Марқус
12 Сипас Исо ба онҳо мисол оварда гуфт: «Марде дар замини худ токҳои ангур шинонд,+ дар гирди он деворе бардошт, чархушт канд ва бурҷе* сохт.+ Баъд токзорро ба токпарварон иҷора дода, ба сафар рафт.+ 2 Вақте ки мавсими ҳосилғундорӣ расид, вай ғуломеро назди токпарварон фиристод, то ҳаққи худро аз ҳосили токзор бигирад. 3 Лекин онҳо ғуломи ӯро дошта, заданд ва дасти холӣ фиристоданд. 4 Соҳиби токзор ғуломи дигарашро фиристод, он токпарварон бошанд, сари вайро кафонданд ва шармсору шарманда карданд.+ 5 Ӯ боз каси дигарро фиристод, вале онҳо ӯро куштанд. Ӯ боз бисёр касони дигарро фиристод, лекин токпарварон баъзеашонро заданд, баъзеи дигарашонро бошад, куштанд. 6 Соҳиби токзор як писар дошт, ки барояш азиз буд.+ Оқибат ӯ “писарамро ҳатман ҳурмат мекунанд” гуфта, писарашро фиристод. 7 Лекин токпарварон ба якдигар гуфтанд: “Ин меросхӯр аст.+ Биёед ӯро кушему меросашро соҳиб шавем”. 8 Онҳо ӯро дастгир карда, куштанд ва ҷасадашро аз токзор берун партофтанд.+ 9 Пас, соҳиби токзор чӣ кор мекунад? Вай меояд ва ин токпарваронро мекушад, токзорро бошад, ба дигарон месупорад.+ 10 Магар боре ҳам ин порчаи Навиштаҳоро нахондаед: “Санге, ки бинокорон рад карданд, санги сари гӯшаи бино шуд.+ 11 Ин аз ҷониби Яҳува аст ва дар назари мо аҷиб аст”?»+
12 Он гоҳ шариатдонон ва коҳинони калон хостанд ӯро дастгир кунанд, зеро фаҳмиданд, ки ӯ онҳоро дар назар дорад, аммо аз мардум тарсиданд ва ӯро ба ҳолаш монданд.+
13 Баъд онҳо баъзе аз фарисиён ва тарафдорони Ҳиродусро назди ӯ фиристоданд, то дар суханаш айбе ёбанд.+ 14 Ин одамон назди ӯ омада, гуфтанд: «Эй Устод, мо медонем, ки ту шахси ростқавл ҳастӣ ва ба ҳеҷ кас хушомад намекунӣ, зеро барои ту мансабу мартабаи одам аҳамияте надорад. Ту дар бораи Худо ростиро таълим медиҳӣ. Пас, ба мо бигӯ, ки ба қайсар* андози сарикасӣ супоридан равост ё не? 15 Мо бояд онро супорем?» Исо дурӯягии онҳоро пай бурда гуфт: «Барои чӣ маро месанҷед? Канӣ ба ман динорро* нишон диҳед». 16 Онҳо диноре оварданд ва Исо аз онҳо пурсид: «Дар ин танга сурат ва номи киро мебинед?» Онҳо ҷавоб доданд: «Қайсарро». 17 Он гоҳ ӯ ба онҳо гуфт: «Он чӣ аз қайсар аст, ба қайсар диҳед+ ва он чӣ аз Худост — ба Худо».+ Мардум аз ҷавоби ӯ дар ҳайрат монданд.
18 Баъд саддуқиён*, ки ба зиндашавӣ бовар намекарданд,+ назди Исо омада, пурсиданд:+ 19 «Устод, пайғамбар Мӯсо ба мо навишта буд, ки, агар касе бимирад ва баъд аз худ насле нагузорад, бародари он мард бояд бо зани ӯ хонадор шавад ва барои бародараш насл ба дунё орад.+ 20 Дар як оила ҳафт бародар буд. Бародари калонӣ зан гирифт, вале соҳиби фарзанд нашуда мурд. 21 Баъд бародари дуюм бо он зан хонадор шуд, лекин вай ҳам ба дунё насл наоварда мурд. Бо сеюмӣ ҳам ҳамин хел шуд. 22 Ҳамин тавр, ҳамаи он ҳафт бародар он занро гирифта, насле ба дунё наоварда мурданд. Баъд аз ҳамаи онҳо худи зан ҳам мурд. 23 Пас, дар вақти зиндашавӣ вай зани кадоми онҳо мешавад? Охир, ҳамаи он ҳафт бародар ӯро ба занӣ гирифта буданд». 24 Исо ба онҳо гуфт: «Магар сабаби гумроҳиятон ин нест, ки шумо на Навиштаҳоро медонеду на қудрати Худоро?+ 25 Вақте ки мурдагон зинда мешаванд, онҳо на зан мегиранд ва на ба шавҳар мебароянд, балки мисли фариштагони осмон мешаванд.+ 26 Лекин, агар дар бораи зинда шудани мурдагон гӯем, магар шумо дар китоби пайғамбар Мӯсо воқеаи хорбуттаро нахондаед? Худо он вақт ба Мӯсо гуфта буд: “Ман Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб ҳастам”.+ 27 Ӯ на Худои мурдагон, балки Худои зиндагон аст. Шумо сахт гумроҳ шудаед».+
28 Он вақт ба он ҷо яке аз шариатдонон омада, гуфтугузори онҳоро шунид. Вақте ӯ дид, ки Исо ба онҳо ҷавоби нағз дод, аз ӯ пурсид: «Устод, кадоме аз амрҳои Худо муҳимтарин* аст?»+ 29 Исо ҷавоб дод: «Амри муҳимтарин ин аст: “Эй Исроил, гӯш кун! Яҳува Худои мост ва Яҳува яктост. 30 Худоят Яҳуваро бо тамоми дил, бо тамоми ҷон, бо тамоми ақл ва бо тамоми қуввати худ дӯст дор.”+ 31 Амри дуюм бошад, чунин аст: “Ёри худро мисли худ дӯст дор”.+ Аз ин ду амр бузургтаре нест». 32 Он шариатдон ба ӯ гуфт: «Рост мегӯӣ, Устод, “Ӯ яктост ва ғайр аз ӯ дигаре нест”+ 33 ва ӯро бо тамоми дил, бо тамоми ақл* ва бо тамоми қувват дӯст доштан ва ёри худро мисли худ дӯст доштан аз тамоми қурбониҳои сӯхтанӣ ва ҳадияҳо муҳимтар аст».+ 34 Ҷавоби боақлонаи ӯро шунида Исо гуфт: «Ту аз Подшоҳии Худо дур нестӣ». Баъд аз ин дигар ҳеҷ кас ҷуръат накард, ки ба ӯ саволе диҳад.+
35 Исо таълимашро дар ибодатгоҳ давом дода гуфт: «Барои чӣ шариатдонон мегӯянд, ки Масеҳ писари Довуд аст?+ 36 Охир, худи Довуд аз рӯҳи муқаддас илҳом гирифта гуфтааст:+ “Яҳува ба Ҳазрати ман гуфт: “Аз дасти рости ман бинишин, то даме ки душманонатро зери поят андозам”.+ 37 Худи Довуд ӯро “Ҳазрат” меномад, пас, чӣ тавр ӯ писари вай буда метавонад?»+
Мардум аз шунидани суханони ӯ ҳаловат мебурданд. 38 Ӯ гапашро давом дода гуфт: «Аз шариатдонон эҳтиёт шавед. Ба онҳо маъқул аст, ки либосҳои қиматбаҳо пӯшида гарданд ва дар бозорҳо одамон ба пешвозашон бароянд.+ 39 Онҳо мехоҳанд дар ибодатхонаҳо ҷойҳои беҳтаринро* гиранд ва дар зиёфатҳо болонишин бошанд.+ 40 Ин одамон пулу моли бевазанонро хӯрда онҳоро ғорат мекунанд ва барои худнамоӣ дурудароз дуо мегӯянд. Онҳо ба ҷазои сахттар гирифтор мешаванд».
41 Сипас ӯ дар рӯ ба рӯйи зарфҳои хайрия+ нишаст ва нигоҳ кард, ки чӣ тавр одамон хайрия мекунанд. Бисёри сарватмандон ба зарфҳо тангаҳои зиёд мепартофтанд.+ 42 Он вақт бевазани камбағале омада, ду тангаи хурди хеле камарзишро* хайрия кард.+ 43 Инро дида Исо шогирдонашро ба наздаш хонд ва гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ин бевазани камбағал аз ҳамаи онҳое, ки ба зарфҳои хайрия пул меандохтанд, зиёдтар хайрия кард.+ 44 Дигарон аз зиёдатии худ хайрия карданд, аммо вай, камбағал бошад ҳам, ҳар чизеро дар бисоташ дошт, тамоми ризқу рӯзияшро, дод».+