Волидон, ба фарзандони худ кӯмак расонед, ки «барои наҷот ёфтан» хирад омӯзанд
«Аз кӯдакиат Навиштаҳои Муқаддасро медонӣ, ки метавонанд туро ҳикмат омӯзанд барои наҷот ёфтан» (2 ТИМ. 3:15).
1, 2. Баъзе волидон аз чӣ хавотир мешаванд?
ҲАЗОРОН омӯзандагони Китоби Муқаддас ҳаёташонро ба Яҳува бахшида таъмид мегиранд. Дар байни онҳо бисёр ҷавононе ҳастанд, ки аз хурдӣ дар роҳи ҳақиқат тарбия ёфта роҳи беҳтарини ҳаётро интихоб кардаанд (Заб. 1:1–3). Агар шумо волиди масеҳӣ бошед, шояд шумо низ рӯзи таъмид гирифтани писар ё духтаратонро интизоред. (Бо 3 Юҳанно 4 муқоиса кунед.)
2 Ба ҳар ҳол, шояд шуморо баъзе фикрҳо хавотир кунанд. Мумкин шумо мебинед, ки чӣ тавр баъзе ҷавонон таъмид мегиранд, лекин баъдтар шубҳа пайдо мекунанд, ки аз рӯйи меъёрҳои Худо зиндагӣ кардан хирадмандона аст. Баъзеашон ҳатто аз роҳи ҳақиқат мераванд. Барои ҳамин, шояд шумо аз он хавотиред, ки фарзандатон ба Яҳува хизмат карданро сар мекунаду лекин баъд муҳаббати аввалаи худро ба Яҳува гум мекунад. Эҳтимол, шумо метарсед, ки ӯ ба масеҳиёни ҷамъомади Эфсӯс, ки дар асри як зиндагӣ мекарданд, монанд мешавад. Исо ба онҳо гуфта буд: «Муҳаббати аввалини худро гум кардаӣ» (Ваҳй 2:4). Чӣ тавр шумо ба фарзандатон кӯмак карда метавонед, ки муҳаббаташро ба Яҳува қавӣ нигоҳ дорад ва «барои наҷот» ёфтан рӯҳан нашъунамо кунад? (1 Пет. 2:2) Барои ҷавоб ба ин савол мо метавонем намунаи Тимотиюсро дида бароем.
ДОНИСТАНИ НАВИШТАҲОИ МУҚАДДАС
3. а) Тимотиюс чӣ тавр масеҳӣ шуд ва дониши гирифтааш ба вай чӣ гуна таъсир расонд? б) Павлус кадом се чизро қайд кард?
3 Павлуси ҳавворӣ соли 47-уми милодӣ якум бор ба шаҳри Лустра ташриф овард. Ин эҳтимол вақте буд, ки Тимотиюси наврас бо таълимоти Исо шинос мешуд. Вай дониши гирифтаашро ба кор мебурд ва ду сол пас дар хизмат ҳамсафари Павлус шуд. Баъди қариб 16 сол Павлус ба Тимотиюс навишта гуфт, ки минбаъд низ ба ҳақ будани чизе, ки таълим гирифтааст, боварӣ ҳосил кунад. Ӯ гуфт, ки Тимотиюс аз кӯдакиаш Навиштаҳои Муқаддасро, яъне Навиштаҳои Иброниро, медонад. Ҳамчунин Павлус навишт, ки донише, ки Тимотиюс аз Навиштаҳо мегирад, метавонад ӯро хирадманд кунад, то ба воситаи имони ба Исои Масеҳ доштааш наҷот ёбад (2 Тим. 3:14, 15). Аҳамият диҳед, Павлус се чизро қайд кард: 1) донистани Навиштаҳо, 2) ба ҳақ будани таълими гирифта боварӣ ҳосил кардан ва 3) барои наҷот ёфтан хирадманд шудан.
4. Дар вақти таълим додан кадом маводҳо ба фарзанди шумо бештар таъсир мерасонанд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
4 Чун волиди масеҳӣ шумо мехоҳед, ки фарзандатон Каломи Худоро, ки он имрӯз Навиштаҳои Ибронӣ ва Навиштаҳои Юнониро дар бар мегирад, нағз донад. Ҳатто кӯдакони хеле хурдсол метавонанд дар бораи одамон ва воқеаҳои дар Китоби Муқаддас навишташуда таълим гиранд. Ташкилоти Яҳува маводҳои гуногунро фароҳам овардааст, ки волидон барои таълим додани фарзандонашон истифода бурда метавонанд. Кадоме аз онҳо ба забони шумо дастрасанд? Дар хотир доред, ки агар кӯдаконатон Навиштаҳоро нағз аз худ намоянд, ин ба онҳо ёрдам медиҳад, ки бо Яҳува муносибати наздик пайдо кунанд.
БОВАРӢ БА ҲАҚ БУДАНИ ГУФТАҲОИ КИТОБИ МУҚАДДАС
5. а) Мӯътақид шудан чӣ маъно дорад? б) Мо аз куҷо медонем, ки Тимотиюс ба Масеҳ будани Исо боварӣ дошт?
5 Донистани Навиштаҳо муҳим аст. Лекин барои кӯдаконро дар бораи Худо таълим додан ба онҳо танҳо оиди одамон ва воқеаҳои дар Китоби Муқаддас овардашуда нақл кардан кифоя нест. Масалан, Тимотиюс ба ҳақ будани таълими гирифтааш боварӣ ҳосил карда буд. Феъли «мӯътақид шудан», ки Павлус дар 2 Тимотиюс 3:14 истифода бурд, дар забони аслӣ маънои «дилпур будан» ё «ба рост будани чизе шубҳа накардан»-ро дорад. Тимотиюс Навиштаҳои Иброниро аз кӯдакиаш медонист. Вале дертар бо ёрии далелҳои боварибахш ба Масеҳ будани Исо бовариаш боз ҳам зиёдтар шуд. Дигар хел карда гӯем, бо зиёд шудани донишаш имони ӯ низ афзуд. Дар натиҷа боварии Тимотиюс чунон қавӣ гашт, ки ӯ таъмид гирифта шогирди Исо шуд ва ба Павлус дар хизмати миссионерӣ ҳамроҳ гашт.
6. Чӣ тавр шумо ба фарзандатон ёрдам карда метавонед, ки ба ҳақ будани дониши аз Каломи Худо гирифтааш боварӣ ҳосил кунад?
6 Волидон, чӣ тавр шумо ба фарзандонатон кӯмак карда метавонед, то мисли Тимотиюс ба ҳақ будани эътиқодашон боварӣ ҳосил кунанд? Пеш аз ҳама, пурсабр бошед, зеро барои қавӣ гаштани имони фарзандатон вақт лозим аст. Агар шумо ба чизе боварӣ дошта бошед, ин маънои онро надорад, ки фарзандатон низ ба он бовар мекунад. Барои ба гуфтаҳои Китоби Муқаддас боварӣ пайдо кардан ҳар як фарзанд бояд қобилияти фикрронии худро ба кор барад. (Румиён 12:1-ро хонед.) Чун волид шумо барои қавӣ гаштани имони фарзандатон саҳми калон гузошта метавонед. Масалан, вақте ӯ ба шумо саволҳо медиҳад, аз фурсат истифода бурда имонашро мустаҳкам кунед. Биёед мисоли як падарро дида бароем.
7, 8. а) Чӣ тавр як падари масеҳӣ пурсаброна духтарашро таълим медиҳад? б) Шахсан ба шумо чунин пурсабрӣ кай даркор мешавад?
7 Томас ном падаре, ки духтари ёздаҳсола дорад, мегӯяд: «Баъзан духтарам аз ман мепурсад, ки оё Яҳува метавонист ба воситаи эволютсия дар рӯйи замин ҳаётро ба вуҷуд орад? Ё чаро мо барои беҳтар кардани ҳаёт дар корҳои ҷамъиятӣ, масалан дар интихобот, иштирок намекунем?» Ӯ мегӯяд, ки баъзан вай дарҳол ҷавоб намедиҳад, то ки духтарашро ба бовар кардани чизе маҷбур накунад. Томас аз таҷрибаи худаш медонад, ки боварӣ дар натиҷаи донистани як далел не, балки аз фаҳмидани далелҳои хурди бисёре пайдо мегардад.
8 Инчунин Томас мефаҳмад, ки барои таълим додани духтараш бояд сабру тоқат дошта бошад. Ин хислат барои ҳама масеҳиён лозим аст (Қӯл. 3:12). Томас дарк мекунад, ки барои боварии духтарашро қавӣ гардондан вақт ва сӯҳбатҳои бисёр лозим аст. Вай бояд Китоби Муқаддасро истифода бурда имони духтарашро ба дониши гирифтааш қавӣ гардонад. Томас мегӯяд: «Аз ҳама муҳимаш, ману занам фаҳмидан мехоҳем, ки оё духтарамон ба он чизе, ки меомӯзад, боварӣ дорад ва оё он барояш ягон арзише дорад. Агар вай савол диҳад, нағз, аммо, вақте ӯ савол надода бо чизе розӣ мешавад, ман хавотир мешавам».
9. Чӣ тавр шумо Каломи Худоро дар дили фарзандатон ҷой карда метавонед?
9 Вақте волидон бо сабру тоқат таълим медиҳанд, бо гузашти вақт фарзандонашон дониши худро васеътару чуқуртар мекунанд (Эфс. 3:18). Волидон бояд ҳангоми таълим додан синну сол ва қобилияти фарзандонашонро ба назар гиранд. Вақте имони фарзандон мустаҳкам мешавад, онҳо эътиқодашонро дар пеши дигарон, хусусан ҳамсинфонашон, ҳимоя карданро ёд мегиранд (1 Пет. 3:15). Масалан, оё фарзандони шумо аз рӯйи Китоби Муқаддас фаҳмонда метавонанд, ки пас аз марг бо одам чӣ мешавад? Оё онҳо бо ҷавоби Китоби Муқаддас розианд?a Фаромӯш накунед, ки меваи сабр ширин аст, барои ҳамин пурсаброна Каломи Худоро дар дили фарзандонатон ҷой намуданро давом диҳед (Такр. Ш. 6:6, 7).
10. Дар таълим додани фарзандон боз чӣ муҳим аст?
10 Албатта, барои қавӣ гаштани имони фарзандатон, намунаи худи шумо низ хеле муҳим аст. Стефани, ки соҳиби се фарзанд аст, мегӯяд: «Вақте фарзандонам хурд буданд, ман аз худ мепурсидам: “Оё ман ба онҳо фаҳмонда метавонам, ки чаро ба вуҷуд доштани Яҳува, муҳаббаташ ва одилона будани роҳҳояш боварӣ дорам? Оё фарзандонам мебинанд, ки ман Яҳуваро, дар ҳақиқат, дӯст медорам?” Агар ман худам ба чизе бовар надошта бошам, чӣ тавр инро аз фарзандонам интизор шавам?!»
ХИРАД БАРОИ НАҶОТ
11, 12. Хирад чист ва мо аз куҷо медонем, ки он аз синну сол вобаста нест?
11 Чи тавре ки мо дидем, Тимотиюс 1) Навиштаҳоро медонист ва 2) ба эътиқоди худ боварӣ дошт. Вақте Павлус ба Тимотиюс гуфт, ки Навиштаҳо барои наҷот ёфтан хирад мебахшанд, чиро дар назар дошт?
12 Дар китоби «Назари амиқ ба Навиштаҳо» (рус.), ҷилди 2, гуфта шудааст, ки дар Китоби Муқаддас хирад гуфта қобилияти дар душвориҳо истифода бурдани дониш ва фаҳмиш дар назар дошта шудааст. Ин қобилият ба мо ёрдам мекунад, ки аз хатарҳо эмин бошем, ба мақсадҳои муайян расем ва ба дигарон низ кӯмак расонем, ки ҳамин тавр рафтор кунанд. Хирад одатан ба беақлӣ муқобил гузошта мешавад. Дар Каломи Худо гуфта шудааст, ки беақлӣ ба кӯдакон хос аст (Мас. 22:15). Хирад яке аз нишонаҳои баркамолӣ мебошад. Шахс аз ҷиҳати рӯҳонӣ он вақт баркамол мегардад, агар нисбати Яҳува тарси солим дошта бошад ва ба Ӯ итоат кардан хоҳад. (Забур 110:10-ро хонед.) Чи хеле ки мегӯянд: «Бузургӣ ба ақл аст, на ба сол». Бале, рӯҳан баркамол будан аз синну сол вобаста нест.
13. Чӣ тавр ҷавонон нишон дода метавонанд, ки онҳо барои наҷот ёфтан хирад доранд?
13 Ҷавонони рӯҳан баркамол намегузоранд, ки хоҳишҳои шахсӣ ё таъсири ҳамсолон онҳоро мисли мавҷҳои баҳр ба ҳар тараф равона созанд (Эфс. 4:14). Онҳо хирадеро, ки аз Китоби Муқаддас гирифтаанд ба кор бурда, некро аз бад фарқ мекунанд (Ибр. 5:14). Чунин ҷавонон ҳатто вақте ки волидон ё дигар одами калонсол дар наздашон нестанд, хирадмандона рафтор мекунанд. Бо ин онҳо рӯҳан баркамол будани худро нишон медиҳанд (Флп. 2:12). Маҳз чунин хирад барои наҷот муҳим аст. (Масалҳо 24:14-ро хонед.) Волидон, чӣ тавр шумо ба фарзандатон барои инкишоф додани хирад ёрдам карда метавонед? Пеш аз ҳама, ба фарзандатон нишон диҳед, ки шумо кори Яҳуваро қадр мекунед. Бигзор сухан ва рафторатон исбот кунанд, ки шумо аз рӯйи меъёрҳои Китоби Муқаддас зиндагӣ мекунед (Рум. 2:21–23).
14, 15. а) Ҷавононе, ки таъмид гирифтан мехоҳанд бояд дар бораи чӣ фикр кунанд? б) Чӣ тавр шумо ба фарзандатон кӯмак карда метавонед, ки дар бораи баракатҳои итоаткорӣ мулоҳиза ронад?
14 Барои инкишоф додани имони фарзандон танҳо гуфтани чӣ хуб асту чӣ бад кифоя нест. Ба онҳо кӯмак кардан лозим аст, то ба саволҳои зерин ҷавоб ёбанд: «Чаро Китоби Муқаддас он чизҳоеро, ки ба ҷисми гунаҳкор маъқул аст, манъ мекунад? Чӣ маро боварӣ мебахшад, ки принсипҳои Китоби Муқаддас ҳамеша бар манфиати ман аст?» (Иш. 48:17, 18).
15 Агар фарзанди шумо таъмид гирифтан хоҳад, ба ӯ кӯмак расонед, то оиди саволҳои зерин мулоҳиза ронад: «Баъд аз таъмид ӯ чӣ гуна ӯҳдадориҳо пайдо мекунад? Таъмид чӣ баракатҳо меорад? Чӣ гуна душвориҳо сар зада метавонанд? Барои чӣ баракатҳо аз душвориҳо дида бисёртаранд?» (Марқ. 10:29, 30). Инчунин ба фарзанди худ кӯмак расонед, то дар бораи баракатҳои итоаткорӣ ва натиҷаҳои бади беитоатӣ мулоҳиза ронад. Ин ба фарзандатон кӯмак мерасонад, то пурра боварӣ ҳосил кунад, ки меъёрҳои Китоби Муқаддас ҳамеша ба фоидаи ӯ мебошанд (Такр. Ш. 30:19, 20).
МУБОРИЗА БАРОИ ИМОН
16. Агар имони фарзанди таъмидёфтаатон суст шавад, шумо бояд чӣ кор кунед?
16 Агар фарзандатон баъди таъмид ба ҳақиқат шубҳа пайдо кунад, шумо чӣ кор карда метавонед? Масалан, шояд писар ё духтари шумо ба чизҳои ҷаҳон ҳавас пайдо кунад ё мумкин шубҳа кунад, ки аз рӯйи принсипҳои Китоби Муқаддас зиндагӣ кардан хирадмандона аст (Заб. 72:1–3, 12, 13). Дар ин хел ҳолатҳо дуруст муносибат карданатон хеле муҳим аст, зеро аз он ба Яҳува хизмат кардан ё накардани фарзандатон вобаста аст. Барои ҳамин фарзандатон хоҳ хурд бошад, хоҳ калон кӯшиш кунед, ки бо ӯ ҷанг накунед. Ба ҷойи ин сулҳҷӯёна нишон диҳед, ки ӯро дӯст медоред ва ба ӯ ёрдам кардан мехоҳед.
17, 18. Агар фарзанд шубҳа пайдо кунад, чӣ тавр волидон барои бартараф кардани он кӯмак карда метавонанд?
17 Ҷавоне, ки таъмид мегирад, худро пурра ба Яҳува мебахшад. Ӯ бо ин ваъда медиҳад, ки Яҳуваро дӯст медорад ва ба ҳеҷ чиз нигоҳ накарда ба Ӯ хизмат мекунад. (Марқӯс 12:30-ро хонед.) Яҳува ба ин ваъда ҷиддӣ нигоҳ мекунад. Аз ин рӯ онҳое, ки чунин ваъдаро доданд, бояд ба он ҷиддӣ назар кунанд (Воиз 5:4, 5). Дар вақти мувофиқ меҳрубонона ба фарзандатон дар ин бора хотиррасон кунед. Аммо пеш аз ин маводҳоеро, ки ташкилотамон барои кӯмаки волидон тайёр кардааст, омӯзед ва истифода баред. Инчунин диққати фарзандатонро ба он равона кунед, ки худро ба Яҳува бахшидан баракатҳои бисёр меорад.
18 Масалан, дар китоби «Саволҳои ҷавонон. Маслиҳатҳои амалӣ» (рус.), ҷилди 1, дар замимаи «Саволҳои волидон» чунин маслиҳати нағз дода шудааст: «Саросемавор хулоса набароред, ки фарзанди шумо аз ҳақиқат рӯй гардондааст. Шояд гап тамоман дар дигар чиз аст». Мумкин ба фарзандатон ҳамсолонаш таъсир мерасонанд. Аз тарафи дигар, шояд ӯ худро танҳо ҳис мекунад ё фикр мекунад, ки дигар ҷавонони масеҳӣ аз ӯ дида ба Яҳува бештар хизмат мекунанд. Дар ин замима ҳамчунин гуфта шудааст, ки агар фарзандатон шубҳа пайдо кунад, ин маънои онро надорад, ки ӯ бо эътиқоди шумо норозӣ аст. Одатан шубҳа пайдо кардани вай натиҷаи душвориҳое мебошад, ки ӯ айни замон бо онҳо рӯ ба рӯ мешавад. Дар ин замима инчунин якчанд пешниҳоде оварда шудааст, ки чӣ тавр волидон ба фарзандоне, ки нисбати ҳақиқат шубҳа пайдо мекунанд, ёрдам карда метавонанд.
19. Чӣ тавр волидон ба фарзандонашон ёрдам карда метавонанд, то онҳо барои наҷот ёфтан бохирад гарданд?
19 Чун волид шумо масъулият ва имконияти пуршараф доред, ки фарзандонатонро «дар таълимот ва насиҳати Худованд тарбия» кунед (Эфс. 6:4). Чи тавре ки дида баромадем, ба фарзандон танҳо таълим додани Каломи Худо кифоя нест. Ба онҳо кӯмак кардан лозим аст, ки ба дониши гирифтаашон боварӣ ҳосил кунанд. Вақте имони фарзандонатон мустаҳкам мешавад, онҳо худашонро ба Яҳува бахшида аз таҳти дил ба Ӯ хизмат хоҳанд кард. Бигзор Каломи Худо, рӯҳи муқаддас ва кӯшишу ғайрати шумо ба фарзандонатон ёрдам кунанд, ки онҳо барои наҷот ёфтан бохирад гарданд.