Марқус
10 Аз он ҷо баромада, ӯ ба маҳалҳои тарафи дигари Урдун, ки бо Яҳудия ҳамсарҳад буданд, омад. Дар он ҷо ҳам дар назди ӯ мардуми бисёре ҷамъ шуд ва ӯ аз рӯйи одати худ боз ба таълимдиҳӣ сар кард.+ 2 Он вақт фарисиён пешаш омаданд ва ӯро озмуданӣ шуда пурсиданд: «Оё равост, ки мард аз занаш ҷудо шавад?»+ 3 Дар ҷавоб ӯ ба онҳо гуфт: «Пайғамбар Мӯсо ба шумо чӣ фармудааст?» 4 Онҳо гуфтанд: «Пайғамбар Мӯсо иҷозат дода буд, ки мард ба занаш талоқнома дода, аз вай ҷудо шавад».+ 5 Исо ба онҳо гуфт: «Ӯ ин амрро аз сабаби дилсахтиятон+ ба шумо дода буд,+ 6 ҳол он ки нияти Худо аз аввали офариниш маълум буд: “Ӯ онҳоро марду зан офарид.+ 7 Аз ин сабаб мард падару модари худро монда,+ 8 бо занаш* як тан мешавад”,+ бинобар ин онҳо акнун ду тан неву як тан мебошанд. 9 Пас, он чӣ Худо бо ҳам пайвастааст, одам набояд ҷудо кунад».+ 10 Вақте ки онҳо ба хона даромаданд, шогирдон аз Исо дар бораи чизҳои гуфтааш пурсиданд. 11 Ӯ ба онҳо гуфт: «Ҳар кӣ аз зани худ ҷудо шуда, зани дигаре гирад, ба ҳамсараш хиёнат мекунад.+ 12 Зан низ, агар аз шавҳари худ ҷудо шуда, бо марди дигаре оиладор шавад, ба шавҳараш хиёнат мекунад».+
13 Одамон назди Исо кӯдаконро оварданд, то ӯ ба онҳо даст расонад, аммо шогирдон онҳоро ҷанг карданд.+ 14 Инро дида Исо ба қаҳр омад ва гуфт: «Монед, ки кӯдакон назди ман биёянд, пеши роҳи онҳоро нагиред, зеро касоне, ки мисли ин кӯдакон бошанд, Подшоҳии Худоро соҳиб мешаванд.+ 15 Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ Подшоҳии Худоро мисли кӯдак қабул накунад, ҳеҷ гоҳ ба он намедарояд».+ 16 Ӯ кӯдаконро ба оғӯш гирифт ва бар онҳо даст гузошта, онҳоро баракат дод.+
17 Вақте ки Исо боз ба роҳ баромад, марде наздаш давида омад ва ба зону афтода, гуфт: «Эй Устоди Неку, чӣ кор кунам, ки ҳаёти ҷовидониро соҳиб шавам?»+ 18 Исо ба вай гуфт: «Барои чӣ ту маро неку меномӣ? Ғайр аз Худо ҳеҷ кас неку нест.+ 19 Ту амрҳои Худоро медонӣ: “Одам накуш,+ ба ҳамсарат хиёнат накун,+ дуздӣ накун,+ шоҳидии дурӯғ надеҳ,+ ҳаққи каси дигарро нахӯр,+ падару модаратро иззат кун”».+ 20 Мард ба ӯ гуфт: «Устод, ман ҳамаи ин амрҳоро аз кӯдакӣ риоя мекунам». 21 Исо бо меҳр ба вай нигоҳ карда, гуфт: «Фақат як чиз ба ту намерасад — рафта, тамоми чизу чораатро бифурӯш ва ба камбағалон тақсим кун, то дар осмон соҳиби ганҷ шавӣ. Пас аз ин омада, маро пайравӣ кун».+ 22 Вале он мард аз суханони Исо дилшикаста шуду ғамгин аз пешаш рафт, чунки молу мулки бисёре дошт.+
23 Исо ба гирду атроф нигоҳ кард ва ба шогирдонаш гуфт: «Ба Подшоҳии Худо даромадани одами пулдор чӣ душвор аст!»+ 24 Шогирдон аз суханони ӯ ба ҳайрат афтоданд. Исо боз ба онҳо гуфт: «Эй фарзандон, ба Подшоҳии Худо даромадан хеле душвор аст! 25 Аз сӯрохии сӯзан гузаштани шутур осонтар аст, аз он ки одами бой ба Подшоҳии Худо дарояд».+ 26 Онҳо боз ҳам бештар ҳайрон шуда, аз ӯ* пурсиданд: «Пас, кӣ наҷот ёфта метавонад?»+ 27 Исо ба онҳо нигоҳ карда, гуфт: «Барои одамон ин номумкин аст, лекин на барои Худо, чунки барои Худо кори намешуданӣ нест».+ 28 Он гоҳ Петрус гуфт: «Ана, мо ҳама чизро партофта, туро пайравӣ кардем».+ 29 Исо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба хотири ман ва хушхабар аз баҳри хона, бародарон ё хоҳарон, модар ё падар, фарзандон ё заминҳо гузаштааст,+ 30 дар ин замона дар баробари озмоишҳо+ сад баробар зиёдтар хонаҳо, бародарон, хоҳарон, модарон, фарзандон ва заминҳоро ба даст меорад ва дар оянда* соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ мешавад. 31 Аммо бисёре аз онҳое, ки аввалинанд, охирин мешаванду онҳое, ки охиринанд, аввалин».+
32 Сипас Исову шогирдонаш сӯйи Ерусалим равона шуданд ва Исо пешопеши онҳо мерафт. Шогирдон дар ҳайрат буданд ва онҳое, ки аз қафояш мерафтанд, ба ҳарос афтоданд. Ӯ боз 12 расулашро як сӯ бурда, воқеаҳоеро, ки бояд бо ӯ рӯй медоданд, фаҳмонд.+ Ӯ гуфт: 33 «Дар Ерусалим, ки ба он ҷо равонаем, Фарзанди одам ба дасти коҳинони калон ва шариатдонон супорида мешавад. Онҳо ӯро ба марг маҳкум мекунанд ва ба дасти халқҳои дигар месупоранд. 34 Онҳо ӯро мазоқу масхара карда, ба рӯяш туф мекунанд, ӯро қамчинкорӣ мекунанд ва ба қатл мерасонанд, лекин ӯ баъди се рӯз зинда мешавад».+
35 Писарони Забдой+ — Яъқуб ва Юҳанно, ба назди Исо омада, гуфтанд: «Устод, илтимос, як хоҳиши моро иҷро кун».+ 36 Ӯ аз онҳо пурсид: «Чӣ хоҳиш доред?» 37 Онҳо ҷавоб доданд: «Вақте ба мақоми пурҷалоли худ бирасӣ, иҷозат деҳ, ки якеамон аз тарафи ростат ва дигарамон аз тарафи чапат шинем».+ 38 Лекин Исо ба онҳо гуфт: «Шумо намефаҳмед, ки чиро хоҳиш мекунед. Оё аз пиёлае, ки нӯшида истодаам, нӯшида метавонед ва таъмидеро*, ки гирифта истодаам, гирифта метавонед?»+ 39 Онҳо гуфтанд: «Метавонем». Он вақт Исо гуфт: «Аз пиёлае, ки нӯшида истодаам, ҳатман менӯшед ва таъмидеро, ки гирифта истодаам, ҳатман мегиред,+ 40 аммо аз тарафи рост ё чапи ман нишастани касе дар ихтиёри ман нест. Ин ҷойҳо аз они касоне мебошанд, ки Падарам барояшон тайёр кардааст».
41 Вақте ки даҳ шогирди дигар дар ин бора шуниданд, аз Яъқуб ва Юҳанно дарғазаб шуданд.+ 42 Лекин Исо онҳоро назди худ хонда, гуфт: «Шумо медонед, ки касоне, ки ҳокими халқҳо ҳисоб меёбанд, бар одамон ҳукм меронанд ва соҳибқудратон бар дигарон фармонфармоӣ мекунанд.+ 43 Вале дар байни шумо набояд чунин бошад. Ҳар кӣ дар байнатон бузург будан хоҳад, бояд хизматгори шумо шавад+ 44 ва ҳар кӣ дар байни шумо аввалин будан хоҳад, бояд ғуломи ҳама шавад. 45 Ҳатто Фарзанди одам на барои он омад, ки ба вай хизмат кунанд, балки, барои он ки ба дигарон хизмат кунад+ ва ҷонашро барои бисёр касон фидо намояд*».+
46 Сипас онҳо ба Ериҳӯ омаданд. Вақте ки Исо ҳамроҳи шогирдон ва мардуми зиёд аз Ериҳӯ мебаромад, дар лаби раҳ Бартимай ном гадои кӯре менишаст, ки писари Тимай буд.+ 47 Вақте Бартимай шунид, ки Исои носирӣ аз он ҷой гузашта истодааст, фарёд зада гуфт: «Эй Исо, Писари Довуд,+ ба ман раҳм кун!»+ 48 Он гоҳ одамон вайро сарзаниш карда гуфтанд, ки хомӯш шавад, лекин вай боз ҳам баландтар фарёд мезад: «Эй Писари Довуд, ба ман раҳм кун!» 49 Исо бозистод ва гуфт: «Ба ӯ бигӯед, ки пеши ман ояд». Одамон марди кӯрро ҷеғ зада, ба вай гуфтанд: «Натарс, бихез, ӯ туро фарёд карда истодааст». 50 Он мард ҷомаи худро кашида, дарҳол аз ҷояш хесту ба назди Исо рафт. 51 Исо ба вай гуфт: «Ту аз ман чӣ хоҳиш дорӣ?» Марди кӯр ба ӯ ҷавоб дод: «Устод, мехоҳам бино шавам». 52 Исо ба вай гуфт: «Бирав, имонат туро шифо дод».+ Ҳамон лаҳза вай бино шуд+ ва ҳамроҳи мардум аз пайи ӯ рафт.