Луқо
7 Вақте ӯ ба мардум гуфтани ин суханонро тамом кард, вориди Кафарнаҳум шуд. 2 Дар он ҷо ғуломи як мирисад, ки барои хӯҷаинаш азиз буд, сахт бемор шуд ва қариб буд, ки бимирад.+ 3 Вақте мирисад дар бораи Исо шунид, якчанд нафар пирони яҳудиро наздаш фиристод, то аз ӯ илтимос кунанд, ки омада, ғуломи ӯро шифо диҳад. 4 Онҳо ба назди Исо омаданд ва бисёр илтимос карда гуфтанд: «Ба ин одам ёрдам диҳӣ, меарзад. 5 Ӯ халқи моро дӯст медорад ва бароямон ибодатхона сохтааст». 6 Он гоҳ Исо ҳамроҳи онҳо рафт, вале, вақте ба хона наздик мешуд, мирисад дӯстонашро фиристода, гуфт: «Тақсир, худатро ташвиш надеҳ, зеро ман сазовор нестам, ки ту ба хонаам дароӣ,+ 7 барои ҳамин худамро низ лоиқ надонистам, ки наздат биёям. Лекин сухане бигӯ ва хизматгорам шифо меёбад. 8 Охир, худи ман ҳам ба ҳокимият тобеъ ҳастам ва зери дастам сарбоз дорам: ба яке “Бирав!” гӯям, меравад, ба дигаре “Биё!” гӯям, меояд ва ба ғуломам “Ин корро кун!” гӯям, мекунад». 9 Исо суханони ӯро шунида дар ҳайрат монд ва ба мардуме, ки аз пасаш мерафтанд, рӯ оварда, гуфт: «Ба шумо мегӯям, ки ҳатто дар Исроил чунин имони бузургро надида будам».+ 10 Вақте фиристодагон ба хона баргаштанд, диданд, ки ғулом шифо ёфтааст.+
11 Дере нагузашта Исо ба шаҳре, ки Ноин ном дошт, сафар кард ва шогирдони ӯ бо одамони зиёд ӯро ҳамроҳӣ мекарданд. 12 Вақте ӯ ба дарвозаи шаҳр наздик мешуд, мурдаеро мебароварданд, ки писари ягонаи бевазане буд.+ Мардуми бисёре аз аҳли шаҳр ҳамроҳи он бевазан мерафтанд. 13 Ҳазрати Исо он занро дида дилаш ба ӯ сӯхту+ гуфт: «Гиря накун».+ 14 Исо наздик омада, ба тобут даст расонд ва касоне, ки онро мебардоштанд, аз роҳ бозистоданд. Он гоҳ ӯ гуфт: «Эй ҷавон, ба ту мегӯям: бархез!»+ 15 Ҷавоне, ки мурда буд, сар бардошта, нишасту ба гап даромад ва Исо ӯро ба модараш супорид.+ 16 Он гоҳ ҳамаро тарс фаро гирифт ва онҳо Худоро ҷалол дода гуфтанд: «Пайғамбари бузурге дар байни мо ба миён омадааст»+ ва «Худо ба халқаш назар кардааст».+ 17 Овозаи ин рӯйдод дар тамоми Яҳудия ва сарзамини гирду атроф паҳн шуд.
18 Шогирдони Яҳё ҳамаи инро ба ӯ хабар доданд.+ 19 Он гоҳ Яҳё ду шогирдашро даъват карда, назди Ҳазрат фиристод, то аз ӯ бипурсанд: «Оё ту ҳамоне ҳастӣ, ки бояд биёяд,+ ё каси дигареро интизор шавем?» 20 Онҳо назди Исо омада, гуфтанд: «Яҳёи Таъмиддиҳанда моро назди ту фиристод, то бипурсем: “Оё ту ҳамоне ҳастӣ, ки бояд биёяд, ё каси дигареро интизор шавем?”» 21 Дар он соат ӯ бисёриҳоро аз ҳар гуна касалиҳо ва бемориҳои вазнин шифо бахшид,+ рӯҳҳои нопокро берун кард ва кӯрони зиёдеро бино намуд. 22 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Биравед ва он чиро, ки дидеду шунидед, ба Яҳё хабар диҳед: кӯрон мебинанд,+ лангон роҳ мегарданд, махавиён пок мешаванд, карон мешунаванд,+ мурдагон зинда мешаванд ва ба камбағалон хушхабар эълон мегардад.+ 23 Хушбахт аст касе, ки ба ман шак намеорад*».+
24 Вақте фиристодагони Яҳё рафтанд, Исо ба мардум дар бораи Яҳё гуфт: «Шумо ба биёбон барои дидани чӣ рафта будед? Магар барои дидани қамише, ки аз шамол меларзад?+ 25 Пас, барои дидани чӣ рафта будед? Барои дидани марде, ки дар тан либоси нафису мулоим дорад?+ Онҳое, ки сарулибоси қиматбаҳо мепӯшанд ва ҳаёти дабдабанок доранд, дар қасрҳои подшоҳон зиндагӣ мекунанд. 26 Пас, барои дидани чӣ рафта будед? Барои дидани пайғамбар? Ба шумо мегӯям, ки ӯ, дар ҳақиқат, пайғамбар аст ва аз пайғамбар ҳам бузургтар.+ 27 Ӯ ҳамон касест, ки дар борааш навишта шудааст: “Ана, ман пешопеши ту хабаррасони худро мефиристам, то барои ту роҳ тайёр кунад”.+ 28 Ба шумо мегӯям, ки дар байни онҳое, ки аз зан таваллуд шудаанд, аз Яҳё дида шахси бузургтаре нест, лекин касе, ки дар Подшоҳии Худо хурдтарин мебошад, аз вай бузургтар аст».+ 29 (Вақте тамоми мардум ва ҷамъоварони андоз инро шуниданд, ба одилии Худо қоил шуданд, зеро онҳо аз Яҳё таъмид гирифта буданд*.+ 30 Аммо фарисиён ва донандагони Шариат насиҳатеро*, ки Худо ба онҳо дода буд, рад карданд,+ зеро аз Яҳё таъмид нагирифта буданд.)
31 «Пас, одамони ин наслро ба кӣ монанд кунам? Онҳо ба кӣ монандӣ доранд?+ 32 Онҳо мисли кӯдаконеанд, ки дар бозор мешинанд ва ба якдигар фарёд зада мегӯянд: “Барои шумо най навохтем, вале шумо рақс накардед, нола кардем, вале шумо гиря накардед”. 33 Ба ин монанд, Яҳёи Таъмиддиҳанда нон намехӯрад ва шароб наменӯшад,+ вале шумо мегӯед: “Вай дев дорад”. 34 Фарзанди одам бошад, ҳам мехӯрад ва ҳам менӯшад, вале боз шумо мегӯед: “Ана, одами пурхӯру майпараст, дӯсти ҷамъоварони андоз ва гунаҳкорон”.+ 35 Лекин бохирадии одам аз корҳои дурусти ӯ маълум мегардад».+
36 Яке аз фарисиён аз Исо бисёр илтимос кард, ки дар хонаи ӯ меҳмон шавад. Ӯ ба хонаи фарисӣ омада, дар сари дастархон нишаст. 37 Дар он шаҳр зане буд, ки ӯро чун гунаҳкор мешинохтанд. Вақте ӯ шунид, ки Исо дар хонаи он фарисӣ меҳмон аст, кӯзачаеро* овард, ки равғани хушбӯй дошт.+ 38 Он зан аз қафо дар назди пойҳои Исо истода, гирякунон пойҳои ӯро бо ашкҳояш шуст ва бо мӯйҳояш хушк кард. Ӯ пойҳои Исоро бӯсида, ба онҳо равғани хушбӯй рехт. 39 Инро дида фарисие, ки Исоро таклиф карда буд, дар дил гуфт: «Агар ин мард, дар ҳақиқат, пайғамбар мебуд, мефаҳмид, ки зане, ки ба пойҳои ӯ даст мерасонад, кист ва чӣ гуна зан аст, зеро ӯ зани пургуноҳ аст».+ 40 Аммо Исо ба ӯ гуфт: «Эй Шимъӯн, ба ту чизе гуфтаниям». Ӯ гуфт: «Бигӯ, эй Устод!»
41 Исо чунин гуфт: «Аз як марде ду кас қарздор буданд: яке 500 ва дигаре 50 динор*. 42 Азбаски барои баргардонидани қарз чизе надоштанд, ӯ саховатмандона қарзи ҳар дуро бахшид. Пас, кадоме аз онҳо ӯро бисёртар дӯст хоҳад дошт?» 43 Шимъӯн дар ҷавоб гуфт: «Ба фикри ман, ҳамон касе, ки қарзи калонтарашро бахшиданд». Исо гуфт: «Дуруст гуфтӣ». 44 Он гоҳ ӯ ба зан нигоҳ карда, ба Шимъӯн гуфт: «Оё ин занро мебинӣ? Ман ба хонаи ту омадам ва ту барои шустани пойҳоям об надодӣ, аммо ин зан пойҳои маро бо ашкҳои худ шуст ва бо мӯйҳояш хушк кард. 45 Ту маро бо бӯса пешвоз нагирифтӣ, ин зан бошад, аз омаданам инҷониб бӯсидани пойҳоямро бас намекунад. 46 Ту бар сари ман равған нарехтӣ, аммо ин зан ба пойҳои ман равғани хушбӯй рехт. 47 Бинобар ин ба ту мегӯям, ки гуноҳҳои ӯ, бисёр* бошанд ҳам, бахшида шуданд,+ чунки вай бештар дӯст дошт. Аммо касе, ки кам бахшида мешавад, камтар дӯст медорад». 48 Пас аз он Исо ба зан гуфт: «Гуноҳҳоят бахшида шуд».+ 49 Касоне, ки бо Исо дар сари дастархон менишастанд, байни худ гуфтанд: «Ин одам кист, ки ҳатто гуноҳҳоро мебахшад?»+ 50 Аммо ӯ ба зан гуфт: «Имонат туро наҷот дод.+ Бирав ва дар амони Худо бош!»