1 Воқеанома
28 Довуд тамоми мирони Исроил — мирони қабилаҳо, сардорони гурӯҳҳоеро, ки ба подшоҳ хизмат мекарданд, мириҳазорҳо, мирисадҳо,+ сардорони тамоми молу мулк ва чорвои подшоҳу+ писаронашро+ ва ҳамчунин ходимони дарбор ва ҳар марди пурзӯру+ кордонро, дар Ерусалим ҷамъ овард.+ 2 Сипас шоҳ Довуд аз ҷояш хеста, гуфт:
«Эй бародаронам ва эй халқам, ба ман гӯш диҳед. Орзуи дили ман ин буд, ки хонае бисозаму он маконе барои сандуқи аҳди Яҳува ва қадамгоҳи* Худои мо бошад,+ ва ман барои сохтмони он тайёрӣ дидам.+ 3 Вале Худо ба ман гуфт: “Ту хонае ба номи ман намесозӣ,+ чунки марди ҷангӣ ҳастӣ ва хун рехтаӣ”.+ 4 Аммо Яҳува, Худои Исроил, аз тамоми хонадони падарам маро интихоб кард, ки то абад подшоҳи Исроил шавам,+ зеро ӯ Яҳудоро пешво интихоб кард+ ва аз хонадони Яҳудо хонадони падарамро+ ва аз миёни писарони падарам маро хуш кард, то подшоҳи тамоми Исроил кунад.+ 5 Аз ҳамаи писаронам, зеро Яҳува ба ман писарони бисёре ато кардааст,+ ӯ писарам Сулаймонро интихоб кард,+ то дар Исроил бар тахти подшоҳии Яҳува бишинад.+
6 Ӯ ба ман гуфт: “Писарат Сулаймон ҳамон касест, ки хонаи ман ва саҳнҳои маро месозад, зеро ман ӯро интихоб кардам, ки писарам бошад, ва ман падари ӯ мешавам.+ 7 Агар ӯ амрҳову ҳукмҳои маро бо азми қавӣ риоя кунад,+ чуноне ки имрӯз мекунад, ман подшоҳии ӯро то абад устувор мегардонам”.+ 8 Аз ин рӯ ман дар пеши назари тамоми Исроил — ҷамоати Яҳува, ва дар пеши Худоямон мегӯям: тамоми амрҳои Худоятон Яҳуваро ҷӯё бошед ва онҳоро як ба як риоя кунед, то замини хубро соҳиб гардед+ ва онро баъди худ ба писаронатон то абад мерос монед.
9 Ту, эй писарам Сулаймон, Худои падаратро бишнос ва бо тамоми дил*+ ва шодии зиёд* ба ӯ хизмат кун, зеро Яҳува ҳамаи дилҳоро тафтиш мекунад+ ва ҳар фикру ниятро пай мебарад.+ Агар ӯро биҷӯйӣ, ӯ худро ба ту маълум месозад,+ вале, агар тарк кунӣ, туро то абад рад мекунад.+ 10 Пас, дониста кор кун, зеро Яҳува туро интихоб кардааст, ки хонае, муқаддасгоҳе, бисозӣ. Далер бош ва амал кун!»
11 Пас аз ин Довуд ба писараш Сулаймон нақшаи+ даҳлез,+ ҳуҷраҳо — анборҳо, болохонаҳо, ҳуҷраҳои дарун, ва ҳуҷраи рӯпӯши гуноҳҳоро дод.+ 12 Довуд нақшаи ҳар он чизеро, ки бо илҳоми Худо* ба ӯ ошкор шуд, ба писараш дод: нақшаи саҳнҳои+ хонаи Яҳува, ҳамаи ошхонаҳои атрофи он, ганҷинаҳои хонаи Худо ва ганҷинаҳои чизҳоеро, ки ба Худо бахшида шуда буданд*.+ 13 Ӯ ҳамчунин оид ба гурӯҳҳои+ коҳинон ва левизодагон, ҳамаи корҳои хизматгузорӣ дар хонаи Яҳува, тамоми ашёе, ки дар хизмати хонаи Яҳува истифода мешуд, 14 оид ба вазни тилло — тиллои тамоми ашё барои ҳар навъ хизмат, ва вазни тамоми ашёи нуқрагин барои ҳар навъ хизмат, 15 оид ба вазни чароғпояҳои тиллоӣ+ ва чароғҳои тиллоияшон, вазни чароғпояҳои гуногун ва чароғҳояшон, вазни чароғпояҳои нуқрагин, барои ҳар як чароғпоя ва чароғаш мувофиқи истифодаи он, 16 оид ба вазни тилло барои мизҳои нони+ чида*, барои ҳар як миз, инчунин нуқра барои мизҳои нуқрагин, 17 оид ба вазни тиллои тоза барои чангакҳо, косаҳо ва кӯзаҳо, вазни нимкосаҳои тиллоӣ,+ барои ҳар нимкоса, ва вазни нимкосаҳои нуқрагин, барои ҳар нимкоса, дастурот дод. 18 Ӯ ҳамчунин дар бораи вазни тиллои тоза барои қурбонгоҳи+ бухурсӯзӣ ва каррубиёни+ тиллоӣ, ки болҳояшонро паҳн карда, сандуқи аҳди Яҳуваро мепӯшонданд ва рамзи ароба буданд,+ дастурот дод. 19 Довуд гуфт: «Дасти Яҳува бар ман буд ва ӯ ба ман фаҳму хирад ато кард, ки ҳамаи ҷузъиёти ин нақшаро+ рӯйи қоғаз орам».+
20 Пас аз ин Довуд ба писараш Сулаймон гуфт: «Далеру устувор бош ва амал намо. Натарс ва ҳаросон нашав, зеро Яҳува Худо, Худои ман, бо туст.+ Ӯ туро тарк намекунад ва намепартояд,+ балки, то тамоми кори хонаи Яҳува ба охир нарасад, бо ту хоҳад буд. 21 Инҳоянд гурӯҳҳои+ коҳинон ва левизодагон,+ ки хизмати хонаи Худоро ба ҷо меоранд. Коргарони моҳире, ки тайёранд ҳар навъ хизматро иҷро кунанд,+ ҳамчунин мирон+ ва тамоми халқ дар ихтиёри туянд, то мувофиқи ҳамаи дастуроти ту амал намоянд».