Ошкорсозӣ
7 Пас аз ин ман чор фариштаеро дидам, ки дар чор гӯшаи замин истода, чор боди заминро маҳкам медоштанд, то ягон бод ба замин, баҳр ва дарахте навазад. 2 Сипас фариштаи дигареро дидам, ки аз тарафи офтоббаро* мебаромад ва дар даст муҳри Худои зиндаро дошт. Ӯ ба чор фариштае, ки иҷозат доранд ба замину баҳр зарар расонанд, бо овози баланд 3 гуфт: «То даме ки ба пешонии+ бандагони Худои мо муҳр назанем,+ ба замин, баҳр ё ба дарахтон зарар нарасонед».
4 Ман шунидам, ки шумораи касоне, ки муҳр зада шудаанд, 144 000 нафар+ буд. Онҳо аз ҳар қабилаи писарони Исроил+ буданд:
5 аз қабилаи Яҳудо 12 000,
аз қабилаи Реубен 12 000,
аз қабилаи Ҷод 12 000,
6 аз қабилаи Ошер 12 000,
аз қабилаи Нафтолӣ 12 000,
аз қабилаи Менашше+ 12 000,
7 аз қабилаи Шимъӯн 12 000,
аз қабилаи Левӣ 12 000,
аз қабилаи Иссокор 12 000,
8 аз қабилаи Забулун 12 000,
аз қабилаи Юсуф 12 000
ва аз қабилаи Бинёмин 12 000.
9 Баъд аз ин ман нигоҳ кардам ва дар пеши тахт ва Барра мардуми сершумореро дидам, ки аз ҳар миллат, қабила, халқ ва забонҳо+ буданд ва онҳоро ҳеҷ кас ҳисоб карда наметавонист. Онҳо дар тан либосҳои дарози сафед+ ва дар даст шохаҳои нахл доштанд+ 10 ва бо овози баланд чунин хитоб мекарданд: «Наҷот аз ҷониби Худои мо, ки бар тахт нишастааст,+ ва аз ҷониби Барра аст!»+
11 Ҳамаи фариштагон дар гирди тахт, пирон+ ва чор ҷонзод меистоданд. Онҳо дар пеши тахт зону зада, ба Худо саҷда карданд ва 12 чунин гуфтанд: «Омин! Худои моро то абад ситоиш, ҷалол, хирад, шукр, иззат, қудрат ва қувват бод!+ Омин».
13 Он гоҳ яке аз пирон аз ман пурсид: «Ин одамоне, ки либосҳои дарози сафед доранд,+ кистанд ва аз куҷо омадаанд?» 14 Ман ҳамон дам ба ӯ ҷавоб додам: «Тақсир, ту беҳтар медонӣ». Ӯ ба ман гуфт: «Инҳо касонеянд, ки аз азоби азим гузаштаанд+ ва либосҳои худро бо хуни Барра шуста, сафед кардаанд.+ 15 Бинобар ин онҳо дар пеши тахти Худо меистанд ва шабу рӯз дар ибодатгоҳи ӯ хизмат мекунанд. Нишинандаи тахт+ бошад, хаймаашро бар онҳо паҳн хоҳад кард.+ 16 Онҳо дигар гушнаву ташна намемонанд ва аз офтоби сӯзону ҳар гуна гармии тоқатфарсо дар амон мешаванд,+ 17 зеро Барра,+ ки дар пеши* тахт истодааст, онҳоро чӯпонӣ хоҳад кард+ ва сӯйи чашмаҳои оби ҳаёт роҳнамоӣ хоҳад намуд.+ Он вақт Худо ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок хоҳад кард».+