2 Тимотиюс
3 Аммо инро бидон, ки дар рӯзҳои охир+ замонҳои сахт фаро мерасанд, 2 зеро одамон худбин, пулпараст, лофзан, ҳавобаланд, куфргӯ*, беитоат ба падару модар, кӯрнамак, бевафо, 3 бемеҳр, номуросо, туҳматзан, бепарҳез*, ваҳшӣ, душмани некӣ, 4 хиёнаткор, саркаш ва мағрур мешаванд, дӯстдори айшу ишрат мешаванд, на дӯстдори Худо 5 ва худотарс тобанд ҳам, дар асл чунин нахоҳанд буд*.+ Аз чунин касон дурӣ ҷӯй. 6 Аз байни онҳо касоне пайдо мешаванд, ки бо макру фиреб ба хонаҳои занони заиф роҳ ёфта, онҳоро асир мекунанд. Он занон дар гуноҳ ғӯтидаанд, ба ҳар гуна ҳавасҳо дода шудаанд 7 ва, ҳарчанд доимо таълим мегиранд, дониши ростиро ҳеҷ гоҳ ба хубӣ аз худ намекунанд.
8 Чи тавре ки Янис ва Ямбрис ба Мӯсо зид баромаданд, ин одамон низ ба ростӣ зид мебароянд. Фикрронии чунин касон вайрон шудааст ва, азбаски бо имон рафтор намекунанд, Худо аз онҳо норозист. 9 Вале онҳо комёб намешаванд, зеро беақлияшон ба ҳама маълум мегардад, чуноне ки беақлии он ду нафар маълум гашт.+ 10 Лекин ту ба таълим, тарзи ҳаёт, мақсад, имон, пурсабрӣ, муҳаббат ва истодагарии ман як ба як пайравӣ кардаӣ.+ 11 Ту ҳамчунин нағз медонӣ, ки ман дар Антиохия,+ Иқуния+ ва Лустра+ чӣ гуна озору азобҳоро аз сар гузаронда, истодагарӣ кардам ва Ҳазратамон* маро аз ҳамаи онҳо халос кард.+ 12 Ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд пайрави Масеҳ бошанду бо худотарсӣ умр ба сар баранд, озор мебинанд.+ 13 Аммо бадкорону фиребгарон рӯз ба рӯз бадтар гашта, ҳам дигаронро гумроҳ мекунанду ҳам худашонро.+
14 Ту бошӣ, минбаъд низ ба чизе, ки таълим гирифтаӣ ва ба ҳақ будани он бовар ҳосил кардаӣ, пайравӣ кун,+ зеро медонӣ, ки инро аз кӣ омӯхтаӣ. 15 Ту аз кӯдакият+ Навиштаҳои Муқаддасро медонӣ,+ Навиштаҳоеро, ки метавонанд туро хирадманд кунанд, то ба воситаи имонат ба Исои Масеҳ наҷот ёбӣ.+ 16 Тамоми Навиштаҳо аз Худо илҳом ёфтаанд+ ва барои таълим,+ нишон додани айбу хато, ислоҳ ва тарбия кардан дар роҳи рост фоиданоканд,+ 17 то бандаи Худо дар ҳама кор моҳир гашта, аз уҳдаи ҳар кори нек ба хубӣ барояд.