ин баъзе принсипҳоро аз боби 15-уми китоби Забур муҳокима мекунем.
ҚОНЕЪ КАРДАНИ НИЁЗҲОИ РӮҲОНӢ
7. а) Шахси рӯҳониро шумо чӣ тавр тасвир мекардед? б) Довуд чиро «ҳиссаи» худ медонист ва он барояш чӣ аҳамият дошт?
7 Шахси рӯҳонӣ ба Худо имон дорад ва ба ҳама чиз аз нуқтаи назари Ӯ менигарад. Ӯ аз Худо роҳнамоӣ меҷӯяд ва бо азми қавӣ ба Ӯ итоат мекунад (1 Қӯр. 2:12, 13). Яке аз чунин шахсон Довуд буд, ки чунин месароид: «Худованд ҳиссаи насибаи ман ва косаи ман аст» (Заб. 15:5). Довуд «ҳиссаи» худро, яъне муносибати наздики бо Худо доштаашро қадр мекард ва Яҳуваро паноҳгоҳи худ медонист (Заб. 15:1). «Ба ин сабаб дилам шод шуд, ва рӯҳам ба ваҷд омад»,— гуфт Довуд. Бале, назар ба дӯстии наздик бо Худо ҳеҷ чизи дигар ба Довуд хурсандии бештар намеовард. (Забур 15:9, 11-ро хонед.)
8. Баъзе чизҳое, ки ҳаёти моро дар ҳақиқат пурмазмун мегардонанд, кадоманд?
8 Одамоне, ки мақсади асосии ҳаёташон пулкоркунӣ ва вақтхушӣ мебошад, хурсандиеро, ки Довуд дар борааш гуфт, ҳис карда наметавонанд (1 Тим. 6:9, 10). Як бародар аз Канада мегӯяд: «Хушбахтии ҳақиқӣ на аз он чизе ки мо дар ҳаёт мегирем, балки аз он чизе ки мо ба Атокунандаи ҳар як инъоми нек медиҳем, пайдо мешавад» (Яъқ. 1:17). Инкишоф додани имон ба Яҳува ва хизмат ба Ӯ ҳаёти шуморо дар ҳақиқат пурмаъно ва шавқовар мегардонад. Имонро чӣ тавр инкишоф додан мумкин аст? Шумо бояд бо Яҳува якҷоя вақт гузаронед, яъне Каломашро хонед, офаридаҳои зебояшро мушоҳида кунед ва дар бораи хислатҳои Ӯ, аз он ҷумла муҳаббаташ мулоҳиза ронед (Рум. 1:20; 5:8).
9. Чӣ тавр шумо мисли Довуд метавонед ба Каломи Худо роҳ диҳед, ки фикрронии шуморо шакл диҳад?
9 Худо муҳаббаташро ба мо баъзан бо он нишон медиҳад, ки моро дар вақти лозима падарвор ислоҳ мекунад. Довуд хеле мехост, ки Яҳува меҳрубонона ӯро ислоҳ кунад. Ӯ гуфт: «Худовандро муборак мехонам, ки Ӯ маро ҳидоят намудааст; шабҳо низ ботинам маро меомӯзад» (Заб. 15:7). Бале, Довуд дар бораи фикрҳои Яҳува мулоҳиза меронд, онҳоро дар ақлу дили худ ҷой мекард ва мегузошт, ки онҳо тарзи фикрронии ӯро шакл диҳанд. Вақте ки шумо низ чунин мекунед, муҳаббат ба Яҳува ва хоҳиши ба Ӯ маъқул шудан дар дилатон торафт зиёд мегардад ва шумо масеҳии баркамол мегардед. Хоҳаре бо номи Кристин чунин гуфт: «Вақте ман оиди чизи хондаам таҳқиқ мегузаронам ва мулоҳиза меронам, ман гӯё ҳис мекунам, ки Яҳува ин чизҳоро маҳз барои ман навиштааст!»
10. Мувофиқи Ишаъё 26:3 ба ҳаёт бо назари рӯҳонӣ нигаристан чӣ манфиат меорад?
10 Агар шумо шахси рӯҳонӣ бошед, ба ин ҷаҳон ва ояндаи он бо чашми Яҳува менигаред. Яҳува ба шумо дониши васеъ ва фаҳмиши чуқур медиҳад. Чаро? Зеро Ӯ мехоҳад, ки шумо дар ҳаёт чӣ муҳим буданашро донед, қарорҳои дуруст қабул кунед ва ба оянда бо дилпурӣ чашм дӯзед. (Ишаъё 26:3-ро хонед.) Ҷошуа ном бародар, аз Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, ки агар шумо бо Яҳува наздик бошед, аниқ дарк мекунед, ки чӣ муҳим асту чӣ на он қадар муҳим.
ДӮСТОНИ ХУБ ПАЙДО КУНЕД
11. Довуд бо чӣ гуна шахсон дӯст мешуд?
11 Забур 15:3-ро хонед. Довуд медонист, ки дӯстони хубро чӣ тавр ёфтан мумкин аст. Ӯ бо «тамоми иштиёқ», яъне бо майлу шавқи зиёд бо онҳое ошноӣ мекард, ки Яҳуваро дӯст медоштанд. Ӯ дӯстонашро «муқаддасон» номид, чунки онҳо мекӯшиданд, ки боинсоф ва ахлоқан пок бошанд. Як забурнависи дигар низ дар бораи интихоби дӯстон фикри ба ин монандро қайд кард. Ӯ гуфт: «Ман ба ҳамаи онҳое, ки аз [Худо] метарсанд, рафиқ ҳастам ва ба онҳое ки фармудҳои [Ӯро] нигоҳдорӣ мекунанд» (Заб. 118:63). Чуноне ки дар мақолаи гузашта дида баромадем, шумо низ метавонед бисёр дӯстони худотарс ёбед, ки ба Яҳува итоат мекунанд. Ва шарт нест, ки ҳамаи дӯстонатон ҳамсоли шумо бошанд.
12. Барои чӣ Довуду Йӯнотон бо ҳам дӯстони қарин буданд?
12 Довуди забурнавис на танҳо бо касони ҳамсоли худаш дӯстӣ мекард. Оё шумо номи ягон дӯсти ҷонии Довудро дар хотир доред? Шояд ба ёдатон Йӯнотон ояд. Дӯстӣ байни Довуду Йӯнотон яке аз намунаҳои беҳтарини дӯстӣ аст, ки мо дар бораи он аз Китоби Муқаддас хонда метавонем. Вале оё медонед, ки Йӯнотон аз Довуд қариб 30 сол калон буд? Пас, чаро онҳо ин қадар дӯстони қарин буданд? Зеро ҳар дуи онҳо ба Худо имон доштанд, якдигарро хеле эҳтиром мекарданд ва далерона бо душманони Худо ҷанг мекарданд (1 Подш. 13:3; 14:13; 17:48–50; 18:1).
13. Чӣ тавр шумо дӯстони бештар пайдо карда метавонед? Мисол оред.
13 Мисли дӯстии Довуду Йӯнотон, вақте мо бо онҳое, ки Яҳуваро дӯст медоранду ба Ӯ имон доранд, дӯст мешавем, ин ба ҳаёти мо хурсандии зиёд меорад. Кира ном хоҳар, ки тӯли солҳо ба Яҳува хизмат мекунад, мегӯяд: «Ман дар саросари ҷаҳон дӯстони зиёд дорам, ки миллату маданияташон гуногун мебошад». Ба ин монанд, шумо низ метавонед доираи дӯстони худро васеъ гардонед. Он гоҳ шахсан боварӣ ҳосил мекунед, ки Каломи Худо ва рӯҳи муқаддаси Ӯ моро чун як оилаи умумиҷаҳонӣ бо ҳам муттаҳид месозанд.
МАҚСАДҲОИ АРЗАНДА ГУЗОРЕД
14. а) Чӣ ба шумо кӯмак мекунад, ки дар ҳаёт мақсадҳои арзанда гузоред б) Баъзе ҷавонон дар бораи мақсадҳои худ чӣ мегӯянд?
14 Забур 15:8-ро хонед. Дар ҳаёти Довуд хизмат ба Худо чизи муҳимтарин ҳисоб меёфт. Агар шумо ба Довуд пайравӣ карда, ҳангоми гузоштани мақсадҳо доимо дар бораи Яҳува ва хости Ӯ фикр кунед, он гоҳ ҳаёти шумо пурмазмун ва шавқовар хоҳад буд. Стивен ном бародар мегӯяд: «Сӯйи мақсади худ ҳаракат кардан, ба он расидан ва баъд натиҷаҳои хуби онро дидан дар ҳақиқат ба ман қаноатмандӣ мебахшад». Инчунин як бародари ҷавон, ки аз Олмон асту ҳозир дар давлати дигар хизмат мекунад, мегӯяд: «Ман намехоҳам, ки баъди ба синни пиронсолӣ расидан ҷавониамро ба ёд оварда, аз он пушаймон шавам, ки ҳама корҳои кардаам танҳо барои худам буд». Ҷавонон, оё шумо низ бо ӯ ҳамфикред? Пас, қуввату қобилияти доштаатонро барои ҷалол додани Яҳува ва кӯмак ба дигарон истифода баред (Ғал. 6:10). Мақсадҳое гузоред, ки бо хизмати Яҳува алоқаманданд ва барои ба онҳо расидан аз Яҳува кӯмак пурсед. Дилпур бошед, ки Ӯ ба дуоҳои шумо, албатта, ҷавоб медиҳад! (1 Юҳ. 3:22; 5:14, 15).
15. Шумо дар пеши худ чӣ гуна мақсадҳо гузошта метавонед? (Ба чорчӯбаи «Баъзе мақсадҳои арзанда» нигаред.)
15 Шумо чӣ гуна мақсадҳо гузошта метавонед? Масалан, метавонед дар пеши худ чунин мақсад монед, ки дар вохӯриҳои ҷамъомад бо суханони худ ҷавоб диҳед. Пешрав шудан ё дар Байт-Ил хизмат кардан низ мақсадҳои хубанд. Ё шояд шумо мехоҳед ягон забони навро омӯзед, то ба одамоне, ки бо он гап мезананд, хушхабарро мавъиза кунед. Барак ном бародари ҷавон, ки дар хизмати пурравақт аст, мегӯяд: «Ман ҳар саҳар бо як хурсандӣ аз хоб мехезам, чунки медонам, ки тамоми қувватамро ба Яҳува дода истодаам. Ягон кори дигар чунин хурсандӣ оварда наметавонад».
ОЗОДИЕРО, КИ ХУДО МЕДИҲАД, ҚАДР КУНЕД
16. Довуд дар бораи меъёрҳои ахлоқии Яҳува чӣ фикр мекард ва чаро?
16 Забур 15:2, 4-ро хонед. Чуноне ки дар мақолаи гузашта дидем, аз рӯйи қонуну принсипҳои одилонаи Яҳува зиндагӣ карда, мо аз бисёр проблемаҳо озод мешавем. Яҳува ба мо ёд медиҳад, ки некиро дӯст дорем ва аз бадӣ нафрат кунем (Омӯс 5:15). Довуд Яҳуваро Сарчашмаи некӣ медонист. Барои ҳамин ӯ дар дуо ба Худо гуфт: «Некӯӣ барои ман ҷуз аз Ту нест». Некӯӣ хислатест, ки дар доштани ахлоқи поку беайб зоҳир мегардад. Яҳува тамоми корҳояшро аз некӯӣ ба ҷо меорад ва ҳама чизҳои неке, ки мо дорем, аз ҷониби Ӯст. Довуд сахт кӯшиш мекард, ки ба Яҳува тақлид кунад ва чизҳои ба Худо писандро дӯст дорад. Вале ӯ ҳамчунин аз корҳое, ки дар назари Яҳува бад мебошанд, нафрат мекард. Яке аз ин корҳо бутпарастӣ аст, ки шахс ба ҷойи Яҳува каси дигар ё ягон чизро парастиш мекунад. Иштирок дар бутпарастӣ қадри одамро дар назари Яҳува паст мекунад ва ҷалолеро, ки дар асл Яҳува ба он сазовор аст, медуздад (Иш. 2:8, 9; Ваҳй 4:11).
17, 18. а) Довуд дар бораи оқибати бади бутпарастӣ чӣ гуфт? б) Чӣ имрӯз азобу кулфати одамонро зиёд мегардонад?
17 Дар замонҳои қадим, бутпарастӣ бисёр вақт бадахлоқии ҷинсиро низ дар бар мегирифт (Ҳуш. 4:13, 14). Ба бисёр одамон ибодат кардани худоёни бардурӯғ маъқул буд, чунки онҳо аз амалҳои бадахлоқонае, ки дар вақти ибодат мекарданд, ҳаловат мегирифтанд. Вале оё гуфтан мумкин аст, ки чунин ибодат онҳоро хушбахт мекард? Не, албатта! Довуд дар бораи парастандагони худоёни бардурӯғ гуфт, ки «кулфатҳои онҳо... афзун хоҳад шуд». Онҳо ҳатто фарзандони худро ба худоёни бардурӯғ ба қурбонӣ меоварданд (Иш. 57:5). Яҳува аз чунин бераҳмӣ нафрат дошт (Ирм. 7:31). Агар шумо низ дар он замон зиндагӣ мекардеду волидонатон Яҳуваро ибодат мекарданд, магар шумо аз ин хурсанд намебудед?
18 Имрӯз бисёр динҳои дурӯғ ба бадахлоқии ҷинсӣ, аз он ҷумла ба ҳомосексуализм чашм мепӯшанд. Онҳое, ки бо чунин корҳо машғуланд, гӯё худро одамони озод меҳисобанд, лекин дар асл, худро ба азобу кулфати зиёд гирифтор мекунанд (1 Қӯр. 6:18, 19). Ва шояд шумо инро пай мебаред. Барои ҳамин, ҷавонон, Падари осмонии худро гӯш кунед. Нағз дар хотир доред, ки ба Ӯ итоат кардан танҳо ба фоидаи шумост. Дар бораи оқибати бадахлоқӣ андеша кунед. Зараре, ки он меорад, аз ҳаловати муваққатии он чандҳо дараҷа зиёд аст (Ғал. 6:8). Ҷошуа, ки дар боло дар борааш гуфтем, мегӯяд: «Мо озодии худро чи тавре ки хоҳем истифода бурда метавонем, лекин нодуруст ба кор бурдани он хушбахтӣ намеорад».
19, 20. Ҷавононеро, ки ба Яҳува имон доранд ва ба Ӯ итоат мекунанд, чӣ гуна баракатҳо интизоранд?
19 Исо гуфт: «Агар ҳамеша аз рӯйи суханони ман рафтор кунед, пас, дар ҳақиқат шогирдони ман ҳастед. Шумо ростиро хоҳед шинохт ва ростӣ шуморо озод хоҳад кард» (Юҳ. 8:31, 32). Мо Яҳуваро шукр мегӯем, зеро бо ёрдами Ӯ мо аз банди дини дурӯғ ва бесаводӣ озод шудем ва ғуломи фикру ақидаҳои пучу беасос нестем. Яҳува ваъда додааст, ки мо дар оянда «чун фарзандони Худо озодии пурҷалолро соҳиб» мегардем (Рум. 8:21). «Аз рӯйи суханони» Исо амал карда, шумо ҳатто ҳозир метавонед ба андозае аз он озодӣ баҳра баред. Ҳамин тавр шумо нишон медиҳед, ки «ростиро» на танҳо «шинохт»-ед, балки аз рӯйи он зиндагӣ мекунед.
20 Ҷавонон, озодиеро, ки Худо ба шумо медиҳад, қадр кунед. Ин ба шумо кӯмак мекунад, ки қарорҳои дуруст қабул кунед ва дар оянда хушбахт бошед. Як бародари ҷавон чунин гуфт: «Дар ҷавонӣ озодии худро дуруст истифода бурдан дар ҳақиқат кӯмак мекунад, ки баъдтар оиди масъалаҳои муҳимтар, ба монанди интихоби ҷойи кори мувофиқ, оиладор шудан ё муддате муҷаррад мондан, қарори дуруст қабул кунем».
21. Чӣ тавр шумо «ҳаёти ҳақиқиро» ба даст оварда метавонед?
21 Дар ин дунё ҳаёти ба ном ширину бароҳат дер давом намекунад. Мо намедонем, ки фардо бо мо чӣ рӯй медиҳад (Яъқ. 4: 13, 14). Пас, ҷавонони азиз, аз рӯи хирад аст, ки «ҳаёти ҳақиқиро маҳкам нигоҳ» доред — ҳаёти абадиеро, ки ҳамаи моро дар дунёи нави Худо интизор аст (1 Тим. 6:19). Албатта, Яҳува ҳеҷ касро ба ин маҷбур намекунад. Ихтиёри ҳар кас дар дасти худи ӯст. Яҳуваро «ҳиссаи» худ гардонед ва атоҳои Ӯро, ки хурсандӣ мебахшанд, қадр намоед (1 Тим. 6:17). Бовар кунед, танҳо Яҳува метавонад ба шумо хурсандии бепоён ва хушбахтии абадӣ ато кунад (Заб. 15:11).